ДЕВОНИ ВАЗИРОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис додани Идораи бозрасии давлатии назорати содироти сарватҳои молию моддӣ
Бо мақсади ҳифзи бозори истеъмолии дохилӣ, иҷозат надодани содироти ғайриҳуқуқӣ ё беасоси сарватҳои молию моддӣ берун аз марзи ҷумҳурӣ, Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Идораи бозрасии давлатии назорати содироти сарватҳои молию моддӣ(Х) таъсис дода, низомномаи он (замима ба забони русӣ) тасдиқ карда шавад.
2. Шумораи кормандони Идораи бозрасии давлатӣ ба миқдори 409 нафар, аз ҷумла 230 нафар аз ҳисоби ихтисори шумораи кормандони воҳидҳои мақомоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва боқимонда аз ҳисоби ихтисори кормандони Мудофиаи шаҳрвандӣ, комиссариатҳои ҳарбӣ ва баъзе дигар хадамот муқаррар карда шавад. Сохтори Идораи бозрасии давлатиро Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.
3. Бопултаъминкунӣ ва таъминоти моддию техникии фаъолияти Идораи бозрасии давлатӣ аз ҳисоби буҷетҳои ҷумҳурӣ ва маҳаллӣ амалӣ гардад.
4. Вазорати иқтисод ва молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаҳои иҷроияи Шӯроҳои маҳаллии депутатҳои халқ барои нигоҳдории Идораи бозрасии давлатӣ додани маблағҳоро таъмин намояд.
5. Кумитаҳои иҷроияи Шӯроҳои депутатҳои халқи вилоятҳо, шаҳрҳои Душанбе ва Турсунзода, ноҳияи Ҷиргатол барои ҷойгиркунии ҳайати шахсии воҳидҳои Идораи бозрасии давлатӣ манзилҳои муносиби хизматӣ диҳанд.
_____________________________
(Х) Идораи бозрасии давлатӣ
Сарвазири
Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Мирзоев
Ҷонишини
Мудири Корҳои Девони
Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон И. Бозоров
ш. Душанбе,
аз 9 июли соли 1992, № 247