Қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 январи соли 1992, № 14 "Дар бораи таъсиси Саруправленияи назорати гумрукӣ назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

(бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 22.06.1993 № 288 аз эътибор соқит дониста шуд)

ДЕВОНИ ВАЗИРОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи таъсиси Саруправленияи назорати гумрукӣ назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Бо сабаби эълом гардидани истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади ҳифзи бозори дохилии истеъмолӣ Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Дар назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон Саруправленияи назорати гумрук таъсис дода шавад.

2. Саруправленияи назорати гумруки назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии он аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ таъмин карда мешаванд.

3. Муқаррар карда шавад, ки тамоми маблағи даромади гумрук ба буҷети ҷумҳурӣ гузаронида мешавад.

4. Саруправленияи назорати гумруки назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи коркунон, фонди музди меҳнати кормандони аппарати марказӣ ва хароҷоти вобаста бо нигоҳдории Саруправленияи назорати гумруки назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян намуда, дар мӯҳлати як моҳ ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳои дахлдор пешниҳод кунад.

5. Ба Саруправленияи назорати гумруки назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон доштани ду ҷонишини сардори Саруправления, аз ҷумла як ҷонишини аввал иҷозат дода шавад.

6. Саруправленияи назорати гумруки назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати як моҳ схемаи идоракунӣ ва сохтори аппарат, инчунин лоиҳаи низомномаи Саруправленияи назорати гумруки назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистонро тартиб дода, барои тасдиқ ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кунад.

 

Сарвазири

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                      А. Мирзоев

Мудири

Корҳои Девони Вазирони

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                     С. Маҳкамбоев

ш. Душанбе,

аз 22 январи соли 1992, № 14