ДЕВОНИ ВАЗИРОНИ ҶУМУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи таъсиси Мактаби олии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
(қарори Шӯрои Вазирони ҶТ аз 11.08.1994 № 388,
қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.04.1995 № 290)
Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Пешниҳоди бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқшудаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсиси Мактаби олии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар заминаи Мактаби миёнаи махсуси милицияи шаҳри Душанбе Вазорати корҳои дохилии ИҶШС қабул карда шавад.
2. Шумораи умумии таҳсилкунандагони Мактаби Олии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистони шаҳри Душанбе дар шӯъбаи рӯзона то 600 нафар ва дар шӯъбаи ғоибона - 300 нафар муайян карда шавад.
3. Хароҷоти нигоҳдории Мактаби олии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистони шаҳри Душанбе барои соли 1992 ва солҳои минбаъда дар ҳудуди маблағҳои буҷетии ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон додашаванда ва қисман аз ҳисоби маблағҳои корхонаю ташкилот ва кооперативҳое, ки барои ба онҳо тайёр кардани мутахассисон бо мактаби олии мазкур шартномаҳои дахлдор мебанданд, ба амал бароварда шавад.
Қабул ба Мактаби Олии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистони шаҳри Душанбе мувофиқи тартиби барои мактабҳои олии ҷумҳурӣ муқарраргардида анҷом меёбад. Мӯҳлати таҳсил дар шӯъбаи рӯзонаи Мактаби олии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистони шаҳри Душанбе 5 сол ва дар шӯъбаи ғоибона 5 солу 6 моҳро дар бар мегирад ().
Муқаррар карда шавад, ки ба шахсони Мактаби олии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистони шаҳри Душанберо хатмнамуда рутбаи аввали махсуси "лейтенанти милиция", "лейтенанти хизмати дохилӣ", дараҷа ва ихтисоси дахлдор, дипломи тасдиқкунандаи хатми мактаби олӣ ва нишони сарисинагии намунаи муқарраргардида супурда мешавад ().
Муовини
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷ. Каримов
Мудири
Корҳои Девони Вазирони
Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Маҳкамбоев
ш. Душанбе,
аз 23 декабри соли 1991, № 372