Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 апрели соли 1995, № 290 "Дар хусуси ворид намудани тағйирот ба қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 1991 № 372 "Дар бораи таъсиси мактаби олии Вазорати Корҳои Дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар хусуси ворид намудани тағйирот ба қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 1991 № 372 "Дар бораи таъсиси Мактаби олии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе"

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Пешниҳоди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси кушодани шӯъбаҳои тарбияи мутахассисони баландихтисос доир ба самтҳои асосии фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ, аз ҷумла ихтисоси инженерию техникӣ дар доираи шумораи бо қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 1991 № 372 муқарраргардидаи шунавандагони таълими шабона ва ғоибона дар Мактаби олии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистони шаҳри Душанбе маъқул дониста шавад.

2. Сархати сеюми банди 3 қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 1991 № 372 дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"Муқаррар карда шавад, ки ба шахсони Мактаби олии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистони шаҳри Душанберо хатмнамуда рутбаи аввали махсуси "лейтенанти милиция", "лейтенанти хизмати дохилӣ", дараҷа ва ихтисоси дахлдор, дипломи тасдиқкунандаи хатми мактаби олӣ ва нишони сарисинагии намунаи муқарраргардида супурда мешавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                Э. Раҳмонов

аз 28 апрели соли 1995 № 290

ш. Душанбе

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О внесении изменений в постановление Кабинета Министров Республики  Таджикистан   от  23   декабря   1991   года  № 372  "Об организации Душанбинской высшей школы Министерства внутренних дел Республики Таджикистан"

Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Согласиться с предложением Министерства внутренних дел Республики Таджикистан об открытии отделений в Душанбинской высшей школе Министерства внутренних дел Республики Таджикистан по подготовке специалистов высшей квалификации по основным направлениям деятельности органов внутренних дел, включая инженерно-технические специальности, в пределах численности слушателей по дневной и заочной форме обучения, установленной постановлением Кабинета Министров Республики Таджикистан от 23 декабря 1991 года № 372.

2. Абзац третий пункта 3 постановления Кабинета Министров Республики Таджикистан от 23 декабря 1991 года № 372 изложить в следующей редакции:

"Установить, что лицам окончившим Душанбинскую высшую школу Министерства внутренних дел Республики Таджикистан, присваивается первое специальное звание - "лейтенант милиции", "лейтенант внутренней службы", соответствующая квалификация и специальность, с вручением диплома удостоверяющего получение высшего образования и нагрудного знака установленного образца".

Председатель

Правительства Республики Таджикистан               Э.Рахмонов

от 28 апреля 1995 года № 290

 г.Душанбе