Қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 августи соли 1994, № 388 "Дар бораи маъсалаҳои мактаби олии дар Душанбе будани Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи маъсалаҳои мактаби олии дар Душанбе будани Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон карор мекунад:

1. Пешниҳоди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди дар ш.Хуҷанд дар заминаи мактаби тарбияи ибтидоии ҳайати хурд ва фармондеҳи идораи корҳои дохилии кумитаи иҷроияи вилояти Ленинобод таъсис намудани факултети таълими рӯзонаи мактаби олии душанбегии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон маъқул дониста шавад.

2. Шумораи таълимгирандагони факултети таълими рӯзонаи Мактаби олии дар Душанбе будаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Хуҷанд дар доираи 400 нафар муайян карда шавад.

3. Хароҷоти нигоҳдории факултети таълими рӯзонаи мактаби олӣ дар Душанбе будаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Хуҷанд дар доираи маблағҳое, ки дар соли 1994 аз буҷети ҷумҳурӣ барои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо карда шудаанд, пардохта шавад.

4. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1995 барои нигоҳдории факултети таълими рӯзонаи Мактаби олии дар Душанбе будаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Хуҷанд ҷудо кардани маблағҳоро пешбинӣ намояд.

5. Мӯҳлати таълими дар мактаби олии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тҷикистон дар шӯъбаи таълими рӯзона 4 сол ва дар шӯъбаи ғоибона 4 солу 6 моҳ муқаррар карда шавад.

6. Абзаци дуюми банди 3 қарори девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 1991 №372 марбут ба мӯҳлати таълим беэътибор дониста шавад.

Раиси

Шӯрои Вазирони

Ҷумҳурии Тоҷикистон                      А. Самадов

Мудири

Корҳои Шӯрои Вазирони

Ҷумҳурии Тоҷикистон                      Р. Мирзоев

аз 11 августи соли 1994 №388

ш.Душанбе

Совет Министров Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О вопросах Душанбинской высшей школы Министерства внутренних дел Республики Таджикистан

Совет Министров Республики Таджикистан постановляет:

1. Согласиться с предложением Министерства внутренних дел Республики Таджикистан об образовании Худжандского факультета очного обучения Душанбинской высшей школы Министерства внутренних дел Республики Таджикистан на базе школы первоначальной подготовки младшего и начальствующего состава Управления внутренних дел Ленинабадского облисполкома в городе Худжанде.

2. Определить наполняемость Худжандского факультета очного обучения Душанбинской высшей школы Министерства внутренних дел Республики Таджикистан по дневной форме обучения в пределах 400 человек.

3. Расходы по содержанию Худжандского факультета очного обучения Душанбинской высшей школы Министерства внутренних дел Республики Таджикистан осуществить в пределах ассигнований, выделенных из республиканского бюджета Министерству внутренних дел Республики Таджикистан на 1994 год.

4. Министерству финансов Республики Таджикистан на 1995 год предусмотреть выделение средств из республиканского бюджета на содержание Худжандского факультета очного обучения Душанбинской высшей школы Министерства внутренних дел Республики Таджикистан.

5. Установить срок обучения в Душанбинской высшей школе Министерства внутренних дел Республики Таджикистан на дневном отделении 4 года, а на заочном отделении - 4 года 6 месяцев.

6. Считать утратившим силу абзац второй пункта 3 постановления Кабинета Министров Республики Таджикистан от 23 декабря 1991 года №372 в части касающейся срока обучения.

Председатель

Совета Министров Республики Таджикистан А. Самадов

Управляющий делами

Совета Министров Республики Таджикистан Р. Мирзоев

от 11 августа 1994 года № 388

г. Душанбе