Низомнома дар бораи захираи кадрҳои хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи соли 2023, № 523

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 27 январи соли 2023, № 523

тасдиқ шудааст

Бо фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 27 январи соли 2023, № 523

тасдиқ шудааст

Низомнома дар бораи захираи кадрҳои хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Низомнома дар бораи захираи кадрҳои хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Низомнома) тартиби ташкили захираи кадрҳо барои мансабҳои давлатии хизмати давлатӣ, таҳияи рӯйхати захираи кадрҳо ва кор бо кадрҳои захираро танзим менамояд.

2. Захираи кадрҳои хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - захираи кадрҳо) барои ишғоли мансабҳои роҳбарикунандаи категорияҳои сеюм (танҳо барои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ), дуюм, якум, олӣ ва мансабҳои сиёсӣ (барои ҳамаи мақомоти давлатӣ) бо мақсади таъмини эҳтиёҷоти мақомоти давлатӣ бо кадрҳо ва болоравии мансабии хизматчиёни давлатӣ дар асоси дастовардҳои хизматӣ аз ҳисоби кадрҳои баландихтисос ва салоҳиятноки дорои қобилияти идоракунӣ ташкил карда мешавад.

3. Барои мансабҳое, ки нигоҳ дошта мешаванд (минбаъдмансабҳои нигоҳдошташаванда) ва мансабҳои дигари хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон захираи кадрҳо бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкур ташкил карда мешавад.

4. Захираи кадрҳо барои мансабҳои интихобии мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ташкил карда намешавад.

5. Захираи кадрҳои хизматчиёни ҳарбӣ ва хизматчиёни давлатии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тибқи қонунгузории соҳавӣ ташкил карда мешавад.

6. Принсипҳои асосии ташкили захираи кадрҳо ва кор бо кадрҳои захира:

- масъулияти роҳбари мақомоти давлатӣ барои ташкили захираи кадрҳо ва кор бо кадрҳои захира;

- ташкили ошкоро ва шаффофи захираи кадрҳо;

...

Утверждено

указом Президента

Республики Таджикистан

от "27" января 2023 года, №523

Утверждено

указом Президента

Республики Таджикистан

от "27" января 2023 года, №523

Положение о резерве кадров государственной службы Республики Таджикистан

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Положение о резерве кадров государственной службы Республики Таджикистан (далее - Положение) регулирует порядок формирования резерва кадров для государственных должностей государственной службы, составления списка резерва кадров и организации работы с резервными кадрами.

2. Резерв кадров государственной службы Республики Таджикистан (далее - резерв кадров) формируется для замещения руководящих должностей третьей (только для местных исполнительных органов государственной власти), второй, первой, высшей категорий и политических должностей (для всех органов государственной власти) в целях обеспечения потребностей государственных органов в кадрах и продвижения государственных служащих на основе служебных достижений из числа квалифицированных и компетентных кадров, имеющих управленческие способности.

3. Для должностей, которые сохраняются (далее - сохраняемых должностей) и других должностей государственной службы Республики Таджикистан резерв кадров организуется в порядке, установленном нормативными правовыми актами Республики Таджикистан и настоящим Положением.

4. Резерв кадров для выборных должностей органов самоуправления поселков и дехотов не формируется.

5. Резерв кадров военнослужащих и государственных служащих правоохранительных органов формируется в соответствии с отраслевым законодательством.

6. Основные принципы организации резерва кадров и работы с резервными кадрами:

- ответственность руководителя государственного органа для организации резерва кадров и работы с резервными кадрами;

- гласное и прозрачное формирование резерва кадров;

...