ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи иваз намудани номи Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии тавонбахшӣ ва будубоши доимии пиронсолон ва маъюбон дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон"
Мутобиқи моддаи 55 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Номи Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии тавонбахшӣ ва будубоши доимии пиронсолон ва маъюбон дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон" ба Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии будубоши доимии маъюбони дорои бемориҳои руҳӣ дар ноҳияи Кӯшониён" иваз карда шавад.
2. Сархати якуми Номгӯйи муассисаҳои системаи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2014, № 168 "Дар бораи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии будубоши доимии маъюбони дорои бемориҳои руҳӣ дар ноҳияи Кӯшониён"".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 29 декабри соли 2022, № 616