Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 июни соли 2001, № 252 "Дар бораи Инспексияи нақлиётии назди Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни: 03.06.2006

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.03.2007 № 107 аз эътибор соқит дониста шуд

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи Инспексияи нақлиётии назди Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.12.2004 № 520, аз 01.09.2005 № 337, аз 06.06.2006 № 258)

Бо мақсади танзими ҳамлу нақли автомобилӣ, роҳи оҳан, ҳавоӣ ва обӣ, инчунин фаъолияти дигаре, ки бо ҷараёни нақлиётӣ вобастагӣ дорад, назорати риояи асноди ҷории меъёрию ҳуқуқӣ дар соҳаи нақлиёт дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Тасдиқ карда шаванд:

Низомномаи Инспексияи нақлиётии назди Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон (замима мегардад).

хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 01.09.2005 № 337).

2. Шумораи ниҳоии кормандони Инспексияи нақлиётии назди Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 230 воҳид (бе ҳайати хизматрасон), аз он ҷумла дастгоҳи марказӣ ба миқдори 44 воҳид муқаррар карда шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.06.2006 № 258).

Ба Инспексияи нақлиётӣ лимити автомобилҳои хизматӣ ба миқдори 11 воҳид тасдиқ карда шавад, аз ҷумла 4 воҳид барои дастгоҳи марказӣ ва 7 воҳид барои шуъбаҳои тобеи он.

3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хароҷотҳоро барои нигоҳдории Инспексияи нақлиётии назди Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2005 аз ҳисоби маблағҳои барои чорабиниҳои аҳамияти умумиҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ дошта ба маблағи 700 ҳазор сомонӣ ҷудо намуда, нигоҳдории онҳоро барои соли 2006 ва солҳои минбаъда дар буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинӣ намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.12.2004 № 520).

4. Беэътибор дониста шаванд:

қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июли соли 1998 № 245 "Дар бораи таъсиси Бозрасии нақлиёт дар назди Вазорати нақлиёт ва хоҷагии роҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон";

қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 декабри соли 1998 № 497 "Дар бораи Низомномаи литсензиякунонии фаъолияти нақлиётӣ ва хизматрасоние, ки ҷараёни нақлиётиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд".

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                       Э. Раҳмонов

ш. Душанбе,

аз 11 июни соли 2001, № 252

 

бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.03.2007 № 107 аз эътибор соқит дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 11 июни соли 2001, № 252

тасдиқ шудааст

Низомномаи Инспексияи нақлиётии назди Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

1. Инспексияи нақлиётӣ дар назди Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳуқуқи шахси ҳуқуқӣ таъсис дода шудааст (минбаъд - Инспексияи нақлиётӣ)

2. Вазифаҳои асосии Инспексияи нақлиётӣ иборатанд аз:

дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳияти худ амалӣ намудани назорати риояи асноди меъёрию ҳуқуқӣ дар соҳаи нақлиёт, талаботи экологӣ, ки тартиби фаъолияти нақлиёти автомобилӣ, роҳи оҳан, ҳавоӣ ва обӣ, хоҷагии роҳ, инчунин фаъолияте, ки ба ҷараёни нақлиётӣ вобастагӣ дорад аз ҷониби ашхоси ҳуқуқӣ ва воқеӣ, сарфи назар аз шакли моликияташон;

ба шахси ҳуқуқӣ ва воқеӣ додани иҷозатнома (литсензия) (ба истиснои корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғайр аз боркашониҳое, ки дар асоси фаъолияти тиҷоратӣ иҷро мешаванд) барои амалӣ намудани фаъолияти нақлиёт, аз ҷумла ҳамлу нақли байналхалқӣ (ба истиснои ҳамлу нақли автомобилии байналхалқӣ), барои фаъолияти нақлиётию экспедитсионӣ, таъмир ва хизматрасонии техникии воситаҳои нақлиётӣ (заводҳои таъмири автомобилу вагонҳо, нуқтаҳои хизматрасониҳои техникӣ ва ғайраҳо), сохтмон ва таъмири роҳҳои автомобилгард, роҳҳои оҳан ва барои дигар фаъолиятҳое, ки бо таъмини ҷараёни нақлиётӣ вобастагӣ доранд (вокзалҳо, истгоҳҳои автомобилӣ, истгоҳҳои роҳи оҳан, фурӯшгоҳҳои автомобилӣ, нуқтаҳои таъмини сӯзишворӣ, аз ҷумла нуқтаҳои таъмини сӯзишвории ҳаракаткунанда, фурудгоҳҳо, аэродромҳо ва ғайраҳо) ва ҳамзамон таъмини шароитҳо барои фаъолияти мӯътадили бозори хизматрасониҳои нақлиётӣ ва дигар хизматрасониҳо вобаста ба ҷараёни нақлиёт.

3. Инспексияи нақлиётӣ дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Низомномаи мазкур ва дигар асноди меъёриро дастури амал қарор медиҳад.

4. Инспексияи нақлиётӣ вазифаҳои ба зиммааш гузошташударо дар ҳамкорӣ бо мақомоти Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал менамояд.

5. Инспексияи нақлиётӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон шӯъбаҳо ва филиалҳо дорад.

6. Инспексияи нақлиётӣ ҳуқуқҳои зеринро дорад:

кори шахси ҳуқуқӣ ва воқеиро, ки фаъолияти нақлиётию экспедитсионӣ ва фаъолияти дигари марбут ба нақлиёти автомобилӣ, роҳи оҳан, ҳавоӣ ва обӣ, ташкил ва хизматрасонии воситаҳои нақлиёт, ташкили таъмир ва сохтмони роҳҳои автомобилгарду роҳҳои оҳанро анҷом медиҳад (ба истиснои корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғайр аз ҳамлу нақле, ки дар асоси фаъолияти тиҷоратӣ иҷро мешавад), дар бобати аз ҷониби онҳо риоя шудани муқаррароти қонунҳои ҷорӣ, ки тартиби фаъолияти нақлиёт ва хоҷагии роҳро муайян менамояд, тафтиш намуда, аз онҳо ҷиҳати иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Инспексия гузошташуда, пешниҳоди маълумоти заруриро талаб намояд:

санҷишҳои назоратб ва тафтишҳо аз болои истифодабарандагони сертификатсияшудаи нақлиёти ҳавоӣ гузаронад;

дар гузаронидани тафтишоти қонуншиканиҳои имконпазири қонунгузории миллии ҳавоӣ ва қоидаҳои асосии авиатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намояд;

дар гузаронидани тафтишоти садамаҳои ҳавоӣ ва ҳодисаҳои нохуш дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар киштиҳои ҳавоии хориҷӣ иштирок намояд;

ҳамчун намоянда дар гузаронидани тафтишоти садамаҳои ҳавоии тайёраҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди давлатҳои хориҷӣ иштирок намояд;

назорати риояи қоидаҳои хизматрасонии техникии техникаи авиатсиониро анҷом диҳад;

иҷроии чорабиниҳои профилактикии баланд бардоштани сатҳи бехатарӣ ва мунтазамии парвозҳоро назорат намояд;

мувофиқи тартиби муқарраргардида мавҷудияти ҳуҷҷатҳои боркашонии ронандагони воситаҳои нақлиёт ва варақаҳои литсензиониро тафтиш намояд;

риояи меъёрҳои литсензионии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеиро, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамлу нақли борҳо ва мусофиркашонӣ машғул мебошанд, назорат кунад ва дар сурати ошкор намудани қонуншиканиҳо оид ба додани ҷазои маъмурӣ қарор барорад;

дар баромадгоҳҳои вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ нуқтаҳои назоратӣ ва бақайдгирии воситаҳои наклиётро ташкил кунад;

барои вайрон кардани меъёру талаботи литсензионӣ ё то ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, амали литсензияи шахси ҳуқуқӣ ва воқеиро боздорад;

ба мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар хусуси ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкорон, ҳамчунин тадбирҳои пешгирии фалокатҳои нақлиётӣ дар роҳҳо, вайронкунии қоидаҳои истифодаи нақлиёт ва талаботи экологӣ таклифҳо пешниҳод намояд.

Ашхосе, ки дар вайрон кардани талаботи асноди қонунгузорӣ, меъёрию ҳуқуқӣ ва стандарту меъёрҳои муайянкунандаи тартиби кори нақлиёт гунаҳкоранд, вазифадоранд дар мӯҳлати муқаррарнамудаи Инспексия онҳоро бартараф сохта, дар ин хусус ба мақомоти Инспексияи нақлиётӣ, ки чунин амрнома додааст, хабар диҳанд.

7. Нишондодҳои дастурӣ оид ба тартиби иҷрои назорат ва вазифаҳои дигар, ки ба зиммаи Инспексияи нақлиётӣ гузошта шудаанд, аз ҷониби Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

8. Ба Инспексияи нақлиётӣ Сарнозири нақлиётӣ сарварӣ мекунад, ки аз ҷониби Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин ва аз вазифа озод карда мешавад. Муовинони Сарнозири нақлиётӣ, сардорони шӯъбаҳо ва филиалҳои Инспексияи нақлиётӣ аз ҷониби Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Сарнозири Инспексияи нақлиётӣ таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.

9. Кормандони Инспексияи нақлиётӣ ҳуқуқҳои зеринро доранд:

аз либоси махсусе, ки намуна, тартиб ва мӯҳлати додани онро Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, истифода намоянд;

соҳиби гувоҳномаи махсус мебошанд.

10. Шикоят аз болои қарорҳои шӯъбаҳо ва филиалҳои Инспексияи нақлиётӣ ба Сарнозири нақлиётӣ ва аз болои қарорҳои Сарнозири нақлиётӣ ба Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол мегардад.

Қарорҳои Инспексияи нақлиётиро мувофиқи тартиби муқарраршуда ба мақомоти судӣ шикоят кардан мумкин аст.

11. Сохтор, ҷадвали штатӣ ва сметаи хароҷот барои нигоҳдории Инспексияи нақлиётӣ ва шӯъбаю филиалҳои он аз ҷониби Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

Маблағҳое, ки аз ҳисоби додани литсензия ба даст омадаанд ба буҷети ҷумҳуриявӣ гузаронида мешаванд.

12. Шӯъбаҳо ва филиалҳои Инспексияи нақлиётӣ дар бонкҳо суратҳисоби ҷорӣ доранд.

13. Инспексияи нақлиётӣ ва шӯъбаҳои он дорои мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи худ мебошанд.

14. Инспексияи нақлиётӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барҳам дода мешавад.