Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи таъсиси Бозрасии нақлиёт дар назди Вазорати нақлиёт ва хоҷагии роҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бо мақсади танзими боркашонии автомобилӣ, ҳамоҳангсозии хизматрасонии нақлиётию экспедиционӣ, назорати риояи асноди ҷории меъёрию ҳуқуқӣ, ки тартиби боркашонии автомобилиро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунанд Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Дар назди Вазорати нақлиёт ва хоҷагии роҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Бозрасии нақлиёт таъсис дода шавад.
2. Низомномаи замимагардидаи Бозрасии нақлиёти назди Вазорати нақлиёт ва хоҷагии роҳи Ҷумҳурри Тоҷикистон тасдиқ карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмонов
аз 27 июли соли 1998 № 245
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О создании Транспортной инспекции при Министерстве транспорта и дорожного хозяйства Республики Таджикистан
В целях упорядочения автомобильных перевозок, координации транспортно-экспедиционного обслуживания, контроля за соблюдением действующих нормативно-правовых актов, определяющих порядок автоперевозок на территории Республики Таджикистан, Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Создать Транспортную инспекцию при Министерстве транспорта и дорожного хозяйства Республики Таджикистан.
2. Утвердить прилагаемое Положение о Транспортной инспекции при Министерстве транспортам дорожного хозяйства Республики Таджикистан.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Э.Рахмонов
от 27 июля 1998 года, № 245
г. Душанбе