Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2006, № 258 "Оид ба ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 июни соли 2001 № 252 "Дар бораи Инспексияи наклиётии назди Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Оид ба ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 июни соли 2001 № 252 "Дар бораи Инспексияи наклиётии назди Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва моддаи 43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Шумораи кормандони ҳайати хизматрасони Инспексияи нақлиётии назди Вазорати наклиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 20 воҳид, аз ҷумла дастгоҳи марказӣ 12 воҳид ва шӯъбаҳои тобеи он 8 воҳид ихтисор карда шавад.

2. Сархати якуми банди 2 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 июни соли 2001 № 252 "Дар бораи Инспексияи нақлиётии назди Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Шумораи ниҳоии кормандони Инспексияи нақлиётии назди Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 230 воҳид (бе ҳайати хизматрасон), аз он ҷумла дастгоҳи марказӣ ба миқдори 44 воҳид муқаррар карда шавад".

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон             Э. Раҳмонов

аз 3 июни соли 2006 № 258

ш. Душанбе

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

Правительства Республики Таджикистан

О внесении изменений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 11 июня 2001 года №252 "О Транспортной инспекции при Министерстве транспорта Республики Таджикистан"

В соответствии со статьей 12 Конституционного закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан" и статьей 43 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет :

1. Сократить численность работников обслуживающего персонала Транспортной инспекции при Министерстве транспорта Республики Таджикистан в количестве 20 единиц, в том числе центрального аппарата 12 единиц и численность её подведомственных отделений 8 единиц.

2. Абзац первый пункта 2 постановления Правительства Республики Таджикистан от 11 июня 2001 года №252 "О Транспортной инспекции при Министерстве транспорта Республики Таджикистан" изложить в следующей редакции:

"Установить предельную численность работников Транспортной инспекции при Министерстве транспорта Республики Таджикистан в количестве 230 единиц (без обслуживающего персонала)", в том числе центрального аппарата в количестве 44 единиц.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                  Э. Рахмонов

г. Душанбе

от 3 июня 2006 года № 258