ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Низомномаи Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дурахшандагон"
Мутобиқи моддаи 17 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон", моддаи 45 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Низомномаи Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дурахшандагон" тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба интихоб ва тайёр намудани мутахассисон дар давлатҳои хориҷӣ, вазорату идораҳо ва ташкилотҳои дахлдор иҷрои Низомномаи мазкурро таъмин намоянд.
3. Вазорату идораҳо ва ташкилотҳо номгӯйи ихтисосҳои барои соҳаҳои иқтисодиёт, саноат ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ заруриро ҳамасола то 1 сентябр ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.
4. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дархости асосноккардашудаи вазорату идораҳо ва ташкилотҳо номгӯйи ихтисосҳои барои соҳаҳои иқтисодиёт, саноат ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ заруриро ҳамасола тибқи тартиб то 1 ноябр ба Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба интихоб ва тайёр намудани мутахассисон дар давлатҳои хориҷӣ пешниҳод намояд.
5. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2009, №208 "Дар бораи тасдиқи Низомномаи Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дурахшандагон"" аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 29 ноябри соли 2022, № 581