Низомномаи Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дурахшандагон" аз 29 ноябри соли 2022, №581

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 29 ноябри соли 2022, №581

тасдиқ шудааст

Низомномаи Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дурахшандагон"

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

1. Низомномаи Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дурахшандагон" (минбаъд - Низомнома) тартиби интихоби довталабон, бастани қарордод (шартнома) бо ғолибони озмун, пардохти маблағи таҳсили шаҳрвандон, назорати таҳсил ва сатҳу сифати таълими шаҳрвандонро дар давлатҳои хориҷӣ, ки тибқи Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дурахшандагон" (минбаъд - Стипендияи Дурахшандагон) фиристода шудаанд ва пас аз хатм бо ҷойи кор таъмин намудани онҳоро ба танзим медарорад.

2. Стипендияи Дурахшандагон ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳсил ва коромӯзии мутахассисон дар давлатҳои хориҷӣ таъин карда мешавад.

3. Стипендияи Дурахшандагон аз рӯйи ихтисосҳои барои иқтисодиёти миллӣ зарурӣ, ки дар дохили кишвар тайёр намудани мутахассис имкон надорад, таъин карда мешавад.

2. ТАРТИБИ ИНТИХОБИ ДОВТАЛАБОН БАРОИ ГИРИФТАНИ СТИПЕНДИЯИ ДУРАХШАНДАГОН

4. Стипендияи Дурахшандагон инфиродӣ буда, ҳамасола аз ҷониби Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба интихоб ва тайёр намудани мутахассисон дар давлатҳои хориҷӣ (минбаъд - Комиссияи ҷумҳуриявӣ) бо мақсади таҳсил дар зинаҳои таҳсилоти олии касбии бакалавр, мутахассис, магистр, аспирант, ординатор, интерн, доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисос, докторант, посдокторант дар шакли рӯзонаи таҳсил ва гузаштани коромӯзӣ дар давлатҳои хориҷӣ муқаррар карда мешавад.

5. Эълони қабули ҳуҷҷатҳо барои баргузор намудани озмун ҷиҳати дарёфти Стипендияи Дурахшандагон ҳар сол то 1 феврал муайян карда мешавад.

6. Барои интихоби довталабон ҷиҳати дарёфти Стипендияи Дурахшандагон тибқи Тартиби интихоб ва тайёр намудани мутахассисон дар давлатҳои хориҷӣ озмун гузаронида мешавад. Дар озмун шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба талаботи муассисаҳои таълимии давлатҳои хориҷии интихобнамудаи Комиссияи ҷумҳуриявӣ мутобиқ мебошанд, метавонанд иштирок намоянд.

3. МАБЛАҒГУЗОРИИ СТИПЕНДИЯИ ДУРАХШАНДАГОН

7. Маблағгузории Стипендияи Дурахшандагон аз ҳисоби Фонди махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тайёр намудани мутахассисон дар давлатҳои хориҷӣ амалӣ мегардад.

8. Маблағи таҳсил, иқомат дар хобгоҳ, суғуртаи тиббӣ, стипендияи моҳона, роҳкирои донишҷӯён (сафар аз ҷойи иқомат дар ҷумҳурӣ то ҷойи таҳсил ва бозгашт дар давраи таътил як маротиба), мутобиқгардонӣ ба стандарти давлати дахлдор, барасмиятдарории раводид ва тамдиди раводид (хироҷи консулӣ), нашри натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ дар доираи маблағҳои ҳамасола аз Фонди махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тайёр намудани мутахассисон дар кишварҳои хориҷӣ ҷудошаванда пардохт мегардад.

9. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - мақоми ваколатдор) дар доираи шумораи пешбинишудаи довталабон ҳаҷми маблағгузориро ҷиҳати тайёр намудани мутахассисон дар давлатҳои хориҷӣ тибқи Стипендияи Дурахшандагон барои тасдиқ ба Комиссияи ҷумҳуриявӣ пешниҳод менамояд.

4. ТАРТИБИ БАСТАНИ ҚАРОРДОД (ШАРТНОМА)

10. Мақоми ваколатдор дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дархосткунанда бо ғолибони озмуни Стипендияи Дурахшандагон қарордод (шартнома) мебандад. Намунаи қарордод (шартнома) бо пешниҳоди мақоми ваколатдор аз ҷониби Комиссияи ҷумҳуриявӣ тасдиқ карда мешавад.

11. Қарордод (шартнома) асос барои пардохти хароҷоти ғолибони озмуни Стипендияи Дурахшандагон ҷиҳати таҳсил ва коромӯзӣ дар давлатҳои хориҷӣ мебошад.

12. Интиқоли маблағ ба муассисаҳои таълимӣ, илмӣ ва ташкилотҳои дахлдори давлатҳои хориҷӣ пас аз бастани қарордод (шартнома) амалӣ карда мешавад.

5. ТАРТИБИ НАЗОРАТ ВА ҲАВАСМАНДГАРДОНӢ

13. Назорати сатҳу сифати таҳсилот ва будубоши шаҳрвандон, ки тавассути Стипендияи Дурахшандагон дар давлатҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд ва ё коромӯзӣ мегузаранд, аз ҷониби мақоми ваколатдор, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагиҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ амалӣ карда мешавад.

14. Мақоми ваколатдор пешбурди феҳристи ягонаи донишҷӯён ва коромӯзон дар давлатҳои хориҷӣ (минбаъд - феҳрист)-ро таъмин мекунад.

15. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои дигари дахлдор бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷамъоварии маълумот оид ба таҳсилкунандагон дар давлатҳои хориҷӣ ҷиҳати ворид намудан ба феҳрист ҳамкорӣ менамоянд.

16. Мақоми ваколатдор, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ бо донишҷӯён ва коромӯзон-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста суҳбату вохӯриҳо мегузаронанд.

17. Вазорату идораҳо, муассиса ва ташкилотҳои давлатии дигар (мақомот ва ташкилотҳои дархосткунанда) барои хатмкардагони Стипендияи Дурахшандагон, ки ба кор қабул намудаанд, шароити мусоид фароҳам меоранд.

6. ТАРТИБИ БО ҶОЙИ КОР ТАЪМИН НАМУДАН

18. Барои таъмини хатмкардагони Стипендияи Дурахшандагон бо ҷойи кор аз ҷониби мақоми ваколатдор роҳхат дода мешавад.

19. Хатмкардагони Стипендияи Дурахшандагон уҳдадоранд, ки дар вазорату идораҳо ва ташкилотҳои давлатӣ (мақомот ва ташкилотҳои дархосткунанда) ҳатман панҷ сол фаъолият намоянд.

20. Вазорату идораҳо ва ташкилотҳои давлатӣ (мақомот ва ташкилотҳои дархосткунанда) уҳдадоранд, ки хатмкардагони Стипендияи Дурахшандагонро, ки бо роҳхат ҳозир гаштаанд, бо ҷойи кор таъмин намоянд.

7. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

21. Вазорату идораҳо, ташкилотҳои давлатӣ (мақомот ва ташкилотҳои дархосткунанда), донишҷӯён ва коромӯзон-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои риояи талаботи Низомномаи мазкур масъуланд.

 

Утверждено

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от "29" ноября 2022 года, №581

Положение о Международной стипендии Президента Республики Таджикистан "Дурахшандагон"

I. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Положение о Международной стипендии Президента Республики Таджикистан "Дурахшандагон" (далее - Положение) регулирует порядок отбора кандидатов, заключения контракта (договора) с победителями конкурса, оплаты средств за обучение граждан, контроля обучения, уровня и качества образования граждан в зарубежных государствах, направленных по Международной стипендии Президента Республики Таджикистан "Дурахшандагон" (далее - Стипендия Дурахшандагон), а также обеспечения их рабочим местом после выпуска.

2. Стипендия Дурахшандагон назначается гражданам Республики Таджикистан для обучения и стажировки специалистов в зарубежных государствах.

3. Стипендия Дурахшандагон выделяется по необходимым специальностям в национальной экономике, по которым подготовка специалиста внутри страны не представляется возможным.

2. ПОРЯДОК ОТБОРА КАНДИДАТОВ ДЛЯ ПОЛУЧЕНИЯ СТИПЕНДИИ ДУРАХШАНДАГОН

4. Стипендия Дурахшандагон является индивидуальной и ежегодно определяется Республиканской комиссией по отбору и подготовке специалистов в зарубежных государствах (далее - Республиканская комиссия) с целью обучения в ступенях высшего профессионального образования бакалавриата, специалитета, магистратуры, аспирантуры, ординатуры, интернатуры, доктора философии (PhD), доктора по специальности, докторант, лосдокторанта в очной форме и прохождения стажировки в зарубежных государствах.

5. Объявление о приеме документов на проведение конкурса для получения Стипендии Дурахшандагон определяется каждый год до I февраля.

6. Для отбора кандидатов на получение Стипендии Дурахшандагон проводится конкурс в соответствии с Порядком отбора и подготовки специалистов в зарубежных государствах. В конкурсе могут участвовать граждане Республики Таджикистан, соответствующие требованиям учебных заведений иностранных государств, избранных Республиканской комиссией.

3. ФИНАНСИРОВАНИЕ СТИПЕНДИИ ДУРАХШАНДАГОН

7. Финансирование Стипендии Дурахшандагон осуществляется за счет Специального фонда Президента Республики Таджикистан для подготовки специалистов в зарубежных государствах.

8. Оплата средств на обучение, проживание в общежитии, медицинское страхование, месячную стипендию, дорожные расходы студентов (проезд с места жительства в республике до места обучения и возвращение в период каникул один раз), приведение в соответствие со стандартом соответствующего государства, оформление и продление визы (консульские сборы), публикации результатов научных исследований осуществляется в рамках средств, ежегодно выделяемых из Специального фонда Президента Республики Таджикистан для подготовки специалистов в зарубежных государствах.

9. Министерство образования и науки Республики Таджикистан (далее - уполномоченный орган) в пределах предусмотренного количества кандидатов представляет на утверждение Республиканской комиссии объем финансирования для подготовки специалистов в зарубежных государствах по Стипендии Дурахшандагон.

4. ПОРЯДОК ЗАКЛЮЧЕНИЯ КОНТРАКТА (ДОГОВОРА)

10. Уполномоченный орган по согласованию с запрашиваемыми министерствами и ведомствами заключает контракт (договор) с победителями конкурса Стипендии Дурахшандагон. Образец контракта (договора) утверждается Республиканской комиссией по представлению уполномоченного органа.

11. Контракт (договор) является основанием для оплаты расходов победителей конкурса Стипендии Дурахшандагон на обучение и стажировку в зарубежных государствах.

12. Перевод средств в образовательные и научные учреждения и соответствующие организации иностранных государств осуществляется после заключения контракта (договора).

5. ПОРЯДОК КОНТРОЛЯ И ПООЩРЕНИЯ

13. Контроль уровня и качества образования и пребывания граждан, обучающихся по Стипендии Дурахшандагон или проходящих стажировку в зарубежных государствах, осуществляется уполномоченным органом, Министерством иностранных дел Республики Таджикистан, Министерством труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан и другими представительствами Республики Таджикистан в зарубежных странах.

14. Уполномоченный орган обеспечивает ведение единого реестра студентов и стажеров в зарубежных государствах (далее - реестр).

15. Министерство иностранных дел Республики Таджикистан, другие соответствующие министерства и ведомства сотрудничают с Министерством образовании и науки Республики Таджикистан по сбору сведений об обучающихся в зарубежных государствах для внесения в реестр.

16. Уполномоченный орган. Министерство иностранных дел Республики Таджикистан, Министерство труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан и другие представительства Республики Таджикистан в зарубежных странах систематически проводят встречи и беседы со студентами и стажёрамигражданами Республики Таджикистан.

17. Министерства и ведомства, учреждения и иные государственные организации (запрашиваемые органы и организации), принявшие на работу выпускников Стипендии Дурахшандагон, создают благоприятные условия.

6. ПОРЯДОК ОБЕСПЕЧЕНИЯ РАБОЧИМ МЕСТОМ

18. Для обеспечения выпускников Стипендии Дурахшандагон рабочим местом уполномоченным органом выдастся направление.

19. Выпускники Стипендии Дурахшандагон обязаны проработать пять лет в министерствах, ведомствах и государственных организациях (запрашиваемых органах и организациях).

20. Министерства и ведомства, государственные организации (запрашиваемые органы и организации) обязаны обеспечить рабочим местом выпускников Стипендии Дурахшандагон, явившихся с направлением.

7. ЗАКЛЮЧИТЕЛЬНЫЕ ПОЛОЖЕНИЯ

21. Министерства и ведомства, государственные организации (запрашиваемые органы и организации), студенты и стажеры-граждане Республики Таджикистан ответственны за соблюдение требований настоящего Положения.