Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2022, № 579 "Дар бораи Барномаи рушди чарогоҳҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи Барномаи рушди чарогоҳҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027

Мутобиқи моддаҳои 4 ва 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1.Барномаи рушди чарогоҳҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 ва Нақшаи амали солҳои 2023-2025-и Барномаи рушди чарогоҳҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).

2.Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи маблағҳои дар буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 пешбинишуда ҳар сол ба Муассисаи давлатии "Трести чарогоҳу мелиоративӣ"-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди чарогоҳҳо маблағ ҷудо намуда, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҷалби сармояи ватанию хориҷӣ барои иҷрои Барномаи мазкур ва Нақшаи амали он чораҳои мушаххас андешанд.

3.Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо лоиҳаҳои сармоягузориро таҳия карда, ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.

4.Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо барои амалисозии Барномаи мазкур ва Нақшаи амали он тадбирҳои зарурӣ андешида, ҳар сол то 1 март ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                               Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 29 ноябри соли 2022, № 579