ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба интихоб ва тайёр намудани мутахассисон дар давлатҳои хориҷӣ
Мутобиқи моддаи 17 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Низомномаи Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба интихоб ва тайёр намудани мутахассисон дар давлатҳои хориҷӣ ва ҳайати Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба интихоб ва тайёр намудани мутахассисон дар давлатҳои хориҷӣ тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).
2. Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба интихоб ва тайёр намудани мутахассисон дар давлатҳои хориҷӣ, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳангоми интихоб ва тайёр намудани мутахассисон дар давлатҳои хориҷӣ талаботи Низомномаи Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба интихоб ва тайёр намудани мутахассисон дар кишварҳои хориҷиро ба роҳбарӣ гиранд.
3. Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба интихоб ва тайёр намудани мутахассисон дар давлатҳои хориҷӣ тибқи тартиби муқарраргардида ҳамасола то 15 ноябр аз натиҷаи интихоб ва тайёр намудани мутахассисон дар давлатҳои хориҷӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.
4. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2009, №207 "Дар бораи Низомномаи Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба интихоб ва тайёр намудани кадрҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии давлатҳои хориҷӣ" аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 29 ноябри соли 2022, № 565
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О Республиканской комиссии по отбору и подготовке специалистов в зарубежных государствах
В соответствии со статьей 17 Конституционного закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан" и статьей 57 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Утвердить Положение о Республиканской комиссии по отбору и подготовке специалистов в зарубежных государствах и состав Республиканской комиссии по отбору и подготовке специалистов в зарубежных государствах (приложения 1 и 2).
2. Республиканской комиссии по отбору и подготовке специалистов в зарубежных государствах, Министерству образования и науки Республики Таджикистан, соответствующим министерствам и ведомствам, местным исполнительным органам государственной власти при отборе и подготовке специалистов в зарубежных государствах руководствоваться требованиями Положения о Республиканской комиссии по отбору и подготовке специалистов в зарубежных государствах.
3. Республиканской комиссии по отбору и подготовке специалистов в зарубежных государствах в установленном порядке ежегодно до 15 ноября представлять информацию Правительству. Республики Таджикистан по результатам отбора и подготовки специалистов в зарубежных государствах.
4. Признать утратившим силу постановление Правительства Республики Таджикистан от 2 апреля 2009 года, №207 "О Положении Республиканской комиссии по отбору и подготовке кадров в высших образовательных и научных учреждениях зарубежных государств".
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе,
от 29 ноября 2022 года №565