Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 29 ноябри соли 2022, №565
Низомномаи Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба интихоб ва тайёр намудани мутахассисон дар давлатҳои хориҷӣ
1. МУҚАРРАРАТИ УМУМӢ
1. Низомномаи Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба интихоб ва тайёр намудани мутахассисон дар давлатҳои хориҷӣ (минбаъд - Низомнома) тартиби ташкил ва фаъолияти Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба интихоб ва тайёр намудани мутахассисон дар давлатҳои хориҷиро (минбаъд - Комиссияи ҷумҳуриявӣ) танзим менамояд.
2. Комиссияи ҷумҳуриявӣ мақоми назоратию машваратӣ мебошад, ки бо мақсади интихоб ва ба кишварҳои хориҷӣ ҷиҳати таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, инчунин касбии баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ ва коромӯзӣ фиристонидани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Стипендиат) таъсис дода шудааст.
3. Стипендиат ба кишварҳои хориҷӣ барои таҳсил тавассути стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дурахшандагон" (минбаъд - Стипендияи Дурахшандагон), бурсияҳои кишварҳои хориҷӣ ва ташкилотҳо фиристода мешавад.
4. Комиссияи ҷумҳуриявӣ дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф", дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкурро ба роҳбарӣ мегирад.
5. Вазифаи асосии Комиссияи ҷумҳуриявӣ интихоб ҷиҳати таҳсил ба давлатҳои хориҷӣ фиристодан, назорати раванди таълим, таҳсил ва бо кор таъмин намудани Стипендиат баъди хатми таҳсил мебошад.
2. ТАРТИБИ КОРИ КОМИССИЯИ ҶУМҲУРИЯВӢ
6. Фаъолияти Комиссияи ҷумҳуриявӣ дар шакли ҷаласа тибқи нақшаи корӣ, ки аз ҷониби раиси Комиссияи ҷумҳуриявӣ тасдиқ мегардад, ба роҳ монда мешавад.
7. Қарор оид ба баргузории ҷаласа аз ҷониби раиси Комиссияи ҷумҳуриявӣ (дар ҳолати ҳузур надоштани ӯ, аз ҷониби муовини раиси Комиссияи ҷумҳуриявӣ) қабул карда мешавад ва ба маълумоти аъзои Комиссияи ҷумҳуриявӣ аз ҷониби котиби Комиссияи ҷумҳуриявӣ на дертар аз даҳ рӯзи корӣ то санаи баргузории ҷаласа расонида мешавад.
8. Ҷаласаи Комиссияи ҷумҳуриявӣ дар ҳолате баргузоршуда ҳисобида мешавад, ки агар дар он на кам аз нисфи аъзои Комиссияи ҷумҳуриявӣ иштирок намоянд. Узви Комиссияи ҷумҳуриявие, ки дар ҷаласа бо сабабҳои узрнок иштирок карда наметавонад, ҳуқуқ дорад фикру андешаҳои худро оид ба масъалаи рӯзнома дар шакли хаттӣ пешниҳод намояд.
9. Қарори Комиссияи ҷумҳуриявӣ ба воситаи овоздиҳии кушод бо аксарияти овози аъзои Комиссияи ҷумҳуриявӣ қабул карда мешавад. Дар ҳолати баробар будани овозҳо, овози раисикунандаи ҷаласаи Комиссияи ҷумҳуриявӣ ҳалкунанда мебошад.
10. Қарорҳои дар ҷаласаи Комиссияи ҷумҳуриявӣ қабулшуда тавассути протокол ба расмият дароварда мешавад. Протоколи ҷаласаи Комиссияи ҷумҳуриявӣ аз ҷониби раиси Комиссияи ҷумҳуриявӣ ва котиби Комиссияи ҷумҳуриявӣ ба имзо расонида мешавад. Назорати рафти иҷрои муқаррароти протоколи ҷаласаи Комиссияи ҷумҳуриявиро котиби Комиссияи ҷумҳуриявӣ амалӣ менамояд.
11. Иҷрои қарорҳои Комиссияи ҷумҳуриявӣ, ки дар доираи ваколатҳояш қабул гардидаанд, барои вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ҳатмӣ мебошад.
12. Фаъолияти кори Комиссияи ҷумҳуриявӣ аз ҷониби котиби Комиссияи ҷумҳуриявӣ ташкил карда мешавад.
13. Маводи ҷаласаҳои Комиссияи ҷумҳуриявӣ аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - мақоми ваколатдор) ба воситаи котиби Комиссияи ҷумҳуриявӣ дар муҳлати на дертар аз панҷ рӯзи корӣ пеш аз баргузории ҷаласа ба аъзои Комиссияи ҷумҳуриявӣ дастрас карда мешавад.
14. Дар кори Комиссияи ҷумҳуриявӣ бо иҷозати раиси он намояндагони вазорату идораҳо ва ташкилотҳо бе ҳуқуқи овоздиҳӣ иштирок карда метавонанд.
3. ҲУҚУҚ ВА УҲДАДОРИҲОИ КОМИССИЯИ ҶУМҲУРИЯВӢ
15. Комиссияи ҷумҳуриявӣ ҳуқуқ дорад:
- номгӯйи ихтисосҳои барои иқтисодиёт, саноат ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ заруриро дар асоси пешниҳоди мақоми дахлдори давлатӣ тасдиқ намояд;
- тибқи тартиби муқарраршуда озмунро ҷиҳати интихоби Стипендиат ташкил ва баргузор намояд;
- шакли феҳристи ягонаи донишҷӯён ва коромӯзон-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатҳои хориҷиро тасдиқ карда, тартиби пешбурди онро муайян намояд;
- ба мақоми ваколатдор дар бораи ба таҳсил дар давлатҳои хориҷӣ равон кардани Стипендиатҳо супориш диҳад;
- шартҳои гузаронидани марҳилаҳои якум ва дуюми озмунро тасдиқ мекунад;
- дорои ҳуқуқҳои дигаре мебошад, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд.
16. Комиссияи ҷумҳуриявӣ уҳдадор аст:
- доир ба масъалаҳои тайёр намудани мутахассисон дар давлатҳои хориҷӣ тибқи тартиби муқарраршуда аз вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ маълумоти заруриро талаб менамояд;
- маълумоти таҳлилиро оид ба фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо дар самти ба давлатҳои хориҷӣ ба таҳсил фиристонидани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мақомоти дахлдор дархост намояд;
- ҷиҳати ҷудо намудани маблағҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои пардохти хароҷоти ҳамасолаи шаҳрвандоне, ки гирандаи Стипендияи Дурахшандагон мешаванд, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост пешниҳод намояд;
- ҳар сол то 15 январ нақшаи қабули шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои Стипендияи Дурахшандагон тасдиқ намояд;
- тибқи тартиби муқарраргардида номзадҳоро барои таҳсил дар давлатҳои хориҷӣ интихоб намояд;
- ҳангоми интихоби номзадҳо барои таҳсил дар кишварҳои хориҷӣ талаботи минтақаҳои ҷумҳуриро ба мутахассисони баландихтисос ба инобат гирад;
- ба воситаи мақоми ваколатдор ва мақомоти дахлдор ҷараёни таҳсили Стипендиатро дар давлати хориҷӣ пайваста назорат намояд;
- назорати бо ҷойи кор таъмин намудани хатмкардагони Стипендияи Дурахшандагонро ба роҳ монад;
- мувофиқи тартиби муқарраргардида доир ба масъалаҳои тайёр намудани мутахассисон дар давлатҳои хориҷӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намояд;
- уҳдадориҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст, амалӣ намояд.
4. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
17. Комиссияи ҷумҳуриявӣ барои риояи талаботи Низомномаи мазкур масъул мебошад.
Замимаи 2
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 29 ноябри соли 2022, №565
Ҳайати Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба интихоб ва тайёр намудани мутахассисон дар давлатҳои хориҷӣ
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон - раиси Комиссияи ҷумҳуриявӣ;
вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон - муовини раиси Комиссияи ҷумҳуриявӣ;
сардори раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - котиби
Комиссияи ҷумҳуриявӣ.
Аъзои Комиссияи ҷумҳуриявӣ:
ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо;
ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа;
вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
сардори раёсати робитаҳои хориҷии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
директори Муассисаи давлатии "Маркази барномаҳои байналмилалӣ".
Приложение 1
к постановлению Правительства
Республики Таджикистан
от 29 ноября 2022 года, №565
Положение о Республиканской комиссии по отбору и подготовке специалистов в зарубежных государствах
1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ
1. Положение о Республиканской комиссии по отбору и подготовке специалистов в зарубежных государствах (далее - Положение) регулирует порядок организации и деятельности Республиканской комиссии по отбору и подготовке специалистов в зарубежных государствах (далее - Республиканская комиссия).
2. Республиканская комиссия является контрольно-консультативной рабочей группой, созданной с целью отбора и направления граждан Республики Таджикистан (далее - Стипендиат) для обучения в учреждения среднего, высшего и послевузовского образования, а также стажировки в зарубежные государства.
3. Стипендиат направляется в зарубежные государства для обучения посредством Международной стипендии Президента Республики Таджикистан "Дурахшандагон" (далее - Стипендия Дурахшандагон), квот зарубежных государств и организаций.
4. Республиканская комиссия в своей деятельности руководствуется Конституцией Республики Таджикистан, Законом Республики Таджикистан "Об образовании", иными нормативными правовыми актами Республики Таджикистан, в том числе международными правовыми актами, признанными Республикой Таджикистан и настоящим Положением.
5. Основной задачей Республиканской комиссии является отбор, направление в зарубежные государства для обучения, контроль учебного процесса и обеспечение Стипендиата местом работы после окончания обучения.
2. ПОРЯДОК ДЕЯТЕЛЬНОСТИ РЕСПУБЛИКАНСКОЙ КОМИССИИ
6. Деятельность Республиканской комиссии осуществляется в форме заседаний в соответствии с рабочим планом, утверждаемым председателем Республиканской комиссии.
7. Решение о проведении заседания принимается председателем Республиканской комиссии (при его отсутствии, заместителем председателя Республиканской комиссии), которое доводится до сведения членов Республиканской комиссии не менее, чем за десять рабочих дней до даты проведения заседания секретарем Республиканской комиссии.
8. Заседание Республиканской комиссии считается состоявшимся, если на нем принимали участие не менее половины состава Республиканской комиссии. Член Республиканской комиссии, не сумевший принять участие на заседании, вправе письменно представить свое мнение по повестке заседания.
9. Решение Республиканской комиссии принимается путем открытого голосования большинством голосов членов Республиканской комиссии. При равенстве голосов, решающим признается голос председательствующего на заседании Республиканской комиссии.
10. Решения, принятые на заседании Республиканской комиссии, оформляются протоколом. Протокол заседания Республиканской комиссии подписывается председателем Республиканской комиссии и секретарем Республиканской комиссии. Контроль за ходом исполнения решений протокола заседания Республиканской комиссии осуществляется секретарем Республиканской комиссии.
11. Исполнение решений Республиканской комиссии, принятых в рамках своих полномочий, является обязательным для министерств и ведомств, местных исполнительных органов государственной власти и организаций, независимо от организационно-правовой формы.
12. Деятельность Республиканской комиссии координируется секретарем Республиканской комиссии.
13. Материалы заседаний Республиканской комиссии представляются ее членам Министерством образования и науки Республики Таджикистан (далее - уполномоченный орган) посредством секретаря Республиканской комиссии в срок не позднее пяти рабочих дней до проведения заседания Республиканской комиссии.
14. В работе Республиканской комиссии по разрешению её председателя могут участвовать представители министерств, ведомств и организаций без права голосования.
3. ПРАВА И ОБЯЗАННОСТИ РЕСПУБЛИКАНСКОЙ КОМИССИИ
15. Республиканская комиссия вправе:
- утверждать по представлению соответствующего органа перечень необходимых специальностей для экономической, промышленной и социальной отраслей республики;
- организовать и провести в установленном порядке конкурс по отбору Стипендиатов;
- утверждать форму единого реестра студентов и стажёров-граждан Республики Таджикистан в зарубежных государствах и определять порядок его ведения;
- давать указания уполномоченному органу по направлению Стипендиатов для обучения в зарубежных государствах;
- утверждает проведения условия первой и второй этап конкурса;
- имеет другие права, определенные законодательством Республики Таджикистан.
16. Республиканская комиссия обязана:
- получить в установленном порядке необходимую информацию по вопросам подготовки специалистов в зарубежных государствах из министерств, ведомств, местных исполнительных органов государственной власти и организаций, независимо от организационно-правовой формы;
- запрашивать от соответствующих органов аналитические сведения о деятельности уполномоченного органа и организаций по направлению граждан Республики Таджикистан в зарубежные государства на обучение;
- представлять запрос Президенту Республики Таджикистан о выделении средств за счет государственного бюджета на оплату ежегодных расходов граждан Республики Таджикистан, являющихся Стипендиатами Дурахшандагон;
- ежегодно до 15 января утверждать план приема граждан Республики Таджикистан для Стипендии Дурахшандагон;
- в установленном порядке выполнять отбор кандидатов для обучения в зарубежных государствах;
- при отборе кандидатов для обучения в зарубежных государствах учитывать потребности регионов республики в высококвалифицированных специалистах;
- посредством уполномоченного и соответствующих органов непрерывно контролировать учебный процесс Стипендиатов в зарубежных государствах;
- осуществлять контроль за трудоустройством выпускников Стипендии Дурахшандагон;
- в установленном порядке представлять отчет Правительству Республики Таджикистан по вопросам подготовки специалистов в зарубежных государствах;
- выполнять иные обязательства, определенные законодательством Республики Таджикистан.
4. ЗАКЛЮЧИТЕЛЬНЫЕ ПОЛОЖЕНИЯ
17. Республиканская комиссия ответственна за соблюдение требований настоящего Положения.
Приложение 2
к постановлению Правительства
Республики Таджикистан
от " 29" ноября 2022 года, №565
Состав Республиканской комиссии по отбору и подготовке специалистов в зарубежных государствах
Заместитель Премьер-министра Республики Таджикистан председатель Республиканской комиссии;
министр образования и науки Республики Таджикистан - заместитель председателя Республиканской комиссии;
начальник управления образования, культуры и информации Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан - секретарь Республиканской комиссии.
Члены Республиканской комиссии:
помощник Президента Республики Таджикистан по кадровым вопросам;
помощник Президента Республики Таджикистан по вопросам социального развития и связям с общественностью;
министр юстиции Республики Таджикистан;
министр труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан;
министр финансов Республики Таджикистан;
министр экономического развития и торговли Республики Таджикистан;
министр иностранных дел Республики Таджикистан; министр здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан;
председатель Государственного комитета национальной безопасности Республики Таджикистан;
директор Агентства по надзору в сфере образования и науки при Президенте Республики Таджикистан;
начальник управления зарубежных связей Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан;
директор Национального центра тестирования при Президенте Республики Таджикистан;
директор Государственного учреждения "Центр международных программ".