ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Тартиби баргардонидани маблағҳое, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои тайёр намудани мутахассисон харҷ шудаанд
Мутобиқи моддаи 24 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Тартиби баргардонидани маблағҳое, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои тайёр намудани мутахассисон харҷ шудаанд, тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Вазорату идораҳо ва ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, иҷрои қарори мазкурро таъмин намоянд.
3. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 майи соли 2019, № 260 "Дар бораи Тартиби баргардонидани маблағҳо аз ҷониби мутахассисони ҷавоне, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ таҳсил намудаанд" аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 29 ноябри соли 2022, № 563