Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 майи соли 2019 № 260 "Дар бораи Тартиби баргардонидани маблағҳо аз ҷониби мутахассисони ҷавоне, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ таҳсил намудаанд"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.11.2022 № 563 аз эътибор соқит дониста шудааст

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Тартиби баргардонидани маблағҳо аз ҷониби мутахассисони ҷавоне, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ таҳсил намудаанд

 

Мутобиқи моддаи 24 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Тартиби баргардонидани маблағҳо аз ҷониби мутахассисони ҷавоне, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ таҳсил намудаанд, тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Вазорату идораҳо, ки дар сохторашон муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ доранд, баргардонидани маблағҳоро аз ҷониби мутахассисони ҷавоне, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ таҳсил намудаанд, дар асоси Тартиби мазкур таъмин намоянд.

3. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2009, № 391 "Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои баргардонидани маблағҳои буҷетӣ аз ҳисоби мутахассисони ҷавон, ки тибқи роҳхат ба ҷои кор ҳозир нашудаанд" аз эътибор соқит дониста шавад.

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон    Эмомалӣ Раҳмон

 

аз 31 майи соли 2019 № 260

ш.Душанбе

 

Утратил силу пост. Правительства РТ от 29.11.2022 №563

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О Порядке возврата средств молодыми специалистами, прошедшими обучение за счет государственного бюджета

В соответствии со статьей 24 Закона Республики Таджикистан "Об образовании" и статьей 57 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить Порядок возврата средств молодыми специалистами, прошедшими обучение за счет государственного бюджета (прилагается).

2. Министерствам и ведомствам, имеющим в своей структуре учреждения среднего и высшего профессионального образования, обеспечить возврат средств молодыми специалистами, прошедшими обучение за счет государственного бюджета, на основании данного Порядка.

3. Признать утратившим силу постановление Правительства Республики Таджикистан от 2 июля 2009 года, №391 "Об утверждении Правил возврата бюджетных средств за счет молодых специалистов, не явившихся на место работы, согласно направлению".

Председатель

Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

г.Душанбе,

от 31 мая 2019 года, №260