Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 23 ноябри соли 2022, № 547
Барномаи миёнамуҳлат барои солҳои 2023-2027 оид ба идоракунии хавфҳои фискалии корхонаҳои азими давлатӣ ва ҷамъиятҳое, ки саҳмияҳои онҳо ба давлат тааллуқ доранд
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Барномаи миёнамуҳлат барои солҳои 2023-2027 оид ба идоракунии хавфҳои фискалии корхонаҳои азими давлатӣ ва ҷамъиятҳое, ки саҳмияҳои онҳо ба давлат тааллуқ доранд, бо мақсади коҳиш додан, муайян ва бартараф намудани хавфҳои фискалӣ, инчунин амалӣ намудани ислоҳот дар фаъолияти минбаъдаи онҳо таҳия гардидааст.
2. Барномаи мазкур дар доираи корхонаҳои воҳиди давлатӣ, ҷамъиятҳои саҳомӣ ва ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуд, ки дар сармояи оинномавии онҳо ҳиссаи давлат зиёда аз 50 фоизро ташкил дода, дар маҷмуъ шахсони ҳуқуқии дорои манфиати умум арзёбӣ шудаанд, амалӣ гардонида мешавад.
2. ҲАДАФ, ВАЗИФА ВА МАҚСАДИ АСОСИИ БАРНОМА
3. Ҳадафи Барнома танзими фаъолияти корхонаҳои азими давлатӣ, инчунин пешгирӣ ва паст намудани таъсири манфии хавфҳои эҳтимолӣ ба буҷети давлатӣ мебошад.
3.1. Мутобиқи таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ пас аз тартиб додани рӯйхати корхонаҳои азими давлатӣ бояд гурӯҳбандии омории онҳо муайян карда шавад. Дар гурӯҳбандии мазкур инчунин маълумот дар асоси муайян кардани корхонаҳое, ки ба ҷамъиятҳои саҳомӣ ва субъектҳои идоракунии давлатӣ табдил дода мешаванд, тасниф карда мешаванд.
3.2. Ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои гузошташуда, бахусус коҳиш додани таъсири манфии хавфҳои фискалӣ ба корхонаҳои азими давлатӣ, ислоҳоти минбаъдаи соҳа дар ин самт ва тасдиқи нақшаи амали он бо тадбирҳои мушаххаси соҳа зарурати қабул намудани Барномаи миёнамуҳлат барои солҳои 2023-2027 оид ба идоракунии хавфҳои фискалии корхонаҳои азими давлатӣ ва ҷамъиятҳое, ки саҳмияҳои онҳо ба давлат тааллуқ доранд, ба миён омад.
3.3. Барои ноил гардидан ба ҳадафҳои мазкур дар Нақшаи амали Барномаи мазкур амалисозии вазифаҳои зерин пешбинӣ шудааст:
- татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба идоракунии моликияти давлатӣ дар корхонаҳои азими давлатӣ ва ҷамъиятҳое, ки саҳмияҳои онҳо ба давлат тааллуқ доранд;
- татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти баҳисобгирии муҳосибӣ, пешниҳоди ҳисоботи молиявӣ ва аудити солонаи ҳатмии корхонаҳои азими давлатӣ ва ҷамъиятҳое, ки саҳмияҳои онҳо ба давлат тааллуқ доранд;
- тақвият бахшидани фаъолияти Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба масъалаҳои идоракунии хавфҳои фискалии корхонаҳои азими давлатӣ;
- таҳия ва тартиб додани рӯйхати корхонаҳои азими давлатӣ ва ҷамъиятҳое, ки саҳмияҳои онҳо ба давлат тааллуқ доранд, аз рӯйи соҳаҳо;
- такмили идоракунии корпоративӣ дар корхонаҳои азими давлатӣ ва ҷамъиятҳое, ки саҳмияҳои онҳо ба давлат тааллуқ доранд;
- таъcиси шӯрои нозирон дар корхонаҳои азими давлатӣ ва ҷамъиятҳое, ки саҳмияҳои онҳо ба давлат тааллуқ доранд.
3.4. Мақсади асосии ин Барнома, пеш аз ҳама, ба самтҳои зерин нигаронида шудааст:
- ба таври назаррас беҳтар намудани нишондиҳандаҳои фаъолият ва вазъи молиявии корхонаҳои азими давлатӣ ва ҷамъиятҳое, ки саҳмияҳои онҳо ба давлат тааллуқ доранд, бо мақсади мусоидат дар таъмини назорати сарбориҳое, ки ба низоми молиявии давлатӣ хавфҳои фискалӣ эҷод мекунанд;
- мониторинг ва баҳодиҳии натиҷаҳои фаъолияти корхонаҳои азими давлатӣ ва ҷамъиятҳои саҳомие, ки саҳмияҳои онҳо ба давлат тааллуқ доранд, ҷиҳати коҳиш додани хавфҳои фискалӣ зимни амалисозии фаъолияти молиявию хоҷагидорӣ;
- муайян, баҳогузорӣ ва ифшои маълумот оид ба хавфҳои фискалӣ аз фаъолияти молиявии корхонаҳои азими давлатӣ ва ҷамъиятҳои саҳомие, ки саҳмияҳои онҳо ба давлат тааллуқ доранд;
- таъмини шаффофият ҳангоми татбиқи сиёсати давлатии молиявӣ ва қарзӣ нисбати фаъолияти молиявии корхонаҳои азими давлатӣ ва ҷамъиятҳои саҳомие, ки саҳмияҳои онҳо ба давлат тааллуқ доранд.
3. ТАҲЛИЛИ ВАЗЪИ КУНУНӢ ВА АФЗАЛИЯТҲОИ БАРНОМА
4. Дар соли 2016 аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Стратегияи идоракунии хавфҳои фискалии корхонаҳои давлатӣ барои солҳои 2016-2020 таҳия карда шуд. Стратегия ба баланд бардоштани самаранокии фаъолият ва коҳиш додани хавфҳои фискалӣ, инчунин беҳтар намудани натиҷаҳои фаъолияти молиявию хоҷагидории корхонаҳои азими давлатӣ ва ҷамъиятҳое, ки саҳмияҳои онҳо ба давлат тааллуқ доранд, равона гардида буд. Стратегияи болозикр бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2016, №755 тасдиқ гардида, ҳамчун фишанги асосӣ дар идоракунии хавфҳои фискалӣ то давраи соли 2020 мавриди амал қарор дошт. Дар асоси Стратегияи болозикр қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 майи соли 2019, №272 "Дар бораи Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба масъалаҳои идоракунии хавфҳои фискалии корхонаҳои давлатӣ" тасдиқ гардид. Вазифаи асосии Шӯрои мазкур назорат ва таҳлили чорабиниҳои пешбинишуда дар раванди татбиқи Стратегия буд.
4.1. Ҳамзамон қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2019, №632 "Дар бораи корхонаҳои азими давлатӣ ва ҷамъиятҳое, ки саҳмияҳои онҳо ба давлат тааллуқ дорад" қабул гардид, ки дар он номгӯи корхонаҳои азими давлатӣ ва ҷамъиятҳое, ки саҳмияҳои онҳо ба давлат тааллуқ дорад" қабул гардид.
4.2. Танзими фаъолияти корхонаҳои азими давлатӣ ва ҷамъиятҳои бо саҳми давлат фаъолияткунанда тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерин, аз ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи корхонаҳои давлатӣ", "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ", "Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ", "Дар бораи фаъолияти аудиторӣ" ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2019, №632 "Дар бораи корхонаҳои азими давлатӣ ва ҷамъиятҳое, ки саҳмияҳои онҳо ба давлат тааллуқ дорад", аз 3 апрели соли 2012, №154 "Дар бораи тадбирҳои иловагии танзими баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ", аз 31 майи соли 2019, №272 "Дар бораи Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба масъалаҳои идоракунии хавфҳои фискалии корхонаҳои давлатӣ", аз 30 майи соли 2015, №359 "Дар бораи Дастурамали намунавии мансабии сармуҳосиб" ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар амалӣ карда мешавад.
5. Мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2019, №632 "Дар бораи корхонаҳои азими давлатӣ ва ҷамъиятҳое, ки саҳмияҳои онҳо ба давлат тааллуқ дорад" 27 корхонаи азими давлатӣ ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботдиҳанда мебошанд ва аз ин теъдод 17 корхона дар шаҳри Душанбе, 6 корхона дар вилояти Суғд, 3 корхона дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва як корхона дар шаҳри Кӯлоб фаъолият менамоянд.
6. Дар соли 2021 даромади умумии 27 корхонаи азими давлатӣ, ки таҳти мониторинги Вазорати молия қарор доранд, нисбат ба соли 2020 ба маблағи 404,0 млн сомонӣ зиёд гардида, 11,3 млрд сомониро ташкил дод.
7. Дар соли 2021 нисбат ба соли 2020 даромад дар корхонаҳои зерин кам гардид, аз ҷумла Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" - 1455,0 млн сомонӣ (-38%), Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Тоҷик Эйр" - 113,8 млн сомонӣ (-93%), Корхонаи воҳиди давлатии "Роҳи оҳани Тоҷикистон" - 20,1 млн сомонӣ (-3%), Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" - 17,9 млн сомонӣ (-3%), Ҷамъияти саҳомии кушодаи "НБО Роғун" - 9,7 млн сомонӣ (3%), Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Сементи Тоҷик" - 8,7 млн сомонӣ (5%), Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Алюминсохтмон" - 3,7 млн сомонӣ (27%) ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Телерадиоком" - 0,9 млн сомонӣ (-2%) кам гардидааст.
8. Дар соли 2021 маблағи зарар дар натиҷаи фаъолияти молиявии корхонаҳои азими давлатии мазкур 1 851,1 млн сомониро ташкил дод, аз ҷумла зарари молиявии Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" - 1205,0 млн сомонӣ, Ҷамъияти саҳомии кушодаи "НБО Роғун" - 380,2 млн сомонӣ, Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Ширкати Алюминийи Тоҷик" - 187,8 млн сомонӣ, Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Тоҷиктрансгаз" - 33,6 млн сомонӣ, Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Тоҷик Эйр" - 23,8 млн сомонӣ ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Сементи Тоҷик" - 20,6 млн сомонӣ.
9. Дар фаъолияти корхонаҳои азими давлатӣ сол аз сол зиёд шудани ҳаҷми қарзҳои кредиторию дебитдорӣ ба назар мерасад. Ба ҳолати 31 декабри соли 2021 ҳаҷми умумии қарзҳои кредиторӣ ва уҳдадориҳои молиявии корхонаҳои азими давлатӣ 49,1 млрд сомонӣ, аз ҷумла дар Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" - 33,6 млрд сомонӣ, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди корхонаи муштараки "Зарафшон" - 4,2 млрд сомонӣ, Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Ширкати Алюминийи Тоҷик" - 2,9 млрд сомонӣ, Ҷамъияти саҳомии кушодаи "НБО Роғун" - 2,1 млрд сомонӣ, Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Тоҷиктрансгаз" - 1,7 млрд сомонӣ, Корхонаи воҳиди давлатии "Роҳи оҳани Тоҷикистон" - 1,4 млрд сомонӣ, Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Тоҷиктелеком" - 588,2 млн сомонӣ, Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе" - 512,5 млн сомонӣ, Корхонаи воҳиди давлатии "Обу корези Душанбе" - 503,0 млн сомонӣ, Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Тоҷик Эйр" - 482,9 млн сомонӣ, Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ" -135,2 млн сомонӣ ва корхонаҳои дигар ба 1,0 млрд сомониро ташкил дод.
10. Ҳаҷми умумии қарздории корхонаҳои азими давлатӣ дар назди буҷети давлатӣ ва уҳдадориҳои молиявӣ дар назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати 31 декабри соли 2021 ба 622,2 млн сомонӣ баробар гардид.
11. Ба ҳолати 31 декабри соли 2021 ҳаҷми қарзҳои дебиторӣ 12,9 млрд сомонӣ, аз ҷумла Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Ширкати Алюминийи Тоҷик" - 430,2 млн сомонӣ, Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" -2,2 млрд сомонӣ, Корхонаи воҳиди давлатии "Роҳи оҳани Тоҷикистон" - 842,7 млн сомонӣ, Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе" - 138,2 млн сомонӣ, Корхонаи воҳиди давлатии "Ангишти Тоҷик" - 184,4 млн сомонӣ, Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Тоҷиктрансгаз" - 1,4 млрд сомонӣ, Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ" 109,8 млн сомонӣ, Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Тоҷиктелеком" - 552,4 млн сомонӣ, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди корхонаи муштараки "Зарафшон" - 1,0 млрд сомонӣ, Ҷамъияти саҳомии кушодаи "НБО Роғун" - 3,9 млрд сомонӣ, Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Неругоҳи барқии обии Сангтӯда-1" - 1,7 млрд сомонӣ ва корхонаҳои дигар 364,3 млн сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба аввали сол ба 364,1 млн сомонӣ ё 3% афзоиш ёфтааст. Қарзҳои дебиторӣ сол аз сол тамоюли афзоишёбиро дорад, ки таъсири манфии худро ба фаъолияти молиявию хоҷагидории корхонаҳои болозикр расонида истодааст.
12. Дар амалия афзоиши қарзҳои дебиторӣ ва кредиторӣ бевосита аз гардиши воситаҳои пулии корхона алоқаманд буда, ба вазъи молиявии корхонаҳо таъсири манфии худро мерасонад.
13. Ҳадафи асосии амалисозии Барнома такмилдиҳии ҳисобот оид ба хавфҳои фискалии корхонаҳои азими давлатӣ, инчунин омода намудани шакли намунавии он дар асоси таҷрибаи байналмилалии дахлдор мебошад.
14. Тибқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ", "Дар бораи фаъолияти аудиторӣ" ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2012, №154 "Дар бораи тадбирҳои иловагии танзими баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ" субъектҳои дорои манфиати умум, аз ҷумла корхонаҳои азими давлатӣ ва ҷамъиятҳое, ки саҳмияҳои онҳо ба давлат тааллуқ доранд, уҳдадоранд, ки:
- ҳисоботҳои молиявии худро тибқи стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ тартиб диҳанд;
- аудити ҳарсолаи ҳатмӣ гузаронида, хулосаи онро ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд;
- назорат кунанд, ки сармуҳосибони корхонаҳои азими давлатӣ дорои сертификати муҳосиби касбӣ бошанд;
- хадамоти аудити дохилиро ташкил диҳанд;
- ҳисоботи молиявии солона ва хулосаи аудиториро бо тартиб ва дар муҳлати муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ ба маҳфуздоранда пешниҳод намоянд;
- ҳисоботи солонаи натиҷаи молиявиро дар муҳлати муқарраргардида дар воситаҳои ахбори омма нашр намоянд.
15. Тибқи стандартҳои байналмилалӣ тартиб додани ҳисоботи молиявӣ аз ҷониби субъектҳои дорои манфиати умум, аз ҷумла корхонаҳои азими давлатӣ ва ҷамъиятҳое, ки саҳмияи онҳо ба давлат тааллуқ доранд риояи меъёрҳои қонунгузории самти муҳосибот маҳсуб ёфта, аз тарафи дигар шаффофияти ҳисоботҳои молиявиро таъмин менамояд ва имконият медиҳад, ки ба ҷалби бештари сармояи хориҷӣ ва дохилӣ вобаста ба самти фаъолияти ташкилот замина гузошта шавад. Аз аудити ҳарсолаи ҳатмӣ гузаштани ташкилотҳо, ки дар асоси шартнома бо дархости фармоишгар аз ҷониби ташкилоти аудиторӣ ё аудитори инфиродӣ гузаронида мешавад, бо мақсади изҳор намудани ақидаи мустақил оид ба саҳеҳӣ ва мутобиқати ҳисоботи молиявӣ ва иттилооти дигари марбут ба ҳисоботи молиявӣ ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ ё стандартҳои миллии ҳисобдорӣ амалӣ карда мешавад.
16. Ба маҳфуздорандаи ҳисоботи молиявии Вазорати молия пешниҳод намудани ҳисоботи молиявӣ якҷо бо хулосаи аудиторӣ, ки меъёрҳои қонунгузорӣ пешбинӣ менамоянд, пеш аз ҳама имконият медиҳад, ки шахсони манфиатдор, аз ҷумла сармоягузорон оид ба ҳолати молиявии ташкилот маълумот пайдо мекунанд ва ин амал низ ба ҷалби бештари сармояи хориҷӣ ва дохилӣ вобаста ба самти фаъолияти корхона замина мегузорад.
17. Аз ҷониби корхонаҳои азими давлатӣ меъёрҳои қонунгузорӣ дар самти гузариш ба стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ риоя мегарданд. Гузаронидани аудити ҳатмии солонаи беруна, ташкили низоми аудити дохилӣ, сертификати муҳосиби касбӣ доштани сармуҳосибон ва интишори ҳисоботи молиявӣ дар воситаҳои ахбори омма дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудааст.
18. Тибқи маълумоти пешниҳодгардида аз 27 корхонаи азими давлатӣ танҳо дар 12 корхона сохтори аудити дохилӣ таъсис дода шудааст. Ғайр аз ин, аз 423 нафар сармуҳосибоне, ки дар ин корхонаҳо (бо дар назар доштани филиалҳои корхонаҳо дар шаҳру ноҳияҳо) кор мекунанд, 16 нафарашон аз курсҳои омӯзишӣ гузашта, дорои сертификати муҳосиби касбӣ мебошанд.
19. Барои таъмини идоракунии самарабахши корпоративӣ дар корхонаи азими давлатӣ, бояд шӯрои нозирон таъсис дода шавад. Аъзои шӯрои нозирон бояд дорои дониш ва таҷрибаи кофӣ барои амалӣ намудани назорати самараноки фаъолияти роҳбари аввали корхона ва шахсони дигари роҳбарикунанда бошанд.
20. Дар соли 2021 аз 27 корхонаи азими давлатӣ дар 11 корхона ё 40 фоиз шӯроҳои нозирон таъсис дода шуданд.
21. Барои таъин ва баҳодиҳии аъзои шӯрои нозирони корхонаҳои азими давлатӣ бояд меъёрҳои зарурӣ муқаррар карда шаванд.
22. Барои таъин шудан ба ҳайати шӯрои нозирони корхонаҳои азими давлатӣ иҷрои талаботи зерин зарур аст, аз ҷумла:
- мавҷуд будани дониши соҳавӣ ва таҷрибаи амалӣ дар соҳаи молия, фаъолияти тиҷоратӣ, ҳуқуқ ва идоракунии корпоративӣ;
- поквиҷдонӣ ва қобилияти тафаккури мустақилона, инчунин қобилияти самаранок кор кардан ба ҳайси узви шӯрои нозирон;
- сарфи назар намудани бархӯрди манфиатҳо.
23. Мутобиқи таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ бо мақсади ноил гардидан ба ҳадафҳои худ шӯроҳои нозирон бояд кумитаи аудит таъсис диҳанд.
24. Мақсади асосии кумитаи аудит пурзӯр намудани назорати раванди ҳисоботи молиявӣ, ҷараёни аудити системаи назорати дохилии ҷамъият ва риояи меъёрҳои қонунгузории ҷорӣ мебошад.
25. Айни замон аз 27 корхонае, ки таҳти мониторинги Вазорати молия қарор доранд, тнҳо дар 3 корхона кумитаи аудит таъсис дода шудааст.
26. Рӯйхати корхонаҳои азими давлатӣ бо дарназардошти гурӯҳбандии онҳо барои соли 2015 омода ва дар сомонаи Вазорати молия ҷойгир карда шуд. Солҳои охир бо сабабҳои пешниҳод нагардидани маълумоти иловагӣ аз ҷониби корхонаҳои азими давлатӣ ва ҷамъиятҳои саҳомии болозикр, рӯйхати мазкур дар сомона таҷдид нашудааст.
27. Рӯйхати корхонаҳои азими давлатӣ ва ҷамъиятҳое, ки саҳмияҳои онҳо ба давлат тааллуқ дорад, маълумоти зарурӣ оид ба ҳиссаи моликияти давлатӣ аз рӯйи соҳаҳо ва маълумоти дигари заруриро дар бар мегирад.
4. ДУРНАМОИ МИЁНАМУҲЛАТ, НАҚШАИ МОЛИЯВӢ ВА ФАЪОЛИЯТИ КВАЗИФИСКАЛИИ КОРХОНАҲОИ АЗИМИ ДАВЛАТӢ
28. Дурнамои миёнамуҳлати корхонаҳои давлатӣ ва ҷамъиятҳое, ки бо саҳми давлат фаъолият менамоянд, бояд аз қисмҳои зерин иборат бошад:
- нишон додани самти фаъолияти тиҷоратии корхона, ки берун аз он ҳуқуқи фаъолият карданро надорад (ба истиснои ҳолатҳои ғайричашмдошт);
- вазифаҳои корхона, аз ҷумла нишондиҳандаи асосии самаранокии фаъолияти молиявӣ ва ғайримолиявии он, натиҷаҳои асосӣ, инчунин қоидаҳои пардохти суди саҳмияҳо (дивидендҳо);
- ҳама гуна фаъолияти квазифискалӣ ва интиқолдиҳии маблағҳо (трансфертҳо), ки корхона аз буҷети давлатӣ мегирад ё ба буҷети давлатӣ ҳамчун ҷуброн барои анҷом додани чунин фаъолият бо қарори дахлдори муассис пардохт менамояд.
29. Ба дурнамои миёнамуҳлати корхона минбаъд унсурҳои зерин илова карда мешаванд:
- ҳадди хавфҳое, ки барои корхона иҷозат дода шудаанд;
- ҳама гуна маблағҳое, ки корхона аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ё маҳаллӣ мегирад ё ба буҷетҳои мазкур ба сифати ҷуброни зарар барои шароити номусоид барои рушди рақобат ва афзалиятҳо пардохт мекунад;
- муқоиса намудани маълумоти молиявӣ ва ғайримолиявӣ ва маълумоти дигаре, ки дар ҳисоботи дурнамои корхона дарҷ гардидааст, бо маълумот ва иттилоот, ки ба ҳисобот барои соли гузашта дохил карда шудааст;
- оқибатҳои ноил нагардидани корхона ба ҳадафҳои асосии худ ё риоя нагардидани лимитҳои хавф ва ё уҳдадориҳои дигар, аз ҷумла уҳдадориҳое, ки дар ҳисоботи дурнамои корхона мавҷуданд.
30. Нақшаи молиявии корхона дар навбати худ ҳадди ақал бояд унсурҳои зеринро дар бар гирад:
- нақшаи тиҷоратие, ки аз ташаббусҳои стратегӣ барои иҷрои ҳадафҳои дар дурнамои миёнамуҳлат пешбинишуда иборат мебошад;
- ҳисоботҳои дурнамои молиявӣ, инчунин нақшаҳои қарзгирӣ ва хароҷоти асосии бо дурнамои миёнамуҳлат ва нақшаи тиҷоратӣ мувофиқашуда;
- баҳодиҳии хавфҳои стратегӣ ва нақшаи идоракунии хавфҳо;
- дурнамои таъмини иҷрои уҳдадориҳои андозӣ ва пардохтҳои дигари ҳатмӣ, аз ҷумла пардохти суди саҳмияҳо ба буҷети давлатӣ.
31. Баҳодиҳии натиҷаҳои фаъолият бо дарназардошти нишондиҳандаҳои асосии мувофиқашуда ҳамчунин шаффоф хоҳад буд. Баҳодиҳии солонаи натиҷаҳои фаъолият бо дарназардошти ҳар яке аз ҳадафҳо ва нишондиҳандаҳои асосие, ки дар дурнамои миёнамуҳлат муайян гардидаанд, барои таъмини шаффофият ва ҳисоботдиҳӣ ба ҳисоботи солонаи корхона дохил карда мешавад.
32. Фаъолияти квазифискалӣ амалиётест, ки аз ҷониби корхонаҳои давлатӣ бо мақсади дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои асосии сиёсати давлатӣ амалӣ карда шуда, хусусияти тиҷоратӣ надорад. Хусусияти ин амалиёт дар он аст, ки хароҷоти корхона ҷуброн карда намешавад ё танҳо қисман аз ҳисоби даромади истеъмолкунандагон ё трансфертҳои давлатӣ ҷуброн карда мешаванд.
33. Фаъолияти квазифискалӣ метавонад шаклҳои гуногун дошта бошад. Дар фаъолияти корхонаҳо чунин шаклҳои фаъолияти квазифискалӣ истифода мешаванд, аз ҷумла;
- уҳдадориҳои ғайритиҷоратӣ оид ба хизматрасонӣ, яъне ситонидани пардохт бон нархи пасттар аз нархи бозорӣ барои молҳои пешниҳодгардида ва хизматрасонӣ ба аҳолӣ ё гурӯҳҳои мақсаднок (масалан тарифи пасттари неруи барқ, қарздиҳӣ бо меъёрҳои аз меъёрҳои бозорӣ пасттар);
- қабули уҳдадориҳо вобаста ба таҳвили молу хизматрасонӣ ё сармоягузории асосӣ ба сохтмон ва пардохтҳои дигар, ки бо вазифаҳои асосии корхонаҳо алоқаманд намебошанд.
34. Натиҷаи фаъолияти молиявии корхонаҳо бештар ба иҷрои уҳдадориҳо равона мегардад, ки ин амал боиси бад шудани вазъи молиявии корхона ва баланд гардидани хавфҳои фискалӣ мегардад.
35. Ҳама гуна фаъолияти квазифискалии марбут ба таъмини иҷрои уҳдадориҳои ғайритиҷоратӣ дар корхонаҳои азими давлатӣ бояд манъ карда шавад. Муқаррароти санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ корхонаҳои азими давлатиро уҳдадор менамояд, ки дар асоси фаъолияти истеҳсолӣ-хизматрасонӣ ё тиҷоратӣ амал намуда, агар уҳдадориҳои қабулгардида ба таври возеҳ ифода нагардида бошанд, ба фаъолияти квазифискалӣ машғул нашаванд.
5. МОНИТОРИНГ ВА АРЗЁБӢ
36. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдор оид ба мониторинги Барномаи мазкур мебошад. Ба доираи вазифаҳои асосии он ташаккули низоми мониторинги амалисозии Барнома, арзёбии натиҷаҳои бадастовардашуда аз рӯи нишондиҳандаҳои асосии Барнома, инчунин ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур намудани ҳисоботи ҷамъбастӣ оид ба амалисозии Барнома дохил аст.
37. Мониторинг ва арзёбии Барнома бо риояи талаботи Қоидаҳои гузаронидани мониторинг ва арзёбии амалишавии ҳуҷҷатҳои стратегии сатҳи миллӣ, барномаҳои соҳавӣ ва минтақавии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2018, №615 тасдиқ шудааст, амалӣ карда мешавад.
38. Амалисозии Барнома дар доираи ваколат, функсия ва вазифаҳои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин корхонаҳои азими давлатӣ ва ҷамъиятҳое, ки саҳмияҳои онҳо ба давлат тааллуқ доранд, тибқи Нақшаи амали он амалӣ гардида, аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ талаб наменамояд.
Замимаи 2
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 23 ноябри соли 2022, № 547
Нақшаи амали Барномаи миёнамуҳлат барои солҳои 2023-2027 оид ба идоракунии хавфҳои фискалии
корхонаҳои азими давлатӣ ва ҷамъиятҳое, ки саҳмияҳои онҳо ба давлат тааллуқ доранд
№
|
Номгӯйи чорабиниҳо
|
Солҳо
|
Маблағгузорӣ (бо ҳазор сомонӣ)
|
Масъулин
|
2023
|
2024
|
2025
|
2026
|
2027
|
1
|
Таъсис
додани махзани ягонаи корхонаҳои давлатӣ, ки он маълумот дар бораи дороиҳо ва уҳдадориҳо, ҳиссаи моликияти давлатӣ, фаъолияти соҳавӣ, шумораи кормандон ва дигар маълумоти дахлдорро тибқи тавсифи Дастурамал оид ба омори молияи давлатӣ (РСГФ) ХБА барои корпоратсияҳои давлатӣ
|
|
|
х
|
х
|
х
|
500,0
|
Вазорати
молия, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи андоз
якҷо бо корхонаҳои азими давлатӣ ва ҷамъиятҳое, ки саҳмияҳои онҳо ба давлат
тааллуқ доранд
|
2
|
Гузаронидани гурӯҳбандии омории корхонаҳои азими давлатӣ ва ҷамъиятҳое, ки саҳмияҳои онҳо
ба давлат тааллуқ доранд, бо мақсади ба корпоратсияҳои давлатӣ ва субъекти бахши идоракунии давлатӣ ҷудо
намудани онҳо
|
Мунтазам, ҳар сол
|
100,0
|
Вазоратҳои молия, саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон
|
3
|
Ворид
намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2019, №632 «Дар
бораи корхонаҳои азими давлатӣ ва ҷамъиятҳое, ки саҳмияҳои онҳо ба давлат тааллуқ дорад» ва ба санади мазкур дохил намудани корхонаҳои дигаре, ки ҳамчун субъектҳои дорои манфиати умум
эътироф гардидаанд
|
|
х
|
х
|
|
|
0
|
Вазоратҳои молия, саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ
|
4
|
Ворид
намудани тағйиру иловаҳо ба Низомномаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади додани хулосаи пешакӣ оид ба вазъи молиявии корхонаҳои азими давлатӣ ва ҷамъиятҳое, ки саҳмияҳои онҳо ба давлат тааллуқ доранд, вобаста ба иҷрои кафолатҳои давлатӣ, баргардонидани қарз аз рӯйи шартномаҳои зерқарзӣ ва қарзҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ
|
Мунтазам, ҳар сол
|
0
|
Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
|
5
|
Таҳия ва бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудани дастурамали методӣ ва тағйирот ба заминаи меъёрии ҳуқуқӣ оид ба:
-
таҳлил ва мониторинги самаранокии фаъолияти молиявию хоҷагидории корхонаҳои азими давлатӣ;
-
баҳодиҳии хавфҳои фискалии корхонаҳои азими давлатӣ ва ҷамъиятҳое, ки саҳмияи онҳо ба давлат тааллуқ доранд;
-
талабот
нисбати пешниҳоди ҳисоботи ҳатмӣ ва саривақтӣ ба Вазорати молия
-
|
|
|
х
|
х
|
х
|
100,0
|
Вазоратҳои молия, саноат ва технологияҳои нав якҷо бо корхонаҳои азими
давлатӣ ва ҷамъиятҳое, ки саҳмияи онҳо ба давлат
тааллуқ доранд
|
6
|
Тибқи стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ гузаронидани инвентаризатсияи қарзҳои дебиторӣ, кредиторӣ ва дороиҳои дигар, аз ҷумла воситаҳои асосӣ ва дороиҳои молиявии корхонаҳои азими давлатӣ ва ҷамъиятҳое, ки саҳмияҳои онҳо ба давлат тааллуқ доранд, ва мувофиқи талаботҳои қонунгузорӣ аз эътибор соқит намудани қарзҳои муҳлати даъвояшон гузашта, аз ҷумла уҳдадориҳои андозӣ ва дигар уҳдадориҳои пардохт, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ пӯшонида мешаванд
|
Мунтазам, ҳар сол
|
250,0
|
Вазоратҳои молия, саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи андоз
якҷо бо корхонаҳои азими давлатӣ ва ҷамъиятҳое, ки саҳмияҳои онҳо ба давлат тааллуқ доранд
|
7
|
Пешниҳод намудани ҳисобот оид ба хавфҳои фискалии
корхонаҳои азими давлатӣ ва ҷамъиятҳои саҳомии бо саҳми давлат фаъолияткунанда ба Маҷлиси Олӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мунтазам ҷойгир
намудани он дар сомонаи
Вазорати молия
|
Мунтазам, ҳар сол
|
0
|
Вазоратҳои молия, саноат ва технологияҳои нав якҷо бо корхонаҳои азими давлатӣ ва ҷамъиятҳое, ки саҳмияҳои онҳо ба давлат тааллуқ доранд
|
8
|
Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ» бо мақсади пешбинӣ намудани талабот ба нашри ҳисоботи молиявии солона аз ҷониби корхонаҳои давлатӣ, ки субъекти дорои манфиати умум мебошанд
|
|
х
|
х
|
х
|
х
|
0
|
Вазорати
молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
|
9
|
Ташкил
намудани курсҳои омӯзишӣ барои сармуҳосиб ва муҳосибони корхонаҳои азими давлатӣ ва ҷамъиятҳое, ки саҳмияҳи онҳо
ба давлат тааллуқ доранд бо мақсади гирифтани
сертификати муҳосиби касбӣ. Ҷорӣ намудани
талабот оид ба гирифтани сертификати муҳосиби касбӣ аз ҷониби сармуҳосибони
корхонаҳои азими давлатӣ то охири
соли 2026
|
Мунтазам, ҳар сол
|
750,0
|
Вазорати
молия якҷо бо корхонаҳои азими давлатӣ ва ҷамъиятҳое, ки саҳмияҳо онҳо ба давлат тааллуқ доранд
|
10
|
Тақвият бахшидани раванди гузариши корхонаҳои азими давлатӣ ва ҷамъиятҳои саҳомии бо саҳми давлат фаъолияткунанда ба стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ (МСФО) бо роҳи ҷорӣ намудани санксияҳои ҷаримавӣ ба заминаи меъёрии ҳуқуқӣ барои риоя накардани чунин
талабот
|
|
х
|
х
|
х
|
х
|
500,0
|
Вазорати
молия якҷо бо корхонаҳои азими давлатӣ ва ҷамъиятҳое, ки саҳмияҳои онҳо ба давлат тааллуқ доранд
|
11
|
Бо мақсади гузариши саривақтӣ ба стандартҳои
байналмилалии ҳисоботи молиявӣ (МСФО)
таъмин намудани иштироки ширкатҳои аудитории 6-гонаи ҷаҳонӣ ба бозорҳои ҷумҳурӣ ва фароҳам овардани
шароити мусоид барои фаъолияти онҳо
|
|
х
|
х
|
х
|
х
|
0
|
Вазорати
молия ва Бонки миллии Тоҷикистон
|
12
|
Баргузор намудани ҷаласаҳои Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба масъалаҳои идоракунии хавфҳои фискалии корхонаҳои азими давлатӣ ва ҷамъиятҳое, ки саҳмияҳои онҳо ба давлат тааллуқ доранд бо мақсади баррасии натиҷаҳои молиявӣ ва хавфҳои фискалии бахши корхонаҳои давлатӣ ва қабули қарор оид ба тадбирҳои беҳтар намудани самаранокӣ ва паст кардани хавфҳо
|
Мунтазам, ҳар сол
|
100,0
|
Вазорати
молия якҷо бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба масъалаҳои идоракунии хавфҳои фискалии корхонаҳои давлатӣ
|
13
|
Таъсиси Шӯрои нозирон дар ҳамаи корхонаҳои азими давлатӣ бо мақсади баланд бардоштани устуворӣ ва самаранокии фаъолияти корхонаҳои азими давлатӣ ва ҷамъиятҳое, ки саҳмияҳои
онҳо ба давлат тааллуқ доранд
|
х
|
х
|
х
|
|
|
0
|
Вазоратҳои молия, саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи
давлатӣ ва корхонаҳои азими давлатӣ ва ҷамъиятҳое, ки саҳмияҳои онҳо ба давлат тааллуқ доранд
|
14
|
Марҳила ба марҳила иваз намудани шакли ҳуқуқии корхонаҳои азими давлатӣ ба ҷамъиятҳои саҳомӣ ё ақаллан ба ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуд (ҶДММ) ҷиҳати ҷорӣ намудани низоми идоракунии корпоративӣ
|
|
х
|
х
|
х
|
х
|
200,0
|
Вазорати
молия, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ
|
15
|
Аз ҷониби корхонаҳои азими давлатӣ ва ҷамъиятҳое, ки
саҳмияи онҳо ба давлат тааллуқ дорад, таҳия ва пешниҳоди нақшаи тиҷоратие, ки аз ташаббусҳои стратегӣ бармеоянд
|
Ҳамасола
|
0
|
Вазоратҳои молия, саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо корхонаҳои азими давлатӣ ва ҷамъиятҳое, ки саҳмияҳои онҳо ба давлат тааллуқ доранд
|
|
Ҷамъи
умумии маблағҳо
|
|
2500,0
|
|
Эзоҳ: Маблағи умумии 2,5 млн сомонӣ пурра аз ҳисоби корхонаҳои азими
давлатӣ ва ҷамъиятҳое, ки саҳмияҳои онҳо ба давлат тааллуқ доранд, амалӣ карда мешавад, инчунин иловатан ҷалби кумаки техникӣ
аз ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ дар назар аст.