×

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июли соли 2013, № 993 "Дар бораи фаъолияти аудиторӣ"

Санаи амалкуни: 25.06.2021

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ АУДИТОРӢ

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2013, №7, мод.521; с.2014, №7, қ.2, мод.411; с.2018, №1, мод.33)

(Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1114, аз 2.01.2018 № 1503, аз 25.06.2021 № 1797, аз 02.01.2025 № 2137)

(Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1114, аз 2.01.2018 № 1503, аз 25.06.2021 № 1797, аз 02.01.2025 № 2137)

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии фаъолияти аудиториро муайян намуда, муносибатҳои ҷамъиятиеро, ки дар ҷараёни амалӣ намудани он ба миён меоянд, танзим менамояд.

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- аудит - санҷише, ки дар асоси шартнома бо дархости фармоишгар аз тарафи аудитори инфиродӣ ё ташкилоти аудиторӣ мутобиқи стандартҳои аудит, бо мақсади изҳор намудани ақидаи мустақил оид ба саҳеҳӣ ва мутобиқати ҳисоботи молиявӣ ва дигар иттилооти марбут ба ҳисоботи молиявӣ ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ ё стандартҳои миллии ҳисобдорӣ гузаронида мешавад;

- фаъолияти аудиторӣ - фаъолияти соҳибкорӣ оид ба гузаронидани аудит ва дигар хизматрасонии марбут ба он, ки аудитори инфиродӣ ё ташкилоти аудиторӣ амалӣ менамояд;

- аудити беруна - санҷише, ки нисбат ба субъекти аудит аз ҷониби аудитори инфиродӣ ё ташкилоти аудитории мустақили ба роҳбарияти он ҳисоботдиҳанда набуда гузаронида мешавад (Қонуни ҶТ аз 02.01.2025 № 2137);

- аудити дохилӣ – фаъолият оид ба пешниҳоди кафолат ва машварати мустақилу беғаразона, ки ба такмили фаъолияти ташкилот равона шудааст. Аудити дохилӣ бо истифодаи равиши муназзаму пайдарҳами баҳодиҳӣ барои ноил гардидан ба ҳадафҳои гузошташуда, баланд бардоштани самаранокии идоракунии хавфҳо, назорат ва идоракунии корпоративӣ ба ташкилот кумак мерасонад (Қонуни ҶТ аз 02.01.2025 № 2137);

- аудити ҳатмӣ - санҷиши ҳарсолаи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявии шахсони ҳуқуқӣ;

- аудити ташаббусӣ - аудите, ки бо ташаббуси субъекти аудит ё дигар фармоишгари аудит бо назардошти уҳдадориҳои мушаххас, мӯҳлат ва ҳаҷми аудит гузаронида мешавад (Қонуни ҶТ аз 02.01.2025 № 2137);

...

ЗАКОН

РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

ОБ АУДИТОРСКОЙ ДЕЯТЕЛЬНОСТИ

(в редакции Закона РТ от 26.07.2014г.№1114, от 02.01.2018г.№1503, от 25.06.2021г.№1797, от 02.01.2025 №2137)

(в редакции Закона РТ от 26.07.2014г.№1114, от 02.01.2018г.№1503, от 25.06.2021г.№1797, от 02.01.2025 №2137)

Настоящий Закон определяет правовые основы аудиторской деятельности и регулирует общественные отношения, возникающие в процессе её осуществления.

ГЛАВА 1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

Статья 1. Основные понятия

В настоящем Законе используются следующие основные понятия:

- аудит - проверка, проводимая индивидуальным аудитором или аудиторской организацией на основании договора по заявке заказчика в соответствии со стандартами аудита, в целях выражения независимого мнения о достоверности и соответствии требованиям международных или национальных стандартов финансовой отчетности и прочей информации, связанной с финансовой отчетностью;

- аудиторская деятельность - предпринимательская деятельность по проведению аудита и других услуг, связанных с ней, осуществляемая индивидуальным аудитором или аудиторской организацией;

- внешний аудит - проверка, проводимая в отношении аудируемого субъекта индивидуальным аудитором или независимой аудиторской организацией, не подотчетной его руководству;

- внутренний аудит – деятельность по предоставлению независимых и объективных гарантий и консультаций, направленных на совершенствование деятельности организации. Внутренний аудит используя систематизированный и последовательный подход к оценке помогает организации достичь поставленных целей, повышению эффективности процессов управления рисками, контроля и корпоративного управления (в редакции Закона РТ от 02.01.2025 №2137).

- обязательный аудит - ежегодная проверка бухгалтерского учета и финансового отчета юридических лиц;

- инициативный аудит - аудит, проводимый по инициативе аудируемого субъекта или иного заказчика аудита с учетом конкретных обязательств, сроков и объемов аудита;

...