ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028
Мутобиқи моддаҳои 4 ва 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028 ва Нақшаи амали Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028 дар марҳилаи якум (солҳои 2023-2025) тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).
2. Вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо амалисозии Барномаи мазкур ва Нақшаи амали онро дар доираи маблағҳои пешбининамудаи буҷети давлатӣ, инчунин бо ҷалби маблағҳои сармоягузории ташкилотҳои молиявии дохилию хориҷӣ ва дигар сарчашмаҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, таъмин карда, оид ба иҷрои он ҳар сол то 15 январ ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.
3. Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти иҷрои Барномаи мазкур ва Нақшаи амали он ҳар сол то 15 феврал ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 31 октябри соли 2022, № 532
Правительство Республики Таджикистан
Постановление
О Программе развития электротранспорта в Республике Таджикистан на 2023-2028 годы
В соответствии со статьями 4 и 12 Закон Республики Таджикистан "О стратегическом планировании и государственном прогнозировании" Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:
1. Утвердить Программу развития электротранспорта в Республике Таджикистан на 2023-2028 годы и План действий Программы развития электротранспорта в Республике Таджикистан на 2023-2028 годы на первом этапе (2023-2025 годы) (приложения 1 и 2).
2. Соответствующим министерствам и ведомствам, исполнительным органам государственной власти Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов обеспечить реализацию настоящей Программы и ее Плана действий в пределах средств, предусмотренных государственным бюджетом, а также с привлечением инвестиционных средств отечественных и зарубежных финансовых организаций и других источников, не запрещенных законодательством Республики Таджикистан и о ходе её выполнения ежегодно до 15 января представлять информацию Министерству транспорта Республики Таджикистан.
3. Министерству транспорта Республики Таджикистан о ходе выполнения настоящей Программы и ее Плана действий ежегодно до 15 февраля представлять информацию в Правительство Республики Таджикистан.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе,
от 31 октября 2022 года, №532
*Приложение 2