Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2022, № 482 "Дар бораи Стратегияи рушди иқтисоди "сабз" дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи Стратегияи рушди иқтисоди "сабз" дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037

 

Мутобиқи моддаҳои 4 ва 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Стратегияи рушди иқтиcоди "сабз" дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037 ва Нақшаи амали Стратегияи рушди иқтисоди "сабз" дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037 дар марҳилаи якум (солҳои 2023-2025) тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).

2. Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати амалисозии Стратегияи мазкур ва Нақшаи амали он дар доираи маблағҳои пешбинишудаи буҷети давлатӣ ва аз ҳисоби сарчашмаҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, тадбирҳо андешида, аз натиҷаи корҳои анҷомдодашуда ҳар сол то 10 феврал ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.

3. Вазорати рушди иқтисод ва савдо аз ҷараёни иҷрои Стратегияи мазкур ва Нақшаи амали он ҳар сол то 20 март ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                  Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 30 сентябри соли 2022, № 482

 

Замимаи 1

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 сентябри соли 2022,№482

Стратегияи рушди иқтисоди "сабз" дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

1. Стратегияи рушди иқтисоди "сабз" дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037 (минбаъд - Стратегия) бо мақсади амалӣ намудани банди 12 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2021 "Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва сархати 4 банди 2 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 январи соли 2022, № 2 "Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумхурии Тоҷикистон дар соли 2021 ва вазифаҳо барои соли 2022" таҳия гардидааст.

2. Стратегия ба тадбирҳои гузаронидани ислоҳоти инстутитсионалӣ, истифодаи самараноки сармояи табиӣ, ҷалби сармоягузорӣ, роҳандозии технологияи муосиру инноватсионӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти иқтисоди "сабз" нигаронида шудааст.

3. Амалӣ намудани иқтисоди "сабз" ҳамчун як низоми томи хоҷагидорӣ, истифодаи воситаҳои муайянро тақозо мекунад, аз ҷумла:

- афзоиши сармоягузории давлатӣ ба инфрасохтори бо принсипи рушди устувор асосёфта (аз ҷумла нақлиёти ҷамъиятии барқӣ, манбаъҳои барқароршавандаи энергия, бунёди биноҳои аз ҷиҳати истифодаи энергия босамар) ва сармояи табиӣ бо мақсади барқарорсозӣ, нигоҳдорӣ ва афзоиш додани ҳаҷми он;

- дастгирии давлатии мақсадноки таҳқиқот ва корҳои илмие, ки ба истифодаи технологияҳои тозаи экологӣ марбутанд;

- нархгузории ба принсипҳои рушди устувор мутобиқ, аз ҷумла даст кашидан аз мусоидати молиявии (субсидияҳои) бесамар, дуруст муайян намудани арзиши захираҳои табиӣ ва андозбандии захираҳое, ки истихроҷи онҳо ба муҳити зист зарар мерасонад;

- татбиқи сиёсати хариди давлатӣ нисбат ба субъектҳои истеҳсолкунандаи маҳсулоти экологӣ ва истифодабарандаи усулҳои истеҳсол, ки ба принсипҳои рушди устувор мутобиқ мебошанд.

4. Дар ин асос ва бо мақсади рушди иқтисоди "сабз", мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, кам кардани партофтҳои газҳои гулхонаӣ, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ва ҷалби сармояю технологияҳои каммасраф Стратегияи рушди иқтисоди "сабз" дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037 тибқи талаботи Конститутсия, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ" ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудааст.

5. Амалӣ намудани Стратегия ба таъмини рушди устувор дар соҳаҳои иқтисодиёт, суботи иҷтимоӣ, мувозинати экологӣ ва расидан ба ҳадафи олии рушди дарозмуҳлати Тоҷикистон - баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишвар бар пояи таъмини рушди устувори иқтисодӣ мусоидат менамояд.

2. ТАҲЛИЛИ ВАЗЪ ВА ИМКОНИЯТҲО

§1. Тамоюли гузариш ба раванди иқтисоди "сабз" дар ҷаҳон

6. Раванди пешрафти иқтисоди "сабз" идомаи мантиқии рушди устувор буда, дар фарқият аз охирин ҳамбастагии унсурҳои рушди иқтисодӣ ва устувории экологиро инъикос менамояд. Ташаббуси иқтисоди "сабз" ба се принсипи асосӣ такя мекунад: истифодаи механизмҳои бозоргонӣ барои ба даст овардани рушди устувор, нигоҳдории сармояи табиӣ дар сатҳи милливу байналмилалӣ ва таъмини шуғли аҳолӣ аз ҳисоби ташкил кардани ҷойҳои кории "сабз".

7. Соли 2008 аз ҷониби Созмони Милали Мутаҳид Ташаббуси "Иқтисоди сабз" (Green Economy Initiative) эълон карда шуд, ки мақсади он дар расонидани кумак ба ҳукуматҳои кишварҳои гуногун барои дигар кардани самти сиёсати иқтисодии онҳо бо аввалиндараҷа донистани афзалиятнокии технологияҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза, манбаъҳои таҷдидшавандаи энергия, хизматрасонӣ дар соҳаи таъминоти об ва нақлиёти аз ҷиҳати экологӣ тоза, зарурати идоракунии партовҳо, бунёди биноҳои "сабз", кишоварзии босубот ва ғайра равона шудааст.

8. Қадами навбатии Ташаббуси "Иқтисоди сабз" -и СММ ин "Роҳи нави ҷаҳонии сабз" мебошад, ки ҳамчун самти рушди ҷаҳонӣ муайян гардида, он дорои имконияти ба низоми иқтисодӣ ва молиявии ҷаҳонӣ баргардонидани устувориро инъикос менамояд. Вобаста ба ин, зарурати муайян намудани созишҳо байни ҳадафҳои иқтисодӣ ва экологӣ пайдо гардидааст.

9. Иқтисоди ҷаҳонӣ дар ҷараёни кӯшиши бартараф кардани оқибатҳои бӯҳронҳои молиявии асри 21 то ҳол ҷиҳати интихоби самти рушд дар раванди ҷустуҷӯ қарор дорад. Вазъият бо як қатор ҳодисаҳои ҳамдигарро тақвиятдиҳандаи ҳам экологӣ ва ҳам иқтисодӣ, аз ҷумла тағйирёбии иқлим, болоравии нархи молҳои асосии озуқаворӣ, бадшавии ҳолати гуногунии биологӣ ва экосистемавӣ, камшавии дастрасӣ ба захираҳои об, афзоиши теъдоди садамаҳои технологӣ, афзудани хароҷот ва ғайра боз ҳам мушкилтар мегардонанд.

10. Ҳамаи ин тағйирот вазъияти иҷтимоиро боз ҳам мушкилтар ва тезу тунд намуда, боиси боз ҳам бештар фишор овардан ба табиат мешаванд. Ин ҳолат бори дигар собит месозад, ки иқтисодиёт қисми низоми мураккаби табиию иҷтимоӣ мебошад, ки унсурҳои он ба ҳам вобаста буда, таҳаввули онҳо на ҳама вақт пешбинишаванда мебошанд.

11. Инсоният ба яке аз марҳилаҳои муҳимми таърихии худ расидааст, ки он дар қатори тағйирёбии вазъияти демографӣ, дигаргунсозии сохтори иқтисодиётро тақозо мекунад. Гузариш ба зинаи нави фарҳанги моддӣ зарур аст, ки он бо имкониятҳои табиии аллакай коҳишёфтаи сайёра бояд дар мувофиқат буда, бо он мутавозин бошад. Ҳамин тавр раванди иқтисоди "сабз" ба саҳнаи ҷаҳонӣ арзи ҳастӣ намуд.

12. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси таҷрибаи кишварҳои пешрафта ҷонибдори амалисозии принсипҳои иқтисоди "сабз" мебошад. Дар ин раванд таҳияи заминаи муносиби ҳуқуқӣ тавассути қабули як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии нав, инчунин қабули стратегия ва барномаҳо дар маҷмӯъ барои амалисозии иқтисоди "сабз" заминаи муносиб фароҳам оварда, рушди кишвар ва нигоҳ доштани мувозинати экологиро таъмин менамояд.

13. Айни замон дар ҷаҳон раванди иқтисоди "сабз"-ро ҳамчун низоми томи муносибатҳо тавсиф намуда, ба принсипҳои зерин тақсим менамоянд:

- адолат (баробарӣ дар дастрасӣ ба табиат);

- эҳтиром (ба шукуфоӣ ва некӯаҳволӣ);

- принсипи эҳтиёткорӣ (баҳисобгирии сарбориҳои ҳудудӣ ба сайёра);

- иштирок (иштироки васеъ ҳангоми қабул кардани қарорҳо);

- идоракунӣ (ҳисоботдиҳӣ);

- устуворӣ (ноил гардидан ба устувории иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ);

- самаранокӣ (истеҳсоли устувор ва истеъмоли босубот);

- робитаи байни наслҳо (сармоягузорӣ барои оянда).

14. Раванди гузариш ба иқтисоди "сабз" дар доираи Созишномаи Париж, ки 12 декабри соли 2015 дар Ҳамоиш (Саммит) оид ба тағйирёбии иқлими СММ қабул шуда буд, устувор гардида, тибқи ин Созишнома аз ҷониби кишварҳои мутараққӣ ҷудо кардани 100 млрд. доллар барои ҳалли муаммоҳои экологӣ дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ ва пешбарандаи иқтисоди "сабз" муайян шудааст.

15. Дар баробари ин, фаъолияти Муассисаи Ҷаҳонии Рушди Сабз (GGGI, ки зимни Конфронси СММ оид ба рушди устувор дар доираи Рио+20 таъсис ёфтааст) барои суръат бахшидани гузариши кишварҳо ба рушди сабз - рушди аз ҷиҳати экологӣ устувор ва аз ҷиҳати иҷтимоӣ фарогир ба роҳ монда шудааст.

16. Тақвияти талабот ба раванди ҷорӣ намудани иқтисоди "сабз" бештар бо дар назар доштани бӯҳронҳои иқлимӣ, экологӣ, озуқаворӣ, молиявӣ ва иқтисодӣ, ки солҳои охир ҷаҳон ба онҳо рӯ ба рӯ шуда истодааст, марбут аст.

17. Дар баробари татбиқшавии иқтисоди "сабз" дар ҷаҳон самтҳои афзалиятноки таъмини болоравии иқтисодиёти муосир дар доираи иқтисоди "сабз" роҳандозӣ мегарданд, аз ҷумла:

- амсила (модел)-ҳои оқилонаи истеъмол ва истеҳсолот;

- "сабз" намудани истеҳсолот ва бозор;

- инфрасохтори устувори "сабз";

- андозбандии "сабз" ва ислоҳоти буҷетӣ;

- сармоягузорӣ ба сармояи табиӣ;

- истифодаи нишондиҳандаҳои самаранокии экологӣ.

18. Раванди иқтисоди "сабз", ки дар ду даҳсолаи охир ташаккул ёфтааст, ҳамоҳангсозии мутаносиби се ҷанбаҳои рушдиқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологиро бояд таъмин намояд.

19. Вобаста ба ин иқтисоди "сабз" раванди рушди устувор мебошад ва ҳадафи асосии он таъмини рушди иқтисодӣ, суботи иҷтимоӣ ва мувозинати экологӣ дар давраи дарозмуддат буда, истифодаи самараноки захираҳои табииро таъмин менамояд. Ҳамзамон иқтисоди "сабз" фаъолияти иқтисодиест, ки бо истеҳсол, тақсимот ва истеъмоли молҳо ва хизматрасониҳо алоқаманд буда, некӯаҳволии мардум ва нигоҳдории сармояи табииро барои давраи дарозмуҳлат таъмин менамояд.

§2. Имкониятҳои амалисозии иқтисоди "сабз" дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

20. Ҳудуди Тоҷикистони муосир дорои захираҳо ва имкониятҳои зиёд барои рушди иқтисоди "сабз" буда, аз куҳҳои баланд, табиати нотакрор, обҳои мусаффо ва манбаъҳои барқароршаванда иборат мебошад. Дар ҳудуди Тоҷикистон беш аз 64 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказӣ ташаккул ёфта, нерӯи барқ дар кишвар асосан аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия истеҳсол карда мешавад.

21. Дар ин раванд гидроэнергетика манбаи асосии таъмини аҳолӣ ва иқтисодиёти миллӣ бо энергия мебошад, зеро неруи барқ асосан аз неругоҳҳои барқи обӣ ҳосил мегардад ва ин соҳа дар рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон мақоми асосӣ дорад. Тоҷикистон дорои иқтидори истеҳсоли 527 млрд квт/соат қувваи барқ дар як сол буда, айни замон ҳамагӣ 6 фоизи ин иқтидорҳо аз худ карда шудаанд.

22. Иқлими Тоҷикистон бо мавҷудияти 280-330 рӯзи офтобӣ ва дар маҷмуъ 2000 кВт/м2 шиддатнокии радиатсияи офтобӣ дар як сол барои истифодаи энергияи офтобӣ ҳамчун сарчашмаи аз рӯйи аҳамият дуюмдараҷаи энергияи барқароршаванда хеле мусоид мебошад, ки ин дар қиёс бо кишварҳои пешрафтаи васеъ истифодабарандаи энергияи офтобии Аврупо ду маротиба зиёд мебошад.

23. Тибқи арзёбии коршиносон иқтидори тавлиди энергияи офтобии Тоҷикистон қариб 25,16 млрд кВт/соат дар як солро ташкил дода, 10-20 фоизи талаботи хоҷагии миллӣ ба ҳомили энергия ва 60-80 фоизи талаботи умумии аҳолиро ҳадди ақал давоми 10 моҳ дар як сол, дар тамоми ҳудуди кишвар қонеъ гардонида метавонад.

24. Дар ояндаи наздик Тоҷикистон метавонад бо истифода аз иқтидорҳои тавлиди неруи барқ аз сарчашмаҳои барқароршаванда дар ҷаҳон мавқеи чорумро ишғол намояд ва ба содироткунандаи азими қувваи барқ дар минтақа табдил ёбад. Инчунин Тоҷикистон дорои имкониятҳои рушди кишоварзии органикӣ, инфрасохтору нақлиёти барқӣ ва савдои "сабз" бо дар назар доштани талаботи бозорҳои ҷаҳонӣ мебошад.

25. Дар ин раванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон се самти имконияти ташаккули иқтисоди "сабз" -ро ҷудо кардан мумкин аст:

- самти иқтисодӣ, ки дар он бо мақсади пешбурди иқтисодиёти босамар ва камкарбон, аввалан истифодабарӣ аз чораҳои маъмурии маҳдудкунии ҳаҷми ихроҷҳо ба атмосфера ва дуюм аз воситаҳои иқтисодӣ, ки асоси онҳоро андозбандии "сабз", пардохтҳои экологӣ ва субсидияҳои "сабз" ташкил медиҳанд; сеюм чораҳои ихтиёриро дар бар мегирад, ки ташкили махзани маълумоти дахлдор ва низоми идоракунии ба шарикии давлату бахши хусусӣ тақозо мекунад;

- самти иҷтимоии иқтисоди "сабз" аз ҳисоби мусоидат ба сармоягузории "сабз" ба технологияҳо, сайёҳии экологӣ, маориф ва илм, афзоиши даромад ва шуғли аҳолӣ, кам кардани ихроҷи гази карбон ва ифлосшавии муҳити зистро таъмин менамояд ва ба баланд бардоштани самарабахшии энергия ва захираҳо ташаккул хоҳад ёфт;

- самти экологии иқтисоди "сабз" тақозо менамояд, ки манбаъҳои маъданӣ (зеризаминӣ)-и энергияи тамомшаванда самаранок истифода шавад, чунончи истифодабарии бошиддати онҳо аз як тараф ба иқлим таъсири манфӣ расонад, аз тарафи дигар боиси маҳдудияти заҳираҳои табиӣ барои наслҳои оянда мегардад. Аз ин рӯ, асоси ин самти иқтисоди "сабз" ё ба таври дигар иқтисоди пасткарбониро он принсипҳои таъмини боэътимоди энергия ташкил медиҳанд, ки ба сарфаи энергия, самаранокии он ва гузариш ба манбаъҳои барқароршавандаи энергия такя мекунанд.

26. Самтҳои номбурда дорои аҳамияти зерин мебошанд:

- самти иқтисодӣ: мақсади он баланд бардоштани сифати рушди иқтисодӣ (на нишондиҳандаи миқдории ММД), рушди технологияҳо (аз ҷумла "сабз") ва навовариҳо, рушди иқтисодии аз ҷиҳати экологӣ устувор, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва афзоиши сармоягузории "сабз" мебошад;

- самти иҷтимоӣ: ба баланд бардоштани некуаҳволӣ, таъмини дастрасии тамоми қишри ҷомеа ба маҳсулоти асосӣ ва неъматҳо (молҳои ғизоӣ ва ғайриозуқа) ва хизматрасониҳо (нақлиётӣ, сохтмонӣ, хоҷагию манзилӣ), ки ба дарозумрӣ таъсир мерасонад равона шудааст;

- самти экологӣ: дорои ҳусусиятҳои нигоҳ доштани сармояи табиӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои экологӣ, кам кардани ихроҷи гази карбон (СО2), таъмини самаранокии истифодаи нерӯи барқ ва баланд бардоштани маърифати экологӣ мебошад.

27. Ягонагии се самти номбурдаи иқтисоди "сабз" метавонанд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо рушди устуворро таъмин намоянд, балки ба андозаи муайян барои барқарор кардан, нигоҳ доштан ва афзоиши сармояи табиии кишвар мусоидат намуда, ба рушди маҷмуи маҳсулоти дохилӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва мутобиқшавии кишвар ба тағйирёбии иқлим таъсир расонанд.

3. ДУРНАМО, ҲАДАФ, ВАЗИФА ВА НИШОНДИҲАНДАҲОИ МАҚСАДНОКИ СТРАТЕГИЯ

§1. Дурнамои дарозмуҳлати рушди иқтисоди "сабз"

28. Бо татбиқи иқтисоди "сабз" Тоҷикистон метавонад мавқеи пешсафро дар истифодабарии иқтидорҳои тавлиди нерӯи барқ аз сарчашмаҳои барқароршаванда дар ҷаҳон ишғол намояд, ҳамчунин ба содироткунандаи азими қувваи барқ дар минтақа, истеҳсолкунандаи неруи барқ аз дигар манбаъҳои барқароршавандаи энергия (офтоб, бод ва ғайра), истеҳсолкунанда ва содироткунандаи маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологии тоза (органикӣ) шуда, ба қатори давлатҳои камихроҷкунандаи газҳои гулхонаӣ (карбон) ва аз ҷиҳати сайёҳии экологӣ рушдёфта ворид гардад.

29. Амалисозии принсипҳои иқтисоди "сабз" ба рушди муносибатҳои зерин таъсир мерасонад:

- робитаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дигар кишварҳо дар самти амалишавии иқтисоди "сабз" тақвият дода мешаванд;

- низоми содирот, ҷалби маблағҳо, сармоягузорӣ, аз ҷумла сармояи "сабз" таҳким дода мешавад;

- сохтори истеҳсол, тақсимот ва истеъмол такмилу тақвият дода шуда, ба рушди инсон нигаронида мешавад.

30. Рушди иқтисоди "сабз" дар давраи дарозмуҳлат тавассути се ҷараёни асосӣ роҳандозӣ мегадад:

- истифодаи самаранок ва сарфаҷӯёнаи сармояи табиӣ;

- истифодаи технологияҳои муосир ва инноватсионӣ;

- истеҳсол ва содироти маҳсулоти ба стандартҳои муосири ҷаҳонӣ ҷавобгӯ.

31. Дурнамои асосии гузариш ба иқтисоди "сабз" ҷанбаҳои бурди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ, инчунин принсипи тақсимоти одилонаи захираҳо байни наслҳоро дар бар мегирад, ки рушди устуворро бо риояи суботи иҷтимоӣ ва мувозинати экологӣ барои давраи дарозмуҳлат тавассути баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии Тоҷикистон инъикос менамояд. Принсипи иқтисоди "сабз" имкон медиҳад, ки аз насл ба насл шароити ҳаёту фаъолияти инсон тағйир ёфта, он мусоидтар, беҳтар ва бехатар гардад.

§2. Ҳадафи Стратегия

32. Ҳадафи стратегии рушди иқтисоди "сабз" дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини рушди иқтисодӣ аз ҳисоби истифодаи самаранок ва оқилонаи захираҳои табиӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ва суботи иҷтимоӣ, инчунин таъмини баробарии экологӣ дар давраи дарозмуҳлат мебошад.

33. Рушди иқтисоди "сабз" дар пайвастагӣ бо ҳадафҳои стратегии кишвар, аз ҷумла таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ, раҳоӣ бахшидани мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани он, таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, саноатикунонии босуръати кишвар ва вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул амалӣ мегардад.

34. Дар ин раванд, ба гуногунсамтиву рақобатпазирии иқтисоди миллӣ, фаъолияти самарабахши бахшҳои воқеии иқтисодиёт, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди неруи инсонӣ, таҳкими институтсионалӣ ва дар ин замина таъмин намудани рушди устувору сифатноки иқтисоди миллӣ афзалият дода мешавад.

35. Барои ноил шудан ба рушди устувор дар раванди амалишавии иқтисоди "сабз" Ҷумҳурии Тоҷикистон ба самтҳои зерин такя менамояд:

- риоя намудани меъёрҳо ва санадҳои байналмилалии танзимкунандаи ташаккули иқтисоди "сабз";

- таҳким ва тақвияти раванди мутобиқшавии институтсионалӣ ба талаботи иқтисоди "сабз";

- ҳавасманд намудани фаъолияти инноватсионӣ дар самти самараҷӯӣ ва сарфаҷӯӣ;

- таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар самти ҷалб намудани захираҳои молиявӣ ва интиқоли технологияҳои муосири ҷавобгӯ ба иқтисоди "сабз";

- баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволӣ тавассути зиёд намудани табақаи миёнаи аҳолӣ;

- тақвияти баробарҳуқуқӣ дар дастрасӣ ба хизматрасонии экологӣ;

- ҷорӣ намудани тамсилаҳои оқилонаи истеъмол ва истеҳсоли маҳсулот;

- таъмини алоқамандӣ байни рушди иқтисодӣ ва устувории экологӣ;

- таъмини мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар ҳамбастагӣ бо иқтисоди "сабз";

- нигоҳдории гуногунии биологӣ;

- таъмини истифодаи самараноки сармояи табиӣ ва афзуннамоии он.

36. Натиҷаҳои чашмдошт бо дар назар доштани амалишавии ҳадафҳои стратегӣ дар самти иқтисоди "сабз" инҳоянд:

- рушди иқтисодии кишвар ва инфрасохтори миллӣ аз ҷиҳати экологӣ устувор ва ба тайирёбии иқлим мутобиқ хоҳанд шуд;

- нигоҳдории гуногунии биологӣ ва афзуншавии сармояи табиӣ таъмин хоҳад шуд;

- истифодаи васеи технологияи инноватсионӣ ва каммасраф ба роҳ монда мешавад;

- истеҳсоли васеи маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза (органикӣ) ва ба стандартҳо ҷавобгӯ роҳандозӣ мегардад;

- сатҳи фарҳанги экологӣ ва сифати хизматрасониҳои экологӣ баланд хоҳад шуд;

- истеҳсол ва фуруши неруи барқ аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия вусъат меёбад;

- мавқеи кишвар аз руйи амалишавии принсипи иқтисоди "сабз" ва воридшавии сармоя боло хоҳад рафт;

- Тоҷикистон ба гурӯҳи 20 кишвари ҷаҳон бо нишондиҳандаи беҳтари индекси болоравии инкюзивии иқтисоди "сабз" ворид мегардад.

§3. Вазифаҳои асосӣ

37. Бо мақсади ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар ва ҳадафҳои рушди иқтисоди "сабз" амалисозии вазифаҳои асосии зерин дар Стратегия пешбинӣ гардидааст:

- муайян намудани роҳҳои минбаъдаи рушди гидроэнергетика ва бунёди инфрасохтори тавлиди неруи барқ аз дигар манбаъҳои барқароршавандаи энергия;

- таъмини роҳҳои пешбурди тадбирҳои сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия;

- пешбурди иқтисоди "сабз" дар саноатикунонии кишвар;

- таҳлили ҷорӣ намудани принсипҳои иқтисоди "сабз" дар соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла истеҳсоли маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза (органикӣ);

- таҳияи пешниҳодҳо дар самти рушди нақлиёти барқӣ ва инфрасохтори ба он дахлдор;

- таҳкими усулҳои амалишавии принсипҳои сохтмони "сабз";

- пешниҳоди роҳҳои такмили низоми хоҷагидории манзилию коммуналӣ ва идоракунии партовҳо;

- таҳия ва пешниҳоди усулҳои ҳифз ва истифодаи босуботи сармояи табиӣ ва кам кардани ихроҷи газҳои гулхонаӣ (карбон);

- омӯзиши таҷрибаи байналмилалӣ дар самти таъмини иштироки кишвар дар бозори ҷаҳонии сармоягузории "сабз";

- таҳияи пешниҳодҳо оид ба такмили қонунгузорӣ ҷиҳати истифодаи васеи иқтисоди "сабз" дар асоси принсипҳои байналмилалӣ;

- ҳавасмандгардонии рушди сайёҳии экологӣ;

- баланд бардоштани маърифати экологӣ;

- тавсеаи "шуғли сабз";

- муайян намудани марҳилаҳои асосии амалишавии Стратегия.

§4. Нишондиҳандаҳои мақсаднок

38. Барои арзёбии амалишавии ҳадафу вазифаҳои Стратегияи рушди иқтисоди "сабз" дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037 нишондиҳандаҳои асосии сифатии зерин мавриди истифода қарор дода мешаванд, ки ба ду сатҳи зерин ҷудо мешаванд:

1) Якум, нишондиҳандаҳои сатҳи миллӣ:

- такмили қонунгузорӣ дар самти иқтисоди "сабз";

- сатҳи коҳиши партофти газҳои гулхонаӣ дар ҷумҳурӣ;

- сатҳи азхудкунии манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар кишвар;

- ҳаҷми коркарди ашёи хоми минералӣ дар ҳаҷми умумии истихроҷи маъданҳо;

- сатҳи рушди сармояи табиии кишвар;

- ҳиссаи маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи (органикии) ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ дар соҳаи кишоварзӣ;

- таъмини самаранокӣ ва сарфаҷӯии энергия аз рӯи меъёрҳои мавҷуда;

- ҳиссаи технологияҳои каммасраф дар саноати кишвар;

- майдони заминҳои кишоварзӣ бо амалишавии принсипҳои иқтисоди "сабз" дар соҳаи кишоварзӣ;

- ҳиссаи нақлиёти барқӣ дар ҳаҷми умумии нақлиёт дар кишвар;

- теъдоди иншоотҳои бо риояи принсипҳои "сабз" бунёдгардида дар соҳаи сохтмон;

- фарогирии сатҳи такмили низоми хоҷагидории манзилию коммуналӣ ва идоракунии партовҳо;

- ҳиссаи сармоягузориҳо бо принсипи иқтисоди "сабз" дар ҳаҷми умумии сармоягузориҳо;

- ҳиссаи сайёҳии экологӣ дар соҳа;

- теъдоди ҷойҳои кории "сабз" дар як сол.

2) Нишондиҳандаҳои сатҳи дуюм "Индекси инкишофи иқтисоди сабз" (GEP Index) аз руйи пешниҳоди UNEP:

- ҳиссаи содироти молҳои экологӣ дар ҳаҷми умумии содирот;

- ҳиссаи патентҳои дар самти технологияи экологӣ додашуда, дар шумораи умумии патентҳо;

- ҳиссаи энергияи аз манбаъҳои барқароршаванда тавлидгардида, дар ҳаҷми умумии истеҳсоли энергия;

- ҳиссаи истеҳсол ва таъминоти неруи барқ аз манбаъҳои барқароршаванда дар ММД;

- таносуби даромади 10 фоиз аҳолии даромадаш баландтарин ба даромади 40 фоиз аҳолии камдаромад;

- дастрасии миёна ба се хизматрасонӣ: ба сарчашмаи оби тоза, ба неруи барқ ва ба иншооти санитарӣ-техникӣ нисбат ба шумораи умумии аҳолӣ;

- консентратсияи зарраҳои ифлосшавии атмосфера нисбат ба ҳар як метри мукааб;

- истеъмоли ашёи хом (тонна ба як нафар) бо истифода аз маводи биотикӣ (иқлим, хок, релеф) ва абиотикӣ (табиати ғайризинда);

- ҳиссаи минтақаҳои муҳофизатшавандаи хушкӣ дар ҳаҷми умумии замин ва минтақаҳои муҳофизатшавандаи баҳрӣ дар обҳои ҳудудӣ;

- шохиси нобаробарии гендерӣ дар самтҳои солимии репродуктивӣ, тавонмандсозӣ ва бозори меҳнат;

- ҳиссаи аҳолӣ, ки аз рӯйи пардохт ва ҷинс нафақаи пиронсолӣ мегиранд;

- фарогирӣ ба таҳсили шахсони синнашон аз 25 боло бо таснифоти зинаҳои таҳсил;

- дарозумрии миёнаи аҳолӣ.

4. САМТҲОИ АСОСИИ РУШДИ ИҚТИСОДИ "САБЗ" ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

§1. Истифодаи самараноки энергияи "сабз" ва таъмини сарфаҷӯии энергия

39. Дар соли 2021 дар Тоҷикистон 96 фоизи неруи барқ аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия, яъне асосан бо истифода аз неруи об истеҳсол гардида, яке аз кишварҳои пешбарандаи принсипҳои иқтисоди "сабз" дар энергетика эътироф ва аз рӯйи фоизи истеҳсоли энергияи "сабз" шашум кишвари пешсафи сайёра мебошад.

40. Дар Тоҷикистон зиёда аз 13 ҳазор пиряхҳо ва 1000 дарёҳо мавҷуд аст, ки сарчашмаи ташаккули тақрибан 60 фоизи обҳои Осиёи Марказӣ мебошанд.

41. Иқтидори истеҳсолии неруи барқ дар кишвар ба ҳолати 1 январи соли 2022 зиёда аз 6124 МВт мебошад. Дар маҷмуъ дар Тоҷикистон 308 адад неругоҳҳои барқи обӣ аз ҷумла, 12 адад нерӯгоҳҳои барқии обии миёна ва калон, 12 адад неругоҳҳои барқиву обии хурду миёна дар тавозуни ҶСК "Помир Энерҷӣ" ва 284 нерӯгоҳҳои барқии обии хурд ва 1 адад неругоҳи барқи офотобӣ, ки ба низоми энергетикии ҶСК "Помир Энерҷӣ" пайваст мебошад, мавҷуд аст.

42. Истеҳсоли нерӯи барқ дар соли 2021 дар кишвар 20623,8 млн. кВт. соат, аз ҷумла дар ШСХК "Барқи Тоҷик" 15919,4 млн.кВт. соат (бе НОБ-и хурд), ҶСК НБО "Сангтӯда-1" 2221,3 млн.кВт. соат, ҶСК "НБО Роғун" 1482,9 млн.кВт. соат, ҶСК НБО "Сангтӯда-2" 784,7 млн.кВт. соат, ҶСК "Помир-Энерҷӣ" 198,8 млн.кВт. соат ва НОБ-и хурд 16,7 млн.кВт. соатро ташкил намудааст.

43. Дар самти ба роҳ мондани манбаъҳои алтернативии барқароршавандаи энергия корҳо дар кишвар оғоз гардида, дар соли 2021 дар нерӯгоҳҳои барқи офтобии ҶСК "Помир-Энерҷӣ" (ноҳияи Мурғоб) 0,6 млн.кВт соат нерӯи барқ истеҳсол карда шудааст, ки ҳоло 0,003 фоиз аз ҳаҷми умумии истеҳсоли неруи барқро ташкил мекунад.

44. Ба манбаъҳои барқароршавандаи неруи барқ - энергияи ҷараёни обҳои дарёҳо, обанборҳои табиӣ ва сунъӣ, энергияи офтоб, энергияи бод, энергияи обҳои гарми зеризаминӣ, биомасса дар шакли партовҳои саноатӣ, кишоварзӣ, ҷангал, хоҷагии коммуналӣ ва рӯзғор дохил мешаванд.

45. Аз рӯйи нишондиҳандаҳои мушаххаси иқтидори гидроэнергетикӣ ба як километри мураббаъ ва ба ҳар сари аҳолӣ Тоҷикистон дар ҷаҳон мувофиқан ҷойҳои якум ва дуввумро ишғол мекунад. Дар ин замина, истеҳсоли энергияи тоза ба таври воқеӣ ба раванди иқтисоди "сабз" дар кишвар мувофиқат мекунад.

46. Асоси энергетикаи Тоҷикистонро гидроэнергетика ташкил медиҳад, ки ҳамчун омили муҳимми рушди устувори кишвар арзёбӣ мегардад. Вобаста ба ин, аз назари рушди иқтисоди "сабз" дар Тоҷикистон, соҳаи гидроэнергетика ҳамчун асоси ноил шудан ба истиқлолияти энергетикӣ ва ҳамчун воситаи таъмини устувории экологӣ муаррифӣ мегардад.

47. Ҳангоми бунёди нерӯгоҳҳои барқи обӣ технологияи обҷамъкунӣ дар обанборҳо истифода мегардад, ки дар баробари тавлиди нерӯи барқ барои захираи об, нигоҳдории муҳити зист ва олами набототу ҳайвонот мусоидат менамояд, ки раванди иқтисоди "сабз" -ро инъикос менамояд. Ин ҳолат на танҳо ба манфиати Тоҷикистон балки барои минтақаи Осиёи Марказӣ муфид арзёбӣ мегардад.

48. Баҳогузории захираҳо ва иқтидорҳои иловагии манбаъҳои барқароршавандаи энергия (захираҳои гидроэнергетикии дарёҳои хурд, офтоб, бод ва геотермалӣ (бе дар назар доштани неругоҳҳои барқи обии азим) аз рӯйи имкониятҳои техникию иқтисодии имконпазир зиёда аз 35700 МВт (бо имконияти истеҳсоли 110 млрд.кВт.соат неруи барқ дар як сол) муайян карда шудааст, аз ҷумла иқтидори дарёҳои хурд барои сохтмони неругоҳҳои хурди барқи обӣ 32,5 ҳазор МВт, иқтидори энергияи офтобӣ 500 МВт, иқтидори энергияи бодӣ барои сохтмони неругоҳҳои барқӣ 1900 МВт ва иқтидори энергияи биомасса барои сохтмони неругоҳҳои баркӣ 800 МВт арзёбӣ гардидаст.

49. Бо амалисозии лоиҳаҳои бузурги бунёду таҷдиди иншооти энергетикии мамлакат, аз ҷумла бунёди нерӯгоҳи "Роғун" ва таҷдиди неругоҳҳои барқи обии "Норак", "Сарбанд" ва "Қайроққум" дар 7 соли оянда иқтидори энергетикии мамлакат иловатан ба 4000 МВт афзоиш дода шуда, ба 10000 МВт расонида мешавад.

50. Истифодаи васеи дигар манбаъҳои барқароршавандаи энергия ҳам, аз ҷумла неруи офтоб ва шамол тақвият дода шуда, дар 5 соли оянда 3 лоиҳа бо иқтидори умумии 260 МВт амалӣ мегарданд ва то соли 2030 ин иқтидор то 800 МВт расонида мешавад.

51. Дар раванди рушди иқтисоди "сабз" баланд бардоштани самаранокӣ ва сарфаҷӯии истифодаи энергия муҳим арзёбӣ мегардад. Дар соли 2021 бо дар назар доштани ҳаҷми энергияи барқи қабулнамуда, иҷрои ухдадориҳои таҳвилӣ, содиротӣ ва воридотӣ талафоти нерӯи барқ дар кишвар 4878,3 млн. кВт. соат ё ба 23,3 фоиз баробар гардидааст.

52. Мушкилиҳои соҳа:

- маблағгузории нокифоя барои рушди соҳаи энергетикии кишвар;

- ҷалби нокифояи сармояи мустақими хориҷӣ барои рушди маҷмуи васеи манбаъҳои алтернативии барқароршавандаи энергия;

- қарздории дебиторию кредитории ШСХК "Барқи Тоҷик";

- мавҷуд набудани корхонаҳои истеҳсоли таҷҳизоти зарурӣ барои нерӯгоҳҳо ва коргоҳҳои истеҳсоли неруи барқ аз манбаъҳои алтернативии энергия;

- норасоии мутахассисони баландихтисос бо таҷрибаи байналмилалии кор дар соҳаи мазкур;

- фарсуда гардидани таҷҳизот барои истеҳсол, интиқол ва тақсимоти нерӯи барқ;

- дар қонунгузорӣ ба таври пурра инъикос нагардидани муносибатҳо оид ба истифодаи васеи таҷҳизоти муосири сарфаҷӯии энергия ва муайянсозии меъёрҳои сарфаҷӯӣ;

- сатҳи баланди талафоти неруи барқ;

- дар сатҳи зарурӣ қарор надоштани идоракунии корпоративӣ дар ширкатҳои энергетикӣ;

- ҳиссаи ками истифодаи технологияи муосири баҳисобгирии рақамии истифодаи неруи барқ.

53. Ҳадафҳои асосии соҳа:

- тақвияти раванди рушди тавлид ва истифодаи энергияи "сабз" дар Тоҷикистон;

- дастрасии пурраи соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар ба захираҳои арзон, боэътимод ва муосири энергетикӣ (Ҳадафҳои рушди устувор минбаъд (ҲРУ-7.1);

- зиёд намудани ҳиссаҳои манбаъҳои алтернативии барқароршавандаи энергия дар соҳаи энергетикии кишвар (ҲРУ 7.2);

- баланд бардоштани самаранокии инфрасохтори энергетикии кишвар тавассути ҷорӣ намудани технологияи аз ҷиҳати экологӣ муосир (ҲРУ-7.3);

- содироти қувваи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза ба бозори Осиёи Марказиву Ҷанубӣ ва дигар кишварҳо;

- таъмини сарфаҷӯӣ ва самаранокии истифодаи энергия.

54. Вазифаҳои асосии соҳа:

- гузаронидани ислоҳоти институтсионалӣ дар бахши истеҳсоли нерӯи барқ аз манбаъҳои барқароршавандаи он;

- таҳия ва амалисозии стандарту дастурҳои техникӣ бо мақсади таъмини сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия.

- баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираҳои алтернативии истеҳсоли нерӯи барқ;

- ҷалби сармоя ба соҳаи гидроэнергетика ва дигар самтҳои истеҳсоли энергияи "сабз";

- паст намудани таъсири манфии иншооти энергетикӣ ба муҳити зист;

- роҳандозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар самти истифодаи манбаъҳои алтернативии барқароршавандаи неруи барқ, аз ҷумла энергияи офтоб, бод, обҳои гарми зеризаминӣ ва биоэнергия;

- тақвияти раванди роҳандозии нерӯгоҳҳои барқи обии хурд ва миён;

- зиёд намудани истеҳсоли нерӯи барқ аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия;

- истифодабарии самараноку сарфакунии энергия ва кам кардани талафоти он;

- истифода намудани стандартҳои самаранокии энергия ва сарфаҷӯии энергия дар бунёд ва азнавсозии биноҳо;

- амалисозии барномаҳои сарфаҷӯии энергия дар соҳаи хизматрасониҳои бахши буҷетии иқтисодиёт ва бахши воқеӣ;

- таҷдиди неругоҳҳои барқи обии кишвар бо насби таҷҳизоти муосири самаранокии энергия ва сарфаҷӯии энергия.

55. Тадбирҳои асосии соҳа:

- такмили қонунгузорӣ ва таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти истифодаи самараноки энергияи "сабз" ва таъмини сарфаҷӯии энергия;

- бунёди неругоҳҳои барқи обии гуногуниқтидор;

- истеҳсоли неруи барқ аз дигар манбаъҳои барқароршавандаи энергия (офтобӣ, бодӣ ва биоэнергия) дар минтақаҳои баландкӯҳ ва мусоид;

- ба роҳ мондани истеҳсоли саноатии панелҳо ва таҷҳизоти офтобӣ дар корхонаҳои истеҳсолӣ бо истифода аз ашёи хоми ватанӣ (ашёи кремнийдор);

- васеъ ба роҳ мондани панелҳои офтобӣ дар иншооти иҷтимоию иқтисодӣ, аз ҷумла биноҳо ва чароғҳои шафати роҳҳои зери биною иншоотҳо;

- татбиқи истифодаи биоэнергия дар соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ;

- дастгирии ба таври васеъ аз ҷониби аҳолӣ истифода шудани таҷҳизоти муосири сарфакунандаи нерӯи барқ ва аз ҷиҳати экологӣ тоза;

- зина ба зина гузаштан ба истифодаи технологияҳои каммасрафи энергия дар соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар бо роҳи такмили қонунгузорӣ;

- бо мақсади арзёбии мувофиқати меъёрҳо ва стандартҳои амалкунанда дар соҳаи сарфаи энергия ва асоснокии тадбирҳои андешидашаванда, ба роҳ мондани экспертизаи ҳатмии пешниҳодҳои лоиҳавӣ оид ба масъалаҳои самаранокии энергия ва сарфаҷӯии энергия;

- таҳия ва такмили стандартҳои ягона оид ба самаранокии энергия ва сертификатсияи таҷҳизоти барқӣ;

- тақсимоти оқилонаи сарборӣ дар низоми энергетикии кишвар ва мунтазам баланд бардоштани самаранокии иншоотҳои тавлиди энергия;

- ҷорӣ намудани низом ва технологияи муосир барои кам кардани талафоти технологию тиҷоратии неруи барқ, аз ҷумла низоми биллингӣ;

- таҳия ва амалисозии лоиҳаҳои таҷрибавӣ оид ба сохтмони иншооти энергиясарфакунандаи маъмурӣ, истиқоматӣ ва саноатӣ дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд;

- ҷорӣ намудани низоми бисёрсоҳавии таълим дар соҳаи сарфаҷӯии энергия.

56. Натиҷаҳои чашмдошт дар ин соҳа:

- қонунгузории соҳаи энергетика ба принсипҳои иқтисоди "сабз" мутобиқ карда шуда, санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ, меъёру стандартҳо ва барномаҳои дахлдор қабул мегарданд;

- иқтидорҳои истеҳсолии энергетикии кишвар аз ҳисоби манбаъҳои алтернативии барқароршавандаи энергия (офтоб, бод ва биоэнергия) то 10 фоиз то анҷоми амалисозии Стратегия зиёд мегардад;

- истеҳсоли неруи барқ аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия то ду баробар афзоиш меёбад;

- Тоҷикистон ба содироткунандаи азими неруи барқ дар минтақа табдил меёбад (то 10 млрд.кВт.соат дар як сол);

- дар ҳафт соли оянда иқтидори энергетикии кишвар ба 10000 МВт расонида мешавад;

- барои таъмини самаранокӣ ва сарфаҷӯии энергия ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ афзоиш меёбад;

- стандартҳои давлатӣ дар соҳаи энергетика қабул гардида, талафоти маҷмӯии неруи барқ то 10 фоиз коҳиш меёбад;

- иқтидори энергияи офтобӣ то 800 МВт расонида хоҳад шуд.

§2. Татбиқи иқтисоди "сабз" дар саноатикунонии кишвар

57. Баҳри ноил гардидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор (ҲРУ 9) соли 2018 дар паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон "Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ" саноатикунонии босуръати кишвар барои таъмини гузариши иқтисодиёти кишвар аз модели аграрию саноатӣ ба саноатию аграрӣ ва бо дар назар доштани аҳамияти бахши саноат дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, иҷрои уҳдадориҳои кишвар ҳамчун ҳадафи чоруми миллӣ ва стратегии кишвар эълон гардид. Бо мақсади амалӣ намудани ин ҳадаф Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 қабул карда шудаанд. Дар ин раванд дар паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2021 солҳои 2022-2026 "Солҳои рушди саноат" эълон гардиданд.

58. Дар баробари ин, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соли 2021 ба 38826,1 млн сомонӣ баробар гардида, дар сохтори саноат ҳиссаи саноати коркард 57,5 фоиз, саноати истихроҷ 21,6 фоиз, таъминоти неруи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво 20,4 фоиз ва таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва дастрасии коркарди дуюмдараҷа 0,5 фоизро ташкил намуд.

59. Ҳадафи асосии саноатикунонии босуръати кишвар ташаккул додани саноати миллии рақобатпазир ва дар асоси он ба сатҳи сифатан баланд бардоштани тамоми иқтисоди миллӣ ва таъмини некуаҳволии мардуми кишвар ба ҳисоб меравад.

60. Дар доираи амалисозии ҳадафи саноатикунонии босуръати кишвар пешбинӣ мегардад, ки то соли 2030 ҳиссаи саноат дар маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба сатҳи 30 фоиз расонида мешавад ва дар баробари ноил гардидан ба ин нишондиҳанда амалишавии васеи иқтисоди "сабз" дар соҳаи саноат муҳим арзёбӣ мегардад.

61. Дар соли 2021 теъдоди корхонаҳои саноатӣ ба 2386 адад расонида шудааст, ки аз он 291 адад корхонаҳо дар самти саноати истихроҷ, 1931 адад корхонаҳо дар самти саноати коркард, 72 адад корхонаҳо дар самти таъминоти нерӯи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво ва 92 адад корхонаҳо дар самти таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва дастрасӣ ба коркарди дуюмдараҷа фаъолият менамоянд.

62. Дар тӯли панҷ соли минбаъда (то соли 2026) таъсиси зиёда аз 870 корхонаи саноатӣ (ба ҳисоби миёна 175 корхона дар як сол) ва расонидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 95 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

63. Ҳамзамон, ба экология партовҳои корхонаҳои кимиёвӣ, ки 35 ҳазор тонна партовҳои сахти маиширо дар як сол ташкил медиҳад, таъсири манфӣ мерасонанд. Вобаста ба ин, дар раванди рушди иқтисоди "сабз" коркарди партовҳои сахти маишӣ ва саноати муҳим ва афзалиятнок арзёбӣ мегардад.

64. Мушкилиҳои соҳа:

- сатҳи нокифояи истифодаи технологияи муосири каммасрафу бепартов дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- мушкилоти нигоҳдорӣ ва коркарди партовҳои сахти маишию саноатӣ;

- мукаммал набудани стандартҳои экологӣ нисбат ба фаъолияти корхонаҳои саноати истихроҷ ва коркард;

- сатҳи нисбатан пасти роҳандозии менеҷменти экологӣ дар корхонаҳои саноатӣ;

- истифодаи таҷҳизоти фарсуда ва энергияталаб дар баъзе корхонаҳои соҳаи саноат;

- ақибмонии техникию технологӣ ва дараҷаи баланди фарсудашавии моддию маънавии таҷҳизоти саноатӣ дар корхонаҳое, ки то давраи истиқлоли ҷумҳурӣ сохта шудаанд;

- коркарди нокифояи саноатии маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологӣ тоза;

- сатҳи нокифояи рақобатпазирӣ ва диверсификатсияи маҳсулоти саноатӣ;

- норасоии мутахассисони баландихтисос, ба монанди менеҷерони сатҳи баланд ва менеҷменти миёнаи дорои донишҳои самти иқтисоди "сабз";

- сатҳи нокифояи ҳамкориҳои дохиливу байниминтақавӣ ва рушди муносибатҳои кластерӣ вобаста ба роҳандозии истеҳсолоти бепартов.

65. Ҳадафҳои асосии соҳа:

- таҳкими асосҳои институтсионалӣ барои рушди иқтисоди "сабз" дар соҳаи саноат;

- рушди соҳаи саноат тавассути таъмини шуғли пурмаҳсул ва зиёд намудани ҳиссаи соҳаи саноат дар маҷмуи маҳсулоти дохилӣ бо ба инобат гирифтани принсипҳои иқтисоди "сабз" (ҲРУ -9.2);

- таҷдиди инфрасохтори соҳаи саноат тавассути баланд бардоштани самаранокии иқтидорҳои истеҳсолӣ бо татбиқи бештари технологияҳои муосир ва ҷавобгӯ ба талаботҳои экологӣ (ҲРУ-9.4);

- тақвияти корҳои илмию тадқиқотӣ дар соҳаи саноат ва таъмини рушди технологиву инноватсионии иқтидорҳои истеҳсолӣ (ҲРУ-9.5);

- афзоиши арзиши иловашудаи маҳсулоти саноатӣ тавассути рушди муносибатҳои кластерӣ дар истеҳсолоти бепартов.

66. Вазифаҳои асосии соҳа:

- такмили қонунгузорӣ ва таҳияи стандарҳои миллӣ мутобиқ ба талаботи иқтисоди "сабз" дар саноат;

- афзоиши ҳаҷми истеҳсол ва таъмини талаботи бозори дохилӣ бо маҳсулоти экологии мутобиқ ба стандартҳо;

- баланд бардоштани самаранокии иқтидорҳои истеҳсолӣ бо дарназардошти татбиқи васеи технологияҳои муосири инноватсионии ҷавобгӯ ба талаботи экологӣ;

- баланд бардоштани рақобатпазирӣ ва диверсификатсияи саноат бо дарназардошти васеъ татбиқ намудани принсипҳои иқтисоди "сабз" дар истеҳсолот;

- афзоиши ҳаҷми истеҳсол ва таъмини талаботи бозори дохилӣ бо маҳсулоти тайёри аз ҷиҳати экологӣ тоза;

- афзоиши арзиши иловашудаи маҳсулоти саноатӣ тавассути рушди кластерҳо дар самти истеҳсолоти бепартов;

- мусоидат ба рушди содирот ва низоми миллии воридотивазкунии интихобӣ бо истифода аз раванди иқтисоди "сабз";

- коркарди васеи маҳсулоти кишоварзӣ ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоии органикӣ.

67. Тадбирҳои асосии соҳа:

- такмили заминаи меъёрии ҳуқуқӣ барои рушди саноати кишвар бо дарназардошти татбиқ намудани иқтисоди "сабз";

- ташкили кластерҳои саноатию кишоварзӣ бо истифода аз технологияи бепартов дар минтақаҳои кишвар;

- гузариши иқтидорҳои истеҳсолӣ ва инфрасохтори амалкунандаи саноатӣ ба принсипҳои иқтисоди "сабз" бо роҳи татбиқи стандартҳои муосир;

- афзалиятнокии лоиҳаҳои сармоягузорӣ оид ба бунёди корхонаҳои саноатии бепартов;

- такмили сиёсати андозӣ бо мақсади ҳавасмандгардонии фаъолияти сармоягузории бахши хусусӣ аз руйи принсипи иқтисоди "сабз" ва маҳдуд намудани ихроҷи партовҳо;

- таҳия ва қабули маҷмӯи тадбирҳо оид ба баланд бардоштани самаранокии корҳои илмию-таҳқиқотӣ ва инноватсионӣ тавассути таъсиси паркҳои технологӣ, бизнесинкубаторҳо ва IT-паркҳо;

- роҳандозии таҷдиди технология ва таҷҳизоти техникии корхонаҳои саноатӣ, ба технологияи каммасрафи барқӣ гузаронидани равандҳои истеҳсолӣ;

- таҳияи механизми ҳавасмандгардонӣ барои сармоягузорон дар бахши коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, ки стандартҳои байналмилалии сифат, аз ҷумла Global GAP - стандартҳои эътирофшудаи байналмилалии кишоварзиро ҷорӣ менамоянд;

- ба роҳ мондани истеҳсоли ватании маҳсулоти бастабандӣ, ки ба талаботи иқтисоди "сабз" мувофиқ мебошад;

- паст намудани хароҷоти истеҳсолӣ дар соҳаҳои саноат аз ҳисоби васеъ ҷорӣ намудани технологияҳои "сабз";

- ҷорӣ намудани стандартҳои "сабз" барои корхонаҳои соҳаи истихроҷ ҷихати бунёди экосистемаи мусоид дар атрофи корхона;

- ташкил намудани нуқтаҳои қабули захираҳои моддии такрористеҳсолшаванда ва рушди инфрасохтор оид ба коркард ва фурӯши онҳо (ҷамъоварии партовҳои сахти маишӣ барои коркарди минбаъдаи онҳо);

- таъсис додани корхона ва коргоҳҳо барои коркарди партовҳо дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо;

- ба роҳ мондани истеҳсоли саноатии панелҳо ва таҷҳизоти офтобӣ дар корхонаҳои истеҳсолӣ бо истифода аз ашёи хоми ватанӣ ва ба ин васила кам кардани хароҷоти истеҳсоли неруи барқ аз ин сарчашма;

- ташкили корхонаҳо дар самти истеҳсол ва васлкунии воситаҳои нақлиёти барқӣ (электромобилҳо, электромопедҳо, троллейбус ва локомотивҳои барқӣ);

- ташкили корхонаҳои муосири коркарди корезӣ дар якчанд деҳоти кишвар тариқи пилотӣ;

- ташкили корхонаҳо дар самти истеҳсоли техника ва технологияҳо ҷиҳати пешгирӣ ва маҳфузнигоҳдории партовҳои саноатӣ;

- ташкили корхонаҳо оид ба истеҳсоли воситаҳои каммасрафи энергия ва коркарди партовҳои онҳо;

- ҷалби сармоя ва ташкили корхонаҳои истеҳсоли нуриҳои минералии ҷавобгӯ ба талаботи иқтисоди "сабз" дар кишвар.

68. Натиҷаҳои чашмдошт дар ин соҳа:

- меъёрҳои қонунгузории соҳаи саноат ба принсипҳои иқтисоди "сабз" мутобиқ карда шуда, санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ, меъёрҳо ва стандартҳои дахлдор қабул мегарданд;

- рақобатпазирӣ ва диверсификатсияи маҳсулоти саноатии аз ҷиҳати экологӣ тоза таъмин мегардад;

- ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии ниҳоӣ бо арзиши баланди иловашуда афзоиш меёбад ва ҳиссаи саноати коркарди бепартов то 80 фоиз дар соҳа афзоиш меёбад;

- кластерҳои саноатию кишоварзӣ аз рӯйи принсипҳои иқтисоди "сабз" ва технологияи бепартов дар минтақаҳои кишвар ба роҳ монда мешаванд;

- истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо истифода аз технологияи сарфаҷӯӣ ва истифодаи самараноки энергия ба роҳ монда мешавад;

- сармоягузорӣ ба корхонаҳои истеҳсолии бо принсипи иқтисоди "сабз" фаъолияткунанда васеъ роҳандозӣ мегардад;

- корҳо дар самти ҷорӣ намудани навовариҳо тақвият меёбанд;

- корхонаю коргоҳҳо барои коркарди партовҳо ва нуқтаҳои қабули партовҳои сахти маишӣ барои коркарди минбаъдаи онҳо ташкил мегарданд;

- корхонаҳо дар самти истеҳсол ва васлкунии воситаҳои нақлиёти барқӣ ва истеҳсоли саноатии панелҳо ва таҷҳизоти офтобӣ ташкил меёбанд;

- воридотивазкунӣ дар самти истеҳсоли маҳсулоти бастабандӣ таъмин мегардад;

- ҳаҷми содироти маҳсулоти органикии коркардшуда афзоиш меёбад.

§3. Ҷорӣ намудани принсипҳои иқтисоди "сабз" дар соҳаи кишоварзӣ

69. Соҳаи кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз соҳаҳои асосии шуғли аҳолӣ ба ҳисоб рафта, соли 2021 ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ ба 39,7 млрд сомонӣ, аз ҷумла растанипарварӣ ба 28,7 млрд сомонӣ ва чорводорӣ ба 11,0 млрд сомонӣ баробар гардид. Ҳиссаи растанипарварӣ ва чорвопарварӣ дар ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ мутаносибан ба 72,3 фоиз ва 27,7 фоиз баробар гардида, ҳиссаи соҳаи кишоварзӣ дар ММД ба 23 фоиз баробар гардид.

70. Дар кишвар 4730,1 ҳазор гектар заминҳои кишоварзӣ мавҷуд буда, 618,7 ҳазор гектари он обӣ мебошад. Аз ин миқдор 673,3 ҳазор гектар замини корам (аз он 471,6 ҳазор гектар обӣ), 161,3 ҳазор гектар дарахтҳои бисёрсола (аз он 123,8 ҳазор гектар обӣ), 21,3 ҳазор гектар заминҳои партов (аз он 18,2 ҳазор гектар обӣ), 18,8 ҳазор гектар заминҳои алафдарав (аз он 1,4 ҳазор гектар обӣ) ва 3855,4 ҳазор гектар заминҳои чарогоҳ (аз он 3,7 ҳазор гектар обӣ) мебошанд.

71. Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ дар соли 2021 кишти зироатҳо 861,7 ҳазор гектар, аз он ғалладонагӣ 394,5 ҳазор гектар, аз ҷумла гандум 274,8 ҳазор гектар, зироатҳои техникӣ 202 ҳазор гектар, аз ҷумла пахта 173,8 ҳазор гектар, картошка 57,2 ҳазор гектар, сабзавот 71,2 ҳазор гектар, полизӣ 22,6 ҳазор гектар ва зироатҳои хӯроки чорво 113,9 ҳазор гектар гузаронида шудааст. Дар ин давра майдони боғот 161 ҳазор гектар ва токзор 39,4 ҳазор гектарро ташкил додааст.

72. Истеҳсоли ғалладонагиҳо 1586,3 ҳазор тонна, аз ҷумла гандум 876,2 ҳазор тонна, пахта 392 ҳазор тонна, картошка 1041,3 ҳазор тонна, сабзавот 2597,6 ҳазор тонна, аз ҷумла пиёз 727,4 ҳазор тонна, полизӣ 818,8 ҳазор тонна, мева 444,5 ҳазор тонна ва ангур 267,5 ҳазор тоннаро ташкил дода, ҳосилнокии ғалладонагиҳо ба 30,7 с/га, аз ҷумла гандум 29,2 с/га, пахта 22,6 с/га, картошка 181,4 с/га, сабзавот 280,5 с/га, полизӣ 284,5 с/га, мева 40,3 с/га ва ангур 77,6 с/га баробар шудааст.

73. Ба ҳолати 1 январи соли 2022 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ саршумори чорвои калон 2467,6 ҳазор сар, аз он модагов 1290,5 ҳазор, қутос 26,1 ҳазор, гӯсфанду буз 6052,4 ҳазор, асп 83,8 ҳазор, занбури асал 257,2 ҳазор оила ва паранда 11117,7 ҳазор сар ба қайд гирифта шудааст.Дар соли 2021 истеҳсоли гӯшти чорвои калон ва майда (дар вазни зинда) 283,6 ҳазор тонна, гӯшти паранда (дар вазни зинда) 44,1 ҳазор тонна, шир 1042,6 ҳазор тонна, тухм 1053,5 млн. дона, пашм 8151,8 тонна, пилла 451,1 тонна, асал 4390,2 тонна ва моҳӣ 4389,4 тонна истеҳсол шудааст.

74. 36,2 ҳазор гектар заминҳои ҳолати мелиоративиашон ғайриқаноатбахш (ботлоқшавӣ, шуршавӣ) ба ҳолати 1 январи соли 2022 ба қайд гирифта шуда, 5013 гектар заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берун мондаанд, ки ба таъмини амнияти озуқаворӣ таъсири манфӣ мерасонанд.

75. Соҳаи кишоварзӣ ба ҳолати 1 январи соли 2022-ум ба 570292 тонна нуриҳои минералӣ эҳтиёҷ дорад, ки аз ҳисоби нуриҳои минералии воридотӣ таъмин мегардад (197,6 ҳазор тонна дар соли 2021).

76. Амалисозии принсипҳои иқтисоди "сабз" дар соҳаи кишоварзӣ барои афзоиши сармоягузориҳо, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир дар обёрӣ, истифодаи ва идоракунии оқилонаи захираҳои замин, пешгирии бадшавии ҳолати мелиоративии заминҳо ва зиёд намудани ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ, даромаднокӣ ва ҳосилнокӣ мусоидат менамояд.

77. Дар ноҳияҳои Кӯшониён, Ҷалолиддини Балхӣ, Дӯстӣ, Ҷайҳун, Ёвон ва Данғараи вилояти Хатлон соли 2021 аз ҷониби ширкатҳои ҶСП "Ҷунтай Хатлон Син Силу", ҶДММ "Водии Зарин" ва ҶСП "Ҷунтай Данғара Текстил Син Силу" дар майдони 11308 гектар обёрии муосир роҳандозӣ гардидааст, ки ба раванди иқтисоди "сабз" мутобиқ мебошад.

78. Дар ҷумҳурӣ ба ҳолати 1 январи соли 2022-юм 161 ҳазор гектар майдони боғу токзор мавҷуд буда, ҳамагӣ 845 гектари онро боғҳои интенсивӣ бо истифода аз усули обёрии қатрагӣ ташкил медиҳад.

79. 85 фоизи обҳои истифодабурдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои обёрии заминҳои кишоварзӣ равона мегардад.

80. Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологӣ тоза (органикӣ) дар кишвар тавассути Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба химикунонӣ ва ҳимояи растаниҳо", муқаррароти Конвенсияи Стокголм оид ба маҳдудкунии истифодаи 12 намуд маводи кимиёвӣ ва 11 адад регламентҳои техникӣ ба танзим дароварда мешавад.

81. Дар соли 2021-ум дар ҷумҳурӣ 14 фермаҳои чорвои калони шохдор ва 22 адад корхонаҳои парандапарварӣ бо истифода аз усулҳои муосири принсипҳои иқтисоди "сабз" ташкил гардидааст.

82. Мушкилиҳои соҳа:

- маҳдудияти дастрасӣ ба захираҳои қарзӣ, технологияи каммасраф ва бозори фурӯш, аз он ҷумла бозорҳои истеъмолии дохилӣ дар соҳа;

- ҳосилнокии нисбатан пасти зироатҳои кишоварзӣ;

- сатҳи нокифояи таъминнокӣ бо нуриҳои минералии ҷавобгӯ ба стандартҳои иқтисоди "сабз";

- рушди нокифояи инфрасохтори муосири ҷавобгӯ ба принсипҳои иқтисоди "сабз" дар соҳаи кишоварзӣ ва обёрӣ;

- иттилооти нокифоя дар хусуси ташкили истеҳсолоти муосири кишоварзӣ бо агротехникаи парвариш;

- ба талаботи стандартҳои муосир ҷавобгӯ набудани занҷираи истеҳсол ва содироти маҳсулоти органикии кишоварзӣ;

- ба талаботи муосири кишоварзӣ ҷавобгӯ набудани ҳолати мелиоративии қисми заминҳои кишоварзӣ;

- фарсуда шудани иншооти гидротехникӣ ва обтаъминкунӣ;

- ҳал нагардидани қарзи хизматрасонии обёрӣ ва барқӣ дар пойгоҳҳои обкашӣ;

- норасоии нуриҳои минералӣ ва тухмиҳои элитаи репродуксияи баланд;

- истифодаи нокифояи принсипҳои иқтисоди "сабз" дар корхонаҳои соҳаи чорвопарварӣ, парандапарварӣ ва таъмин набудани марказҳои ташхиси байторӣ бо лавозимоту асбобҳои озмоишӣ.

83. Ҳадафҳои асосии соҳа:

- таъмини дастрасии одилона ба замин, захираҳои кишоварзӣ, бозорҳо, зиёд намудани арзиши иловашуда ва шуғли "сабз" дар соҳаи кишоварзӣ (ҲРУ-2.3);

- таъмини устувори истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ тавассути баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо ва маҳсулнокии чорво бо назардошти ҳифзи экосистемаҳо, беҳтар кардани ҳолати заминҳо ва мутобиқшавӣ ба тағирёбии иқлим (ҲРУ - 2.4);

- ворид шудани ҷумҳурӣ ба гурӯҳи давлатҳо бо сатҳи устувори таъмини амнияти озуқаворӣ;

- рушди кишоварзии органикӣ ва афзоиши содироти маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза аз кишвар.

84. Вазифаҳои асосии соҳа:

- таҳкими заминаи институтсионалии рушди иқтисоди "сабз" дар соҳаи кишоварзӣ;

- таъмини истифодаи самаранок ва оқилонаи заминҳои таъиноти кишоварзӣ;

- таъсиси ҷойҳои кории "сабз" дар деҳот;

- баланд бардоштани сатҳи худтаъминкунӣ бо нуриҳои минералии ҷавобгӯ ба стандартҳои иқтисоди "сабз";

- такмили номгӯйи маводи кимиёвии манъшуда, ки дар кишоварзӣ истифода гаштаанд;

- таҳия ва қабули стандартҳои миллӣ оид ба кишоварзии органикӣ;

- гузариш ба истифодаи техника ва технологияи аз ҷиҳати экологӣ муфид дар соҳаи растанипарварӣ ва чорводорӣ;

- рақамикунонӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва обёрии замин;

- тақвият додани рушди устувори истеҳсоли маҳсулоти органикии кишоварзӣ барои таъмини амнияти озуқавории ҷумҳурӣ;

- таъмини сифат ва бехатарии маҳсулоти кишоварзӣ;

- таъмини аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва иқтисодӣ дастрасӣ дар асоси афзоиши истеҳсоли дохилии маҳсулоти кишоварзӣ ва коҳиш додани сатҳи вобастагӣ аз воридот;

- ташаккули низоми самараноки идоракунии захираҳои кишоварзӣ, аз ҷумла замин ва маданияти истифодабарии онҳо;

- гузаштан ба истеҳсол ва истифодаи нуриҳои минералии табиӣ;

- баланд бардоштани маданияти истифодаи замин ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии органикӣ;

- ба роҳ мондани истифодаи самаранок ва мутавозини маводи биотикӣ (иқлим, хок, релеф) ва абиотикӣ (табиати ғайризинда);

- истеҳсоли хӯрокаи чорво, паранда ва моҳӣ бо ашёи хоми биотикӣ;

- истеҳсоли маҳсулоти бастубанди органикӣ барои интиқоли зироатҳои кишоварзӣ;

- васеъ намудани майдони боғу токзорҳои интенсивӣ бо обёрии қатрагӣ;

- диверсификатсияи истеҳсолоти кишоварзӣ дар заминаи технологияи навоварона ва таҳкими устувории занҷираи арзиши иловашудаи маҳсулот;

- амалӣ намудани принсипҳои иқтисоди "сабз" дар корхонаҳои соҳаи чорвопарварӣ ва таъмин намудани марказҳои ташхиси байторӣ бо лавозимоту асбобҳои озмоишӣ;

- рушди парандапарварии органикӣ;

- роҳандозии васеи масъалаҳои гендерӣ дар соҳаи кишоварзии органикӣ.

85. Тадбирҳои асосии соҳа:

- такмили заминаи меъёрии ҳуқуқӣ барои рушди соҳаҳои растанипарварӣ, чорвопарварӣ ва моҳипарварӣ бо дарназардошти ҷорӣ намудани принсипҳои иқтисоди "сабз";

- афзоиши ҳаҷми истеҳсол ва коркарди маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологӣ тоза (органикӣ);

- тақвияти содироти маҳсулоти кишоварзии органикӣ бо ворид шудан ба низоми умумии бархурдории тиҷорати Иттиҳоди Аврупо (GҒP+) ва Британияи Кабир (UK GҒP);

- афзоиши масоҳати гармхонаҳо бо истифода аз технологияҳои муосир, боғу токзорҳои интенсивӣ ва баланд бардоштани ҳосилнокии маҳсулоти кишоварзӣ;

- татбиқи технологияҳои "сабз" ва инфрасохтори "сабз" дар истеҳсолоти агросаноатӣ бо ҷорӣ намудани стандартҳо дар ин самт;

- ҷорӣ намудани технологияи муосири селексияи растаниҳо ва ҳайвоноти кишоварзӣ, нигоҳдории ҳосилхезии хок, ҳифзи муҳити зист ва захираҳои об;

- васеъ ҷорӣ намудани обёрии қатрагӣ бо истифода аз технологияҳои муосир дар ҳамаи ноҳияҳои кишвар;

- ҷорӣ намудани истеҳсоли таҷҳизот барои обёрии қатрагӣ дар Тоҷикистон;

- зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳаҳои парандапарварӣ, моҳипарварӣ, афзун намудани саршумори чорвои зотӣ ва баланд бардоштани маҳсулнокии чорво;

- аз 845 гектар ба 1000 гектар расонидани майдони боғҳои интенсивӣ;

- ташкили семинарҳо оид ба васеъ ҷорӣ намудани технологияи инноватсионӣ ва низоми муосири фаъолият дар соҳаи кишоварзӣ;

- ба роҳ мондани моҳипарварӣ дар дарёҳо, кӯлҳои табиӣ ва занбӯриасалпарварӣ дар кӯҳсорҳо, ҷангалзорҳо ва назди боғҳо;

- ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ барои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории "сабз" ба соҳаи кишоварзӣ;

- таҳия ва татбиқи стандартҳои тамғабандии молҳои органикӣ дар соҳаи савдо;

- тақвияти механизми субсидия додан ба истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ бо мақсади баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираҳои замин;

- бунёди сардхонаҳо, марказҳои нақлиётӣ-логистикӣ ва татбиқи принсипҳои савдои "сабз" бо роҳи зиёд намудани содироти маҳсулоти органикӣ;

- ташкили агрокластерҳои "сабз" дар минтақаҳои ҷумҳурӣ;

- бо мақсади паст кардани вобастагии кишвар аз маҳсулоти воридотӣ барқарор намудани фаъолияти ҶСК "Азот" -и шаҳри Леваканти вилояти Хатлон;

- амалӣ намудани рақамикунонӣ, истифодаи зеҳни сунъӣ ва роҳандозии васеи масъалаҳои гендерӣ дар соҳаи кишоварзии органикӣ.

86. Натиҷаҳои чашмдошт дар ин соҳа:

- санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои рушди соҳаҳои растанипарварӣ, чорвопарварӣ ва моҳипарварӣ бо дарназардошти ҷорӣ намудани принсипҳои иқтисоди "сабз" такмил меёбанд;

- ҳиссаи истеҳсол ва коркарди маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологӣ тоза (органикӣ) дар ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ то охири татбиқи Стратегия то 100 фоиз расонида мешавад;

- кластерҳои агросаноатӣ бо истифодаи самараноки энергия васеъ ба роҳ монда шуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти бо арзиши баланди иловашудаи органикӣ афзоиш меёбад;

- истифодаи технологияҳои "сабз" ва инфрасохтори "сабз" дар истеҳсолоти агросаноатӣ васеъ ба роҳ монда шуда, ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологӣ тоза (органикӣ) бо бастубанди муосири органикӣ афзоиш меёбад;

- сармояи дохилӣ ва хориҷӣ барои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории "сабз" ба соҳаи кишоварзӣ ҷалб карда мешаванд;

- рақамикунонӣ, истифодаи зеҳни сунъӣ ва масъалаҳои гендерӣ дар соҳаи кишоварзӣ татбиқ карда мешаванд;

- 5000 гектар заминҳои нав бо ҷорӣ намудани технологияи муосири обёрӣ ба гардиши кишоварзӣ ворид карда мешавад;

- обёрии қатрагӣ дар 30 фоизи хоҷагиҳои кишоварзӣ истифода мешавад.

§4. Рушди нақлиёти "сабз" ва инфрасохтори ба он мутобиқ

87. Дар Тоҷикистон ба ҳолати 1 январи соли 2022 ҳамагӣ 14308,5 км роҳҳои автомобилгард мавҷуд буда, аз он 3340,5 км байналмилалӣ, 2109,9 км ҷумҳуриявӣ ва 8858,1 км роҳҳои маҳаллӣ мебошанд. Ҳамзамон дар кишвар 2246 пул, аз он 506 байналмилалӣ, 321 ҷумҳуриявӣ ва 1419 пулҳои маҳаллӣ мавҷуданд.

88. Бо мақсади раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил ба кишвари транзитӣ дар соли 2021-ум 943,55 км роҳ (аз ҷумла 270,05 км асфалтпӯш ва 673,5 км шағалпӯш), 144 адад пул бо дарозии 4323,8 метр ва 161 адад қубур бо дарозии 1399 метр аз таъмир бароварда шудааст. Дар натиҷа тавассути ҳамагуна нақлиёт 82,0 млн. тонна, аз ҷумла тариқи нақлиёти автомобилӣ 76,3 млн. тонна ва нақлиёти роҳи оҳан 5,7 млн. тонна бор кашонида шудааст.

89. Дар соли 2020 дар шаҳри Душанбе дар доираи амалишавии лоиҳаи "Беҳтар намудани ҳолати роҳи минтақавии ДушанбеТурсунзода, қитъаи роҳ аз буриши хиёбони Сино ба хиёбони Исмоили Сомонӣ то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе" азнавсозии роҳ бо дарназардошти сохтмони чорроҳаи сесатҳа, сохтмони роҳ бо пул дар ду сатҳ аз ду тарафи хиёбони Нусратуло Махсум бо буриши хиёбони Сино амалӣ гардида, 5 роҳи зеризаминӣ низ бо дарозии умумии 236 метр барои роҳгузарон бунёд шудааст.

90. Тибқи Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон воридоти нақлиёти барқӣ ба кишвар, яъне электромобилҳо, электробусҳо ва троллейбусҳо аз пардохти боҷи гумрукӣ озод карда шуданд. Баҳри татбиқи раванди иқтисоди "сабз" дар соҳаи нақлиёт муҳайё сохтани инфрасохтор ва дигар шароити зарурӣ барои истифодаи воситаҳои нақлиёти барқӣ дар қаламрави кишвар тадриҷан роҳандозӣ мегардад.

91. Соҳаи нақлиёт дар иқтисоди кишвар ҳамчун унсури асосии инфрасохтори хизматрасонӣ мақоми муҳим дорад, вале манбаи асосии ифлосшавии ҳавои атмосфера асосан дар шаҳрҳо партовҳои нақлиётӣ ба ҳисоб меравад.

92. Партовҳои газҳои гулхонаӣ, ки қодиранд ба иқлим таъсир расонанд, дар Тоҷикистон камтар аз 1 тонна гази карбон (СО2) ба як нафар аҳолӣ рост меояд, ки нишондиҳандаи паст ба ҳисоб меравад. Новобаста аз ин барои татбиқи раванди иқтисоди "сабз" дар соҳаи нақлиёт муҳайё сохтани инфрасохтор ва дигар шароити зарурӣ барои истифодаи воситаҳои нақлиёти барқӣ дар қаламрави кишвар тадриҷан роҳандозӣ мегардад.

93. Дар байни мардум бештар оммавӣ гардонидани нақлиёти ҷамъиятии барқӣ, дигар намудҳои нақлиёти безарар ва истифода аз дучарха ҳамчун нақлиёти алтернативӣ ва аз ҷиҳати экологӣ тоза дар шароити шаҳрҳо ва сафарҳо ба масофаи кӯтоҳу миёна, аз ҷумла истифодаи мошинҳои гибридӣ ва тавассути неруи барқ ҳаракаткунанда (электромобилҳо).

94. Мушкилиҳои соҳа:

- фарсудашавии воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ, шахсӣ ва корхонаву соҳибкорон, инчунин ихроҷи зиёди газҳои гулхонаӣ тавассути онҳо;

- сатҳи нокифояи раванди гузариш ба воситаҳои нақлиёти барқӣ, аз ҷумла нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳру ноҳияҳо;

- ба талаботи муосир ҷавобгӯ набудани инфрасохтори нақлиётӣ, аз ҷумла нақлиёти барқӣ дар кишвар;

- дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудани коркарди автомобилҳои куҳна ва маводи истифодаи нақлиётӣ;

- рушд наёфтани раванди истифодабарии нақлиёти алтернативӣ ва аз ҷиҳати экологӣ тоза, аз ҷумла электрификатсия нашудани роҳи оҳан;

- ташаккул наёфтани роҳҳои автомобилӣ ва аҳолӣ, ки бо баландпоя асос ёфтааст;

- набудани корхонаҳои истеҳсоли нақлиёти гибридӣ ё электрикӣ (электромобилҳо, электропоездҳо)

95. Ҳадафҳои асосии соҳа:

- рушди инфрасохтори босифат ва устувори ҷавобгӯ ба принсипҳои иқтисоди "сабз" (ҲРУ-9.1);

- таъмини намудани дастрасии низоми нақлиёти бехатар ва аз ҷиҳати экологӣ устувор (ҲРУ-11.2);

- гузариши васеъ ба нақлиёти барқӣ ва ташкили инфрасохтори зарурӣ дар ин самт;

- рушди инфрасохтори нақлиётии дар баландпоя асосёфта бо мақсади ҳифз ва нигоҳ доштани гуногунии биологӣ.

96. Вазифаҳои асосии соҳа:

- таҳкими асосҳои институтсионалӣ барои рушди иқтисоди "сабз" дар соҳаи нақлиёт;

- рушди инфрасохтори нақлиётӣ бо назардошти раванди иқтисоди "сабз";

- бунёди роҳҳое, ки бо баландпоя сохта шудаанд, бо мақсади ҳифз ва нигоҳ доштани набототу ҳайвоноти шафати роҳҳо;

- ба роҳ мондани ва истифодаи нақлиёти барқии ҷамъиятӣ дар ҳамаи шаҳрҳои ҷумҳурӣ;

- зиёд намудани воридот ва истеҳсоли (васлкунии) нақлиёти барқӣ, аз ҷумла электромобилҳо, электробусҳо, тролейбусҳо ва монанди онҳо;

- муҳайё сохтани инфрасохтор ва дигар шароити зарурӣ барои истифодаи воситаи нақлиёти барқӣ;

- тақвияти назорати кам кардани иҳроҷи газҳои гулхонаӣ дар соҳаи нақлиёт.

97. Тадбирҳои асосии соҳа:

- такмили заминаи меъёрии ҳуқуқӣ барои рушди соҳа бо назардошти ҷорӣ намудани иқтисоди "сабз";

- рақамигардонии маҷмуии нақлиёти барқии мусофирбари ҷамъиятӣ;

- ташкили корхонаҳо дар самти истеҳсол ва васлкунии воситаҳои нақлиёти барқӣ ва қисмҳои эҳтиётӣ;

- ташкили нуқтаҳои хизматрасонӣ барои таъминот бо барқ ва таъмири нақлиёти барқӣ;

- таъмини назорати зарурии сифати сӯзишворӣ, ки дар нақлиёти автомобилӣ истифода мешавад;

- таҷдиди шабакаҳои мавҷудаи кӯчаҳои шаҳри Душанбе ва дигар шаҳрҳо ва чорроҳаҳо, ҷудо кардани минтақаҳо барои таваққуфгоҳи нақлиёти ҷамъиятӣ ва сохтмони чорроҳаҳои 2-3 сатҳа;

- бунёди гузаргоҳҳо барои ҳайвонот дар роҳҳои аҳамияти байналмиллалӣ ва ҷумҳуриявӣ;

- гузариши мунтазам ба нақлиёти барқӣ дар нақлиёти ҷамъиятӣ;

- ташкили корхонаи коркарди (безараргардони)-и мошинҳои кӯҳна ва маводҳои истифодаи нақлиётӣ;

- тарғиби истифодаи дучарха (велосипед) ҳамчун воситаи нақлиёти алтернативӣ ва ташкили инфрасохтори зарурӣ барои рушди истифодаи ин намуди воситаи нақлиёт дар шаҳру ноҳияҳо;

- сабзу хуррамгардонии шафати роҳҳои автомобилгарди дорои аҳамияти байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ;

- такмили стандартҳои истифодаи роҳҳо ҷиҳати мутобиқ намудани онҳо ба принсипҳои иқтисоди "сабз";

- истифодаи маҳсулот аз сангҳои табиӣ дар бунёди роҳҳои ғайриасосӣ ва роҳравҳои маркази шаҳрҳои ҷумҳурӣ;

- роҳандозии бунёди инфрасохтори зарурӣ барои метрои баландпоя ва истифодаи локомотивҳои барқӣ дар шаҳри Душанбе;

- элекрификатсияи роҳҳои оҳани Тоҷикистон бо ҷалби сармояи хориҷӣ;

- дар шаҳру ноҳияҳо бунёди нуқтаҳои таъминоти барқӣ ва истеҳсоли таҷҳизоти барқпуркунии воситаҳои нақлиёт;

- амалӣ намудани стандартҳо ва регламентҳои техникӣ барои истифодаи нақлиёти барқӣ ва такмили стандартҳо дар самти нархгузории хизматрасонии онҳо аз ҷумла фуруши барқ;

- ташкили таваққуфгоҳҳои калон (5-10 гектар) дар роҳҳои аҳамияти байналмилалӣ бо риояи принсипҳои иқтисоди "сабз" баъд аз ҳар як 50-100 км;

- истифодаи васеи электромопедҳо дар хизматрасониҳои почта ва хадамоти дастрасӣ;

- дар қонунгузории кишвар мушаххас намудани мафҳумҳо оид ба нақлиёти барқӣ ва намудҳои он;

- роҳандозии гузариши мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба истифодаи нақлиёти хизматии барқӣ;

- тарғиби васеи тарзи ҳаёти солим ва истифодаи дучархаҳо ҳамчун нақлиёт.

98. Натиҷаҳои чашмдошт дар ин соҳа:

- қонунгузории соҳаи нақлиёт ба принсипҳои иқтисоди "сабз" мутобиқ карда шуда, санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ, меъёрҳо ва стандартҳои дахлдор қабул мегарданд;

- хизматрасонии барқии мусофиркашонӣ ба қишри осебпазири аҳолӣ бо нархҳои мувофиқ дастрас мегардад;

- шароити муосири инфрасохтори ҳамлу нақли бор ва мусофир, аз ҷумла инфрасохтори транзитӣ ташаккул меёбад;

- коркарди дуюмдараҷаи партовҳои нақлиётӣ ба роҳ монда мешавад;

- партови газҳои гулхонаӣ аз ҳисоби нақлиёт кам карда мешавад;

- арзиши аслӣ ва тарифҳо барои интиқоли мол ва мусофирон тавассути нақлиёт дар сатҳи мӯътадил қарор мегирад;

- инфрасохтори муосири ҷавобгӯ ба талаботи байналмилалии коммуникатсионӣ, нақлиётӣ, иқтисодӣ ва логистикии кишвар ташаккул меёбанд;

- инфрасохтори тамоми намудҳои нақлиёти ҷумҳурӣ ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ ва сатҳи бехатарӣ ва рақобатпазирӣ дар маҷмааи нақлиётӣ баланд мегардад;

- роҳҳо ба муҳити зист камтар зарар меоваранд.

§5. Амалисозии принсипҳои иқтисоди "сабз" дар соҳаи меъморӣ ва сохтмон

99. Соҳаи меъморӣ ва сохтмонро Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият", қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2014, № 26 "Дар бораи Тартиби таҳияи тарҳи муттаҳидгардонидаи банақшагирии шаҳрсозии қисмҳои алоҳидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба танзим медароранд.

100. Дар соли 2021 дар кишвар дар ҳаҷми 12,2 миллиард сомонӣ корҳои сохтмону васлгарӣ иҷро ва ба маблағи беш аз 3,5 миллиард сомонӣ фондҳои асосӣ ба кор андохта, 1,2 миллион метри мураббаъ манзилҳои истиқоматӣ ва иншооти дигар ба истифода дода шудаанд.

101. Ҳангоми таҳия ва татбиқи нақшаҳои генералии шаҳрҳо ва шаҳраку деҳоти мамлакат ба банақшагириву бунёди бино ва иншоотҳо ба риояи ҳатмии қоидаву меъёрҳои шаҳрсозӣ ва сохтмон, санъати баланди меъморӣ, истифодаи васеи унсурҳои меъмории милливу замонавӣ, технологияҳои муосир ва масолеҳи сифатноки сохтмон таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардад ҳам, вале барои татбиқи васеи ин унсурҳо, таҳкими раванди иқтисоди "сабз" дар соҳаи меъморӣ ва сохтмон зарур арзёбӣ мегардад.

102. Дар паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон "Дар бораи самтҳои аосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ" ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2021 қайд гардид, ки дар раванди лоиҳакашӣ зарур аст, ки пеш аз ҳама, сохтмони мактабҳо, боғчаҳои кӯдакон, марказҳои саломатӣ, боғҳои истироҳатӣ, гӯшаҳои "сабз" ва дигар инфрасохтори иҷтимоӣ ва коммуникатсионӣ ба нақша гирифта, дар марказҳои шаҳру ноҳияҳо бунёди ҳатмии биноҳои истиқоматии баландошёна (на кам аз 5 ошёна) пешбинӣ карда шавад.

103. Дар кишвар ҳангоми гузариш ба принсипҳои иқтисоди "сабз" дар соҳаи меъморӣ ва сохтмон тавассути такмил додани дастурҳои техникӣ дар вобастагӣ ба сарфаи энергия ҳангоми истифодаи таҷҳизоти электрикӣ дар биноҳои истиқоматӣ ва ҷамъиятӣ, шабакаҳои гармидиҳӣ ва ҳифзи гармии биноҳо бо риояи стандартҳо (меъёрҳо)-и муосири гарминигоҳдории бино роҳандозӣ мегардад.

104. Бо мақсади баланд бардоштани самаранокӣ дар самти татбиқи принсипҳои иқтисоди "сабз" дар соҳаи меъморӣ ва сохтмон қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои такмили механизмҳои танзим ва назорати давлатӣ вобаста ба тамғагузории ҳатмии тамоми биноҳо аз нуқтаи назари самаранокии энергетикӣ ва ҷавобгӯ ба стандартҳои принсипҳои иқтисоди "сабз" муҳим мебошанд.

105. Доираи васеи технологияҳои таъмини самаранокии энергия ва сарфаи энергия аз панелҳои офтобӣ дар бомҳо, таҷҳизоти геотермалии хурд дар рӯи замин ё қисмҳои махсуси тирезаҳо бо чорчӯбаҳои чӯбини бо маводҳои нанотехнологӣ насбшуда, ки аз ҳавои бад эмин дошта, ҳарорати биноро нигоҳ медорад иборат мебошад. Дар биноҳои бо талаботи принсипҳои сохтмони "сабз" бунёдгардида фазою иқлими бароҳат бе гармкунӣ ва сардкунии системаҳои анъанавӣ ташкил намудан имконпазир аст.

106. Мушкилиҳои соҳа:

- нопуррагии дастурҳо нисбат ба самаранокӣ ва сарфаҷӯии энергия ҳангоми сохтмони биноҳо;

- набудани истеҳсолоти технологияҳои каммасраф ба ғайр аз фурӯзонакҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сатҳи нокифояи истифодабарии ин технологияҳо дар соҳаи меъморӣ ва сохтмон;

- нокифоягии низоми истифодабарии самараноки шабакаҳои корезӣ дар шаҳрҳо;

- мавҷуд набудани ҳуҷҷати барномавӣ ва методологияи соҳавӣ ҷиҳати татбиқи принсипҳои иқтисоди "сабз" дар сохтмон;

- нокифоя будани тадбирҳои ҳавасмандгардонӣ дар соҳаи қарздиҳии имтиёзнок ва андозбандӣ дар самти лоиҳакашӣ ва сохтмон;

- набудани низоми сертификатсияи татбиқи принсипҳои иқтисоди "сабз" дар соҳаи меъморӣ ва сохтмон;

- набудани ҳавасмандсозии сармоягузорон барои татбиқи принсипҳои иқтисоди "сабз" дар соҳаи меъморӣ ва сохтмон.

107. Ҳадафҳои асосии соҳа:

- таъмини устувории экологӣ дар шаҳрҳо ва маҳалҳои аҳолинишин (ҲРУ-11.3);

- таъмини шароити мусоид ва инклюзивии зиндагӣ дар шаҳру деҳоти кишвар;

- истифодаи самараноки манбаъҳои энергия ва неруи гармӣ;

- таъмини дастрасӣ ба дараҷаи кофии манзили истиқоматии безарар ва дорои минтақаҳои "сабз" (ҲРУ-11.1);

- ба роҳ мондани сохтмони биноҳои аз ҷиҳати экологӣ устувор ва мустаҳкам бо истифода аз масолеҳи сохтмонии ватанӣ (ҲРУ-11.с).

108. Вазифаҳои асосии соҳа:

- таҳкими асосҳои институтсионалӣ барои татбиқи принсипҳои иқтисоди "сабз" дар соҳаи меъморӣ ва сохтмон;

- қабули стандартҳо барои сохтмони биноҳои ҷамъиятӣ, маъмурӣ, истиқоматӣ ва ғайра бо назардошти ҷорӣ намудани принсипҳои сарфаҷӯии энергия, гармӣ, истифодаи обу корезӣ ва ташаккули экосистемаи дохилӣ;

- риояи ҳатмии дастур ҷиҳати ташаккули экосистемаи ягона дар шаҳру шаҳракҳо ҳангоми таҳияи нақшаи генералӣ;

- баланд бардоштани фарҳанги истифодаи неруи барқ, гармӣ, обу корезӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар;

- дар биноҳои бунёдшаванда фароҳам овардани шароити мусоиди ҳаворасӣ, акустикӣ, офтобрасӣ, ҳарорат ва таъмини дигар параметрҳои муосир;

- ба роҳ мондани технологияҳои истеҳсоли таҷҳизоти муҳандисӣ, масолеҳи гармимуҳофизатӣ, низомҳои гармидиҳӣ ва кондитсионерӣ дар асоси талаботи стандартҳои "сабз";

- паст кардани сатҳи нобаробарии иҷтимоӣ ва гендерӣ дар ҷомеа вобаста ба дастрасӣ ба хизматрасониҳои меъморӣ ва сохтмон.

109. Тадбирҳои асосии соҳа:

- таҳия ва амалисозии стандартҳо ҷиҳати истифодаи принсипҳои иқтисоди "сабз" дар соҳаи меъморӣ ва сохтмон;

- таҷдиди назар намудани меъёрҳои амалкунанда ва қабули меъёру стандартҳои нав барои масолеҳи сохтмонии гармимуҳофизатӣ вобаста ба иқлими Тоҷикистон;

- ҷорӣ намудани стандартҳои истифодаи сарфакоронаи таҷҳизоти маишӣ дар сохтмони биною иншоотҳо;

- ташкили низоми сертификатсияи биноҳо ва иншоотҳо мутобиқи талаботи сарфаҷӯии энергия;

- насби ҳисобкунакҳои обӣ дар ҳамаи биноҳои манзиҳои истиқоматӣ ва иншоотҳои иҷтимоию иқтисодӣ;

- ҷорӣ намудани талаботи ҳатмии самаранокии энергетикии биноҳо ҳангоми қабули иншооти сохтмонӣ;

- сохтмони биноҳои нав бо риояи стандартҳо (меъёрҳо)-и муосири гарминигоҳдории бино ва истифодаи манбаи биотермалӣ;

- ташкили корхонаҳои истеҳсоли ватании истеҳсоли маҳсулоти сохтмонии аз ҷиҳати экологӣ тоза ва ба саломатии инсон безарар;

- тарғиби васеи истифодаи таҷҳизоти хурди коркарди корезӣ (септикҳо) барои манзилҳои истиқоматӣ дар деҳот;

- ташкили корҳои методӣ оид ба тамғагузории ҳатмии ҳамаи биноҳо баҳри самаранокии энергетикӣ;

- амалӣ намудани чароғонкунии кӯчаҳо дар шаҳрҳо бо истифода аз таҷҳизоти барқии офтобӣ;

- ҷорӣ намудани низоми ташкили инфрасохтори муосири обтаъминкунию барқтаъминкунӣ ва қарзӣ пеш аз тақсими қитъаи замин барои сохтмони манзилҳои истиқоматӣ;

- ташкили шаҳраки алоҳида дар яке аз ноҳияҳои шаҳри Душанбе бо экосистемаи муосири мутобиқ ба принсипҳои иқтисоди "сабз";

- амалигардонии лоиҳаи пилотӣ бо низоми муосири сарфаҷӯии энергия, обу корезӣ ва коркарди партовҳо дар ноҳияҳои кишвар;

- зиёд намудани майдони боғҳои фароғатии "сабз" дар шаҳраку деҳоти кишвар.

110. Натиҷаҳои чашмдошт дар ин соҳа:

- сохмони биноҳо бо усули принсипҳои иқтисоди "сабз" афзоиш меёбад;

- устувории экологӣ дар шаҳрҳо ва маҳалҳои аҳолинишин беҳтар мегардад;

- дар шаҳру деҳоти кишвар шароити мусоид ва инклюзивии зиндагӣ фароҳам оварда мешавад;

- шаҳракҳо ва деҳоти намунавӣ мутобиқ ба принсипҳои иқтисоди "сабз" дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ташаккул меёбад;

- истифодаи самараноки манбаъҳои энергия ва нерӯи гармӣ дар иншооти гуногун васеъ ба роҳ монда мешавад;

- минтақаҳои "сабз" дар шаҳрҳо зиёд хоҳанд шуд.

§6. Такмили низоми хоҷагидории манзилию коммуналӣ ва идоракунии партовҳо

111. Дар асоси Консепсияи ислоҳоти хоҷагии манзилию коммуналӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи рушди хоҷагии манзилию коммуналӣ КВД "Хоҷагии манзилию коммуналӣ" ба амалӣ гардонидани сиёсати ғайримарказонидани хизматрасониҳо оғоз намуд.

112. Дар соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ вобаста ба сохтмон ва таъмири фондҳои манзилӣ, беҳтар кардани инфрасохтори таъминоти нерӯи барқ, таъмини об ва корезӣ чораҳо татбиқ гардида, парки техникаи коммуналӣ нав карда шуда истодааст. Дар ин раванд гузариш ба иқтисоди "сабз" ташаккули чунин раванди идоракунии устувори истеҳсолот ва истеъмолотро тақозо мекунад, ки асоси онро на танҳо механизми сарфаҷӯии энергия, балки низоми босамари идоракунии хоҷагии манзилию коммуналӣ ва танзими коркарди партовҳо ташкил медиҳад.

113. Бо мақсади рушди низоми хоҷагидории манзилию коммуналӣ ва идоракунии партовҳо дар Барномаи сармоягузориҳои давлатӣ барои солҳои 2021-2025 ҷиҳати ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ 248 адад лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба маблағи умумии 812,3 млн. доллари ИМА пешбинӣ гардидааст, ки 54 адади он ба маблағи умумии 63,9 млн. доллари ИМА дар самти идоракунии партовҳои сахти маишӣ мебошанд.

114. Дар ин маврид арзёбии партовҳои ҷамъшудаи истеҳсолот ва назорат кардани воридшавӣ ва истифодаи минбаъдаи онҳо, ташаккули бамеъёрдарории мушаххаси ба вуҷуд омадани партовҳо, амалисозӣ ва маблағгузории барномаҳои ҳадафнок оид ба идоракунии партовҳо, инчунин безараргардонии партовҳои хатарнок ва заҳролуд бояд анҷом дода шаванд.

115. Ҳаҷми партовҳои маишӣ дар шаҳрҳо аз 280 то 330 килограмм ба ҳар як сари аҳолӣ рост меояд ва дар баробари баланд шудани некӯаҳволии мардум афзоиши ҳаҷми партовҳои сахти маишӣ низ зиёд мешавад.

116. Низоми маҷмӯии ҷамъоварӣ, коркард ва безараргардонии партовҳо дар кишвар дар сатҳи зарурӣ ташаккул наёфтааст. Баъзе меъёрҳо ва талабот мавҷуданд, вале бо сабаби нокифоя будани назорат иҷрои онҳо дар сатҳи паст қарор доранд. Дар ин раванд корҳои ҳавасмандкунӣ ва маблағгузории технологияҳои инноватсионӣ ҷиҳати безараргардонӣ ва истифодаи дубораи партовҳо аз манбаъҳои гуногун барои тавлиди арзиши иловашуда муҳим мебошад.

117. Дастрасии аҳолии шаҳру ноҳияҳо ва деҳоти ҷумҳурӣ бо оби тозаи нӯшокӣ 64 фоиз, аз он аҳолии маркази шаҳру ноҳияҳо 88,9 фоиз ва деҳот 53,0 фоизро ташкил медиҳад. Бо назардошти 2,2 фоиз зиёдшавии шумораи миёнасолонаи аҳолии мамлакат талабот ба оби тозаи нӯшокӣ меафзояд, ки рушди соҳаро бо истифодаи принсипҳои иқтисоди "сабз" тақозо менамояд.

118. Пешниҳоди имтиёзҳо низоми соддагардонии пешниҳоди иҷозатномаҳо барои амалисозии фаъолияти инноватсионӣ дар низоми хоҷагидории манзилию коммуналӣ ва идоракунии партовҳо ва ҷалб намудани бахши хусусӣ ва муомилаҳои илмию тадқиқотӣ дар таҳияю амалисозии барномаҳо ба роҳ мондани шарикони давлат ва бахши хусусӣ дар ин соҳа хеле муҳим аст.

119. Мушкилиҳои соҳа:

- ташкили хизматрасонӣ ба аҳолӣ ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ набуда, ғайр аз шаҳрҳо дар ноҳияҳо хизматрасониҳо оид ба баровардани партовҳои сахти маишӣ ба аҳолӣ қариб дастрас нестанд;

- партовҳо амалан ба навъҳо ҷудо карда намешаванд, ҳамзамон ҳамлу нақл, коркарди онҳо ба меъёрҳо ҷавобгӯ намебошанд;

- партовҳои сахти маишӣ бе коркард ва ҷудо кардани маводҳои дубораи арзишманд ба партовгоҳҳои назоратнашаванда ва партовгоҳҳои расмии ба талаботи санитарӣ ҷавобгӯнабуда бароварда мешаванд;

- дар қисми бештари шаҳру ноҳияҳо мавҷуд набудани низоми ягонаи ҷамъоварии партовҳои маишӣ, сахти маишӣ ва саноатӣ;

- фарҳанги пасти партовпартоӣ, исрофкории зиёд аз ҷониби аҳолӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ғайра;

- номутамарказ будани низоми идоракунии хоҷагии манзилию коммуналӣ нашудааст ва ба талаботи иқтисоди бозорӣ мутобиқ набудани он;

- сатҳи нокифояи ҳавасмандкунии давлатӣ ва тиҷоратикунонии раванди коркарди партовҳо ва истифодаи дубораи он;

- ба талаботи рӯзафзуни сохтмони биноҳои иҷтимоию иқтисодӣ ҷавобгӯ набудани иқтидорҳои мавҷудаи таъминот бо оби нӯшокӣ ва корезӣ.

120. Ҳадафҳои асосии соҳа:

- ташкили низоми устувори хизматрасонии манзилию коммуналӣ дар шаҳру деҳоти кишвар бо кам кардани партовҳои маишӣ ва ба роҳ мондани коркарди он;

- ба таври назаррас коҳиш додани партовҳо тавассути андешидани чораҳо оид ба пешгирӣ, кам кардан, коркард ва истифодаи дубораи онҳо (ҲРУ - 12.5);

- роҳандозии васеи раванди иқтисоди "сабз" дар низоми хоҷагидории манзилию коммуналӣ ва идоракунии партовҳо;

- ҷорӣ намудани низоми ҳавасмандкунии давлатӣ ва тиҷоратикунонии раванди коркарди партовҳо ва истифодаи дубораи он;

- роҳандозии васеи низоми таъминот бо оби нӯшокӣ ва корезӣ дар шаҳрҳо ва деҳот мутобиқ ба талаботи муосир ва принсипҳои иқтисоди "сабз".

121. Вазифаҳои асосии соҳа:

- таҳкими асосҳои институтсионалӣ дар соҳаи хоҷагидории манзилию коммуналӣ ва идоракунии партовҳо;

- таҳияи механизмҳои идоракунии самараноки низоми хизматрасонии манзилию коммуналӣ, ки ба талаботи иқтисоди бозорӣ ҷавобгӯ мебошад;

- тиҷоратикунонии соҳаи коркарди партовҳо дар кишвар;

- ҷалби бахши хусусӣ ба соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ва коркарди партовҳо, ҳамзамон татбиқи васеи механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар соҳа;

- тадриҷан маҳдуд намудани истифодаи борхалтаҳои пластикӣ бо мақсади истифодаи васеи борхалтаҳои аз ҷиҳати экологӣ мувофиқ;

- ба роҳ мондани истеҳсоли ватании қуттиҳо, зарфҳо, борпечониҳо ва борхалтаҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза;

- ҷорӣ намудани стандарти ягона ҷиҳати истифодаи қуттиҳо барои партовҳо бо ҷудокунӣ ба навъҳо;

- ҳангоми сохтмони биноҳои таъиноти иҷтимоию иқтисодӣ пешбинӣ намудани азнавкунии низоми оби нӯшокӣ ва корезӣ дар шаҳру ноҳияҳо.

122. Тадбирҳои асосии соҳа:

- такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, стандартҳо, дастурҳо барои татбиқи принсипҳои иқтисоди "сабз" дар соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ва идоракунии партовҳо;

- ташкили корхонаҳои коркарди партовҳо дар шаҳру ноҳияҳо бо технологияҳои муосир;

- ташкили корхонаҳои хизматрасонии манзилию коммуналӣ бо шарикии давлат ва бахши хусусӣ ва баланд бардоштани самаранокии идораи онҳо;

- қабули санади меъёрии ҳуқуқии дахлдор вобаста ба манъ кардани истифодаи борхалтаҳои пластикӣ дар савдои чакана бо мақсади истифодаи васеи борхалтаҳои аз ҷиҳати экологӣ мувофиқ;

- ҳавасмандгардонии ташкили корхонаҳои коркарди маводҳои пластикӣ ва резинӣ бо мақсади истифодаи дуюмбораи онҳо дар соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ;

- ба тартиб даровардани партовгоҳҳои ҳамаи шаҳру ноҳияҳо вобаста ба меъёрҳои экологӣ;

- ҷорӣ намудани низоми насби қуттиҳо барои партовҳо дар ҳамаи шаҳрҳои кишвар бо ҷудокунӣ ба навъҳо;

- пешбинӣ намудани тағйироти дахлдор ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи соҳа вобаста ба ҳавасмандкунии давлатии раванди коркарди партовҳо ва истифодаи дубораи он;

- таҳияи ҳуҷҷатҳои лоиҳавии сохтмони биноҳои иҷтимоию иқтисодӣ бо назардошти азнавкунии низоми таъминот бо оби нӯшокӣ ва корезӣ.

123. Натиҷаҳои чашмдошт дар ин соҳа:

- санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, стандартҳо, дастурҳо ба принсипҳои иқтисоди "сабз" дар соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ва идоракунии партовҳо мутобиқ мегарданд;

- хизматрасонӣ дар самти хоҷагии манзилию коммуналӣ ва коркарди партовҳои сахти маишӣ ва саноатӣ беҳтар гардида, мутобиқи принсипҳои иқтисоди "сабз" ва иқтисоди бозорӣ роҳандозӣ мегарданд;

- таъмини корхонаҳои хизматрасонии манзилию коммуналӣ бо механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ вусъат меёбанд;

- ҳавасмандкунии давлатии раванди коркарди партовҳо ва истифодаи дубораи он дар соҳаҳои гуногун васеъ ҷорӣ мегардад;

- раванди идоракунӣ дар сохтори хоҷагии манзилию коммуналӣ ба талаботи иқтисоди бозорӣ мутобиқ гардонида мешавад;

- таъминот бо оби нӯшокӣ дар шаҳрҳо ва ноҳияҳо бо дарназардошти талаботи муосири хизматрасонӣ пурра таъмин мегардад;

- низоми корезӣ дар шаҳрҳо ва деҳот мутобиқ ба талаботи муосир ва принсипҳои иқтисоди "сабз" васеъ ба роҳ монда мешавад.

§7. Ҳифз ва истифодаи босуботи сармояи табиӣ ва кам кардани газҳои гулхонаӣ (карбон)

124. Тоҷикистон кишвари кӯҳсор буда (93 фоиз) сармояи табиии он аз манбаъҳои бойи оби нӯшокӣ, гуногунии олами набототу ҳайвонот, парандагон, масоҳати васеи пиряхҳо бо куҳҳои баланд, заминҳои серҳосил, обу ҳавои мусоид, сарватҳои зеризаминӣ ва манбаъҳои бойи маъданҳои куҳӣ иборат мебошанд.

125. Яке аз сарватҳои бузурги Ҷумҳурии Тоҷикистон 947 адад дарёҳо буда, сарчашмаи бузурги захираҳои обиро дар Осиёи Марказӣ ташкил медиҳад.

126. Дар қисмати баланди қаторкуҳҳои Тоҷикистон 14 ҳазор пирях бо масоҳати умумии 8476 км3 мавҷуд аст, ки 8 фоизи ҳудуди кишварро ташкил медиҳад. Зиёда аз се ду ҳиссаи манбаи асосии захираҳои пиряхии минтақа дар қаламрави Тоҷикистон қарор дошта, то имрӯз зиёда аз як ҳазор пиряхи Тоҷикистон об шудааст.

127. Дар кишвар зиёда аз 1300 кӯлҳо бо масоҳати умумии 705 км3 ҷойгир аст, ки яке аз калонтаринаш кӯли Сарез, ки ҳаҷми 16,07 ҳазор м3-ро доро буда, захираи бойтарини махзани оби ошомиданӣ маҳсуб меёбад. Захираҳои обҳои зеризаминии барқароршаванда дар Тоҷикистон 18,7 км3/солро ташкил медиҳанд, ки аз он 2,8 км3/сол захираҳои истифодашаванда маҳсуб меёбанд. Дар Тоҷикистон зиёда аз 200 чашмаҳои шифобахши биотермалӣ вуҷуд доранд.

128. Айни замон дар Тоҷикистон 4 мамнӯъгоҳ ("Бешаи палангон", "Ромит", "Дашти Ҷум", "Зоркӯл"), 13 парваришгоҳ ва Боғи миллӣ вуҷуд дорад, ки масоҳати умумии онҳо 21 фоизи ҳудуди Тоҷикистонро дар бар мегирад. Дар кишвар зиёда аз 80 намуди ширхӯрҳо, 365 намуди паррандаҳо, 49 намуди хазандаҳо, 40 намуди моҳиҳо ва 10 ҳазор намуди ҳашарот мавҷуданд. Дар Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуд растаниҳо ва 222 намуд ҳайвоноте, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор доранд, дохил карда шудааст.

129. Ҷумҳурии Тоҷикистон сарватҳои зеризаминии зиёд дошта, беш аз 400 кон шинохта шуда, қариб 100 кон фаъолият дорад, ки дар онҳо то 40 навъи ашёи хоми минералӣ, аз қабили сӯзишворӣ, маъданӣ (қариб 10 фоиз) ва ғайримаъданӣ (қариб 90 фоиз) истихроҷ ва коркард мешавад. Дар қаламрави кишвар захираи бойи полихимикӣ, сангҳои қиматбаҳо, металҳои нодир, аз қабили руҳ, сурб, висмут, молибден, волфрам, тилло, нуқра, сурма, симоб, газ ва нафт ҷойгиранд.

130. Дар Гузориши чоруми миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Конвенсияи чаҳорчӯбаи СММ оид ба тағйирёбии иқлим Тоҷикистон нишондоди сатҳи канории партобҳои газҳои гулхонаиро то соли 2030 дар сатҳи 21,32 - 24,87 млн. тоннаи эквиваленти CO2 ва то соли 2050 дар сатҳи 1,9 то 2,2 млн тоннаи эквиваленти CO2 ба ҳар сари аҳолиро пешбинӣ намудааст.

131. Дар давоми даҳсолаҳои охир миқдори зиёди партовҳои саноатӣ, комплекси агросаноатӣ ва партовҳо баъди истихроҷи сарватҳои зеризаминӣ ҷамъ шудаанд. Қисмати зиёди ин партовҳо заҳрнок ва баъзе қисмати онҳо радиоактивӣ мебошанд. Вобаста ба рушди саноати истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ барои соҳаҳои коркарди Ҷумҳурии Тоҷикистон миқдори зиёди партовҳои саноатӣ ба вуҷуд меоянд, ки дар асоси таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ онҳоро идора ва коркард кардан зарур аст.

132. Мушкилиҳои соҳа:

- таъсири манфии тағйирёбии глобалии иқлим ба сармояи табии кишвар, аз ҷумла биёбоншавӣ, нобудшавии ҷангалҳо, обшавии босуръати пиряхҳо, нарасидани оби нӯшокӣ, коҳишёбии гуногунии биологӣ ва ғайра;

- норасоии сармояи дохилию хориҷӣ дар самти нигоҳдорӣ, ҳифз ва барқарорсозии сармояи табиӣ;

- имкониятҳои маҳдуди коркарди намудҳои гуногуни партовҳо дар дохили кишвар;

- таназзули захираҳои табиии барқарорнашаванда (замин, об, ҷангал, захираҳои гуногунии биологӣ) дар натиҷаи аз ҳад зиёд истифода намудани онҳо;

- мавҷудияти куҳҳо ва талу теппаҳои бе наботот;

- хусусияти ниҳоӣ доштани захираҳои табиии барқарорнашаванда (канданиҳои гуногун, ангишт, нафт, фулузот ва ғайра);

- бад шудани ҳолати нигоҳдорӣ ва ҳифзи мамнуъгоҳҳо бо сабаби нокифоягии маблағгузорӣ;

- ба қадри зарурӣ таваҷҷуҳ зоҳир нагардидан дар самти олами набототу ҳайвонот, ҳудудҳои махсус муҳофизатшаванда ва хоҷагии ҷангал дар кишвар;

- риоя накардани стандартҳо ва ташкили партовгоҳҳо дар корхонаҳои истихроҷ;

- корбарии нокифояи раванди батанзимдарории партови газҳои гулхонаӣ аз тарафи соҳаҳои иқтисоди миллӣ дар кишвар.

133. Ҳадафҳои асосии соҳа:

- нигоҳдорӣ, ҳифз ва афзун намудани сармояи табиӣ дар кишвар, аз ҷумла пешгирии биёбоншавии заминҳо, зиёд намудани майдони ҷангалзорҳо, пешгирии обшавии пиряхҳо, таъмини дастрасӣ бо оби тозаи нӯшокӣ, таъмини гуногунии биологӣ;

- таъмини шароити мусоид барои фаъолияти якҷояи инсон ва табиат;

- ноил шудан ба азхудкунӣ ва истифодабарии самараноки захираҳои табиӣ (ҲРУ-12.2);

- кам кардани ифлосшавии муҳити зист, ихроҷҳои газҳои гулхонаӣ ва истифодаи босамари захираҳои табиӣ тавассути нигоҳ доштани гуногунии биологӣ ва таҳкими амнияти энергетикӣ.

134. Вазифаҳои асосии соҳа:

- таҳкими асосҳои институтсионалӣ дар самти ҳифз ва истифодаи сармояи табиӣ ва кам кардани партовҳои газҳои гулхонаӣ;

- тақвияти корҳо дар самти коркарду безараргардонии партовҳои саноатии радиоактивӣ ва заҳролуд;

- иҷрои уҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи Созишномаи Париж вабаста ба кам кардани партовҳои газҳои дуоксид ба фазо ва пешгирӣ аз баландшавии ҳарорати глобалӣ ба зиёда аз ду дараҷа бо меъёри Селсий;

- пешгирии вайроншавии экосистемаи дарёҳо, кулҳо, пиряхҳо ва ғайра;

- тақвияти корҳо ҷиҳати истифодаи самараноки мавзеъҳои сайёҳӣ вобаста ба ҳифзи сармояи табиӣ;

- таъмини устувории экологӣ ва мутобиқгардонии иқтисоди миллӣ ба тағйирёбии иқлим дар асоси принсипҳои иқтисоди "сабз";

- арзёбии стратегии экологии таъсир ба муҳити зист;

- пешгирии таназзули захираҳои табиии барқароршаванда (замин, об, ҷангал, захираҳои гуногунии биологӣ);

- ташаккули экосистемаи муосир дар атрофи корхонаҳои истихроҷ ва ҷорӣ намудани меъёр дар ин самт.

135. Тадбирҳои асосии соҳа:

- такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, стандартҳо, дастурҳо барои татбиқи принсипҳои иқтисоди "сабз" дар самти ҳифз ва истифодаи босуботи сармояи табиӣ ва кам кардани газҳои гулхонаӣ (карбон);

- васеъ намудани майдони ҷангалзорҳо дар куҳҳо, талу теппаҳо ва шафати дарёҳо;

- тақвияти фаъолият дар самти таъсиси Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Тоҷикистон;

- қабули стандартҳо ҷиҳати пешгирии зиёд шудани партови газҳои гулхонаӣ дар соҳаи саноат, нақлиёт ва дигар соҳаҳо;

- ташкили ҳудудҳои махсусмуҳофизатшавандаи нав ва васеъ намудани масоҳатҳои ҳудудҳои мавҷуда;

- тақвияти стандартҳо ҷиҳати масофаи иҷозатдодашудаи бунёди ҳамаи намуди иншоот дар шафати дарёҳо, кӯлҳо, обанборҳо ва мамнӯъгоҳҳо бо истифода аз таҷрибаи кишварҳои пешрафта;

- ба анҷом расонидани гузариши идоракунии бахши обӣ ба усули идоракунии ҳавзавӣ (аз маъмуриятӣ ба ҳудуди гидрологӣ);

- таҳияи харитаи имкониятҳои истифодаи намудҳои манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон;

- навсозии харитаҳои обҳои зеризаминӣ ва дарёфти роҳҳои ҳифз ва нигоҳдории онҳо;

- ташкили ҳатмии чорабиниҳо ҷиҳати тозакунии мунтазами соҳилҳо дар кишвар;

- таҳия ва такмили ҳуҷҷатҳои барномавӣ дар самти экология ҳифз ва истифодаи босуботи сармояи табиӣ;

- ба роҳ мондани стандартҳои арзёбии стратегии экологӣ ба муҳити зист;

- зиёд намудани шумораи ҳайвоноту парандагони зери таҳдиди нобудшавӣ қарордошта ва растаниҳои нодир дар мамнуъгоҳҳо ва боғҳои миллӣ;

- пешгирии таназзули замин, об, ҷангал, захираҳои гуногунии биологӣ ва зиёд намудани масоҳати онҳо;

- ҷорӣ намудани стандарти саноати "сабз" бо мақсади ҳифзи экосистемаи атрофи корхонаҳои истихроҷ.

136. Натиҷаҳои чашмдошт дар соҳа:

- санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, стандартҳо, дастурҳо ва ҳуҷҷатҳои барномавӣ ба принсипҳои иқтисоди "сабз" дар самти ҳифз ва истифодаи босуботи сармояи табиӣ ва кам кардани газҳои гулхонаӣ (карбон) мутобиқ мегарданд;

- ҳифз ва истифодаи босуботи сармояи табиӣ ва кам кардани партови газҳои гулхонаӣ (карбон) таъмин мегардад;

- нигоҳдории захираҳои табиии барқароршавандаи кишвар беҳтар мегардад;

- Тоҷикистон ба тағйирёбии глобалии иқлим, биёбоншавӣ (хушкишавӣ), нобудшавии ҷангалҳо, норасоии ашёи хом, нарасидани оби нӯшокӣ ва коҳишёбии гуногунии биологӣ ба қадри зарурӣ тобовар мешавад;

- масоҳати ҷангалзорҳо ва ҳудудҳои махсус муҳофизатшаванда афзоиш ёфта, нигоҳдории набототу ҳайвонот сифатан беҳтар мегардад.

§8. Иштироки кишвар дар бозорҳои ҷаҳонии сармоягузории "сабз"

137. Бозори ҷаҳонии сармоягузории "сабз" дар ду самти асосӣ, аз ҷумла бозори вомбаргҳои "сабз" -и иҷтимоӣ (лоиҳаҳо бо дар назар доштани раванди иҷтимоӣ дар самтҳои сохтмон, маблағгузории лоиҳаҳои манзили истиқоматӣ, дастрасӣ ба маориф, баробарии гендерӣ ва тандурустӣ) ва маблағгузории рушди устувор (бо назардошти навъоварӣ дар раванди "сабз" ва мутобиқ ба ҲРУ) ташаккул ёфта истодааст.

138. Бонкҳои кишвар бо пешниҳод намудани қарзҳои имтиёзнок метавонанд дар раванди амалисозии иқтисоди "сабз" нақши калидиро иҷро намоянд. Бо назардошти ҷорӣ намудани принсипҳои иқтисоди "сабз" дар Тоҷикистон дар баробари ҷалби маблағгузории хориҷӣ эҳтиёҷ ба маблағгузории дохилӣ низ назаррас мегардад.

139. Бо назардошти ба таҳияи Стратегияи рушди иқтисоди "сабз" дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037 барномаҳои дахлдори соҳавӣ таҳия ва амалӣ гардида, дар онҳо ҳамасола маблағгузорӣ ба соҳаи иқтисоди "сабз" аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо (буҷетҳои ҷумҳуриявию маҳаллӣ, сармояи хориҷӣ, ва ғайра) пешбинӣ мегардад, ки ин омил барои рушди зина ба зинаи соҳаи номбурда мусоидат хоҳад намуд.

140. Дар таҷрибаи ташкилотҳои молиявию карзии кишварҳои мутараққӣ имрӯзҳо воситаҳои молиявии "сабз" ба мисли бондҳои "сабз", инчунин қарзи "сабз", депозити "сабз", қарзи ипотекии "сабз", суғуртаи "сабз" паҳн шуда истодаанд. Дар маҷмуъ ин мафҳумро ҳамчун бонкдории масьулиятнок ифода мекунанд, ки механизми он аз ҷониби қонунгузории як қатор кишварҳо ба танзим дароварда шудааст. Дар байни солҳои 20072020 барориши ҷаҳонии вомбаргҳои "сабз" аз 1 миллиард доллар ба 1 триллион доллар афзоиш ёфт.

141. Барои Тоҷикистон ворид шудан ба бозорҳои вомбаргҳои "сабз" ва бондҳои иқлимӣ бо мақсади ҷалби маблағҳои сармоягузории "сабз" аҳамиятнок буда, дар дурнамои наздик ин гуна сармоя барои дастгирии давлат ва ҷонибҳои манфиатдор дар самти амалишавии бастаи лоиҳаҳои "сабз" пешниҳод карда мешавад.

142. Мушкилиҳои соҳа:

- набудани таҷрибаи кофӣ дар самти ворид шудан ба бозори вомбаргҳои "сабз" ва амалиёт дар он;

- норасоии мутахассисон дар самти иштирок дар бозори ҷаҳонӣ ва минтақавии вомбаргҳои "сабз";

- номукаммалии қонунгузорӣ дар самти вомбаргҳои "сабз";

- набудани механизми дақиқи ҷалби сармоягузорӣ бо назардошти раванди иқтисоди "сабз".

143. Ҳадафҳои рушди соҳа:

- ҷалби сармояи хориҷӣ барои татбиқи лоиҳаҳо дар самти иқтисоди "сабз" дар кишвар;

- рушди муносибатҳои бозорӣ вобаста ба муомилоти вомбаргҳои "сабз" ва дигар воситаҳои молиявӣ дар ин самт;

- ҷалби сармоягузории мустақими хориҷӣ барои амалисозии ҳадафу вазифаҳои ҳуҷҷатҳои стратегии амалкунанда дар самти иқтисоди "сабз" (ҲРУ 10.b);

- омода намудани мутахассисони дорои дониш ва таҷрибаи байналмилалӣ дар самти бозори вомбаргҳои "сабз" дар пойгоҳи мукаммал.

144. Вазифаҳои асосии соҳа:

- гузаронидани ислоҳоти институтсионалӣ дар самти ҷалби маблағҳои "сабз" ва институтсионалӣ гардонидани соҳа;

- иштирок дар бозори ҷаҳонии вомбаргҳои "сабз" ва маблағгузории "сабз";

- ҷалби доираи васеи институтҳои бахши давлатӣ ва хусусӣ ба бозори маблағгузории "сабз";

- роҳандозии имконияти истифодаи ҳиссаи (квотаи) ихроҷи газҳои гулхонаии Тоҷикистон дар раванди принсипҳои муосири маблағгузории "сабз";

- ҳавасмандгардонии ҷорӣ намудани технологияи пешрафта аз ҷиҳати экологӣ тоза дар бахши давлатӣ ва хусусӣ;

- марҳила ба марҳила ҷорӣ намудани принсипҳои иқтисоди "сабз" дар бонкдорӣ;

- марҳила ба марҳила барҳам додани субсидияҳои аз ҷиҳати экологӣ зараровар ва андешидани чораҳо ҷиҳати роҳандозии низоми тамғагузории экологӣ;

- ташаккули воситаҳои махсуси молиявӣ барои ҷалби сармоягузорӣ ба самти иқтисоди "сабз";

- ҷалби сармоягузорӣ барои рушди истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия;

- ташкили фондҳои махсус дар самти татбиқи лоиҳаҳои "сабз", аз ҷумла барои роҳандозии барномаҳои ҳудудии рушди иқтисоди "сабз".

145. Тадбирҳои асосии соҳа:

- мутобиқ намудани қонунгузории соҳаи бонкӣ ва молиявӣ бо принсипи иқтисоди "сабз";

- ҷорӣ намудани низоми маблағгузории бонкӣ дар самти ҳифзи муҳити зист ва ҳифзи иҷтимоӣ;

- такмили заминаи меъёрии ҳуқуқии суғуртаи экологӣ;

- таҳияи тавсияҳои методӣ оид ба таснифи воситаҳои молиявӣ ҳамчун воситаҳои молиявие, ки ба сармоягузории рушди иқтисоди "сабз" нигаронида шудаанд;

- иштироки бонкҳои Тоҷикистон дар бозори сармоягузории иқтисоди "сабз";

- таҳияи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар самти иқтисоди "сабз" ва пешниҳоди онҳо ба ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ва шарикони тиҷоратӣ;

- ташкили Фонди сармоягузории иқтисоди "сабз" бо ҷалби сармояи хориҷӣ;

- роҳандозии механизми фурӯши ҳиссаи (квотаи) партови газҳои гулхонаии саҳми Тоҷикистон ба ширкатҳои бонуфузи ҷаҳон;

- пешбурд ва муайян намудани бренди миллиии Тоҷикистон дар самти иқтисоди "сабз";

- ҷалби маблағҳо тавассути механизми вомбаргҳои "сабз" барои бунёди нерӯгоҳҳои барқӣ ва нерӯгоҳҳо аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия;

- амалӣ намудани буҷетикунонии барномавӣ дар самти маблағгузории "сабз";

- ворид шудани Биржаи "Осиёи Марказӣ" дар бозори ҷаҳонӣ ва минтақавии вомбаргҳои "сабз";

- таъсиси ниҳодҳо (ташкилотҳо)-и молиявии махсусгардонидашудаи давлатӣ ва хусусӣ барои маблағгузории лоиҳаҳои "сабз".

146. Натиҷаҳои чашмдошт дар соҳа:

- санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷатҳои барномавӣ ба принсипҳои иқтисоди "сабз" дар самти сармоягузории "сабз" мутобиқ мегарданд;

- дар бозори ҷаҳонии сармоягузории "сабз" мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон устувор мегардад;

- сармоягузории мустақими хориҷӣ барои амалисозии лоиҳаҳои самти иқтисоди "сабз" ба кишвар ҷалб мегарданд.

- мутахассисони дорои дониш ва таҷрибаи байналмилалӣ дар самти бозори вомбаргҳои "сабз" дар кишвар дар пойгоҳи муайян омода карда мешавад.

§9. Такмили қонунгузорӣ ҷиҳати истифодаи васеи иқтисоди "сабз"

147. Сиёсати давлатӣ дар соҳаи иқтисоди "сабз" ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунанда ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавие, ки ба масъалаҳои соҳаи иқтисоди "сабз" алоқамандӣ доранд, асос ёфтааст.

148. Бо назардошти ҷорӣ гардидани принсипҳои иқтисоди "сабз" дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунгузории кишвар зарур арзёбӣ мегардад.

149. Дар ин раванд сарфи назар аз кӯшишҳои ба соҳаи қонунгузорӣ ворид намудани ҷанбаҳои экологӣ баъзе ҳуҷҷатҳои барномавӣ дорои ягон нишондиҳанда ё ҳадафҳои қобили андозагирӣ намебошанд ва тайёр намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки ба татбиқи принсипҳои иқтисоди "сабз" мусоидат менамоянд, ташаккул наёфтаанд.

150. Мушкилиҳои соҳа:

- дар қонунгузории кишвар, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, стандартҳо, регламентҳо ва ҳуҷҷатҳои барномавӣ ба қадри зарурӣ инъикос наёфтани принсипҳои иқтисоди "сабз";

- дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ мушаххас пешбинӣ нагардидани раванди иқтисоди "сабз".

151. Ҳадафҳои асосии соҳа:

- ҷорӣ намудани принсипҳои иқтисоди "сабз" дар қонунгузории кишвар бо назардошти мутобиқшавӣ ба рушди устувор (ҲРУ - 16.b);

- васеъ ба роҳ мондани раванди иқтисоди "сабз" дар ҳуҷҷатҳои стратегии кишвар.

152. Вазифаҳои асосии соҳа:

- ислоҳоти институтсионалӣ ва такмили меъёрҳои ҳуқуқэҷодкунӣ аз рӯи принсипҳои иқтисоди "сабз";

- омӯзиши таҷрибаи қонунгузории кишварҳои хориҷа дар самти иқтисоди "сабз" ва пешниҳод намудани таклифҳои мушаххас оид ба такмили қонунгузорӣ;

- ҷалби мақомоти дахлдори давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба раванди иқтисоди "сабз".

153. Тадбирҳои асосии соҳа:

- такмили қонунгузории кишвар дар самти иқтисоди "сабз" ва ҳамоҳанг сохтани ҳадафҳои стратегӣ бо барномаҳои соҳавӣ ва маҳаллӣ;

- таҳлили ӯҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон дар доираи конвенсияҳо, шартномаҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои сатҳи байналмилалӣ бо максади мутобиқ намудани қонунгузории миллӣ ба талаботи онҳо;

- таҳияи стандартҳо, дастурҳо ва дигар санадҳои зерқонунӣ, ки принсипҳои иқтисоди "сабз" -ро дар Тоҷикистон танзим мекунанд;

- таҳия ва амалисозии механизмҳои арзёбии ҳатмии таъсири фаъолияти банақшагирифташудаи субъектҳои иқтисодӣ ба муҳити зист;

- таҳия намудани низоми умумӣ дар бораи бамеъёрдарории ҳифзи табиат, ки мазмун, вазифаҳо, объектҳо, мақоми ҳуқуқии меъёрҳо, қоидаҳо, ва стандартҳоро муайян мекунад;

- ворид намудани тағйирот ба баъзе санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар қисми такмили низоми бамеъёрдарорӣ дар самти иқтисоди "сабз" ва ҷорӣ намудани тадбирҳо оид ба ҳавасмандгардонии субъектҳои иқтисодӣ барои ҷорӣ намудани технологияҳои беҳтарин;

- ворид намудани тағйирот ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ дар қисмати ҳавасмандгардонии иқтисодии фаъолият дар соҳаи муомилот бо партовҳо;

- марҳила ба марҳила гузаронидани мониторинги қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти иқтисоди "сабз" ва ҳангоми зарурат пешниҳод намудани таклифҳои мушаххас оид ба такмили қонунгузорӣ;

154. Натиҷаҳои чашмдошт дар ин соҳа:

- санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, стандартҳо ва дастурҳо ба принсипҳои иқтисоди "сабз" мутобиқ мегарданд;

- раванди иқтисоди "сабз" дар қонунгузории соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт васеъ роҳандозӣ мегардад.

§10. Рушди сайёҳии экологӣ

155. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паём "Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ" ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2018-ро "Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" ва солҳои 2019-2021 ҳамчун "Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" эълон намуданд. Ҳадафи ин тадбирҳо рушди соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ, рушди сайёҳии экологӣ, инчунин мусоидат кардан ба эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ мебошад.

156. Дар ин раванд Стратегияи рушди сайёҳӣ барои давраи то соли 2030 ва Нақшаи чорабиниҳои он барои солҳои 2019-2022 бо мақсади мушаххас намудани ҳадафу вазифаҳои сайёҳӣ дар кишвар, муаррифии имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва баланд бардоштани саҳми соҳаи сайёҳӣ дар рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар қабул гардидаанд.

157. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзими ҳуқуқии соҳаи сайёҳӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сайёҳӣ" ба роҳ монда шудааст.

158. Дар соли 2021 шумораи шаҳрвандони хориҷие, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардаанд, бо назардошти ҳама намудҳои мақсадҳои сафар (хизматӣ, истироҳатӣ ва ғайра) 517,6 ҳазор нафарро ташкил намудааст. Аз шумораи умумии шаҳрвандони хориҷие, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардаанд 296,3 ҳазор нафарашон ба ҳайси сайёҳ (тибқи методологияи Созмони Умумиҷаҳонии Сайёҳӣ) арзёбӣ мегарданд.

159. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон намудҳои зерини ояндадори сайёҳӣ, аз ҷумла сайёҳии таърихию фарҳангӣ, кӯҳнавардӣ, табобатию курортӣ, экскурсионӣ ва экологӣ мавҷуд мебошанд. Сайёҳии экологӣ яке аз намудҳои зудинкишофёфтаистодаи соҳаи сайёҳӣ маҳсуб ёфта, рушди солонаи он аз 10 то 30 фоизро ташкил медиҳад.

160. Рушди сайёҳии экологиро ҳамчун омили тиҷоратикунонии табиат ба манфиати ҷомеа ва дарёфти захираҳо барои ҳифз ва барқарор намудани сармояи табиӣ, баррасӣ кардан мумкин аст. Таҷрибаи бисёр кишварҳои ҷаҳон нишон медиҳад, ки рушди сайёҳии экологӣ барои рушди иқтисоди "сабз" аҳамияти муҳим дорад.

161. Барои ноил шудан ба ҳадафҳои рушди ин бахш дар баробари фаъолият оид ба иттилоотонӣ, таҳияи механизми самарабахши татбиқи сиёсат ва банақшагирии тадбирҳо, такмили заминаи институтсионалии дахлдор, инчунин тавсири ҷолибии кишвар зарур аст.

162. Бино ба маълумоти Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ (UNWTO) дар ҳолати сармоягузории сабзи оқилона имконияти рушди минбаъдаи соҳа бо саҳми муҳим дар пасткунии оқибатҳои тағйирёбии иқлим имконпазир аст.

163. Дар ин раванд ҳангоми истифода кардани тадбирҳои муштарак, ба монанди ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ дар соҳа, гузариш ба нақлиёти "сабз", идоракунии самараноки энергия дар меҳмонхонаҳо ва дигар инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ ноил шудан мумкин аст. Бино ба арзёбиҳои байналмилалӣ як ҷойи корӣ дар соҳаи асосии сайёҳӣ барои ташкили якуним ҷойҳои кории иловагӣ ё ҷойҳои кории ғайримустақим дар бахшҳои марбут ба сайёҳӣ мусоидат мекунад. Дар ин раванд ҷалби табақаҳои камбизоат ба самти хизматрасонии сайёҳии экологӣ яке аз омилҳои муҳимми рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоб рафта, барои баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми кишвар мусоидат мекунад.

164. Сайёҳии экологӣ принсипҳои cайёҳии устуворро бо мақсади баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, нигоҳ доштани низомҳои экологӣ ва сармояи табиӣ барои наслҳои оянда фаро мегирад. Соҳаи сайёҳии кишвар тавассути рушди марказҳои иттилоотии сайёҳии экологӣ, ки фаъолияти онҳо ба рушди сайёҳии байналмилалӣ ва дохилӣ, ба ташаккул ва паҳн намудани иттилоот дар бораи кишвар ва иқтидори сайёҳии он мусоидат менамояд, роҳандозӣ мегардад.

165. Бо назардошти хусусиятҳои ландшафти табиии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвар имконияти инкишофи сайёҳии кӯҳнавардӣ фароҳам оварда шудааст, ки барои рушди алпинизм ва лижаронии кӯҳӣ мусоидат менамояд.

166. Мушкилиҳои соҳа:

- дар қонунгузорӣ ва ҳуҷҷатҳои барномавии кишвар дар сатҳи зарурӣ пешбинӣ нагардидани рушди сайёҳии экологӣ дар кишвар;

- ба талаботи муосир ҷавобгӯ набудани инфрасохтори сайёҳии экологӣ дар мавзеъҳои имконпазир;

- таҷрибаи кофӣ надоштани мутахассисони соҳаи сайёҳӣ аз пешбурди сайёҳии экологӣ дар кишвар;

- ҳамбастагии сусти соҳаҳои ёрирасони сайёҳӣ;

- муаррифии нокифояи имкониятҳои сайёҳии экологии Тоҷикистон берун аз кишвар;

- рақобатпазир набудани хизматрасонии сайёҳии экологӣ дар кишвар.

167. Ҳадафҳои асосии соҳа:

- таъмини пешбурди сайёҳии устувор ва дастгирии рушди сайёҳии экологӣ дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва ҳудудҳои махсус муҳофизатшаванда;

- ташаккули низоми мукаммалсозии пешниҳоди хизматрасонии экологӣ ва бунёди инфрасохтори "сабз";

- баланд бардоштани рақобатпазирии хизматрасониҳои сайёҳии экологӣ;

- фароҳам овардани шароити мусоид барои сайёҳон ва васеъ намудани экосистема бо мақсади ҷалби сайёҳон;

- таъмини пешбурди сайёҳии устувор бо мақсади таъсиси ҷойҳои корӣ, муаррифии фарҳанги миллӣ ва маҳсулоти ватанӣ (ҲРУ -8.9);

- рушди сайёҳии экологии дар шакли ҷамоат асосёфта.

168. Вазифаҳои асосии соҳа:

- такмили қонунгузории кишвар дар самти сайёҳии экологӣ;

- ташаккули мавзеъҳои сайёҳии экологӣ, диверсификатсияи хатсайрҳои сайёҳии экологӣ ва беҳтар гардонидани инфрасохтори он;

- таъмини бехатарии буду бош дар раванди сайёҳии экологӣ;

- ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ барои рушди сайёҳии экологӣ;

- тақвияти омодасозии мутахассисон дар самти сайёҳии экологӣ;

- зиёд намудани ҳиссаи сайёҳии экологӣ дар даромадҳои умумии соҳаи сайёҳӣ, буҷети давлатӣ ва ММД;

- рушди сайёҳии экологӣ тавассути пешниҳоди самтҳои ҷолибу нодир;

- дастгирии ташкили сайёҳии экологӣ дар шакли ҷамоат асосёфта;

- тақвияти фаъолияти мубодилаи иттилоотӣ байни аҳолии маҳаллӣ ва сайёҳон.

169. Тадбирҳои асосии соҳа:

- такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои тақвияти соҳаи сайёҳии экологӣ;

- таҳия ва амалӣ намудани харитаи роҳ ва феҳристи электронии объектҳои сайёҳии экологӣ дар тақсимоти минтақаҳо;

- амалисозии шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар соҳаи сайёҳии экологӣ;

- баланд бардоштани сатҳи ҳамоҳангсозии байниидоравӣ ва ҷалби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди сайёҳии экологӣ;

- ҷорӣ намудани технологияҳо ва хизматрасониҳои инноватсионӣ дар соҳаи сайёҳии экологӣ;

- таъмини рушди сайёҳии кӯҳнавардӣ, аз ҷумла табобатию курортӣ, экскурсионӣ, экологӣ, алпинизм ва лижаронии кӯҳӣ;

- ташкил ва рушди минтақаҳои махсус муҳофизатшаванда ва беҳтаргардонии ҳолати шифогоҳҳо;

- тарҳрезии иншооти сайёҳӣ бо дар назар доштани осебпазирии мавзеъҳои табиӣ ва фароҳам овардани имкониятҳо барои сарфаи энергия ва захираҳо;

- таъмини идоракунии самараноки энергия дар меҳмонхонаҳо, кемпингҳо ва дигар инфрасохтори соҳаи сайёҳии экологӣ;

- таҳия ва тасдиқи хатсайрҳои сайёҳии экологӣ бо қоидаҳои рафтори сайёҳон (ёдномаҳо), ки талаботи риояи меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва экологиро инъикос менамояд;

- ҳавасмандгардонии бахши хусусӣ дар соҳаи сайёҳии экологӣ;

- тақвияти ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатии сайёҳӣ бо муассисаҳои таҳсилоти касбӣ ва бозори меҳнати мамлакат;

- рушди марказҳои иттилоотии сайёҳии экологӣ бо мақсади мусоидат намудан ба рушди сайёҳии байналмилалӣ ва дохилӣ;

- ташаккул ва паҳн кардани иттилоот дар бораи иқтидору имкониятҳои сайёҳии экологии кишвар;

- ташаккули механизми пешниҳоди хизматрасонии сайёҳии экологӣ дар деҳот дар шакли ҷамоат асосёфта.

170. Натиҷаҳои чашмдошт дар ин соҳа:

- санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷатҳои барномавӣ ба принсипҳои иқтисоди "сабз" дар самти сайёҳии экологӣ мутобиқ мегарданд;

- сатҳи баланди сифат ва бехатарии сайёҳии экологӣ таъмин мегардад;

- фаъолияти иштирокчиёни бозори сайёҳӣ устувор мегардад;

- афзоиши шумораи сайёҳони экологӣ ҳамасола дар ҳудуди на камтар аз 20 фоиз таъмин мегардад;

- иншооту инфрасохтори сайёҳии экологӣ ба талаботи замони муосир дар минтақаҳои кишвар бунёд мегарданд;

- бренди миллии сайёҳии экологӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ мегардад.

§11. Тақвияти маърифати экологӣ ва баробарҳуқуқӣ

171. Бо мақсади тақвияти маърифати экологӣ ва баробарҳуқуқӣ дар ин самт ва баҳри таъмини муносибати эҳтиёткорона ва ҳифзи муҳити зист, риоя кардани меъёрҳои ахлоқӣ дар раванди муносибат бо табиат ва истифодаи захираҳои табиӣ ва таблиғоти ҳадафҳои экологӣ дар кишвар ҳуҷҷатҳои барномавӣ, аз ҷумла Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 роҳандозӣ гардида, дар доираи он то 1 январи соли 2022 бо истифода аз маблағҳои давлатӣ, шарикони рушд ва дигар сарчашмаҳо дар ҳаҷми 443,8 ҳазор сомонӣ чорабиниҳо амалӣ гардидаанд.

172. Таълими экологӣ омили муҳимтарин барои рушди устувор буда, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи ҳамаи зинаҳои таҳсилот фанҳои "Шиносоӣ бо муҳити зист", "Табиатшиносӣ", "Экология" "Биоэкология", "Геоэкология", "Радиоэкология", "Мониторинги экологӣ", "Экологияи тиббӣ", "Экологияи кишоварзӣ" ва ғайра ба роҳ монда шудааст.

173. Дар Тоҷикистон дар самти таълими экологӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, тибқи нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои олии касбии ҷумҳурӣ аз рӯи равияи экология соли таҳсили 2021-2022-юм 595 ҷой ва барои соли таҳсили 2022-2023-юм 695 ҷой ҷудо гардидааст.

174. Бо мақсади тақвияти маърифати экологӣ ва баробарҳуқуқӣ дар кишвар озмунҳои ҷумҳуриявии "Экожурналистон", "Табиатдӯстони ҷавон", "Экологҳои ҷавон", "Омӯзгори экологии беҳтарин", "Шеър ва ҳикояи беҳтарин" ва аксияҳои "Тозагии соҳил", "Тозагии маҳал", "Тозагии роҳ" ташкил ва гузаронида мешаванд.

175. Дар баробари ин бо мақсади ворид намудани масъалаҳои тағйирёбии иқлим ба модулҳо (дастурҳо)-и омӯзишии мавҷуда ё банақшагирифташуда ҷиҳати омодагӣ ба ҳолати фавқулода (аз ҷумла ҳароратҳои паст ва баланд, обхезӣ, хушксолӣ ва ғайра) барои гурӯҳҳои осебпазир, хусусан занон ва кӯдакон тадбирҳо роҳандозӣ гардидаанд.

176. Бо назардошти хусусиятҳои миллии кишвар воситаи муҳими таъмини рушди иқтисоди "сабз" дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ташаккули тафаккур ва маърифати экологӣ мебошад. Зеро ташаккули фарҳангу маърифати экологӣ дар кишвар ва таъмини самаранокиву сарфакоронаи истифодаи қувваи барқ, об ва дигар захираҳои табиӣ муҳим аст.

177. Дар робита ба ин, гузариш ба иқтисоди "сабз" таҳкими назарраси маърифати экологиро дар самти бештар таваҷчӯҳ намудан ба мавзӯъҳои ҳифзи муҳити зист ва истифодаи оқилонаи сармояи табииро тақозо мекунад. Инчунин ташаккули стандартҳои таълимии насли нав бо назардошти принсипҳои иқтисоди "сабз" зарур аст.

178. Гузариш ба иқтисоди "сабз" омодакунии мутахассисонро дар сатҳи истеҳсолот низ тақозо мекунад, ки он асосан тайёр намудани мутахассисонро роҷеъ ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист дар бар мегирад.

179. Бо мақсади оммавӣ гардонидани ғояи иқтисоди "сабз" дар ҷомеа, муттаҳидшавӣ ва ҳамоҳангсозии кӯшишҳои муассисаҳои давлатӣ, соҳибкорон ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ барои тақвияти маърифати экологӣ ва баробарҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур мебошад.

180. Мушкилиҳои соҳа:

- дар қонунгузорӣ ва ҳуҷҷатҳои барномавии кишвар дар сатҳи ҷавобгӯ ба талаботи байналмилалӣ пешбинӣ нагардидани ҷавобгарӣ, ӯҳдадориҳо дар ҳолати расонидани зарар ба муҳити зист ва баробарҳуқуқӣ дар ин самт;

- то ҳол ба қадри зарурӣ роҳандозӣ нагардидани маърифати партовпартоии аҳолӣ бо ҷудо намудани партовҳо ба намудҳо;

- сатҳи пасти коркарди партовҳо, аз ҷумла партовҳои сахти маишӣ;

- нокифоягии ҷорӣ намудани масъалаҳои маърифати экологӣ дар стандартҳои таълимӣ;

- самаранокии нокифояи низоми мониторинги муҳити зист;

- ба қадри зарурӣ мутобиқ набудани инфрасохтори маҳалҳо ва аҳолии он ба тағйирёбии иқлим ва офатҳои табиӣ, аз ҷумла сел, тарма, сангрез, заминҷумбӣ, обхезӣ ва ярч.

181. Ҳадафҳои асосии соҳа:

- таъмини рушди устувор, аз ҷумла тавассути таълими маърифати экологӣ ва баробарии гендерӣ (ҲРУ - 4.7);

- баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии экологии аҳолӣ;

- таъмини дастрасии баробар ба хизматрасонии экологӣ ва шароити беҳдоштӣ;

- паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва нобаробарии гендерӣ;

- ҷорӣ намудани низоми муосири огоҳии барвақтӣ аз офатҳои табиӣ (ҲРУ - 13).

182. Вазифаҳои асосии соҳа:

- таҳкими асосҳои институтсионалӣ ва стандартҳои таълимӣ дар самти тақвияти маърифати экологӣ ва баробарҳуқуқӣ;

- ҳамгироии принсипҳои иқтисоди "сабз" ба низоми маориф ва илм;

- иштирок дар лоиҳаҳои пажуҳишҳои байналмилалӣ, аз ҷумла аъзогӣ дар институтҳои глобалӣ дар самти иқтисоди "сабз";

- таъмини дастрасии ҳамаи қишрҳои ҷомеа новобаста аз ҷинс ва синну сол ба муҳити тоза ва безарар;

- татбиқи таҷрибаи муосири маърифати экологӣ;

- баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ аз офатҳои табиӣ;

- таълимдиҳӣ, ташаккули донишҳо ва малакаи умумӣ дар самти маърифати экологӣ;

- роҳандозии низоми муосири огоҳии барвақтӣ аз офатҳои табиӣ дар кишвар;

- ташкили пахши барномаҳои таълимӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ва истифодаи оқилонаи сармояи табиӣ дар васоити ахбори омма;

- беҳтар намудани ҳолати муҳити зист, сифати зиндагӣ ва таъмини баробарҳуқуқӣ.

183. Тадбирҳои асосии соҳа:

- такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои тақвияти маърифати экологӣ ва баробарҳуқуқӣ;

- таҷдиди назар намудани барномаҳои таълимӣ дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ бо таваҷҷӯҳи бештар ба мавзӯъҳои ҳифзи муҳити зист, истифодаи оқилонаи сармояи табиӣ ва асосҳои иқтисоди "сабз";

- дар Таснифоти давлатии равия ва ихтисосҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Стандарти давлатии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани ихтисоси "Иқтисоди сабз";

- таъмини дастгирии тадқиқоти илмӣ ва коркардҳои инноватсионӣ дар самти технологияҳои "сабз";

- шомилшавӣ ба узвияти Институти глобалии рушди сабз (GGGI);

- ташаккули маҷмӯи тадбирҳо дар раванди тақвияти маърифати экологӣ бо мақсади сарфаи об, газ ва нерӯи барқ;

- ҷорӣ намудани фанни таълимии маърифати экологӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнам умумӣ;

- такмили ихтисос дар самти маърифати экологӣ;

- ба стандартҳои ҳамаи сатҳҳои таълим ворид намудани масъалаҳои рушди устувор, ба монанди тағйирёбии иқлим, самаранокии энергия, истифодаи манбаъҳои тачдидшавандаи энергия, амнияти экологӣ, пешгирӣ намудани ҳолатҳои фавқулодда ва ғайра;

- ташкили марказҳои махсус ҷиҳати омӯзиш, мониторинг ва огоҳии барвақтӣ аз офатҳои табиӣ дар минтақаҳои осебпазир;

- ташкили пахши барномаҳои таълимӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ва истифодаи оқилонаи сармояи табиӣ дар телевизиони "Илм ва табиат";

- гузаронидани мизҳои мудаввар, конфронсҳо ва семинарҳо бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ оид ба музокирот дар бораи тағйирёбии иқлим, иқтисоди "сабз", маърифати экологӣ ва баробарҳуқуқӣ;

- ташкили курсҳои такмили ихтисос оид ба масъалаҳои иқтисоди "сабз" барои хизматчиёни давлатӣ, махсусан дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ;

- ташаккули низоми меъёрии ҳуқуқӣ ва коркардҳои барномавӣ дар самти таъминоти оби нӯшокӣ, санитария ва беҳдошт бо таваҷҷуҳ ба талаботи занону духтарон, инчунин шахсони осебпазир;

- тарғиби васеи истеъмоли маҳсулоти органикӣ ва ғизои истеҳсоли маҳаллӣ;

- таҳкими иқтидори маҳаллӣ, аз ҷумла табақаҳои осебпазир дар самти омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода, офатҳои табиӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим;

- таъмини устувории фаъолияти марказҳои махсуси омӯзиш, мониторинг ва огоҳии барвақтӣ аз офатҳои табиӣ дар минтақаҳои осебпазир.

184. Натиҷаҳои чашмдошт дар ин соҳа:

- бо маърифати экологӣ ва баробарҳуқуқӣ тамоми қишри ҷомеа фаро гирифта мешавад;

- масъулияти шаҳрвандон барои ҳифзи муҳити зист ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ баланд бардошта мешавад;

- назорати ҷамъиятии ҳифзи муҳити зист ташаккул меёбад;

- мутахассисони дорои донишҳои муосири экологӣ зиёд гардида, маърифати экологӣ ва баробарҳуқуқӣ тақвият дода мешавад;

- ҳуқуқҳои наслҳои оянда ба муҳити зисти солим, баробарҳуқуқӣ ва адолати иҷтимоӣ, идоракунии партовҳо, саломатӣ, ташаккули фарҳанги экологии рафтор ва дарки муносибати сарфакорона нисбат ба истифодаи қувваи барқ, об ва дигар захираҳои табиӣ таъмин мегардад.

§12. Рушди шуғли "сабз"

185. Тамоюли нави бозори меҳнати муосир, рушди шуғли аҳолӣ дар асоси принсипҳои иқтисоди "сабз" мебошад. Хусусияти фарқкунандаи чунин сиёсат ин ташаккули бозори меҳнат бо назардошти ҷойҳои кории "сабз" буда, он ба коҳиш додани таъсири манфӣ ба муҳити зист, истифодаи самараноку оқилонаи захираҳо ва беҳбудии вазъи экологӣ мусоидат мекунад.

186. Таъмини моделҳои оқилонаи истеҳсолот дар натиҷаи ҷорӣ намудани технологияҳои нави сарфакунандаи нерӯ ва захираҳо, коҳишдиҳии партовҳои саноатӣ ва партови CO2, ки имконияти шуғли "сабз" -ро (яъне омезиши меҳнати сазовор бо истифода аз технологияҳои тоза) фароҳам меоварад, ба даст ояд.

187. Бо мақсади пайвасти суръати рушди иқтисодӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ, дар ин замина баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолии кишвар тавассути гузариш ба шуғли "сабз" роҳандозӣ гардида, шумораи аҳолии бо кор машғулбуда ба ҳисоби миёна ҳамасола 16000 нафар зиёд мегардад. Мутобиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 шумораи аҳолии қобили меҳнат бо назардошти шуғли "сабз" то 6,8 млн. нафар ё 70 фоиз зиёд мегардад.

188. Ҷойҳои кории "сабз" бояд ба меъёрҳои зерин ҷавобгӯ бошанд, аз ҷумла музди меҳнати муносиб, шароити бехатари меҳнат ва риояи ҳуқуқҳои корманд. Дар ин раванд тамоюлҳои асосии шуғли "сабз" ин ташаккули самтҳои нави фаъолияти иқтисодии марбут ба ҳифзи муҳити зист, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва энергетикӣ, кам кардани партовҳои газҳои гулхонаӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир, коркарди партовҳо, истеҳсоли маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза ва соҳибкорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист мебошанд.

189. Мушкилиҳои соҳа:

- нокифоягии ташкили ҷойҳои кории "сабз";

- мавҷуд набудани мувозинат байни бозори хизматрасониҳои таълимӣ ва бозори меҳнат;

- сатҳи нокифояи малакаи мутахассисони соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар ҷавобгӯ ба талаботи иқтисоди "сабз";

- раванди таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар самти иқтисоди "сабз" ба қадри зарурӣ ташаккул наёфтааст;

- ба мушоҳида расидани нобаробарии гендерӣ дар бахши шуғли аҳолӣ;

- номукаммалии идораи раванди муҳоҷирати экологӣ.

190. Ҳадафҳои асосии соҳа:

- дақиқ намудани мафҳуми ягонаи шуғли "сабз" дар қонунгузории кишвар;

- тавсеаи шуғли пурмаҳсул, аз ҷумла шуғли "сабз" дар кишвар бо таъмини маҳсулнокии меҳнат, сатҳи муносиби маош ва шароити бехатари кор (ҲРУ - 8);

- ташкили бозори меҳнати рақобатпазири дохилӣ бо назардошти раванди иқтисоди "сабз";

- зиёд намудани ҳиссаи шуғли "сабз" дар иқтисодиёти кишвар.

191. Вазифаҳои асосии соҳа:

- такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷатҳои барномавӣ дар самти шуғли "сабз";

- такмили низоми муносибатҳои меҳнатӣ дар таъмини шуғли "сабз";

- мушаххас намудани мафҳуми "шуғли сабз" дар қонунгузории кишвар;

- таҳия ва қабули стандартҳои ҷойҳои кории "сабз";

- рушди бозори меҳнат бо истифодаи васеи раванди иқтисоди "сабз";

- ташкил намудани шуғли "сабз" бо назардошти талаботи рушди инноватсионӣ ва татбиқи технологияҳои муосир дар соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар;

- роҳандозии як қатор тадбирҳои ҳавасмандкунанда ба субъектҳои иқтисодӣ барои рушди шуғли "сабз";

- таъмини мутобиқати таҳсилоти касбӣ ба талаботи бозори меҳнат ва иқтисоди "сабз".

192. Тадбирҳои асосии соҳа:

- такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои тақвияти шуғли "сабз";

- бо ворид намудани тағйирот пешбинӣ намудани мафҳуми "шуғли сабз" дар Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- такмили низоми оморӣ дар самти бозори меҳнат бо инъикоси шуғли "сабз" дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ;

- таҳия ва қабули стандартҳои ҷойҳои кории "сабз";

- такмили заминаи меъёрию ҳуқуқӣ оид ба ҳифзи муҳоҷирони экологӣ;

- такмили низоми ҳифзи меҳнат, аз ҷумла дар доираи шуғли "сабз";

- амалӣ намудани тадбирҳои ҳавасмандкунанда ба субъектҳои фаъолияти дохилӣ ва хориҷӣ барои ташкили ҷойҳои кории "сабз";

- ташкили ҷойҳои кории "сабз" дар соҳаҳои саноат, энергетика, кишоварзӣ, нақлиёт, сайёҳӣ, сохтмон, хоҷагии манзилию коммуналӣ ва коркарди партовҳо;

- таъмини афзоиши мутахассисон дар самти татбиқи технологияҳои инноватсионии раванди иқтисоди "сабз";

- таъмини мутобиқати талаботи гендерӣ дар бахши шуғли аҳолӣ.

193. Натиҷаҳои чашмдошт дар соҳа:

- санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷатҳои барномавӣ ба принсипҳои иқтисоди "сабз" дар самти шуғл мутобиқ мегарданд;

- шумораи ҷойҳои кории "сабз" афзоиш меёбад;

- мутахассисон дар самти татбиқи технологияҳои инноватсионии раванди иқтисоди "сабз" ташаккул меёбанд;

- коҳиши сатҳи бекорӣ ва афзоиши самаранокии меҳнат таъмин мегардад.

5. МАРҲИЛАҲОИ АСОСИИ АМАЛИСОЗИИ СТРАТЕГИЯ

194. Стратегия дар 5 марҳила бо Нақшаи амали он, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, амалӣ гардонида мешавад.

195. Татбиқи амалии Стратегия аз ҷониби вазорату идораҳо, мақомоти ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва бахши ғайридавлатӣ бо ҷалби шарикони рушд ба роҳ монда мешавад.

196. Механизми амалишавии Стратегия аз низоми чораҳои хусусияти ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилидошта, инчунин чорабиниҳои мушаххас оид ба самтҳои асосии сиёсати давлатӣ иборат мебошад.

197. Барои амалисозии самараноки мақсад ва вазифаҳои дар Стратегияи пешбинигардида, аз ҷониби ҳамаи иҷрокунандагон дар заминаи нақшаи чорабиниҳои Стратегия нақшаи чорабиниҳои идоравӣ таҳия карда мешаванд, ки он давраҳои амалисозии Стратегияро дар бар мегирад.

198. Нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравӣ бояд ба нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегия мутобиқ бошад ва чорабиниҳоеро дарбар гирад, ки вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳои дигар дар таъмини иҷрои он аз рӯи самти фаъолият ба ҳайси иҷрокунандаи асосӣ ва ё ҳамиҷрокунанда масъул бошанд.

199. Тартиби амалишавии Стратегия дар фароҳам овардани муносибати маҷмӯӣ ба ташаккули низоми чорабиниҳои банақшагирифташуда ва дар ҳамбастагӣ баррасӣ намудани онҳо, пайдарпай амалӣ намудани чорабиниҳо, ошкорбаёнӣ ва ҷалби васеи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ифода меёбад.

200. Стратегияи рушди иқтисоди "сабз" дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037 ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафу вазифаҳои дар бахшҳои он муайянгардида ба панҷ марҳила тақсим мегардад:

- марҳилаҳои якум ва дуюм (солҳои 2023-2025 ва солҳои 2026 - 2028) чорабиниҳо дар самти оммавигардонии маълумот оид ба иқтисоди "сабз", таълим ва ташаккули тафаккури иқтисодию экологӣ, ҷорӣ намудани принсипҳои иқтисоди "сабз" дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, риоя намудани онҳо ҳангоми қабули қарорҳои идоракунӣ ва оғози амалигардонии стандартҳои иқтисоди "сабз" дар соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии кишварро дар бар мегирад, ки барои онҳо маблағгузории давлатӣ ва шарикони рушд зарур аст;

- марҳилаҳои сеюм ва чорум (солҳои 2029-2031 ва солҳои 2032-2034) чорабиниҳо дар самти ҷорӣ намудани принсипҳои иқтисоди "сабз" дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, нақлиёту инфрасохтор, сохтмон, хоҷагию манзилии коммуналӣ, сайёҳӣ, сармоягузорӣ, ҳифзи муҳити зист ва кам кардани газҳои гулхонаӣ, инчунин идомаи таҳкими асосҳои институтсионалии иқтисоди "сабз" дар кишварро дар бар мегирад;

- марҳилаи панҷум (солҳои 2035-2037) чорабиниҳо дар самти рушди иқтисоди "сабз", нигоҳ доштан, афзун намудан ва истифодаи босуботи сармояи табиӣ ва афзоиши сармоягузорӣ дар асоси принсипи иқтисоди "сабз"-ро дар бар мегирад. Дар ин марҳила бозори рушдкардаистодаи сармоягузории "сабз" дар кишвар ташаккул меёбад.

201. Ҳадафу вазифаҳо ва чорабиниҳои марҳилавӣ бо назардошти тағйирёбии вазъи муосир ва афзалиятҳои стратегӣ такмил ва тақвият дода мешаванд.

202. Муваффақияти татбиқи ғояи иқтисоди "сабз" ба мавқеи фаъол ва ҳавасмандии ҳар як шахс вобаста аст. Ин ҳолат таъмини фаврии донишҳои экологӣ ва беҳтар кардани фаъолияти маърифатӣ ва равшанфикриро дар раванди гузариш ба иқтисоди "сабз" муайян мекунад.

203. Натиҷаи татбиқи Стратегияи рушди иқтисоди "сабз" дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037 ангезиши ҳаракати фарогирро барои дастгирии рушди устувор ҳамчун афзалияти фаъолнокии ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муайян намудани мавзӯъҳои иқтисоди "сабз"-ро ҳамчун самти муҳими дастгирӣ аз ҷониби давлат ва бахши хусусӣ тақозо мекунад.

6. НИЗОМИ МОНИТОРИНГ ВА АРЗЁБӢ

204. Мақсади асосии мониторинг ва арзёбӣ барои таъмин намудани нишондиҳандаҳои самаранок, оқилона, шаффоф ва баҳри ноил гардидан ба ҳадафу вазифаҳои Стратегия, равона карда шудааст.

205. Мониторинг ва арзёбӣ дар асоси мушоҳидаҳои мунтазами раванди амалишавии чорабиниҳо барои ноил шудан ба мақсаду вазифаҳои Стратегия, индикаторҳои мушаххас ва мувофиқ, инъикоси мустақими натиҷаҳои фосилавӣ оид ба иҷрои чорабиниҳои банақшагирифташуда, ноил гардидан ба параметрҳои мақсадноки дурнамо, натиҷаҳои фосилавии чораҳои сиёсат, ки дар Стратегия пешбинӣ гардидаанд, гузаронида мешаванд (замима мегардад).

206. Принсипҳои асосии низоми мониторинг ва арзёбии раванди татбиқи Стратегия, ки бевосита ба ноил гардидан ба ҲРУ алоқаманд мебошанд, инҳоянд:

- таъмини равандҳои мустақили низоми мониторинг ва арзёбӣ, шаффофият ва ҳисоботдиҳӣ;

- таваҷҷуҳ ба натиҷа ва афзалиятҳои Стратегия;

- истифодаи технологияҳои нави мониторинг ва арзёбӣ;

- иштироки ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор - ҷалби мақомоти сатҳи миллӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ҳамаи сатҳҳо, мақомоти худидораи маҳаллӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, бахши хусусӣ ва шарикони рушд;

- муназзамӣ ва мунтазамӣ;

- дастрасӣ ба иттилоот ва пешниҳоди иттилооти босифат, муҳим ва боэътимод;

- риояи меъёру қоидаҳо;

- ошкорбаёнӣ ва шафофият.

207. Равандаи мониторинг ва арзёбӣ аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдо якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор амалӣ карда мешавад.

208. Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти рушди иқтисоди "сабз" бо мақсади амалӣ намудани назорати иҷрои вазифаҳои дар Стратегия пешбинишуда, дар доираи салоҳияти худ, мониторинг ва арзёбии раванди амалишавии Стратегия ва ҳамоҳангсозии корҳоро вобаста ба он анҷом медиҳад.

209. Низоми мониторинг ва арзёбии Стратегия ҳамчунин низоми ҳисоботии дахлдорро аз рӯи натиҷаҳои амалишавии Стратегия ва марҳилаҳои он дар бар мегирад. Бо ин мақсад дар ҳамаи мақомоти соҳавӣ ва ҳудудии идоракунӣ, шахсони масъул муайян карда мешаванд, ки барои гузаронидани мониторинг ва баҳодиҳӣ дар идораҳои худ ҳамоҳангсози он мебошанд.

210. Вазорату идораҳои масъул, аз ҷумла Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мунтазам ҷамъоварии саривақтӣ, коркард ва пешниҳоди нишондодҳои асосиро аз рӯи индикаторҳо ба мақомоти ҳамоҳангсози давлатӣ оид ба мониторинг ва арзёбии Стратегия таъмин менамоянд.

211. Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар якҷоягӣ бо мақомоти дахлдори соҳавӣ ва минтақавии идоракунӣ, маълумоти таҳлилиро омода намуда, вобаста ба амалишавии Стратегияи рушди иқтисоди "сабз" дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037 ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш пешниҳод менамояд.

212. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботро вобаста ба амалишавии Стратегия баррасӣ менамояд ва ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо ва беҳтар намудани самаранокии низоми мониторинг ва арзёбӣ супоришҳои мушаххас медиҳад.

213. Низоми мониторинг ва арзёбии Стратегия имкон медиҳад, ки ҳамоҳангии қарорҳои қабулшаванда ва натиҷаҳои амалишавии Стратегия ба роҳ монда шуда, шаффофияти амалишавӣ ва ҳисоботдиҳии он таъмин гардад.

7. МАНБАЪҲОИ МАБЛАҒГУЗОРИИ АМАЛИСОЗИИ СТРАТЕГИЯ

214. Амалисозии ҳадафу вазифаҳои Стратегия дар доираи маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ, буҷети маҳаллӣ, созмонҳои байналмилалии молиявӣ, шарикони рушд, бахши хусусӣ ва аз дигар манбаъҳои маблағгузорӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, таъмин карда мешаванд.

215. Арзёбии талабот ба захираҳо ҷиҳати амалисозии бомуваффақияти Стратегия ба дурнамои рушди иқтисодӣ ва афзоиши аҳолӣ асос ёфтааст, ки иқтидори захиравии иқтисоди кишварро ба хароҷоти молиявӣ, инчунин ҳаҷми зарурӣ ва самтҳои афзалиятноки тадбирҳоро оид ба ноил шудан ба ҳадафҳои гузошташуда дар давраи дарозмуҳлат ва миёнамуҳлат муайян мекунад.

216. Яке аз манбаъҳои асосии молиявӣ ин маблағҳои буҷети давлатӣ мебошанд, ки дар доираи коркарди буҷетҳои миёнамуҳлат дар давраи амалисозии Стратегия, самтҳои амал дар доираи ҳадафҳо ва афзалиятҳо мунтазам мушаххас гардонида мешаванд.

217. Сармоягузориҳои хориҷию дохилӣ дар маблағгузории Стратегияи мазкур нақши калонро мебозанд. Барои ин дар раванди амалисозии Стратегия барои ташаббусҳои сармоягузорони хориҷӣ ва ватанӣ, ки бо принсипи иқтисоди "сабз" сармоягузорӣ мекунанд, дастгириҳои давлатӣ пешниҳод мегарданд.

218. Манбаи муҳимми рушди иқтисоди "сабз" дар кишвар ин дастгирии сармоягузории созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва шарикони рушд мебошад, ки ҳамкории молиявии онҳо дар амалисозии Стратегияи рушди иқтисоди "сабз" дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037 саҳми калидӣ дорад. Бинобар ин, дар раванди амалисозии Стратегия бо институтҳои молиявӣ ва шарикони рушд ҳамкории зичи самаранок роҳандозӣ карда мешавад.

219. Ҳаҷми умумии маблағи зарурӣ барои татбиқи марҳилаи аввали Стратегияи рушди иқтисоди "сабз" дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037 21586,3 млн сомониро ташкил медиҳад, ки 37,1 млн сомонӣ аз буҷети давлатӣ, 12818,4 млн сомонӣ аз маблағҳои ҷудонамудаи шарикони рушд ва 8730,8 млн сомонӣ аз ҳисоби сармоягузории бахши хусусӣ мебошад.

8. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

220. Мақоми асосии ҳамоҳангсози амалигардонии Стратегия Вазорати рушди иқтисод ва савдо мебошад.

221. Дар доираи амалигардонии Стратегия Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо вазорату идораҳо, мақомоти ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, бахши хусусӣ ва шарикони рушд ҳамкориро ба роҳ мемонад.

 

Замимаи 2

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 сентябри соли 2022,№482

Нақшаи амал барои марҳилаи якуми (солҳои 2023-2025) Стратегияи рушди иқтисоди "сабз" дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037

 

Ниг. ба Замима

 

Замима

ба Стратегияи рушди иқтисоди "сабз"

дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нишондиҳандаҳои асосии Стратегияи рушди иқтисоди "сабз" дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037

 

Ниг. ба Замима