Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2022, № 484 "Дар бораи Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ барои солҳои 2022-2027"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ барои солҳои 2022-2027

 

Мутобиқи моддаҳои 4 ва 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ барои солҳои 2022-2027 ва Нақшаи амали Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ барои солҳои 2022-2027 барои марҳилаи якум (солҳои 2022-2024) тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).

2. Вазорату идораҳои дахлдор амалисозии самараноки Барномаи мазкур ва Нақшаи амали онро таъмин карда, оид ба иҷрои онҳо то 15 январ ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.

3. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ҷараёни иҷрои Барномаи мазкур ва Нақшаи амали он ҳар сол то 1 март ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                   Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 30 сентябри соли 2022, № 484

 

Правительство Республики Таджикистан

Постановление

О Программе развития частных дошкольных и общеобразовательных учреждений на 2022-2027 годы

В соответствии со статьей 4 и 12 Закона Республики Таджикистан "О стратегическом планировании и государственном прогнозировании" Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:

1. Утвердить Программу развития частных дошкольных и общеобразовательных учреждений на 2022-2027 годы и План действий Программы развития частных дошкольных и общеобразовательных учреждений на 2022-2027 годы для первого этапа (2022-2024 годы) (приложения 1 и 2).

2. Соответствующим министерствам и ведомствам обеспечить эффективную реализацию настоящей Программы и её Плана действий и до 15 января предоставить информацию об их исполнении в Министерство образования и науки Республики Таджикистан.

3. Министерству образования и науки Республики Таджикистан ежегодно до 1 марта предоставлять информацию о ходе исполнения настоящей Программы и её Плана действий в Правительство Республики Таджикистан.

Председатель

Правительства Республика Таджикистан                                 Эмомали Рахмон

г.Душанбе,

 от 30 сентября 2022 года, №484