ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Тартиби додани ҷубронпулӣ ба шаҳрвандоне, ки корашон бо сирри давлатӣ алоқаманд аст
Мутобиқи моддаи 49 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сирри давлатӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Тартиби додани ҷубронпулӣ ба шаҳрвандоне, ки корашон бо сирри давлатӣ алоқаманд аст, тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Ҷубронпулӣ ба шаҳрвандоне, ки ба маълумоти дорои сирри давлатӣ ба таври доимӣ сару кор доранд, дар доираи маблағҳои буҷети давлатӣ бо тартиб ва андозае, ки Тартиби мазкур муқаррар намудааст, пардохт карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 31 августи соли 2022, № 440
Правительство Республики Таджикистан
Постановление
О Порядке выдачи компенсации гражданам, работа которых связана с государственными секретами
В соответствии со статьей 49 Закона Республики Таджикистан "О государственных секретах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Утвердить Порядок выдачи компенсации гражданам, работа которых связана с государственными секретами (прилагается).
2. Компенсацию гражданам, работающим на постоянной основе со сведениями, составляющими государственные секреты, выплачивать в рамках средств государственного бюджета в порядке и размере, утверждёнными настоящим Порядком.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе,
от 31 августа 2022 года, №440