Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 31 августи соли 2022, № 440
тасдиқ шудааст
Тартиби додани ҷубронпулӣ ба шаҳрвандоне, ки корашон бо сирри давлатӣ алоқаманд аст
1. Тартиби додани ҷубронпулӣ ба шаҳрвандоне, ки корашон бо сирри давлатӣ алоқаманд аст, дар асоси моддаи 49 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сирри давлатӣ" бо мақсади ба танзим даровардани тартиби пардохти ҷубронпулӣ барои шаҳрвандоне, ки ба маълумоти дорои сирри давлатӣ ба таври доимӣ сару кор дошта, дар шароити маҳдудияти низомӣ фаъолият мекунанд, таҳия шудааст.
2. Ҷубронпулии ҳармоҳа ба маоши вазифавӣ (ставкаи тарифӣ) ба шаҳрвандоне, ки бевосита дар мақоми низоми махфияти мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо фаъолият менамоянд (минбаъд - кормандони мақоми низоми махфият) ва кормандони мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи сирри давлатӣ, ки ба маълумоти дорои сирри давлатӣ ба таври доимӣ сару кор доранд, пардохт карда мешавад.
3. Маблағи фоизи ҷубронпулии моҳона ба маошҳои вазифавии (ставкаҳои тарифии) кормандони мақоми низоми махфият ва кормандони мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи сирри давлатӣ дар як моҳ 15 фоиз муқаррар карда мешавад.
4. Ҷубронпулии моҳона аз рӯзи таъин гардидани шаҳрванд ба мансаби дахлдор дар мақоми низоми махфият, мақоми ваколатдори давлатӣ ва/ё қабули фармоиш дар бораи ба зиммаи корманд вогузор намудани ҳуқуқу уҳдадориҳои пешбурди коргузории махфӣ аз ҳисоби фонди музди меҳнат тибқи тартиби муқарраргардида пардохт карда мешавад.
5. Ба кормандони мақоми низоми махфият ва кормандони мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи сирри давлатӣ дар ҳолатҳои зерин ҷубронпулии ҳармоҳа пардохт карда намешавад:
- ҳангоми дар рухсатӣ барои нигоҳубини кӯдак қарор доштан;
- ҳангоми таҳсили дарозмуддат;
- ҳангоми вайрон намудани талаботи қонунгузорӣ дар самти ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот то лаҳзаи бартараф намудани онҳо.
6. Пардохти ҷубронпулӣ пас аз як рӯзи аз вазифа озод шудан ва қатъ шудани рухсат доштани шаҳрванд ба сирри давлатӣ қатъ карда мешавад.
Утвержден
постановлением Правительства
Республики Таджикистан
от "31" августа 2022 года, №440
Порядок выдачи компенсации гражданам, работа которых связана с государственными секретами
1. Порядок выдачи компенсации гражданам, работа которых связана с государственными секретами, разработана на основе статьи 49 Закона Республики Таджикистан "О государственных секретах" в целях упорядочения порядка выдачи компенсации гражданам, работающим на постоянной основе со сведениями, составляющими государственные секреты и действующим в условиях ограниченного режима.
2. Ежемесячная компенсация к должностной зарплате (тарифная ставка) выплачивается гражданам, работающим непосредственно в режимносекретном органе государственных органов и организаций (далее - сотрудники режимно-секретного органа) и сотрудникам уполномоченного государственного органа по защите государственных секретов, работающим на постоянной основе со сведениями, составляющими государственные секреты.
3. Денежная сумма ежемесячной процентной компенсации к должностной зарплате (тарифная ставка) сотрудников режимно-секретного органа и уполномоченного государственного органа по защите государственных секретов будет установлена в размере 15 процентов в месяц.
4. Ежемесячная компенсация выплачивается за счёт фонда заработной платы в установленном порядке со дня назначения гражданина на соответствующую должность в режимно-секретном органе, уполномоченном государственном органе и/или принятия распоряжения о закреплении за работником прав и обязанностей по ведению секретного делопроизводства.
5. Ежемесячная компенсация сотрудникам режимно-секретного органа и уполномоченного государственного органа по защите государственных секретов не выплачивается в следующих случаях:
- во время отпуска по уходу за ребёнком;
- во время длительной учёбы;
- в случае нарушения требований законодательства в сфере защиты государственных секретов и технической защиты информации до момента их устранения.
6. Выплата компенсации прекращается через день после увольнения и прекращения допуска к государственным секретам.