Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 августи соли 2022, № 412 "Дар хусуси тасдиқи Ёддошти тафоҳум байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати таовун, кор ва рифоҳи иҷтимоии Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи хифзи иҷтимоии аҳолӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар хусуси тасдиқи Ёддошти тафоҳум байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати таовун, кор ва рифоҳи иҷтимоии Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи хифзи иҷтимоии аҳолӣ

 

Мутобиқи моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Ёддошти тафоҳум байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати таовун, кор ва рифоҳи иҷтимоии Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи хифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки 18 сентябри соли 2021 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, тасдиқ карда шавад.

2. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати амалӣ намудани Ёддошти тафоҳуми мазкур чораҳои зарурӣ андешад.

3. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида ҷониби Эронро дар бораи аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро гардидани расмиёти дохилидавлатие, ки барои эътибор пайдо кардани Ёддошти тафоҳуми мазкур заруранд, огоҳ намояд.

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                             Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 26 августи соли 2022, № 412

 

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

Об утверждении Меморандума о взаимопонимании между Министерством здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан и Министерством кооперации, труда и социального благополучия Исламской Республики Иран о сотрудничестве в области социальной защиты населения

В соответствии со статьей 13 Закона Республики Таджикистан "О международных договорах Республики Таджикистан" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить Меморандум о взаимопонимании между Министерством здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан и Министерством кооперации, труда и социального благополучия Исламской Республики Иран о сотрудничестве в области социальной защиты населения, подписанный 18 сентября 2021 года в городе Душанбе.

2. Министерству здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан совместно с соответствующими министерствами и ведомствами принять необходимые меры по реализации настоящего Меморандума о взаимопонимании.

3. Министерству иностранных дел Республики Таджикистан в установленном порядке уведомить иранскую сторону о выполнении Республикой Таджикистан внутригосударственных процедур, необходимых для вступления в силу настоящего Меморандума о взаимопонимании.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                                  Эмомали Рахмон

г.Душанбе,

 от 26 августа 2022 года, №412

прилагается на тадж.яз