Ёддошти тафоҳум байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати таовун, кор ва рифоҳи иҷтимоии Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 26 августи соли 2022, № 412

тасдиқ карда шудааст

Ёддошти тафоҳум байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати таовун, кор ва рифоҳи иҷтимоии Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

 

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати таовун, кор ва рифоҳи иҷтимоии Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки минбаъд дар якҷоягӣ "Тарафҳо" номида мешаванд:

бо дарназардошти зарурати баҳрамандӣ аз таҷрибаҳои мусбати Тарафҳо,

бо мақсади тавсеа ва густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар заминаи марбут ба кори иҷтимоӣ ва дастгирии эҳтиёҷмандон,

ба мувофиқаи зерин расиданд.

Моддаи 1

Тарафҳо дар асоси принсипҳои баробарӣ ва боварӣ ба эҳтироми якдигар дар доираи қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии миллии давлатҳояшон ҳамкорӣ хоҳанд кард.

Моддаи 2

Тарафҳо бо мақсади густариш ва тақвияти ҳамкориҳои ду кишвар дар заминаи умури иҷтимоӣ ва хизматрасониҳои иҷтимоӣ омодагии худро барои табодули иттилоот ва таҷрибаҳо, баргузории давраҳои омӯзишӣ ва ташкили кори гурӯҳҳои коршиносон дар самтҳои зерин эълон менамоянд:

- ҳамкорӣ ҷиҳати хизматрасонии соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва фароҳам кардани шароит барои ҷалби ширкатҳои хусусӣ барои сармоягузории хориҷии муштараки ҳамин соҳа;

- ҳамоҳангӣ ва ҳамкорӣ дар арсаи байналмилалӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ;

- омӯзишҳои тахассусӣ ва маҳорат барои хизматрасонии соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ;

- таъмини иҷтимоӣ ва умури иҷтимоӣ, аз ҷумла суғуртаи иҷтимоӣ;

- тавонмандсозии маъюбон, занони сарпарасти хонавода ва афроди осебпазир ва барномаҳои коҳиши фақр ва пешгирӣ аз осебҳои иҷтимоӣ;

- тавонмандии маъюбон дар заминаи кор;

- пажуҳишҳои алоқаманд бо умури иҷтимоӣ, хадамоти иҷтимоӣ, коҳиши фақр ва пешгирӣ аз осебҳои иҷтимоӣ.

Моддаи 3

Барои таъмини назорати зарурӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолият, ки дар Ёддошти тафоҳум оварда шудааст Тарафҳо гурӯҳи корӣ дар ҳайати намояндагони ҳар ду тараф таъсис медиҳанд. Гурӯҳи корӣ дар ҳар ду давлат, ҳадди ақал як маротиба дар як сол вохӯрӣ мегузаронанд.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазири таовун, кор ва рифоҳи иҷтимоии Ҷумҳурии Исломии Эрон барои татбиқи муқаррароти ин Ёддошти тафоҳум намояндагони худро дар вазоратҳои худ таъйн ва масъул менамоянд.

Моддаи 4

Барномаву ҷаласаҳо ва мулоқотҳои коршиносон дар доираи рӯзномаҳои Тарафҳо бо мақсади шиносоӣ низомҳои вобаста ба хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар ҳамбастагӣ бо гурӯҳи корӣ тибқи моддаи 3 болозикр ба роҳ монда мешавад.

Моддаи 5

Тарафҳо густариши ҳамкориро байни бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ бо мақсади сармоягузории хориҷии муштарак, омӯзишҳои тахассусӣ ва маҳорат, марказҳо ва созмонҳои марбут ба корҳои иҷтимоӣ ва бехатарии иҷтимоӣ дастгирӣ менамоянд.

Моддаи 6

Тарафҳо дар маҷмааҳо ва созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат мавқеъҳои якдигарро дастгирӣ хоҳанд кард. Ҳамчунин, Тарафҳо бо мақсади тавсеаи рушди ду кишвар ва шаклгирии робитаҳои судманди мутақобил ва рӯ ба рушди иқтисодӣ омодагии худро дар заминаи густариши муносибатҳо эълон менамоянд.

Моддаи 7

Шарт ва тартиби баргузории чорабиниҳои муштарак аз ҷониби Тарафҳо муайян карда шуда, хароҷоти он бо назардошти захираҳои молиявии мавҷудаи шарикон мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷонибҳо ва уҳдадориҳои байналмилалӣ амалӣ карда мешавад.

Моддаи 8

Ҳар гуна ихтилофи маншаъгирифта аз иҷро ва тафсири Ёддошти тафоҳуми мазкур аз тариқи музокира ё машварат ҳаллу фасл хоҳад шуд.

Моддаи 9

Тағйиру иловаҳо дар шакли Протоколҳои алоҳида ба расмият дароварда шуда, қисми ҷудонашавандаи Ёддошти тафоҳуми мазкур ба ҳисоб мераванд.

Моддаи 10

Ёддошти тафоҳуми мазкур ба муҳлати панҷ (5) сол баста мешавад ва аз рӯзи гирифтани огоҳиномаи хаттии охирин тавассути роҳҳои дипломатӣ огоҳ намудани ҷониби Эрон дар бораи аз ҷониби Тоҷикистон иҷро гардидани расмиёти дохилидавлатие, ки барои эътибор пайдо кардани он зарур мебошад, эътибор пайдо мекунад.

Ёддошти тафоҳуми мазкур ба ҳуқуқ ва уҳдадориҳои Тарафҳо, ки аз дигар шартномаҳои байналмилалие, ки Тарафҳо иштирокчии онҳо мебошанд бармеояд, дахолат намекунад.

Ёддошти тафоҳуми мазкур худ аз худ ба давраи 5-солаи минбаъда тамдид мегардад, агар ҳеҷ яке аз Тарафҳо 6 моҳ қабл аз анҷом ёфтани муҳлати амали он Тарафи дигарро бо роҳҳои дипломатӣ дар хусуси қатъ намудани амали Ёддошти тафоҳуми мазкур ба таври хаттӣ огоҳ накунад.

Ёддошти тафоҳуми мазкур дар шаҳри Душанбе 18 сентябри соли 2021, дар ду нусхаи асл, ҳар кадом бо забонҳои тоҷикӣ, форсӣ ва англисӣ ба имзо расида, ҳамаи матнҳо эътибори якхела доранд.

Дар сурати ихтилоф дар тафсири Ёддошти тафоҳуми мазкур, ба матни забони англисӣ афзалият дода мешавад.

 

Аз тарафи

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи

иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии

Тоҷикистон

Аз тарафи Вазорати таовун,

кор ва рифоҳи иҷтимоии Ҷумҳурии Исломии Эрон

оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи иҷтимоии

аҳолӣ

 

Меморандум о взаимопонимании между Минздравом и социальной защиты населения РТ и Министерством кооперации, труда и социального благополучия Исламской Республики Иран о сотрудничестве в области социальной защиты населения приводится на тадж. яз.