ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 майи соли 2008, №457
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" фармон медиҳам:
Ба замимаи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 майи соли 2008, №457 "Дар бораи тасдиқи Низомномаи адои хизмат дар воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1) банди 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"1. Корманди воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ шахсе ба ҳисоб меравад, ки танҳо шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар хизмат ва ё ҳайати эҳтиётии кадрҳои мақомоти Агентӣ қарор дорад ва бо тартиби муқаррарнамудаи ҳамин Низомнома ба ӯ рутбаи махсус дода шудааст.";
2) банди 2 хориҷ карда шавад;
3) дар банди 3 калимаҳои "мақомоти ҳифзи ҳуқуқ буда," ба калимаҳои "мақомоти ваколатдори назорати давлатии молиявӣ ва ҳифзи ҳуқуқ буда, назорати давлатии молиявиро оид ба истифодаи самарабахши маблағҳои давлатӣ ва молу мулки давлатӣ" иваз карда шаванд;
4) дар банди 4 пас аз калимаи "Намунаи" калимаи "тасвири" илова карда шавад;
5) дар банди 5 калимаҳои "Қонунҳои", "Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия" мувофиқан ба калимаҳои "қонунҳои", "Дар бораи муқовимат ба коррупсия" иваз карда шаванд;
6) дар банди 7 ҷумлаҳои дуюм ва сеюм бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
"Кормандони Агентӣ уҳдадор нестанд, ки оид ба моҳияти парвандаҳо ва маводи дар истеҳсолоташонбуда ягон хел тавзеҳот диҳанд, онҳоро барои шинос шудан пешниҳод кунанд, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст.
Дастгир намудан, маҷбуран овардан, кофтукови шахсии корманди Агентӣ, азназаргузаронии молу мулк, воситаҳои нақлиёт ва алоқа, ки онҳо истифода мебаранд, танҳо дар вақти дастгир намудани ӯ ҳангоми содир кардани ҷиноят, дар дигар мавридҳо бошад, танҳо вобаста ба парвандаи ҷиноятии оғозгардида нисбати корманди воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.";
7) дар банди 9:
- калимаҳои "қонуният" ва "ҷавобгарӣ" мувофиқан ба калимаҳои "қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "ҷавобгарии моддӣ, интизомӣ, маъмурӣ ва ҷиноятӣ" иваз карда шаванд;
- ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Ҳангоми аз ҷониби корманди воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ поймол кардани ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, расонидани зарар ба корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо, мақомоти Агентӣ уҳдадор аст барои барқарор намудани ин ҳуқуқҳо чора андешад ва бо талаби шаҳрванд ба таври расмӣ аз ӯ узр пурсад. Товони зиёни расонидашуда тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн карда мешавад.";
8) дар банди 11:
- дар сархати панҷум калимаи "тафтишоти" ба калимаи "санҷиши" иваз карда шавад;
- дар сархати шашум пас аз калиман "ҳуқуқӣ" аломати вергул ва пеш аз калимаи "пардохтҳо" калимаи "андозу" илова карда шаванд;
- дар сархати дувоздаҳум калимаҳои "санҷиши" ва "тафтишоти" мувофиқан ба калимаҳои "тафтиши" ва "санҷиши" иваз карда шаванд;
9) банди 12 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"12. Ба хизмат дар воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ шахсе қабул карда мешавад, ки танҳо шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, синнаш то 35 бошад, дорои таҳсилоти олии касбӣ, сифатҳои зарурии касбӣ ва ахлоқӣ буда, забони давлатиро донад, хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнокро (ба истиснои занон, инчунин мардоне, ки билети ҳарбӣ доранд, ба ғайр аз онҳое, ки хизмати ҳарбиро дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ адо кардаанд) адо карда бошад ва вазъи саломатиаш барои адои хизмат дар мақомоти Агентӣ мувофиқ бошад. Нисбати шахсоне, ки аз дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба хизмат дар Агентӣ гузаштаанд, маҳдудияти синнусолӣ паҳн намегардад.":
10) банди 15 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"15. Ишғоли мансаби холӣ дар Агентӣ дар асоси озмун ва ё дар ҳолатҳои зарурӣ бо тариқи гузариш аз ҳисоби кормандони ботаҷрибаи дигар вазорату идораҳое, ки маҳорати баланди касбиро доро мебошанд, дар асоси қарори ҳайати мушовараи Агентӣ ва бо фармоиши директори Агентӣ амалӣ карда мешавад.
Директори Агентӣ сардорони раёсатҳои дастгоҳи марказӣ, сардорони раёсатҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанберо бо мувофиқаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва аз мансаб озод менамояд.
Директори Агентӣ шахсони мансабдор ва дигар кормандони масъули дастгоҳи марказӣ, раёсатҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шуъбаҳои минтақавӣ, инчунин кормандони ҳайати хизматрасони дастгоҳи марказиро ба кор қабул ва аз кор озод менамояд.";
11) дар банди 17 калимаҳои "вазифаи ҳайати роҳбарикунандаи хурд, миёна, калон ва олии" ба калимаҳои "мансаб дар" иваз карда шаванд;
12) банди 18 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"18. Кормандони дорои рутбаҳои ҳарбӣ, махсус ва дараҷавӣ, ки аз дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ дар воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ ба вазифа таъин шудаанд, рутбаҳои пешинаро нигоҳ медоранд, ки ба рутбаҳои махсуси кормандони Агентӣ баробар эътироф карда шуда, муҳлати хизмати пештараашон ба муҳлати хизмати онҳо дар Агентӣ дохил мешавад. Баробаркунии рутбаҳои дараҷавӣ ва тахассусии кормандони дигар мақомоти давлатӣ, ки дар Агентӣ ба вазифа таъин мегарданд, бо дарназардошти собиқаи хизмати давлатии онҳо аз ҷониби директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. Чунин ҳуқуқҳоро кормандони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуки Агентӣ низ ҳангоми ба кор гузаштан дар дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ доранд.".
13) бандҳои 19 ва 20 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
"19. Ба мансаб таъин намудан дар воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ аз ҷониби директори Агентӣ бо риояи талаботи тахассусии зерин амалӣ карда мешавад:
- ба мансабҳои нозир, муфаттиш, ваколатдори оперативӣ ва навбатдорони оперативӣ мувофиқан шахсони дорои таҳсилоти олии ҳуқукшиносӣ ё иқтисодӣ;
- ба мансабҳои нозири калон, муфаттиш оид ба корҳои махсусан муҳим, ваколатдори оперативӣ оид ба корҳои махсусан муҳим ва навбатдорони калони оперативӣ мувофиқан шахсони дорои таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ ё иқтисодӣ ва собиқаи кории на камтар аз 1 сол;
- ба мансабҳои сарнозир, муфаттишони калон оид ба корҳои махсусан муҳим ва ваколатдорони калони оперативӣ оид ба корҳои махсусан муҳим мувофиқан шахсони дорои таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ ё иқтисодӣ ва собиқаи кории на камтар аз 2 сол;
- ба мансабҳои сардори бахш ва муовини сардори шуъба мувофиқан шахсони дорои таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ ё иқтисодӣ ва собиқаи кории на камтар аз 3-сола;
- ба мансабҳои сардори шуъба ва муовини сардори раёсат мувофиқан кормандони дорои таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ ё иқтисодӣ ва собиқаи кории на камтар аз 4-сола;
- ба мансабҳои сардори раёсат мувофиқан кормандони дорои таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ ё иқтисодӣ ва собиқаи кории на камтар аз 5-сола;
- ба мансабҳои баробар - ҳангоми зарурати пур кардани дигар мансабҳо аз рӯйи нақшаи гузаронидани ҷойивазкунии кормандон.
20. Ҷойивазкунии кормандони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ тибқи талаботи Низомномаи мазкур ва Қоидаҳои гузаронидани ҷойивазкунии (ротатсияи) ҳайати роҳбарикунандаи Агентӣ амалӣ карда мешавад.";
14) дар ҷумлаи дуюм ва сеюми банди 21 калимаҳои "фармони" ва "вазифадори ҳайати роҳбарикунанда" мувофиқан ба калимаҳои "фармоиши" ва "мансабдори Агентӣ" иваз карда шаванд;
15) дар банди 22:
- дар сархатҳои дуюм ва сеюми ҷумлаи якум калимаи "баробараҳамият" ба калимаи "баробар" иваз карда шавад;
- дар ҷумлаи дуюм пас аз калимаи "истиснои" калимаҳои "муовини якум ва" илова карда шуда, калимаи "фармони" ба калимаи "фармоиши" иваз карда шаванд;
16) банди 23 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"23. Кормандони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ ҳангоми мавҷудияти алоқаи хешутабории наздик - зан, шавҳар, фарзанд, падару модар, бародар, хоҳар, инчунин падару модар, бародар, хоҳар ва фарзандони зан ё шавҳар, амак, тағо, хола, амма, қудо, келин, домод, бародарзода, хоҳарзода, фарзандхондагон, фарзандхондшудагон, инчунин шахси дигаре, ки бо шахси барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба он баробаркардашуда якҷоя зиндагӣ карда, хоҷагии умумӣ мебаранд, ки хизмати онҳо дар мақомоти Агентӣ бо тобеият ва таҳти назорати бевосита ё ҳисоботдиҳанда будани яке ба дигаре алоқаманд аст, ба мансаб таъин карда намешаванд ва ё ҳангоми ба вуҷуд омадани чунин ҳолат яке аз онҳо аз мансаб озод карда мешавад.";
17) дар банди 24:
- сархати чоруми ҷумлаи дуюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"- бинобар зарурати хизматӣ директори Агентӣ кормандонро ба мансабҳои холӣ ба муҳлати то шаш моҳ барои иҷрои вазифаи муваққатии мушаххас таъин мекунад.";
- сархати панҷуми ҷумлаи дуюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"- ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои ташкилию сохторӣ ва дигар ҳолатҳои махсуси бавуҷудомада кормандони Агентӣ ба муҳлати то шаш моҳ дар ихтиёри кадрҳои мақомоти Агентӣ мононда мешаванд.":
- ҷумлаи сеюм хориҷ карда шавад;
18) дар банди 26:
- дар ҷумлаи якум калимаи "вазифаи" ба калимаи "мансаби" иваз карда шавад;
- дар ҷумлаи чорум калимаҳои "рӯйхати кормандони пешбаришаванда" ба калимаҳои "рӯйхати захираи кадрҳо" иваз карда шаванд;
- дар ҷумлаи панҷум калимаҳои "ҳайати роҳбарикунандаи миёна, калон ва олие" ва "ҷойивазкунии кормандон дар хизмат" мувофиқан ба калимаҳои "воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ" ва "ҷойивазкунӣ" иваз карда шуда, пас аз калимаи "мазкур" калимаҳои "ва Қоидаҳои гузаронидани ҷойивазкунии (ротатсияи) ҳайати роҳбарикунандаи Агентӣ" илова карда шаванд;
19) дар ҷумлаи панҷуми банди 30 калимаи "фармони" ба калимаи "фармоиши" иваз карда шавад;
20) дар банди 32:
- дар ҷумлаи якум калимаи "қаламрави" ба калимаи "ҳудуди" иваз карда шавад;
- ҷумлаи сеюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Рухсатии меҳнатӣ ба муовини якум ва муовинони директор, сардорон ва муовинони сардорони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи дастгоҳи марказӣ, раёсатҳои Агентӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шуъбаҳои минтақавии Агентӣ аз тарафи директори Агентӣ дода мешавад. Рухсатии меҳнатии кормандони дастгоҳи марказӣ аз тарафи директор, муовини якум ва муовинони директори Агентӣ тибқи сарпарастӣ, инчунин кормандони раёсатҳои Агентӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шуъбаҳои минтақавии Агентӣ аз тарафи сардорони онҳо дода мешавад.";
- дар ҷумлаҳои панҷум ва нуҳум калимаҳои "фармони" ба калимаҳои "фармоиши" иваз карда шаванд;
21) дар банди 34 рақами "99" ба рақами "116" иваз карда шавад;
22) аз бандҳои 37 ва 38 калимаҳои "ва ё дараҷавӣ" хориҷ карда шаванд;
23) дар банди 40 рақам ва калимаи "20 фоиз" ба рақам ва калимаи "25 фоиз" иваз карда шавад;
24) дар банди 41 ҷумлаҳои дуюм, сеюм, чорум ва панҷум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
"Кормандони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ бо молу мулки шайъӣ вобаста ба шароити адои хизмат дар воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи агентӣ мувофиқи меъёрҳо ва муҳлати муқаррарнамудан Низомномаи таъминоти хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо молу мулки шайъӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, таъмин карда мешаванд.
Ба кормандони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ бар ивази молу мулки шайъии муқарраршуда ба андозаи нархи сарулибоси номбурда ҷубронпулӣ пардохт карда мешавад.
Ба кормандони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ ва аъзои оилаи онҳо, ки ба маҳалли нави адои хизмат омадаанд, то гирифтани манзили истиқоматӣ, ба онҳо хонаи истиқоматӣ, ҳуҷраи хоб ё хобгоҳ, ки барои муваққатан истиқомат намудан қобили истифода бошанд, дода мешавад.
Дар ҳолати набудани чунин манзили истиқоматӣ воҳидҳои сохтории ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ барои таъмин намудани кормандони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ ва аъзои оилаи бо онҳо истиқоматкунанда манзили истиқоматиро ба иҷора мегирад ё тибқи хоҳиши чунин кормандон ба онҳо ҷубронпулии ҳармоҳа барои иҷораи манзили истиқоматӣ бо тартиб ва дар ҳаҷми муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт менамоянд.";
25) дар банди 45:
- сархатҳои ҷумлаи якум дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
"- эълон намудан сипоснома;
- сарфарозгардонӣ бо ифтихорнома;
- мукофотонидан бо туҳфаи қиматнок ё маблағи пулӣ;
- сарфароз гардонидан бо медалҳои ҷашнӣ;
- дохил намудан ба Лавҳаи фахрии Агентӣ;
- пеш аз муҳлат бекор кардани ҷазои интизомии қаблан додашуда;
- танҳо як маротиба пеш аз муҳлат додани рутбаи навбатӣ;
- нисбати рутбаи пешбининамудаи мансаби ишголкарда як зина боло додани рутбаи махсуси навбатӣ;
- сарфарозгардонӣ бо нишони сарисинагии "Аълочии мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия.";
26) дар банди 52:
- дар ҷумлаи якум калимаҳо ва рақами "ҳайати роҳбарикунандаи хурд, миёна ва калони", ва "рутбаи лейтенанти калон - 3 сол" мувофиқан ба калимаҳо ва рақамҳои "махсуси" ва "рутбаи лейтенанти калон - 2 солу 6 моҳ" иваз карда шаванд;
- ҷумлаҳои чорум ва панҷум хориҷ карда шаванд;
27) банди 53 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"53. Ба корманди воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ тибқи мансаби ишғолнамуда бо дарназардошти риояи талаботи дар Низомнома пешбинишуда рутбаҳои махсуси зерин дода мешаванд:
Ҷалвал
";
28) дар банди 55:
- дар ҷумлаи якум калимаҳои "аввалини навбатии ҳайати роҳбарикунандаи хурд, миёна ва калон" ба калимаи "махсус" иваз карда шаванд;
- ҷумлаи дуюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Рутбаи махсуси полковники адлия ва рутбаи полковники хадамоти зиддикоррупсионӣ аз ҷониби директори Агентӣ бо розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.";
- ҷумлаи сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Рутбаҳои олии махсус бо пешниҳоди директори Агентӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.";
29) банди 57 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"57. Хизмат дар мақомоти Агентӣ дар мавриди аз мансаб озод намудан, аз ҷумла бинобар ба истеъфо ва нафақа баромадан қатъ меёбад.
Ғайр аз асосҳои пешбининамудаи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мансаб озод намудани корманд бо ташаббуси директори Агентӣ дар мавридҳои зерин сурат гирифта метавонад:
- расидан ба синни ниҳоии хизмат дар мақомоти Агентӣ:
- қатъ шудани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё соҳиб шудан ба шаҳрвандии давлати дигар;
- нафақагири Ҷумҳурии Тоҷикистон ё давлати хориҷӣ будан;
- ба охир расидани муҳлати адои хизмат тибқи қарордод;
- ба кори дигар гузаштани корманд;
- риоя накардани шартҳои қарордод аз ҷониби корманд;
- ихтисори басти корӣ;
- дар асоси хулосаи комиссияи тиббии дахлдор оид ба корношоямии корманд бинобар вазъи саломатиаш;
- аз рӯйи натиҷаи аттестатсия;
- дағалона ва ё мунтазам вайрон кардани интизоми хизматӣ;
- содир кардани рафторе, ки ба шарафи корманди Агентӣ иснод меорад ё шикастани савганд;
- эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми айбдоркунандаи суд;
- тасдиқ гардидани ҳолати аз тарафи корманд ифшо намудани маълумоти дорои сирри давлатӣ, хизматӣ ва сирри дигаре, ки бо қонун ҳифз карда мешавад;
- вайрон кардани тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим;
- вафоти корманд.
Дар ҳолати қатъ шудани хизмат, корманд аз қайди махсуси мақомоти Агентӣ бароварда шуда, дар қайди ҳарбӣ гузошта мешавад, агар ба синни ниҳоии қайди шахсони эҳтиётӣ барои гузаштани хизмати ҳарбӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст, нарасида бошад.
Дар сурати ғайриқонунӣ аз мансаб озод гаштан корманд метавонад ҳуқуқи худро ба воситаи суд ҳимоя намояд.";
30) бандҳои 58 ва 60 хориҷ карда шаванд;
31) дар ҷумлаи якум банди 59 калимаҳои "махсуси ҳайати миёна, калон ва олии роҳбарикунанда" ба калимаи "махсус" иваз карда шаванд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 23 августи соли 2022, №436