ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 июни соли 2018, №302
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 июни соли 2018, №302 "Дар бораи меъёрҳои андози аксиз барои баъзе молҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшаванда ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда" тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
- дар ном калимаҳои "баъзе молҳои" ба калимаҳои "молҳои зераксизии" иваз карда шаванд;
- дар муқаддима рақами "200" ба рақами "285" иваз карда шавад.
2. Дар замимаи 1 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 июни соли 2018, №302 "Дар бораи меъёрҳои андози аксиз барои баъзе молҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшаванда ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда" тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
- дар сатри сеюми гурӯҳи 22 рақами "2202901001" ба рақами "2202910000" иваз карда шавад;
- ба гурӯҳи 24 сатри панҷум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
Ниг. ба Замима
- эзоҳҳои 4 ва 5 бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
"Эзоҳи 4. Маҳсулоти дорои тамокуи тафсон - навъи маҳсулоти никотиндори иборат аз тамокуи гармшаванда (омезиши тамоку) ва моддаҳои ғайритамокуи барои истеҳсоли он истифодашаванда, ки барои истифодабарӣ тавассути нафаскашии аэрозоли никотиндори дар ҷараёни гармкунӣ, бидуни сӯзиш ва дуди тамоку ҳосилшаванда пешбинӣ шудааст.
Моеи дорои никотин - навъи маҳсулоти никотиндор дар шакли моеъ бидуни тамоку, ки дорои моеи никотиндори барои истифодабарӣ тавассути нафаскашии аэрозоли никотиндор ё намаки никотин пешбинӣ шудааст.
Сигорҳои электронӣ - намуди воситаи электронии таъмини никотин, ки ба сигори ҳақиқӣ монанд аст (новобаста ба андоза ва шакл), он метавонад дорои қисми барҷастаи ба полои сигор монанд ва ҳаври ба дуд шабоҳат дошта бошад.
Дастгоҳҳои интиқоли дуд - асбоби тамокукашие (зарф, чилим ва дигар асбоби шабеҳ) мебошад, ки аз қисмҳои пайвастшавандаи асосӣ: сархона, муштук ва зарф иборат буда, барои тамокукашӣ ё истифодаи омехтаҳои гуногуни кашидании дар таркибашон барги тамокунадошта истифода мешавад.
Эзоҳи 5. Меъёри муқарраршуда барои зермавқеи молии 2201900000 (оби софи нӯшокӣ) нисбат ба истеҳсолкунандагони ватанӣ ва воридоти молҳо аз давлатҳои аъзои Созмони Умумиҷаҳонии Савдо татбиқ намегардад.".
3. Қарори мазкур пас аз як моҳи интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 29 июли соли 2022, № 384