Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июли соли 2022, № 361 "Дар бораи Тартиби аз андоз аз арзиши иловашуда озод намудани мол (кор, хизматрасонӣ)-и аз ҳисоби маблағҳои созишномаҳои қарзӣ (грантӣ) барои амалисозии лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ харидашаванда"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи Тартиби аз андоз аз арзиши иловашуда озод намудани мол (кор, хизматрасонӣ)-и аз ҳисоби маблағҳои созишномаҳои қарзӣ (грантӣ) барои амалисозии лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ харидашаванда

 

Мутобиқи моддаи 275 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Тартиби аз андоз аз арзиши иловашуда озод намудани мол (кор, хизматрасонӣ)-и аз ҳисоби маблағҳои созишномаҳои қарзӣ (грантӣ) барои амалисозии лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ харидашаванда тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳисобгирии маблағҳои аз андоз аз арзиши иловашуда озодгардидаро аз рӯи таҳвили мол (кор, хизматрасонӣ)-и аз ҳисоби маблағҳои лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ харидашаванда таъмин намояд.

3. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2013, №211 "Дар бораи Тартиби аз андоз аз арзиши иловашуда озод намудани таҳвили молҳои (иҷрои корҳои, хизматрасониҳои) аз ҳисоби маблағҳои созишномаҳо маблағгузоришаванда" аз эътибор соқит дониста шавад.

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                               Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 29 июли соли 2022, № 361

 

Правительство Республики Таджикистан

Постановление

О Порядке освобождения от налога на добавленную стоимость товаров (работ, услуг), приобретаемых за счет средств кредитных (грантовых) соглашений для реализации государственных инвестиционных проектов

В соответствии со статьей 275 Налогового кодекса Республики Таджикистан и статьей 57 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить Порядок освобождения от налога на добавленную стоимость товаров (работ, услуг), приобретаемых за счет средств кредитных (грантовых) соглашений для реализации государственных инвестиционных проектов (прилагается).

2. Налоговому комитету при Правительстве Республики Таджикистан обеспечить учет освобожденных сумм налога на добавленную стоимость по поставкам товаров (работ, услуг), приобретаемых за счет средств государственных инвестиционных проектов.

3. Признать утратившим силу постановление Правительства Республики Таджикистан от 2 мая 2013 года, №211 "О Порядке освобождения от налога на добавленную стоимость поставок товаров (исполнения работ, услуг), оплачиваемых за счет средств соглашений".

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                        Эмомали Рахмон

г.Душанбе,

 от 29 июля 2022 года, №361