Тартиби аз андоз аз арзиши иловашуда озод намудани мол (кор, хизматрасонӣ)-и аз ҳисоби маблағҳои созишномаҳои қарзӣ (грантӣ) барои амалисозии лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ харидашаванда аз 29 июли соли 2022, №361

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замима

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 29 июли соли 2022, №361

Тартиби аз андоз аз арзиши иловашуда озод намудани мол (кор, хизматрасонӣ)-и аз ҳисоби маблағҳои созишномаҳои қарзӣ (грантӣ) барои амалисозии лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ харидашаванда

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Тартиби аз андоз аз арзиши иловашуда озод намудани мол (кор, хизматрасонӣ)-и аз ҳисоби маблағҳои созишномаҳои қарзӣ (грантӣ) барои амалисозии лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ харидашаванда (минбаъд - Тартиб) муқаррарот оид ба аз андоз аз арзиши иловашуда (минбаъд - ААИ) озод намудани таҳвили мол (кор, хизматрасонӣ)-и аз ҳисоби маблағҳои лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ харидашавандаро муайян менамояд.

2. Лоиҳаҳои сармоягузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳое мебошанд, ки дар асоси шартномаҳои қарзӣ (грантӣ) оид ба маблағгузорӣ (амалисозӣ)-и онҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон (Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва давлатҳои хориҷӣ (ҳукуматҳои давлатҳои хориҷӣ), ташкилотҳои ватанӣ, хориҷӣ ва байналмилалии молиявии аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сармоягузорӣ ба феҳристи лоиҳаҳои сармоягузорӣ воридгардида пешбинӣ гардидаанд.

3. Қарзгирандаҳо (грантгирандаҳо) шахсони ҳуқуқӣ ё шахсони тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ваколатдоршудае мебошанд, ки ба онҳо қарз (грант) ба сифати иҷрокунандаи лоиҳаи сармоягузорӣ дода мешавад. Шахсони мазкур барои асоснокии аризаҳои ба таҳвилгари мол (кор, хизматрасонӣ) пешниҳодгардида ва шартномаҳои тибқи муқаррароти Тартиб тасдиқшуда масъуланд.

4. Нисбат ба шахсони зерини дар лоиҳаҳои сармоягузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита иштироккунанда озодкунӣ аз пардохти ААИ аз рӯи таҳвили мол (кор, хизматрасонӣ)-и аз ҳисоби маблағҳои созишномаҳои қарзӣ (грантӣ) харидашаванда татбиқ мегардад:

- шахсони ҳуқуқӣ-резидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба сифати супорандагони ААИ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории андоз ба қайд гирифта шудаанд;

- ғайрирезидентҳо, аз ҷумла онҳое, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути муассисаҳои доимии ғайрирезидентҳо фаъолият мекунанд ва ба сифати супорандагони ААИ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории андоз ба қайд гирифта шудаанд.

2. ШАРТҲОИ ОЗОДКУНӢ АЗ ПАРДОХТИ АНДОЗ АЗ АРЗИШИ ИЛОВАШУДА

5. Мол (кор, хизматрасонӣ)-и аз ҳисоби маблағҳои созишномаҳои қарзӣ (грантӣ) барои амалисозии лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ харидашаванда дар асоси аризаи мақоми ваколатдори дахлдори соҳавии қарзгиранда (грантгиранда) ё шахси ваколатдори он дар сурати иҷро гардидани шартҳои зерин аз ААИ озод карда мешаванд, агар:

- хариди мол (кор, хизматрасонӣ) аз ҳисоби маблағҳои созишномаҳои аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маъқул донисташуда ва (ё) аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшуда анҷом дода шавад;

- мол (кор, хизматрасонӣ) танҳо барои мақсадҳои дар созишномаҳои мазкур муқарраргардида харида шавад;

- таҳвили мол (кор, хизматрасонӣ) мутобиқи шартномае амалӣ гардад, ки бевосита бо мақоми ваколатдори дахлдори қарзгиранда (грантгиранда) ё шахси ваколатдори онҳо ва ё пудратчии (таҳвилгари) асосӣ ҷиҳати амалисозии лоиҳа ба имзо расонида шуда бошад.

6. Аз пардохти ААИ озод намудани таҳвили мол (кор, хизматрасонӣ) дар асоси аризаи мақоми ваколатдори дахлдори соҳавии қарзгиранда (грантгиранда) ё шахси ваколатдори онҳо ба таҳвилгари мол (кор, хизматрасонӣ) тибқи шакли дар замимаи 1 Тартиб овардашуда сурат мегирад.

7. Аризаи мақоми ваколатдори дахлдори соҳавии қарзгиранда (грантгиранда) ё шахси ваколатдори он ба таҳвилгари мол (кор, хизматрасонӣ) тавассути системаи ҳамгироии иттилоотии андоз ба таври автоматӣ ва бидуни баррасии мақомоти андоз пешниҳод карда мешавад.

8. Амалиёти шахсони дар банди 4 Тартиб зикргардида, ки ба лоиҳаҳои сармоягузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқаманд нест ё шартномаҳои басташудаи шахсони мазкур ба муқаррароти банди 5 Тартиб ҷавобгӯ намебошанд, бо ААИ андозбандӣ мегардад.

9. Таҳвили мол (кор, хизматрасонӣ)-и аз ҳисоби маблағҳои созишномаҳои қарзӣ (грантӣ) харидашаванда ва ба муқаррароти Тартиб ҷавобгӯ аз ҷониби ғайрирезидентҳои ба сифати супорандаи ААИ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бақайдгирифтанашуда бе андозбандии бозгашт сурат мегирад.

10. Агар моли таҳвилшуда, натиҷаи иҷрои кор ё хизматрасоние, ки аз рӯйи онҳо қаблан озодкунӣ аз пардохти ААИ пешниҳод шуда буд, бо сабаби гузаштани муҳлат, қатъ гардидан ё анҷом ёфтани амали аҳдҳо дар ихтиёрдории шахсони дар банди 4 Тартиб зикргардида монанд, аз рӯи чунин боқимондаи мол, натиҷаи иҷрои кор ва хизматрасонӣ аз ҷониби ин шахсон ҳисоб ва пардохти ААИ дар давоми 15 рӯз анҷом дода мешавад.

3. ТАРТИБИ НАЗОРАТ ВА БАҲИСОБГИРИИ ШАРТНОМАҲО

11. Мақоми ваколатдори дахлдори соҳавии қарзгиранда (грантгиранда) ё шахси ваколатдори онҳо ҷиҳати аз ААИ озод намудани таҳвили мол (кор, хизматрасонӣ)-и аз ҳисоби маблағҳои созишномаҳои қарзӣ (грантӣ) барои амалисозии лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ харидашаванда лоиҳаҳои худро дар системаи ҳамгироии иттилоотии андоз ба ҳисоб мегиранд.

12. Шартномаҳо оид ба таҳвили мол (кор, хизматрасонӣ)-и аз ҳисоби маблағҳои созишномаҳои қарзӣ (грантӣ) харидашаванда (минбаъд - шартномаҳо) бояд аз ҷониби мақоми ваколатдори дахлдори соҳавии қарзгиранда (грантгиранда) ё шахси ваколатдори онҳо ва ё пудратчӣ (таҳвилгар)-и асосӣ тибқи шакли дар замимаи 2 Тартиб овардашуда тасдиқ ва бо тартиб рақамгузорӣ карда шуда, ба ҳисоб гирифта шаванд. Тасдиқи шартномаҳо аз ҷониби ин шахсон маънои гузоштани муҳр, тамға ва имзои роҳбари аввал (ё муовини ӯ) дар шартнома ва дохил намудани онҳо ба системаи ҳамгироии иттилоотии андозро дорад.

13. Шартномаҳо пас аз анҷоми давраи амалигардии лоиҳа, ки ба мақсади он қарз (грант) ҷудо шудааст, аз тарафи мақоми ваколатдори дахлдори соҳавии қарзгиранда (грантгиранда) ё шахси ваколатдори онҳо ва ё пудратчии (таҳвилгари) асосӣ дар давоми муҳлати даъво нигоҳ дошта мешаванд.

4. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

14. Шахсоне, ки муқаррароти Тартиби мазкурро риоя намекунанд, инчунин имтиёзҳои андозии муқаррарнамудаи Тартибро ғайриқонунӣ истифода мебаранд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Ниг. ба Замимаи 1

Замимаи 2

Приложение

к постановлению Правительства

Республики Таджикистан

от 29 июля 2022 года, №361

Порядок освобождения от налога на добавленную стоимость товаров (работ, услуг), приобретаемых за счет средств кредитных (грантовых) соглашений для реализации государственных инвестиционных проектов

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Порядок освобождения от налога на добавленную стоимость товаров (работ, услуг), приобретаемых за счет средств кредитных (грантовых) соглашений для реализации государственных инвестиционных проектов (далее - Порядок) определяет положения об освобождении от налога на добавленную стоимость (далее - НДС) поставок товаров (работ, услуг), приобретаемых за счет средств государственных инвестиционных проектов.

2. Инвестиционными проектами Правительства Республики Таджикистан проекты, предусмотренные на основе кредитных (грантовых) договоров об их финансировании (реализации) между Республикой Таджикистан (Правительством Республики Таджикистан) и иностранными государствами (правительствами иностранных государств), отечественными, иностранными и международными финансовыми организациями, включенными в реестр инвестиционных проектов государственным уполномоченным органом в сфере инвестиций.

3. Кредитополучателями (грантополучателями) являются юридические лица или лица, уполномоченные в установленном нормативными правовыми актами порядке, которым в качестве исполнителей инвестиционного проекта предоставлен кредит (грант). Эти лица несут ответственность за обоснованность предоставленных заявлений поставщику товаров (работ, услуг) и заверенных в соответствии с положениями Порядка договоров.

4. В отношении следующих лиц, непосредственно участвующих в инвестиционных проектах Правительства Республики Таджикистан, применяется освобождение от уплаты НДС по поставкам товаров (работ, услуг), приобретаемых за счет средств кредитных (грантовых) соглашений:

- юридических лиц-резидентов Республики Таджикистан, зарегистрированных в порядке, установленном налоговом законодательством, в качестве плательщиков налога на добавленную стоимость;

- нерезидентов, в том числе тех, которые осуществляют деятельность в Республике Таджикистан через постоянные учреждения нерезидентов и зарегистрированных в порядке, установленном законодательством, в качестве плательщиков НДС.

2. УСЛОВИЯ ОСВОБОЖДЕНИЯ ОТ УПЛАТЫ НАЛОГА НА ДОБАВЛЕННУЮ СТОИМОСТЬ

5. Товары (работы, услуги), приобретаемые за счет средств кредитных (грантовых) соглашений для реализации государственных инвестиционных проектов, освобождаются от НДС на основании заявления соответствующего уполномоченного отраслевого органа кредитополучателя (грантополучателя) или его уполномоченного лица при выполнении следующих условий, если:

- приобретение товаров (работ, услуг) осуществлено за счет средств соглашений, одобренных Правительством Республики Таджикистан и (или) ратифицированных Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан;

- товары (работы, услуги) приобретаются исключительно в целях, установленных в указанных соглашениях;

- поставка товаров (работ, услуг) осуществляется в соответствии с договором, заключенным непосредственно с соответствующим уполномоченным органом кредитополучателя (грантополучателя) или лицом, уполномоченными ими, или основным подрядчиком (поставщиком) на осуществление проекта.

6. Освобождение от уплаты НДС поставок товаров (работ, услуг) производится на основании заявления соответствующего отраслевого уполномоченного органа кредитополучателя (грантополучателя) или лица, уполномоченного ими, поставщику товаров (работ, услуг) по форме, приведенной в приложении 1 к Порядку.

7. Заявление соответствующего отраслевого уполномоченного органа кредитополучателя (грантополучателя) или лица, уполномоченного ими, поставщику товаров (работ, услуг) подается автоматически и без рассмотрения налоговыми органами через налоговую систему информационной интеграции.

8. Операции лиц, указанных в пункте 4 Порядка, не связанные с инвестиционными проектами Правительства Республики Таджикистан, или заключенные договора этих лиц не соответствуют положениям пункта 5 Порядка, облагаются НДС.

9. Поставка товаров (работ, услуг), приобретаемых за счет средств кредитных (грантовых) соглашений, отвечающие требованиям настоящего Порядка, нерезидентами, не зарегистрированными в качестве плательщиков НДС в Республике Таджикистан, производится без обратного налогообложения.

10. Если поставленные товары, результаты выполнения работ или оказания услуг, по которым ранее было предоставлено освобождение от уплаты НДС, по причине истечения срока, расторжения или завершения действия сделок остаются в распоряжении лиц, указанных в пункте 4 настоящего Порядка, по таким остаткам товаров, результатам выполнения работ или оказания услуг этими лицами производится исчисление и уплата НДС в течении 15 дней.

3. ПОРЯДОК КОНТРОЛЯ И УЧЕТА ДОГОВОРОВ

11. Соответствующее отраслевое уполномоченное лицо кредитополучателя (грантополучателя) или уполномоченное им лицо для освобождения от НДС поставки товаров (работ, услуг), приобретаемых за счет средств кредитных (грантовых) соглашений, для реализации государственных инвестиционных проектов осуществляют учет своих проектов в налоговой системе информационной интеграции.

12. Договора по поставке товаров (работ, услуг), приобретаемых за счет средств кредитных (грантовых) соглашений (далее - договора), подлежат заверению, последовательной нумерации и учету соответствующим отраслевым уполномоченным органом кредитополучателя (грантополучателя) или уполномоченным им лицом по форме, приведенной в приложении 2 к Порядку. Заверение договоров данными лицами означает проставление печати, штампа и подписи первого руководителя (или его заместителя) в договоре и внесение их в налоговую систему информационной интеграции.

13. Договора хранятся соответствующим отраслевым уполномоченным органом кредитополучателя (грантополучателя) или его уполномоченным лицом, или основным подрядчиком (поставщиком) в течение срока исковой давности после завершения срока реализации проекта, на цели которого выделен кредит (грант).

4. ЗАКЛЮЧИТЕЛЬНЫЕ ПОЛОЖЕНИЯ

14. Лица, не соблюдающие положения настоящего Порядка, а также неправомерно воспользовавшиеся налоговыми льготами, установленными Порядком, привлекаются к ответственности в соответствии с законодательством Республики Таджикистан.

Приложение 1

Приложение 2