Низомномаи Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба амалигардонии лоиҳаи "Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, БРАМОМ-4"-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июли соли 2022, №357

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 29 июли соли 2022, №357

Низомномаи Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба амалигардонии лоиҳаи "Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, БРАМОМ-4"-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба амалигардонии лоиҳаи "Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, БРАМОМ-4"-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Кумита) мақоми олии машваратӣ - ҳамоҳангсоз дар татбиқи лоиҳаи "Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, БРАМОМ-4" (минбаъд - лоиҳа) мебошад.

2. Кумита фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ", "Дар бораи амнияти нақлиётӣ", "Дар бораи ҳаракат дар роҳ", "Дар бораи таъмини амнияти экологии нақлиёти автомобилӣ", Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Барномаи мақсадноки давлатии рушди комплекси нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2025, инчунин санадҳои меъёрии ҳуқуқии вобаста ба соҳаи нақлиёт ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, созишномаҳои грантӣ аз 17 майи соли 2021 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушди Бонки Ҷаҳонӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст ва Низомномаи мазкур амалӣ менамояд.

3. Фаъолияти ташкилию техникӣ ва иттилоотии Кумита дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳои соҳавӣ амалӣ мегардад.

4. Дар кори Кумита бо ҳуқуқи машваративу ҳамоҳангсозӣ метавонанд намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва созмонҳое, ки дар самти ташкил, ба роҳ мондан ва назорати сохтмони роҳҳои ҳадафӣ, инфрасохтори нақлиётӣ, пулҳо, долонҳои нақлиётии транзитӣ, терминалҳои наздисарҳадӣ ва марказҳои логистикӣ фаъолият менамоянд, иштирок намоянд.

2. ВАЗИФАҲОИ АСОСИИ КУМИТА

5. Вазифаҳои асосии Кумита аз инҳо иборатанд:

- ҳамоҳангсозии фаъолият ва таъмини ҳамкории мутақобилаи мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, тиҷоратӣ, ҷамъиятӣ, корхонаҳо, дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар татбиқи лоиҳа;

- ташкили мониторинг ва арзёбии ҳолати татбиқи лоиҳа, ҳалли масъалаҳо, пешниҳоди тавсияҳо ба вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба амалигардонии самтҳои асосии сиёсати давлатӣ дар ташкил, ба роҳ мондан ва назорати сохтмони роҳҳои ҳадафӣ, инфрасохтори нақлиётӣ, пулҳо, долонҳои нақлиётии транзитӣ, терминалҳои наздисарҳадӣ ва марказҳои логистикӣ, ки аз татбиқи лоиҳа бармеоянд;

- омӯзиш ва таҳлили вазъи ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар самти татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ҷиҳати тақвияти инфрасохтори нақлиётӣ, ташаккули долонҳои нақлиётии транзитӣ, бунёди терминалҳои наздисарҳадӣ ва марказҳои логистикӣ;

- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур намудани пешниҳод оид ба ҳалли мушкилоти татбиқи лоиҳа, инчунин дар мавриди зарурӣ ҷорӣ намудани ислоҳот дар самти таҷдиди инфрасохтори нақлиётӣ ва роҳҳои транзитии байнидавлатӣ бо бунёди терминалҳои наздисарҳадӣ ва марказҳои логистикӣ;

- мусоидат намудан дар ҳалли саривақтии мушкилот ва бартараф намудани монеаҳои дар доираи лоиҳа бамиёномада;

- ҳалли дигар масъалаҳои марбут ба татбиқи самараноки лоиҳа.

3. РАИСИ КУМИТА

6. Ваколатҳои раиси Кумита:

- даъват ва гузаронидани ҷаласаҳои Кумита;

- тасдиқи протоколҳои ҷаласаҳои Кумита;

- шунидани ҳисоботи аъзои Кумита ва дигар ниҳодҳои дахлдор аз натиҷаи тадбирҳои андешидашуда, вазъияти ҷорӣ вобаста ба ҷараёни амалигардонии лоиҳа ва ба расмият даровардани қарору супоришҳои дахлдор;

- пешниҳоди масъалаҳо барои баррасӣ дар ҷаласаҳои Кумита;

- иҷрои ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

4. МУОВИНИ РАИСИ КУМИТА

7. Ваколатҳои муовини раиси Кумита:

- дар мавриди набудани раис ҷаласаи Кумитаро раисӣ менамояд;

- дар ташкили кори Кумита иштирок менамояд;

- дигар супоришҳои раиси Кумитаро тибқи тартиби пешбинишуда иҷро менамояд;

- ҷараёни иҷрои қарорҳои раиси Кумитаро назорат мебарад;

- ҷиҳати беҳтар намудани амалисозии лоиҳа пешниҳодҳо манзур менамояд.

5. АЪЗОИ КУМИТА

8. Ваколатҳои аъзои Кумита:

- иштироки ҳатмӣ ва фаъол дар ҷаласаҳои Кумита;

- иҷрои саривақтии супоришҳои протоколии Кумита ва вазифаҳои аз ҷониби раис гузошташуда;

- омода намудани ҳисобот мутобиқи супоришҳои протоколии Кумита оид ба фаъолияти аъзои Кумита;

- пешниҳоди таклифҳои мушаххас барои ворид намудан ба бандҳои протоколи Кумита;

- иҷрои дигар супоришҳои раиси Кумита тибқи тартиби пешбинишуда.

6. КОТИБОТИ КУМИТА

9. Барои ҳалли масъалаҳои ҷории фаъолияти Кумита дар назди Кумита котибот фаъолият менамояд.

10. Ваколатҳои котиботи Кумита:

- таъмини иттилоотию таҳлилӣ ва ташкилию техникии фаъолияти Кумита;

- тартиб додани лоиҳаи рӯзнома, сенария, рӯйхати иштирокчиён ва пешниҳоди қарорҳои протоколи Кумита;

- назорат, таҳлили рафти иҷрои бандҳои протокол ва дигар қарорҳои Кумита ва пешниҳоди маълумот ба раиси Кумита аз натиҷаи онҳо;

- дар якҷоягӣ бо Гурӯҳи татбиқи лоиҳа омода намудани маълумот оид ба ҳолати татбиқи лоиҳа;

- иҷрои супоришҳои дигари раиси Кумита.

11. Қарорҳои Кумита дар шакли протокол ба расмият дароварда шуда, аз ҷониби раис ва котиботи Кумита имзо карда мешаванд.

7. ТАШКИЛИ КОРИ КУМИТА

12. Таъминоти ташкилӣ, техникӣ ва иттилоотии кори Кумита аз ҷониби котиботи Кумита дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳои соҳавӣ амалӣ карда мешавад.

13. Котиботи Кумита дар ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои татбиқи лоиҳа назорати амалигардонии қарорҳои Кумитаро анҷом медиҳад.

14. Ҷаласаҳои Кумита тибқи нақшаи тасдиқшуда на камтар аз ду маротиба дар як сол баргузор мегарданд. Ҳамзамон Кумита ҳуқуқ дорад дар ҳолатҳои ғайричашмдошт бо роҳи овоздиҳии ғоибона бе баргузории ҷаласа қарор қабул кунад. Чунин қарорҳо бо протоколҳои овоздиҳии ғоибона ба расмият дароварда мешаванд. Дар ҳолати зарурӣ ҷаласаҳои ғайринавбатӣ низ гузаронида мешаванд. Таъминоти иттилоотию таҳлилӣ ва ташкилию техникии фаъолияти Кумитаро сардори шуъбаи кор бо сармоягузории хориҷии Вазорати нақлиёт - муовини директори Гурӯҳи татбиқи лоиҳа ба роҳ мемонад.

15. Ҷаласаҳои Кумита дар сурати ширкат доштани на камтар аз се ду ҳиссаи ҳайати он эътибор пайдо мекунанд.

16. Қарорҳои Кумита оид ба масъалаҳои баррасишаванда бо аксарияти овози иштироккунандагон дар шакли протокол қабул карда мешаванд.

17. Қарорҳои Кумита хусусияти ҳатмӣ дошта, ба аъзои Кумита ҷиҳати иҷрои он пешниҳод мешаванд.

18. Лоиҳаҳои ҳуҷҷатҳо ва қарорҳо оид ба масъалаҳое, ки дар ҷаласаи Кумита баррасӣ мегарданд, аз тарафи котибот дар мувофиқа бо раиси Кумита таҳия карда мешаванд.

8. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

19. Фаъолияти Кумита бо анҷом ёфтани татбиқи лоиҳа ба итмом мерасад.

Замимаи 2

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз

аз 29 июли соли 2022, №357

Ҳайати Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба амалигардонии лоиҳаи "Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, БРАМОМ-4"-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон - раиси Кумита;

Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон - муовини раиси Кумита;

Сардори шуъбаи кор бо сармоягузории хориҷии Вазорати нақлиёт - муовини директори Гурӯҳи татбиқи лоиҳа - котиби масъули Кумита.

Аъзои Кумита:

- намояндаи раёсати рушди инфрасохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- муовини вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- муовини раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- муовини раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- муовини якуми сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- муовини якуми раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон;

- муовини якуми раиси вилояти Суғд;

- муовини раиси вилояти Хатлон.