ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ МОРАТОРИЙ БА САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРӢ
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 27 апрели соли 2022, № 700
қабул гардидааст
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 майи соли 2022, № 273
ҷонибдорӣ гардидааст
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии татбиқи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкориро муайян карда, тартиби татбиқи мораторийро муқаррар ва ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандонро ҳифз менамояд.
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
1) мораторий ба санҷишҳо - муваққатан боздоштани қисми муайяни ваколатҳои дар асоси Қонуни мазкур ва ё дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқарраршудаи мақомоти ваколатдори давлатии санҷишӣ вобаста ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ;
2) субъектҳои соҳибкорӣ - шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қайди давлатӣ гузаштаанд;
3) санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ - намуди фаъолияти мақомоти давлатӣ оид ба ҳама гуна санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
4) мақоми ваколатдори давлатӣ - мақоми давлатӣ оид ба сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, ки барои мониторинги татбиқи мораторий ба санҷишҳо масъул мебошад;
5) давраи мораторий ба санҷишҳо - муҳлате, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардида, дар давоми он санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ манъ карда шудаанд;
6) мақомоти ваколатдори давлатии санҷишӣ - мақомоти давлатие, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои ваколати гузаронидани санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ мебошанд;
7) Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ - мақоми машваратии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷиширо таъмин менамояд.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Ваколати мақоми ваколатдори давлатӣ вобаста ба мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ
Мақоми ваколатдори давлатӣ мониторинги татбиқи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкориро мегузаронад.
Моддаи 4. Боздоштани амали муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар давраи татбиқи мораторий ба санҷишҳо амали муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи 5 Қонуни мазкур, боздошта мешавад.
Моддаи 5. Истисно аз татбиқи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ
1. Санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ оид ба иҷро намудани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста ба муқаррароти моддаи 4 Қонуни мазкур, дар ҳолатҳои зерин таъин ва бо огоҳонидани Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ гузаронида мешавад:
1) агар оид ба таъмин нагардидани сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ ва маводи доруворӣ нисбат ба фаъолияти субъекти соҳибкорӣ аз ҷониби мақомоти давлатӣ, шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ (истеъмолкунандаи маҳсулот) ба мақомоти ваколатдори давлатии санҷишӣ аризаи хаттӣ ва ё дархост ворид гардад, санҷиш дар доираи муроҷиати пешниҳодшуда амалӣ карда мешавад;
2) бо мақсади танзими давлатии дурустии ташаккулёбӣ ва татбиқи нархҳои мол ва маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ;
3) дар асоси супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
4) дар асоси аризаи субъектҳои соҳибкорӣ ҳангоми азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳӣ;
5) дар асоси дархости расмии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳангоми мавҷуд будани парвандаи ҷиноятӣ.
2. Санҷишҳое, ки тибқи қисми 1 моддаи мазкур гузаронида мешаванд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дафтари бақайдгирии санҷишҳо қайд карда мешаванд.
Моддаи 6. Ҳалли баҳсҳо
Баҳсҳо вобаста ба татбиқи мораторий ба санҷишҳо аз ҷониби Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ ва ё суд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал карда мешаванд.
Моддаи 7. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 8. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ"
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ" аз 21 феврали соли 2018 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2018, №2, мод.64; с.2019, №4-5, мод.229) аз эътибор соқит дониста шавад.
Моддаи 9. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 8 июни соли 2022, № 1874