ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 июли соли 2020, №412
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ба Тартиби пур кардан ва пешниҳод намудани эъломия оид ба вазъи молумулкӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 июли соли 2020, №412 "Дар бораи эъломия оид ба вазъи молумулкӣ" тасдиқ шудааст, тағйироти зерин ворид карда шавад:
- банди 7 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"7. Дар эъломия оид ба вазъи молумулкӣ эъломиякунанда номгӯйи маълумот вобаста ба молу мулк ва уҳдадориҳои хусусияти молиявидоштаи худро мувофиқи варақаи эъломия оид ба вазъи молумулкӣ нишон медиҳад.";
- банди 9 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"9. Ишғолкунандагони мансабҳои давлатии ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони мақомот ё ташкилотҳои давлатӣ, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳод ё розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин (интихоб) карда мешаванд, эъломия оид ба вазъи молумулкии худро якҷо бо эъломия оид ба андоз аз даромад баъди хонапурӣ намудан дар шакли электронӣ ё коғазӣ ба мақомоти андози маҳалли истиқомат пешниҳод карда, шакли коғазии онҳоро бо тасдиқномаи мақомоти андоз дар бораи қабули эъломия оид ба андоз аз даромад ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд. Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якум ва муовинони Раис, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эъломияҳои худро бо ҳамин тартиб ба Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунанд. Эъломияҳои роҳбарони мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ба раиси шаҳр ё ноҳияи дахлдор ва дигар эъломиякунандагон ба мақомот ё ташкилотҳои давлатии ҷойи кор бо ҳамин тартиб пешниҳод карда мешаванд.";
- дар сархати дуюми банди 13 калимаи "барад" ба калимаи "баранд" иваз карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 21 майи соли 2022, № 249
Правительство Республики Таджикистан
Постановление
О внесении изменений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 24 июля 2020 года, №412
В соответствии со статьей 56 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Внести в Порядок заполнения и представления декларации об имущественном положении, утвержденный постановлением Правительства Республики Таджикистан от 24 июля 2020 года, №412 "О декларации об имущественном положении", следующие изменения:
- пункт 7 изложить в следующей редакции:
"7. В декларации об имущесгвенном положении декларант указывает перечень сведений о своём имущесгвенном положении и обязательствах финансового характера в соответсгвии с бланком декларации об имущественном положении.";
- пункт 9 изложить в следующей редакции:
"9. Лица, занимающие государственные должности государственной власти, руководители государственных органов или организаций, назначаемые (избираемые) на должность Президентом Республики Таджикистан, Правительством Республики Таджикистан по представлению или с согласия Президента Республики Таджикистан, свою декларацию об имущсственном положении вместе с декларацией по подоходному налогу после заполнения в электронном или бумажном виде представляют в налоговые органы по месту жительства и их бумажные формы с письменным подтверждением налогового органа о принятии декларации по подоходному налогу в Исполнительный аппарат Президента Республики Таджикистан. Председатель Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан, первый заместитель и заместители Председателя, депутаты Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан свои декларации в таком же порядке представляют в Аппарат Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан. Декларации руководителей органов самоуправления посёлков и дехотов в таком же порядке представляются председателю соответствующего города или района, других декларантов в государсгвенные органы или организации по месту работы.".
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе,
от 21 мая 2022 года, №249