Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 апрели соли 2022, № 205 "Дар бораи Барномаи давлатии рушди ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи Барномаи давлатии рушди ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027

Мутобиқи моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Барномаи давлатии рушди ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027 ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Барномаи давлатии рушди ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027 тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).

2. Вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ иҷрои Барномаи мазкур ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии онро таъмин карда, аз натиҷааш ҳамасола то 15 декабр ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.

3. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳангсозии иҷрои Барномаи мазкур ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии онро таъмин карда, ҳамасола то 1 январ оид ба иҷрои онҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                             Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 27 апрели соли 2022, № 205