Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 27 апрели соли 2022, № 204
Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023-2030
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Тӯли 30 соли соҳибистиқлолии кишвар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани мақом ва манзалати занон дар ҷомеа, фаъолгардонии онҳо дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла, сиёсат, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳанг, маориф, тандурустӣ, саноату нақлиёт, энергетика ва соҳаҳои ҳифзи ҳуқуқ тадбирҳои зарурӣ андешида, бо ин мақсад заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ гузошта шуд.
2. Дар ин давра бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъол гардонидани нақши занон дар идоракунии давлатӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлату Ҳукумат муайян гардида, дар ин ҷода як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз қабили Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо", фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа", Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду марҳила (солҳои 2011-2020 ва солҳои 2021-2030), Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд дар ду марҳила (барои солҳои 2007-2016 ва солҳои 2017-2022), Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва мавриди амал қарор дода шуданд.
3. Дар ин замина, вобаста ба иҷрои супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон" санаи 21 декабри соли 2021 ироа гардид, ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ҳамзамон барои то 30 фоиз расонидани ҳайати хизматчиёни давлатӣ ва то ба 25 фоизи ҳайати кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023-2030 (минбаъд - Барнома) таҳия шудааст.
4. Барнома дар асоси муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хизмати давлатӣ", Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудааст.
2. ВАЗЪИ КУНУНӢ
5. Баланд бардоштани нақши занону бонувон дар идоракунии давлатӣ, зиёд намудани шумораи занону духтарони болаёқат дар вазифаҳои роҳбарикунанда, таҳким бахшидан ба мавқеи сиёсию иҷтимоии ин табақаи аҳолӣ дар меҳвари сиёсати давлату Ҳукумат қарор дошта, вобаста ба масъалаҳои болозикр зиёда аз 60 санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул шудаанд.
6. Мувофиқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 1 январи соли 2021 шумораи занон 4 миллиону 683 ҳазору 700 нафарро ташкил медиҳад, ки зиёда аз 49 фоизи шумораи умумии аҳолии ҷумҳуриро дар бар гирифта, ҳолати мазкур тақозои онро дорад, ки мавқеи ин табақаи аҳолӣ дар баробари мардон дар ҳама соҳаҳои иқтисоди миллӣ баланд бардошта шавад.
7. Бо мақсади расидан ба ҳадафҳои дар пеш гузошташуда, пеш аз ҳама фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбияи духтарон, ба ҳамаи зинаҳои таҳсил фаро гирифтани онҳо, омода намудани кадрҳои аз лиҳози зеҳнӣ ташаккулёфта ва баланд бардоштани рақобатпазирии занон ҳангоми фаъолият дар идораҳои давлатӣ масъалаи муҳим ба ҳисоб меравад.
8. Вобаста ба ин, бартараф намудани ҳолатҳои аз таҳсил дур мондани духтарон дар мадди аввал гузошта мешавад. Аз таҳлилҳо чунин бармеояд, ки дар 5 соли охир ба зинаи сеюми таҳсил ҷалб намудани духтарон рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Дар баробари ин, фоизнокии фарогирии духтарон ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ аз шумораи умумии хатмкунандагон (духтарон) дар соли 2021 нисбат ба соли 2019 зиёд шуда бошад ҳам, кор дар ин самт беҳбудиро тақозо дорад.
9. Ҷиҳати ҳавасманд гардонидан ва зиёд намудани шумораи духтарони дорои таҳсилоти олӣ, махсусан, дар деҳоти дурдасти кишвар аз соли 1997 инҷониб квотаи президентӣ амал менамояд, ки то соли 2021 тибқи квота 13 384 нафар духтарон ба донишгоҳҳо дохил шуда, 11 500 нафар духтарон онҳоро хатм намуданд. Яке аз ҳадафҳои меҳварии Барнома ин ҷудо намудани квотаи президентӣ ба духтарони деҳоти дурдаст аз рӯйи ихтисосҳои ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир, махсусан дар соҳаи сохтмон ва меъморӣ, саноат, энергетика, бонкдорӣ ва алоқа мебошад. Бо ин мақсад, дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор гузаронидани тадқиқот ҷиҳати муайян намудани талаботи минтақа ба ин ё он ихтисос дар назар дошта шудааст.
10. Дастгирии занону духтарон аз қишри осебпазири ҷомеа, бахусус духтарони ятим, аз оилаҳои камбизоат, имконияташон маҳдуд натиҷаи сиёсати дурандешонаи иҷтимоӣ ва ятимпарваронаи Сарвари давлат маҳсуб меёбад. Аз ин лиҳоз, дастгирии ҳамаҷонибаи ин табақаи аҳолӣ, андешидани тадбирҳои иловагӣ барои муайян намудани имтиёзҳои бештар ҷиҳати дастрасии онҳо ба таҳсил ва фаъолият намудан дар корҳои давлатию ҷамъиятӣ хеле муҳим арзёбӣ мегардад.
11. Яке аз омилҳои таъсиррасон ба болоравии мансабии занон дар хизмати давлатӣ пайваста такмил додани сатҳи донишу малакаҳои корӣ мебошад. Рушди малакаю маҳорати роҳбарӣ, масъулиятшиносӣ, қобилияти ташкилотчигӣ, маърифату фарҳанги баланди муошират, суханварӣ, поктинатӣ, ахлоқи ҳамида аз муҳимтарин хислатҳои роҳбарӣ ба ҳисоб меравад. Бо мақсади болоравии мансабии хизматчиёни давлатӣ дар ниҳоди занону духтарон-хизматчиёни давлатӣ тарбия намудани хислатҳои наҷиби инсонӣ яке аз ҳадафҳои асосӣ мебошад.
12. Дар натиҷаи татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва роҳандозӣ гардидани тадбирҳои судманд дар самти баланд бардоштани мавқеи занон дар ҷомеа ва нақши онҳо дар иқтисоди миллӣ шумораи занон дар парламенти кишвар рӯ ба афзоиш ниҳода, нисбат ба соли 2015 шумораи занон - аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16,6 фоиз ба 26,6 фоиз ва теъдоди занон - вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20,6 фоиз ба 27 фоиз расидааст.
13. Танҳо дар ду соли охир 46 нафар занону духтарони болаёқат тибқи фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъин гардиданд. Аз рӯйи маълумоти оморӣ дар панҷ соли охир, ҳарчанд шумораи хизматчиёни давлатӣ аз ҳисоби занону духтарон аз 23,0 фоиз ба 24,1 фоиз ва шумораи занон дар ҳайати кадрҳои роҳбарикунанда аз 18,9 фоиз ба 19,3 фоиз афзоиш ёфта бошад ҳам, барои аз ҳисоби занон ба 30 фоиз расонидани ҳайати хизматчиёни давлатӣ ва ба 25 фоиз расонидани ҳайати кадрҳои роҳбарикунанда андешидани тадбирҳои иловагӣ зарур аст. Махсусан, фаъолияти занон дар сохторҳои қудратӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, соҳаҳои саноат, сохтмон ва меъморӣ то ба ҳол нокифоя боқӣ мондааст. 14. Ҳамин тариқ, амалишавии Барнома дар ҳалли масъалаҳои болозикр ва бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта мусоидат хоҳад кард.
3. МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ БАРНОМА
15. Ҳадафи асосии Барнома фароҳам овардани шароити мусоид ва имкониятҳои ҳамаҷониба ҷиҳати иштироки фаъолонаи занону духтарон дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ва дар ин замина баланд бардоштани мавқеъ, саводнокӣ ва маърифати ҳуқуқӣ, таъмини дастрасӣ ба хизмати давлатӣ, баланд бардоштани дараҷаи рақобатпазирӣ дар хизмати давлатӣ, тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи кишвар аз ҳисоби занону духтарони болаёқат мебошад.
16. Барои амалигардонии ҳадафҳои гузошташудаи Барнома иҷрои вазифаҳои зерин пешбинӣ мешавад:
- тақвияти корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ҷиҳати зиёд шудани шумораи занону духтарон дар парламенти кишвар;
- омӯзонидани на кам аз ду забони хориҷӣ, маҳорати суханварӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва коргузорӣ дар идораи давлатӣ;
- мунтазам нав ва пурра намудани махзани кадрӣ аз ҳисоби занону духтарон ва пешбарии онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда бо дарназардошти қобилият, истеъдод ва ихтисос;
- гузаронидани таҳлили гендерии интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо дар мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот;
- ташкили курсҳои азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ дар сатҳи маҳал;
- фаро гирифтани занону духтарон ба таҳсил дар хориҷи кишвар бо мақсади бозомӯзӣ ва табодули таҷрибаи онҳо;
- ҷудо намудани квотаҳои президентӣ барои духтарон аз рӯи ихтисосҳое, ки талабот ба онҳо зиёд аст;
- амалӣ намудани лоиҳаҳои муштарак бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар самти тарбияи кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарон;
- тавсеаи барномаю лоиҳаҳои муштарак бо иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ оид ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, пешбарии занон ба мақоми роҳбарикунандаи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ;
- таҳкими робитаи муассисаҳои таълимӣ бо оила бо мақсади тарбияи шоистаи фарзандон ва ҷалби духтарон ба таҳсил;
- фаъол гардонидани нақши воситаҳои ахбори омма дар масъалаи бартараф намудани қолабҳои гендерӣ ва тарғиби нақшҳои боадолатонаи мардон ва занон дар оила;
- ташаккул симо (имиҷ)-и мусбати зан-роҳбар.
4. САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ БАРНОМА
17. Самтҳои афзалиятноки Барнома чунин муқаррар карда мешавад:
- такмили заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ, таҳияи воситаю усулҳои вобаста ба тарбия, интихобу ҷобаҷогузории кадрҳо ва болоравии мансабии онҳо, ҳавасмандгардонии хизматчиёни давлатӣ баҳри фаъолияти самаранок дар шароити комилан нави муносибатҳои ҷамъиятӣ ва имкониятҳои техникию технологӣ;
- таҳлили маҷмӯии вазъи воқеии мушкилоти ҷойдоштаи иҷтимоӣ, қолабҳои шахшудаи хурофотӣ дар маҳал, сабабу омилҳои аз таҳсил дур мондани духтарон, ҷалби духтарони болаёқат ба зинаи сеюми таҳсилот, ба таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, ҳамчунин омода намудани занону духтарони донишманду боистеъдод ҷиҳати пешбарӣ ба хизмати давлатӣ ва вазифаҳои роҳбарикунанда;
- баланд бардоштани мақому манзалат, маънавиёту фарҳанг, заковату малакаи касбӣ, масъулияту кордонӣ, қобилияти ташкилотчигӣ, ҳисси ватандӯстию ифтихори миллӣ, дониш ва зиракии сиёсии занону духтарон, инчунин таъмини ҳуқуқу манфиатҳои онҳо ҳангоми фаъолият дар идораҳои давлатӣ;
- баргузор намудани чорабиниҳои гуногуни таблиғотию ташвиқотӣ ва маҳфилҳои тарбиявӣ баҳри нигоҳдории урфу одат, одоби муоширату муносибат кардан, либоспӯшӣ ва намуди зоҳирӣ дар муассисаҳои таҳсилотӣ бо иштироки падару модарон;
- ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманди вазорату идораҳои дахлдор бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар самти тарбияи занону духтарон барои пешбарӣ ба вазифаҳои роҳбарикунанда;
- андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати омода намудани кадрҳои роҳбарикунанда дар сохторҳои алоҳида (қудратӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, бонкдорӣ, сохтмон ва меъморӣ, нақлиёт, энергетика, саноат ва дипломатия) ва бо дарназардошти таҳсилоти заминавӣ (таҳсилоти олии касбӣ - дипломи якум) ва баланд бардоштани сатҳи касбияти соҳавии онҳо;
- дастгирӣ ва ҳавасманд намудани занону духтарони боистеъдоду болаёқат, махсусан аз қишри осебпазири аҳолӣ (маъюбон, ятимон, аз оилаҳои камбизоат, деҳаҳои дурдаст) ва муҳайё намудани шароити таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии дохил ва хориҷи кишвар аз рӯйи ихтисосҳои рақобатпазири бозори меҳнат;
- тавсеаи шаклҳои ҳамкории иҷтимоӣ байни мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар ин самт.
5. МАБЛАҒГУЗОРИИ БАРНОМА
18. Маблағгузории Барнома аз ҳисоби маблағҳои пешбининамудаи буҷети ҷумҳуриявӣ, инчунин дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ карда мешавад.
19. Талаботи умумии маблағгузории Барнома 3 230 920 (се миллиону дусаду сӣ ҳазору нуҳсаду бист) сомониро ташкил медиҳад.
6. АМАЛИШАВИИ БАРНОМА
20. Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳангсози амалигардонии Барнома муайян гардида, тибқи тартиби муқарраргардида оид ба иҷрои нақшаи амали Барнома ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар нимсола ҳисобот пешниҳод мекунад ва инчунин истифодаи мақсадноки маблағҳои пешбинишудаи Барномаро таъмин менамояд.
7. МОНИТОРИНГ ВА АРЗЁБИИ АМАЛИГАРДОНИИ БАРНОМА
21. Бо мақсади таъмини иттилооти саривақтӣ ва пурраю боэътимод оид ба рафти амалишавии Барнома ва самаранокии он ҳамасола дар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мониторинг ва арзёбии амалигардонии Барнома гузаронида мешавад.
22. Мониторинг ва арзёбии рафти амалигардонии Барнома дар асоси нишондиҳандаҳои зерин гузаронида мешавад:
- нишондиҳандаҳои раванди иҷрои чорабиниҳое, ки дар Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023-2030 пешбинӣ гардидаанд;
- омӯзиш аз рӯйи ҳайати сифатии захираҳои кадрӣ ва болоравии мансабии занон;
- татбиқи чорабиниҳо аз рӯйи захираҳои молиявии масрафшаванда барои ҳар як чорабинии гузаронидашуда.
8. НАТИҶАҲОИ ЧАШМДОШТИ БАРНОМА
23. Дар доираи амалишавии Барнома натиҷаҳои зерин пешбинӣ мешаванд:
- такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти баланд бардоштани мавқеи занон дар ҷомеа;
- ҷалби бештари духтарон ба ҳамаи зинаҳои таҳсил ва коҳиш ёфтани тафовути гендерӣ дар масъалаи дастрасии мардону занон ба гирифтани таҳсилоти касбӣ, хусусан аз рӯйи ихтисосҳои ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат;
- бартараф гардидани қолабҳои шахшудаи хурофотӣ ҷиҳати таъмини ҳуқуқи озодонаи занону духтарон дар интихоби касб;
- мунтазам нав ва пурра гардонидани махзани маълумот оид ба захираи кадрҳои хизмати давлатӣ аз ҳисоби занону духтарон аз рӯйи соҳаҳо ва категорияҳои мансабҳои давлатӣ;
- баланд гардидани симо (имиҷ)-и мусбати зан-роҳбар ва иштироки фаъолонаи занону духтарони болаёқат ҳамчун роҳбарони мақомоти давлатӣ;
- зиёд гардидани корҳои илмию тадқиқотӣ вобаста ба баланд бардоштани мавқеи занону духтарон дар идоракунии давлатӣ;
- то соли 2030 зиёд гаштани шумораи занҳо дар соҳаи хизмати давлатӣ то 30 фоиз ва дар вазифаҳои роҳбарикунанда то 25 фоиз.
Замимаи 2
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 27 апрели соли 2022, № 204
Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023-2030
Ниг. ба Замима