ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Тартиби баргардонидани маблағи барзиёд баҳисобгирифташудаи андоз аз арзиши иловашудаи нисбат ба маблағи ҳисобшудаи андоз дар давраи андозӣ
Мутобиқи моддаи 274 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Тартиби баргардонидани маблағи барзиёд баҳисобгирифташудаи андоз аз арзиши иловашудаи нисбат ба маблағи ҳисобшудаи андоз дар давраи андозӣ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Маблағи аз буҷети ҷумҳуриявӣ баргардонидашавандаи андоз аз арзиши иловашуда, ки Тартиби мазкур муайян менамояд, дар қисми хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ барои соли тақвимӣ пешбинӣ карда шавад.
3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағи андозеро, ки Тартиби мазкур муайян менамояд, аз ҳисоби андоз аз арзиши иловашудае, ки ба буҷети ҷумҳуриявӣ ворид шудааст, баргардонад. Маблағи баргардонидашудаи андоз аз арзиши иловашуда дар қисмҳои даромад ва хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ ба ҳисоб гирифта шавад.
4. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2005, №175 "Дар бораи Тартиби аз буҷети ҷумҳуриявӣ баргардонидани андоз аз арзиши иловашуда" аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 26 апрели соли 2022, № 178
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О Порядке возврата суммы излишне зачтенного налога на добавленную стоимость над суммой начисленного налога за налоговый период
В соответствии со статьей 274 Налогового кодекса Республики Таджикистан и статьей 57 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Утвердить Порядок возврата суммы излишне зачтенного налога на добавленную стоимость над суммой начисленного налога за налоговый период (прилагается).
2. Возвращаемую из республиканского бюджета сумму налога на добавленную стоимость, определяемую настоящим Порядком, предусмотреть в расходной части республиканского бюджета на календарный год.
3. Министерству финансов Республики Таджикистан производить возврат суммы налога, определяемой настоящим Порядком, за счет налога на добавленную стоимость, поступившего в республиканский бюджет. Возвращенную сумму налога на добавленную стоимость учитывать в доходной и расходной частях республиканского бюджета.
4. Признать утратившим силу постановление Правительства Республики Таджикистан от 10 мая 2005 года, №175 "О Порядке возврата из республиканского бюджета налога на добавленную стоимость".
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе,
от 26 апреля 2022 года №178