Тартиби баргардонидани маблағи барзиёд баҳисобгирифташудаи андоз аз арзиши иловашудаи нисбат ба маблағи ҳисобшудаи андоз дар давраи андозӣ аз 26 апрели соли 2022, № 178

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 26 апрели соли 2022, № 178

тасдиқ шудааст

ТАРТИБИ БАРГАРДОНИДАНИ МАБЛАҒИ БАРЗИЁД БАҲИСОБГИРИФТАШУДАИ АНДОЗ АЗ АРЗИШИ ИЛОВАШУДАИ НИСБАТ БА МАБЛАҒИ ҲИСОБШУДАИ АНДОЗ ДАР ДАВРАИ АНДОЗӢ

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Тартиби баргардонидани маблағи барзиёд баҳисобгирифташудаи андоз аз арзиши иловашудаи нисбат ба маблағи ҳисобшудаи андоз дар давраи андозӣ (минбаъд - Тартиб) тартиби баргардонидани маблағи барзиёд баҳисобгирифташудаи андоз аз арзиши иловашударо ба андозсупоранда муайян менамояд.

2. Баргардонидани андоз аз арзиши иловашуда нисбат ба андозсупорандагони зерин тибқи тартиб амалӣ карда мешавад:

- андозсупорандагоне, ки амалиётҳои онҳо бо меъёри сифрии андоз аз арзиши иловашуда андозбандӣ мешаванд;

- андозсупорандагоне, ки маблағи баҳисобгирифташудаи андоз аз арзиши иловашуда нисбат ба маблағи ҳисобкардашудаи онҳо барзиёд мебошад.

3. Баргардонидани маблағи андоз аз арзиши иловашуда бо тартиби зерин амалӣ карда мешавад:

- барзиёдии маблағи андоз аз арзиши иловашудаи баҳисобгирифташаванда нисбат ба маблағи ҳисобшудаи он дар давраи ҳисоботии андоз аз ҷониби мақомоти молия якҷо бо мақомоти андоз дар давоми 30 рӯзи тақвимӣ аз лаҳзаи аз ҷониби мақомоти андоз гирифтани аризаи андозсупорандае, ки амалиётҳои он бо меъёри сифрӣ андозбандӣ мешаванд, аз буҷети дахлдор баргардонида мешавад;

- маблағи барзиёд баҳисобгирифташудаи андоз аз арзиши иловашудаи андозсупорандагоне, ки амалиётҳои бо меъёри сифрӣ андозбандишаванда надоранд, барои пӯшонидан (баҳисобгирӣ)-и уҳдадориҳои андозии шаш давраи минбаъдаи андоз аз арзиши иловашуда гузаронида мешавад. Ҳама гуна бақияи зиёдатӣ дар давоми 30 рӯзи баъд аз гузаштани шаш давраи андозӣ бо роҳи пайдарҳамии дар банди 4 ҳамин Тартиб пешбинишуда аз буҷети ҷумҳуриявӣ баргардонида мешавад.

4. Маблағи барзиёд баҳисобгирифташудаи андоз аз арзиши иловашуда ба суратҳисоби бонкии андозсупоранда пас аз иҷрои пайдарҳамии амалҳои зерин баргардонида мешавад:

- ба ҳисоб гирифтани андоз аз арзиши иловашуда ба ҳисоби пардохти андози мавҷудбудаи ин супорандаи андоз аз арзиши иловашуда аз рӯи қарзи дигар андозҳо (ба истиснои андоз аз даромади шахсони воқеӣ), аз ҷумла пӯшонидани қарзи андоз аз арзиши иловашуда барои давраҳои пешинаи андоз;

- пӯшонидани маблағи андоз аз арзиши иловашудае, ки ҳангоми воридоти молҳо пардохт карда мешавад;

- ба суратҳисоби бонкии андозсупоранда гузарондани маблағҳое, ки баъди иҷрои амалҳои пешбиникардаи сархатҳои якум ва дуюми ҳамин банд боқӣ мондаанд.

5. Дар сурати аз ҷониби мақомоти андоз ошкор гардидани ҳолатҳои ба андозсупоранда иштибоҳан барзиёд баргардонидани маблағи андоз аз арзиши иловашуда, мақомоти андоз дар доираи муҳлати даъво тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории андоз чунин маблағҳоро бозпас меситонад.

6. Андозсупоранда ҳуқуқ дорад баргардонидан ё ба ҳисоб гирифтани маблағи андоз аз арзиши иловашударо дар доираи муҳлати даъво, ки қонунгузории андоз муқаррар намудааст, талаб намояд.

7. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон номгӯйи воҳидҳои сохтории мақомоти молияро, ки амалиётҳои баргардонидани андоз аз арзиши иловашударо аз буҷети ҷумҳуриявӣ анҷом медиҳанд, муайян менамояд.

2. ҲУҶҶАТҲОЕ, КИ БА МАҚОМОТИ АНДОЗ БАРОИ БАРГАРДОНИДАНИ МАБЛАҒИ БАРЗИЁД БАҲИСОБГИРИФТАШУДАИ АНДОЗ АЗ АРЗИШИ ИЛОВАШУДА ПЕШНИҲОД КАРДА МЕШАВАНД

8. Андозсупорандае, ки амалиётҳои он бо меъёри сифрӣ андозбандӣ шудааст, барои баргардонидани маблағи барзиёд баҳисобгирифташудаи андоз аз арзиши иловашуда ҳуҷҷатҳои зеринро ба мақомоти андоз пешниҳод менамояд:

1) эъломияи андоз аз арзиши иловашуда барои давраи андозӣ;

2) хулосаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар бораи тасдиқи саҳеҳияти маблағи андоз аз арзиши иловашудаи баргардондашаванда;

3) ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи содироти мол, ки дар моддаи 255 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд:

- эъломияи гумрукии бор, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба расмият дароварда шудааст;

- шартномаи (қарордоди) таҳвили мол;

- нусхаи ҳисобнома-фактура, борхат, коносамент бо қайди мақомоти гумрукии дар гузаргоҳи сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъгардида ва дар ҳолати таҳти низоми гумрукии "Содирот" тавассути хатҳо интиқол додани қувваи барқ, инчунин санади қабул ва супоридани мол низ пешниҳод карда мешавад;

- ҳуҷҷатҳои пардохтӣ ва иқтибос аз ташкилоти қарзии молиявӣ (нусхаи иқтибос), ки воридоти воқеии даромади асъорро аз содироти мол ба суратҳисобҳои андозсупоранда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамоянд;

4) ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи содироти мол ба давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳуҷҷатҳои дар зербандҳои 1) ва 2) ҳамин банд зикргардида, инчунин нусхаи эъломияи гумрукии бори дар кишвари воридоти мол барасмиятдаровардашуда мебошад. Мутобиқи созишномаҳои байналмилалии андоз мақоми ваколатдори давлатӣ метавонад тартиби дигари тасдиқи содироти мол ба давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро муқаррар намояд.

5) дар ҳолати амалӣ намудани содироти минбаъдаи молҳои қаблан берун аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти низоми гумрукии "Коркард берун аз ҳудуди гумрукӣ" баровардашуда ё маҳсулоти коркарди онҳо, тасдиқи содирот мутобиқи зербандҳои 1), 2) ва 3) ҳамин банди Тартиб, инчунин дар асоси ҳуҷҷатҳои зерин анҷом дода мешавад:

- эъломияи гумрукии бор, ки таҳти низоми гумрукии "Коркард берун аз ҳудуди гумрукӣ" ба расмият дароварда шудааст;

- эъломияи гумрукии бор, ки мутобиқи он низоми гумрукии "Коркард берун аз ҳудуди гумрукӣ" ба низоми гумрукии "Содирот" тағйир дода шудааст;

- нусхаи эъломияи гумрукии бор, ки дар ҳудуди давлати ҳориҷӣ таҳти низоми гумрукии "Коркард дар ҳудуди гумрукӣ" ба расмият дароварда шудааст;

- нусхаи эъломияи гумрукии бор, ки таҳти низоми гумрукии "Содирот" ҳангоми баровардани мол ё маҳсулоти коркарди он аз ҳудуди давлати коркарди мол ба расмият дароварда шудааст ва онро мақомоти гумруки барасмиятдароварда тасдиқ кардааст.

9. Андозсупорандае, ки маблағи андоз аз арзиши иловашудаи барзиёд пардохташуда ва ситонидашуда дорад, тибқи моддаҳои 116-118 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баргардонидан бо ариза ба мақомоти андоз муроҷиат менамояд.

10. Ҳуҷҷатҳои дар банди 8 Тартиби мазкур дарҷгардида барои тасдиқи асоснокии баргардонидан (баҳисобгирӣ)-и андоз аз арзиши иловашуда аз ҷониби шахсоне, ки дар банди 2 ҳамин Тартиб зикр шуда, баргардонидани андозро талаб менамоянд, пешниҳод карда мешаванд.

11. Мақоми ваколатдори давлатӣ асоснокии ҳуҷҷатҳои пешниҳодгардида оид ба баргардонидани андоз аз арзиши иловашударо баррасӣ карда, аз натиҷааш ба муроҷиаткунанда хабар медиҳад. Инчунин дар ҳолати зарурӣ ба мақомоти молияи дахлдор оид ба баргардонидани андоз аз арзиши иловашуда хулоса пешниҳод менамояд.

 

Утвержден

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 26 апреля 2022 года, №178

Порядок возврата суммы излишне зачтенного налога на добавленную стоимость над суммой начисленного налога за налоговый период

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Порядок возврата суммы излишне зачтенного налога на добавленную стоимость над суммой начисленного налога за налоговый период (далее - Порядок) определяет порядок возврата суммы излишне зачтенного налога на добавленную стоимость налогоплательщику.

2. Возврат налога на добавленную стоимость осуществляется в отношении следующих налогоплательщиков согласно настоящему Порядку:

- налогоплательщиков, операции которых облагаются налогом по нулевой ставке налога на добавленную стоимость;

- налогоплательщиков, у которых суммы излишне зачтенного налога на добавленную стоимость превышает начисленную сумму.

3. Возврат суммы налога на добавленную стоимость производится в следующем порядке:

- превышение зачетной суммы налога на добавленную стоимость над суммой начисленного налога за отчётный период возвращается финансовым органом совместно с налоговыми органами в течение 30 календарных дней с момента получения налоговым органом заявления налогоплательщика, облагаемого налогом по нулевой ставке, из соответствующего бюджета;

- сумма излишне зачётного налога на добавленную стоимость налогоплательщиков, не имеющих операции, облагаемые налогом по нулевой ставке, переносится покрытия (учета) налоговых обзятельств следующих шести налоговых периодов налога на добавленную стоимость. Любой остаток превышения подлежит возврату из республиканского бюджета в течение 30 дней по истечению шести налоговых периодов по последовательности, предусмотренной пунтком 4 настоящего Порядка.

4. Возврат излишне зачётнного налога на добавленную стоимость перечисляется на банковский счёт налогоплательщика после последовательного выполнения следующих действий:

- зачёта налога на добавленную стоимость в счёт погашения имеющейся у этого плательщика налога на добавленную стоимость налоговой задолженности по другим налогам (за исключением налога с доходов физических лиц), в том числе погашения задолженности по налогу на добавленную стоимость за предыдущие налоговые периоды;

- погашение суммы налога на добавленную стоимость, подлежащего уплате при ввозе товаров;

- перечисления средств, оставшихся после выполнения действий, предусмотренных абзацами первым и вторым настоящего пункта, на банковский счёт налогоплательщика.

5. При выявлении налоговым органам случаев излишне возвращенной суммы налога на добавленную стоимость налогоплательщику по ошибке, налоговый орган взыскивает такие суммы в течение срока исковой давности в порядке, установленном налоговым законодательством.

6. Налогоплательщик вправе требовать возврата или зачета суммы налога на добавленную стоимость в пределах сроков исковой давности, установленных налоговым законодательством.

7. Министерством финансов Республики Таджикистан определяется перечень структурных подразделений финансовых органов, осуществляющих операции по возврату налога на добавленную стоимость из республиканского бюджета.

2. ДОКУМЕНТЫ, ПРЕДСТАВЛЯЕМЫЕ В НАЛОГОВЫЕ ОРГАНЫ ДЛЯ ВОЗВРАТА СУММЫ ИЗЛИШНЕ ЗАЧЁТННОГО НАЛОГА НА ДОБАВЛЕННУЮ СТОИМОСТЬ

8. Налогоплательщик, операции которого облагаются по нулевой ставке, представляет в налоговые органы для возврата суммы излишне зачётнного налога на добавленную стоимость следующие документы:

1) декларацию по налогу на добавленную стоимость за налоговый период;

2) заключение уполномоченного государственного органа о достоверности сумм налога на добавленную стоимость, подлежащих возврату;

3) документы, предусмотренные статьей 255 Налогового кодекса Республики Таджикистан, подтверждающих экспорт товаров:

- грузовая таможенная декларация, оформленная в соответствии с таможенным законодательством Республики Таджикистан;

- договор (контракт) на поставку экспортируемых товаров;

- копии счёта-фактуры, накладной, коносамента с отметкой в таможенных органов, находящихся в пункте пропуска Республики Таджикистан, а в случае вывоза товаров в таможенном режиме "Экспорт" по линиям электропередачи представляется также акт приёма-сдачи товаров;

- платёжные документы и выписка кредитно-финансового учреждения (копия выписки), подтверждающие фактическое поступление валютной выручки от экспорта товара на счёта налогоплательщика в Республике Таджикистан;

4) документами, подтверждающими экспорт товаров в государства - участники Содружества Независимых Государств, являются документы, указанные в подпунктах 1) и 2) настоящего пункта, а также копия грузовой таможенной декларации, оформленной в стране импорта товаров. В соответствии с международными налоговыми соглашениями уполномоченный государтсвенный орган может устанавливать иной порядок подтверждения экспорта товаров в государства-участники Содружества Независимых Государств;

5) в случае осуществления дальнейшего экспорта товаров, ранее вывезенных за пределы таможенной территории Республики Таджикистан в таможенном режиме "Переработка вне таможенной территории", или продуктов их переработки, подтверждение экспорта осуществляется в соответствии с подпунктами 1), 2) и 3) настоящего пункта Порядка, а также на основании следующих документов:

- грузовой таможенной декларации, оформленной в таможенном режиме "Переработка вне таможенной территории";

- грузовой таможенной декларации, в соответствии с которой производится замена таможенного режима "Переработка вне таможенной территории" на таможенный режим "Экспорт";

- копии грузовой таможенной декларации, оформленной при ввозе товаров на территорию иностранного государства в таможенном режиме "Переработка на таможенной территории";

- копии грузовой таможенной декларации, оформленной в таможенном режиме "Экспорт" при вывозе товаров или продуктов их переработки с территории государства переработки товара и заверенной таможенным органом, осуществившим такое оформление.

9. Налогоплательщик, имеющий излишне уплаченную и взысканную сумму налога на добавленную стоимость, в соответствии со статьями 116-118 Налогового кодекса Республики Таджикистан за возвратом обращается в налоговые органы с заявлением.

10. Документы, указанные пунктом 8 настоящего Порядка, представляются со стороны лиц, указанных в пункте 2 настоящего Порядка, требующих возврата налога на добавленную стоимость, для подтверждения обоснованности возврата (зачета) налога на добавленную стоимость.

11. Уполномоченный государственный орган, изучив обоснованность представленных документов по возврату налога на добавленную стоимость, сообщает о результатах заявителю. А также при необходимости представлеют соответствующему финансовому органу заключение о возврате налога на добавленную стоимость.