Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 апрели соли 2022, № 177 "Дар бораи Тартиби гузаронидани экспертизаи тиббию иҷтимоӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи Тартиби гузаронидани экспертизаи тиббию иҷтимоӣ

 

Мутобиқи моддаи 28 Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Тартиби гузаронидани экспертизаи тиббию иҷтимоӣ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 октябри соли 2012, №543 "Дар бораи Номгӯи нишондодҳои тиббие, ки ба кӯдакони маъюби то 18-сола ҳуқуқи гирифтани нафақаи иҷтимоӣ медиҳанд" аз эътибор соқит дониста шавад.

3. Қарори мазкур аз 1 майи соли 2022 мавриди амал қарор дода шавад.

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                 Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 26 апрели соли 2022, № 177

Правительство Республики Таджикистан

Постановление

О Порядке проведения медико-социальной экспертизы

В соответствии со статьей 28 Кодекса здравоохранения Республики Таджикистан и статьей 57 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить Порядок проведения медико-социальной экспертизы (прилагается).

2. Признать утратившим силу постановление Правительства Республики Таджикистан от 2 октября 2012 года, №543 "Об Перечне медицинских показаний, дающих право детям-инвалидам до 18-ти лет на получение социальной пенсии".

3. Настоящее постановление ввести в действие с 1 мая 2022 года.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                                          Эмомали Рахмон

г.Душанбе,

 от 26 апреля 2022 года №177