Фармоиши вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 феврали соли 2022, №20 "Дар бораи Дастурамал оид ба ҳисоб ва пардохт намудани андози ягонаи кишоварзӣ, инчунин шакли эъломия (ҳисобҳо)"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

1 феврали соли 2022 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,

рақами бақайдгирӣ 1125

Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

1 феврали соли 2022 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,

рақами бақайдгирӣ 1125

ВАЗОРАТИ МОЛИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ФАРМОИШ

Дар бораи Дастурамал оид ба ҳисоб ва пардохт намудани андози ягонаи кишоварзӣ, инчунин шакли эъломия (ҳисобҳо)

(фармоиш аз 27.11.2025 № 126)

070.030.020

Мутобиқи қисми 4 моддаи 388 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва банди 12 Низомномаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2015, №187 тасдиқ карда шудааст,

ФАРМОИШ МЕДИҲАМ:

 

1. Дастурамал оид ба ҳисоб ва пардохт намудани андози ягонаи кишоварзӣ, инчунин шакли эъломия (ҳисобҳо) тасдиқ карда шавад (замимаҳои 1 ва 2).

2. Фармоиши мазкур ҷиҳати бақайдгирии давлатӣ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуда, пас аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

3. Фармоиши вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 декабри соли 2021, №187 "Оид ба Дастурамал дар бораи ҳисоб ва пардохт намудани андози ягонаи кишоварзӣ, инчунин шаклҳои эъломияҳо (ҳисобҳо)" аз эътибор соқит дониста шавад.

...

Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

1 феврали соли 2022 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,

рақами бақайдгирӣ 1125

ВАЗОРАТИ МОЛИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ФАРМОИШ

Дар бораи Дастурамал оид ба ҳисоб ва пардохт намудани андози ягонаи кишоварзӣ, инчунин шакли эъломия (ҳисобҳо)

070.030.020

 

Мутобиқи қисми 4 моддаи 388 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва банди 12 Низомномаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2015, №187 тасдиқ карда шудааст,

 

ФАРМОИШ МЕДИҲАМ:

 

1. Дастурамал оид ба ҳисоб ва пардохт намудани андози ягонаи кишоварзӣ, инчунин шакли эъломия (ҳисобҳо) тасдиқ карда шавад (замимаҳои 1 ва 2).

2. Фармоиши мазкур ҷиҳати бақайдгирии давлатӣ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуда, пас аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

3. Фармоиши вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 декабри соли 2021, №187 "Оид ба Дастурамал дар бораи ҳисоб ва пардохт намудани андози ягонаи кишоварзӣ, инчунин шаклҳои эъломияҳо (ҳисобҳо)" аз эътибор соқит дониста шавад.

4. Назорати иҷрои фармоиши мазкур ба зиммаи муовини вазир - сарпарасти соҳа вогузор карда шавад.

 

Вазир                                                                 Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор

ш. Душанбе,

аз 1 феврали соли 2022, №20

Замимаи 1

ба фармоиши вазири молияи

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 феврали соли 2022, №20

ДАСТУРАМАЛ ДАР БОРАИ ҲИСОБ ВА ПАРДОХТ НАМУДАНИ АНДОЗИ ЯГОНАИ КИШОВАРЗӢ

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

1. Дастурамал дар бораи ҳисоб ва пардохт намудани андози ягонаи кишоварзӣ (минбаъд - Дастурамал), андозсупорандагон, объекти андозбандӣ, манбаи андоз, меъёри андоз, имтиёзҳои андоз, давраи андоз, тартиби ҳисоб ва пардохти андоз, пешниҳод кардани ҳисоботро муайян менамояд.

2. Низоми содакардашудаи андозбандӣ барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ (минбаъд - андози ягонаи кишоварзӣ) низоми махсус барои андозбандии фаъолияти субъектҳое мебошад, ки истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро бе коркарди саноатӣ анҷом медиҳанд.

3. Андози ягонаи кишоварзӣ нисбат ба хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва шахсони ҳуқуқии дигар-истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ (минбаъд - истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ) истифода карда мешавад.

4. Супорандаи андози ягонаи кишоварзӣ, ки истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро бе коркарди саноатӣ анҷом медиҳад, аз пардохти андозҳои зерин озод мебошад:

- андоз аз даромад (андози низоми содакардашуда барои субъектҳои соҳибкории хурд), ба истиснои даромадҳое, ки дар манбаи пардохт андозбандӣ карда мешаванд;

- андоз аз арзиши иловашуда, ба истиснои андоз аз арзиши иловашудае, ки ҳангоми воридоти мол ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт карда мешавад ва (ё) дар ҳолати анҷом ёфтани амалиётҳои дар манбаи пардохт андозбандишаванда;

- андози замин.

5. Даромадҳои аз фаъолияти кишоварзӣ бадастовардаи аъзои хоҷагии деҳқоние (фермерие), ки бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ фаъолият менамоянд, аз пардохти андоз аз даромад барои шахсони воқеӣ озод карда мешаванд.

Эзоҳ: Мисол. Хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)-и "А" дар соли ҳисоботӣ аз фаъолияти кишоварзӣ ба андозаи 50 000 сомонӣ даромади соф ба даст оварда, даромади мазкурро байни 7 нафар аъзо тақсим намудааст. Дар мисоли мазкур даромадҳои аз фаъолияти кишоварзӣ бадастовардаи аъзои хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)-и "А" аз пардохти андоз аз даромад барои шахсони воқеӣ озод мебошад.

6. Ҳангоми дар як вақт анҷом додани фаъолияти ғайрикишоварзӣ супорандагони андози ягонаи кишоварзӣ иловатан супорандаи андози низоми содакардашуда ё низоми умумии андозбандӣ мебошанд. Чунин андозсупоранда уҳдадор аст, ки пешбурди баҳисобгирии даромад ва хароҷоти фаъолияти кишоварзӣ ва ғайрикишоварзии худро дар алоҳидагӣ анҷом диҳад.

Эзоҳ: Мисоли 1. Кооперативи тиҷоратии "Б" фаъолияти хоҷагидориро анҷом дода, дорои 20 гектар қитъаи замини таъиноти кишоварзӣ ва корхонаи коркарди нахи пахта мебошад. Дар мисоли мазкур кооперативи номбаршуда уҳдадор аст пешбурди баҳисобгирии даромад ва хароҷоти фаъолияти кишоварзӣ ва ғайрикишоварзии худро вобаста ба корхонаи коркарди нахи пахта дар алоҳидагӣ анҷом диҳад.

Мисоли 2. Хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)-и "В" дар ноҳияи Хуросон 5 гектар боғи ангур дошта, дар соли хисоботӣ аз он 15 тонна ҳосили ангур ҷамъоварӣ намуд. Аз ҷониби хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)-и "В" 10 тонна ангур мавриди коркарди саноатӣ қарор дода шудааст. Хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)-и "В" аз ҳисоби фурӯши маҳсулоти коркардшуда ба маблағи 200000 сомонӣ даромад ба даст овард. Боқимонда 5 тонна ангур аз ҷониби хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)-и "В" бе коркарди саноатӣ ҳамчун маҳсулоти кишоварзӣ ба маблағи 50000 сомонӣ фурӯхта шудааст. Дар баробари ин, хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)-и "В" аз ҳисоби ба иҷора додани техникаи кишоварзӣ дар соли 2021 ба маблағи 5000 сомонӣ даромад гирифтааст. Дар маҷмуъ хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)-и "В" аз истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба маблағи 50000 сомонӣ ва аз ҳисоби коркарди саноатии ангур ва ба иҷора додани техникаи кишоварзӣ ба маблағи 205000 (200000+5000) сомонӣ даромад ба даст овардааст. Хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)-и "В" аз масоҳати замини ҷудошуда андози ягонаи кишоварзӣ ва аз ҳисоби даромадҳои фаъолияти ғайрикишоварзӣ, аз ҷумла коркарди ангур ва фурӯши маҳсулоти коркардшуда, инчунин аз ҳисоби маблағи аз иҷора бадастоварда иловатан андози низоми содакардашудаи андозбандӣ барои субъектҳои соҳибкории хурдро бо дар назар доштани муқаррароти боби 54 Кодекси андоз ва банди 7 Дастурамал ҳисоб ва пардохт менамояд. Агар даромади умумии ғайрикишоварзии хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)-и "В" аз ҳадди даромад барои гузариш ба низоми умумии андозбандӣ муайяншуда зиёд бошад, пас ин хоҷагии деҳқонӣ уҳдадор аст дар қисмати фаъолияти ғайрикишоварзӣ тибқи низоми умумии андозбандӣ андозҳоро пардохт намояд.

7. Супорандагони андози ягонаи кишоварзӣ андозҳои дигарро бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси андоз пардохт намуда, уҳдадориҳои агенти андозро иҷро менамоянд.

8. Супорандагони андози ягонаи кишоварзӣ ҳуқуқ доранд ба низоми умумии андозбандӣ гузаранд.

9. Барои мақсадҳои Дастурамал мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

1) маҳсулоти кишоварзӣ - натиҷа (маҳсул)-и ибтидоии парвариши растаниҳои кишоварзӣ, чорво ва дороиҳои дигари биологӣ, ки таҳти коркарди саноатии минбаъда қарор нагирифтааст;

2) коркарди саноатӣ - амалиёти технологие, ки бо истеҳсоли маҳсулоти тайёр аз ашёи хоми кишоварзии аз коркарди аввалия гузашта алоқаманд мебошад. Барои супорандагони андози ягона амалҳои зерин коркарди саноатии маҳсулоти кишоварзӣ маҳсуб намеёбанд:

- амалиёт оид ба тайёр намудани маҳсулоти кишоварзӣ барои фурӯш (ба навъҳо ҷудо намудан ва бандубаст);

- якҷоянамоии маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ, ки рамзи молии он тағйир намеёбад;

- забҳи чорво ва ҷудонамоии он;

- тозакунӣ ва хушконидани ғалла, ғалладонагиҳо ва зироатҳои техникӣ (ба истиснои пахта) дар вазни аввалияи қабулшуда;

- омода намудани тухмии маҳсулоти кишоварзӣ дар шароити табиӣ;

- хушконидани зироатҳои сабзавотӣ ва мевагиҳо, сулфурдиҳӣ (дуднамоӣ) дар шароити табиӣ.

2. АНДОЗСУПОРАНДАГОН

10. Супорандагони андози ягонаи кишоварзӣ истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзие эътироф карда мешаванд, ки ба муқаррароти боби 1 Дастурамал мутобиқат менамояд.

11. Андозсупорандагони зерин наметавонанд супорандаи андози ягонаи кишоварзӣ бошанд:

- муассисаҳои давлатӣ;

- андозсупорандагоне, ки ба истеҳсоли молҳои зераксизӣ машғуланд;

- заминистифодабарандагоне, ки қитъаи заминро аз хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва шахсони ҳуқуқии дигар-истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ барои фаъолияти кишоварзӣ ба иҷора гирифтаанд;

- андозсупорандагоне, ки низоми содакардашудаи андозбандии бизнеси бозиро истифода менамоянд.

Эзоҳ: Мисоли 1. Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Б" бо мақсади истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 10 гектар қитъаи замини кишоварзиро аз хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)-и "В" ба иҷора гирифтааст. Дар мисоли мазкур хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)-и "В" уҳдадор аст, мутобиқи муқаррароти банди 3 Дастурамал аз 10 га қитъаи замини кишоварзии дар тавозуни хоҷагии деҳқонӣ қарордошта, ки ба иҷора дода шудааст, андози ягонаи кишоварзиро ҳисоб ва ба буҷет пардохт намояд. Ҳамзамон хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)-и "В" вобаста ба даромади ба иҷора додани замин иловатан супорандаи андози низоми содакардашудаи барои субъектҳои соҳибкори хурд ба ҳисоб рафта, аз ин ҳисоб андози мазкурро ҳисоб ва ба буҷет пардохт менамояд. Дар ин ҳолат ҶДММ "Б" тибқи муқаррароти сархати сеюми банди 11 Дастурамал вобаста ба қитъаи замине, ки аз хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)-и "В" барои фаъолияти кишоварзӣ ба иҷора гирифтааст, супорандаи андози ягонаи кишоварзӣ намебошад. Даромаде, ки ҷамъият аз ин замини кишоварзии ба иҷорагирифтааш ба даст меоварад, андозҳои дахлдорро вобаста ба низоми андозбандӣ (низоми содакардашуда ва (ё) низоми умумии андозбандӣ) иҷрои уҳдадориҳои андозиро тибқи муқаррароти Кодекси андоз таъмин менамояд.

Мисоли 2. Тибқи қарори раиси ноҳияи Восеъ аз 10 майи соли 2021 ба хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)-и "А", ки дорои 15 гектар боғи зардолу мебошад, бар илова аз ҳисоби заминҳои захираҳои озоди давлатӣ 2 гектар замини кишти обёрии мошинӣ ва 3 гектар замини чарогоҳ ҷудо карда шудааст. Хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)-и "А" аз 15 гектар боғи зардолу 200 тонна зардолуи тару тоза гирифта, аз он 50 тоннаро ба маблағи 150,0 ҳазор сомонӣ ба фурӯш бароварда, даромад гирифт. Зардолуи боқимонда дар ҳаҷми 150 тонна дар шароити табиӣ хушконда, аз он 25,71 тонна маҳсулоти хушк ҳосил гардид, ки ба маблағи 180,0 ҳазор сомонӣ фурӯхт. Дар ин ҳолат тибқи банди 9 Дастурамал барои супорандагони андози ягона хушкондани зардолу ба коркарди саноатии маҳсулоти кишоварзӣ дохил намегардад. Бинобар ин, фурӯши 50 тонна зардолуи тару тоза ва 25,71 тонна зардолуи хушкондашуда ҳамчун фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дониста шуда, хоҷагии деҳқонии мазкур аз 15 гектар замини кишоварзӣ андози ягонаи кишоварзиро пардохт менамояд. Бо дар назар доштани он ки 2 гектар замини кишти обёрии мошинӣ ва 3 гектар замини чарогоҳ ба хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)-и "А" моҳи майи соли 2021 ҷудо гардидааст, уҳдадории ҳисоб ва пардохти андози ягонаи кишоварзӣ аз лаҳзаи ҷудо гардидани замин ба хоҷагии деҳқонии мазкур, яъне аз моҳи май ва барои 8 моҳи таҳти истифода қарор додашудаи соли 2021 ба миён меояд.

Мисоли 3. Хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)-и "А-2022" дорои 15 гектар замини таъиноти кишоварзӣ буда, дар 10 гектари он 1000 сар чорво парвариш менамояд. ХД "А-2022" аз ҳисоби фурӯши гӯшт ва шири истеҳсоли худӣ бидуни нуқтаи савдо ба маблағи 50 000 сомонӣ даромад ба даст овард. Дар ин ҳолат, тибқи банди 9 Дастурамали мазкур забҳи чорво ва ҷудонамоии он коркарди саноатӣ маҳсуб наёфта, аз пардохти андози низоми содакардашуда озод буда, ХД "А2022" андози ягонаи кишоварзиро ҳисоб ва ба буҷет пардохт менамояд.

3. ОБЪЕКТИ АНДОЗБАНДӣ ВА МАНБАИ АНДОЗ

12. Объекти андозбандии андози ягонаи кишоварзӣ қитъаи замини истеҳсолкунандаи маҳсулоти кишоварзӣ мебошад, ба истиснои заминҳое, ки тибқи боби 4 Дастурамал аз пардохти андози ягонаи кишоварзӣ озод карда шудаанд.

13. Манбаи андоз масоҳати қитъаи замине мебошад, ки дар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи истифодабарии он муқаррар шудааст ё амалан (бе ҳуҷҷат) истифода мешавад.

Эзоҳ: Мисоли 1. Ба Кооперативи тиҷоратии "А" тибқи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда 10 гектар замини ба таври табиӣ обёришаванда ва 50 гектар заминҳои кишти лалмӣ ҷудо карда шудааст. Дар соли 2021 кооперативии тиҷоратӣ аз 10 гектар замини обӣ 8 гектар ва аз 50 гектар замини лалмӣ 45 гектари онро барои истеҳсол (парвариш)-и маҳсулоти кишоварзӣ истифода намудааст. Дар ин ҳолат манбаи андоз барои ҳисоб намудани андози ягонаи кишоварзӣ ин қитъаи заминҳои обёрии табиӣ ва кишти лалмӣ дар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи истифодабарии он муқарраршуда, яъне 10 гектар замини обӣ ва 50 гектар замини кишти лалмӣ ҳисобида мешавад.

Мисоли 2. Ба хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)-и "С" дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 8 гектар замини обӣ ва 40 гектар замини кишти лалмӣ ҷудо карда шудааст. Аммо дар соли ҳисоботӣ хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)-и "С" барои истеҳсол ва парвариши маҳсулоти кишоварзӣ амалан 12 гектар замини обӣ ва 55 гектар замини лалмиро истифода намудааст. Дар ин ҳолат, новобаста ба андозаи қитъаи замини тибқи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи истифодабарӣ ҷудошуда (8 гектар замини обӣ ва 40 гектар замини кишти лалмӣ), манбаи андози ягонаи кишоварзӣ аз рӯйи масоҳати қитъаи замини воқеан истифодашуда, яъне 12 гектар замини обӣ ва 55 гектар замини кишти лалмӣ ҳисобида мешавад.

14. Тибқи моддаи 64 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон заминҳои таъиноти кишоварзӣ заминҳое ба ҳисоб мераванд, ки барои эҳтиёҷоти кишоварзӣ истифода мешаванд. Заминҳои таъиноти кишоварзӣ аз заминҳои корам, дарахтони бисёрсола, заминҳои партов, заминҳои алафдарав ва чарогоҳҳо, заминҳое, ки дар онҳо роҳҳои дохилихоҷагӣ, коммуникатсияҳо, обанборҳо, иншоотҳои гидротехникӣ ва биною иморатҳо воқеъ буда, барои истеҳсол, нигоҳдорӣ ва коркарди аввалияи маҳсулоти кишоварзӣ истифода мешаванд, инчунин дигар заминҳои ғайрикишоварзии дар дохили гурӯҳи мазкури заминҳо ҷойгиршуда иборат мебошанд. Аз ин лиҳоз, на ҳамаи заминҳои ба андозсупоранда ҷудошуда барои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ коршоям мебошанд. Бинобар ин, қитъаи замини бо мақсади истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ истифодашаванда тибқи меъёрҳои муқаррарнамудаи банди 19 Дастурамал ва заминҳое, ки барои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ корношоям мебошанд, бо меъёрҳои пешбининамудаи банди 20 Дастурамал андозбандӣ карда мешаванд.

15. Маблағи андози ягонаи кишоварзӣ аз натиҷаҳои фаъолияти кишоварзии андозсупоранда вобастагӣ надошта, дар шакли пардохти устувор барои воҳиди масоҳати замин ба ҳисоби як сол муқаррар карда мешавад.

Эзоҳ: Мисол. Хоҷагиии деҳқонӣ (фермерӣ)-и "Б", ки дорои 36 га замини обӣ мебошад, дар соли 2021 аз ҳисоби истеҳсол ва фурӯши намудҳои гуногуни маҳсулоти кишоварзӣ ба маблағи 800 ҳазор сомонӣ даромад ба даст овардааст. Новобаста ба даромади бадастоварда хоҷагии деҳқонии мазкур андози ягонаи кишоварзиро вобаста ба масоҳати қитъаи замин бо меъёрҳои аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқгардида ҳисоб ва пардохт менамояд.

16. Даромади умумии супорандаи андози ягонаи кишоварзӣ барои соли тақвимии гузашта дар асоси усули ҳисобу замкунӣ, ки барои супорандагони низоми умумии андозбандӣ муқаррар шудааст, муайян карда мешавад.

17. Супорандагони андози ягонаи кишоварзӣ уҳдадоранд пешбурди баҳисобгирии муҳосибиро, ки шакли онро Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ менамояд, анҷом диҳанд.

4. ИМТИЁЗҲОИ АНДОЗ

18. Аз пардохти андози ягонаи кишоварзӣ қитъаҳои замини зерин озод мебошанд:

- қитъаҳои замини ҳудуди мамнуъгоҳҳо, боғҳои ботаникӣ, миллӣ ва дендрологӣ, ки номгӯйи ташкилотҳо ва масоҳати ҳудуди онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд, агар қитъаҳои заминҳои ҷудогардида барои анҷоми фаъолияти соҳибкорӣ истифода карда нашаванд;

- қитъаҳои замине, ки мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вайроншуда эътироф шудаанд, инчунин заминҳое, ки тибқи хулосаи расмии мақоми ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатҳои вобаста ба замин ва мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ дар зинаи азхудкунии кишоварзӣ қарор доранд, ба муҳлати 5 сол баъд аз оғози азхудкунӣ;

- заминҳое, ки таҳти хати мушоҳидаи сарҳади давлатӣ қарор доранд, агар чунин заминҳо барои анҷом додани фаъолияти соҳибкорӣ истифода карда нашаванд;

- заминҳои захираи давлатӣ, агар чунин заминҳо барои анҷом додани фаъолияти соҳибкорӣ истифода карда нашаванд;

- заминҳои чарогоҳҳо, алафзорҳо, бешазорҳо ва заминҳои дигаре, ки барои бунёди боғҳо ва токзорҳо ҷудо карда мешаванд, агар чунин заминҳо қаблан барои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ истифода нашуда бошанд - ба муҳлати 5 сол аз санаи ҷудо гардидани қитъаи замин. Андозсупоранда уҳдадор аст, ки дар давоми 45 рӯзи тақвимӣ пас аз бунёди боғҳо ва токзорҳо ба мақомоти андози маҳалли ҷойгиршавӣ доир ба масоҳати воқеии боғҳо ва токзорҳои бунёдшуда расман маълумот пешниҳод намояд. Дар ҳолати дар муҳлати муқарраршуда пешниҳод нагардидани маълумоти зикргардида чунин заминҳо ҳамчун заминҳои бо дарахтони бисёрсола бандбуда андозбандӣ карда мешаванд.

5. МЕЪЁРҳОИ АНДОЗ

19. Меъёрҳои солонаи андози ягонаи кишоварзӣ аз рӯйи кадастри замин барои ҳар гектар замин бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатҳои вобаста ба замин дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ ҳар 5 сол аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.

20. Барои заминҳое, ки дар муқаррароти банди 19 Дастурамал муайян нашудаанд, меъёрҳои андози замини дар қисми 1 моддаи 352 Кодекси андоз муқарраршуда татбиқ карда мешаванд.

21. Меъёрҳои андози ягонаи кишоварзӣ ҳамасола аз ҷониби Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи сатҳи таварруми соли гузашта индексатсия карда мешаванд. Меъёрҳои индексатсияшудаи андози ягонаи кишоварзӣ барои соли тақвимӣ дар сомонаи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир карда мешавад.

6. ДАВРАИ АНДОЗ, МУҲЛАТ, ТАРТИБИ ҲИСОБ ВА ПАРДОХТИ АНДОЗ

22. Давраи андози ягонаи кишоварзӣ соли тақвимӣ буда, супорандагони андози мазкур уҳдадоранд, ки ҳар сол то санаи 1-уми марти соли тақвимӣ ба мақомоти андози маҳалли ҷойгиршавии заминҳои худ эъломияи андози ягонаи кишоварзиро барои соли ҷории тақвимӣ пешниҳод намоянд. Барои сари вақт пешниҳод накардани эъломияи мазкур, инчунин саркашӣ аз пардохти андоз бо роҳи дар эъломия дохил кардани маълумоти таҳрифшуда субъекти соҳибкорӣ тибқи талаботи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

23. Маблағи андози ягонаи кишоварзӣ барои соли ҷории тақвимӣ аз ҷониби андозсупорандагон на дертар аз рӯзи 10-уми моҳи сеюми ҳар семоҳа ба тариқи афзоянда ба андозаи зерин аз маблағи солонаи андоз пардохт карда мешавад:

- семоҳаи якуми соли ҷории тақвимӣ - то санаи 10-уми март на кам аз 15 фоиз;

- семоҳаи дуюми соли ҷории тақвимӣ - то санаи 10-уми июн на кам аз 15 фоиз;

- семоҳаи сеюми соли ҷории тақвимӣ - то санаи 10-уми сентябр на кам аз 35 фоиз;

- семоҳаи чоруми соли ҷории тақвимӣ - то санаи 10-уми декабр соли минбаъда на кам аз 35 фоиз.

24. Супорандаи андози ягонаи кишоварзӣ метавонад маблағи андози ягонаи кишоварзиро пеш аз муҳлат ва дар ҳаҷми пурра пардохт намояд.

Эзоҳ: Мисол. Хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)-и "А" дорои 18 гектар замини обӣ буда, он танҳо бо истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ машғул мебошад. Хоҷагии деҳқонӣ тибқи банди 22 Дастурамал уҳдадор аст барои соли 2022 эъломияи андози ягонаи кишоварзиро то санаи 1-уми марти соли 2022 ба мақомоти андоз пешниҳод намояд. Мутобиқи эъломияи пешниҳоднамудаи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) маблағи андози ягонаи кишоварзӣ 1829 сомониро ташкил медиҳад. Дар ин ҳолат мутобиқи банди 23 Дастурамал хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)-и "А" уҳдадор аст, ки на дертар аз рӯзи 10-уми моҳи сеюми ҳар семоҳа маблағи андози ягонаи кишоварзиро ба маблағи 1829 сомонӣ бо ҳиссаҳои зерин пардохт намояд:

- семоҳаи якуми соли ҷории тақвимӣ - (1829х15%) 274,35 сомонӣ;

- семоҳаи дуюми соли ҷории тақвимӣ - (1829х15%) 274,35 сомонӣ;

- семоҳаи сеюми соли ҷории тақвимӣ - (1829х35%) 640,15 сомонӣ;

- семоҳаи чоруми соли ҷории тақвимӣ - (1829х35%) 640,15 сомонӣ.

Дар баробари ин, хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) метавонад ихтиёран ё мустақилона маблағи андози ягонаи кишоварзиро пеш аз муҳлат ва дар ҳаҷми пурра -1829 сомонӣ пардохт намояд.

7. ТАРТИБИ ГУЗАРИШ АЗ НИЗОМИ ЯГОНАИ КИШОВАРЗӢ БА НИЗОМИ УМУМИИ АНДОЗБАНДӢ ВА ГУЗАРИШИ БАРЪАКС

25. Гузариш аз низоми умумии андозбандӣ ба низоми андози ягонаи кишоварзӣ ва аз низоми андози ягонаи кишоварзӣ ба низоми умумии андозбандӣ аз 1-уми январи соли тақвимии баъд аз соли ҳисоботӣ бо чунин тартиб амалӣ карда мешавад:

- истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ, ки бо низоми андози ягонаи кишоварзӣ андозбандӣ мегарданд, ҳуқуқ доранд на дертар аз 10-уми январи соли тақвимии баъд аз соли ҳисоботӣ ба мақомоти дахлдори андоз оид ба гузариш ба низоми умумии андозбандӣ ариза диҳанд;

- истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзие, ки фаъолияти онҳо бо низоми умумӣ андозбандӣ карда мешавад, танҳо пас аз 3 соли тақвимӣ метавонанд барои гузариш ба низоми андози ягонаи кишоварзӣ ба мақомоти андоз то санаи 10-уми январи соли тақвимии дахлдор ариза пешниҳод намоянд.

26. Барои гузаштан аз як низоми андозбандӣ ба низоми дигари андозбандӣ андозсупоранда уҳдадор аст уҳдадориҳои андозии худро аз рӯйи низоми андозбандии амалкунанда (қаблӣ) пурра анҷом диҳад.

Эзоҳ: Мисол. Кооперативии тиҷоратии "Д" моҳи январи соли 2022 дар ноҳияи Данғара ба қайди давлатӣ гирифта шуда, дар 40 гектар заминҳои обёрии табиӣ ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ машғул мебошад. Даромади умумии Кооперативии тиҷоратии "Д" дар соли 2022 бо усули ҳисобу замкунӣ аз ҳисоби фурӯши маҳсулоти кишоварзии коркарднашуда 1,0 млн сомониро ташкил дод. Дар ин ҳолат Кооперативии тиҷоратии "Д" ҳуқуқ дорад на дертар аз 10уми январи соли тақвимии баъд аз соли ҳисоботӣ оид ба гузариш ба низоми умумии андозбандӣ ба мақомоти андоз ариза пешниҳод карда, аз 1 январи соли 2023 тибқи низоми умумии андозбандӣ фаъолият намояд. Мақомоти андоз Кооперативии тиҷоратии "Д"-ро ба низоми умумии андозбандӣ гузаронида, ҳамзамон бо тартиби пешбининамудаи Кодекси андоз онро ба сифати супорандаи андоз аз арзиши иловашуда ба қайд мегирад. Дар ҳолати гузариш ба низоми умумии андозбандӣ, Кооперативии тиҷоратии "Д" наметавонад супорандаи андози ягонаи кишоварзӣ бошад ва имтиёзҳои андозии пешбининамудаи андози ягонаи кишоварзиро истифода намояд. Гузариши баръакси Кооперативии тиҷоратии "Д" аз низоми умумии андозбандӣ ба низоми андози ягонаи кишоварзӣ пас аз 3 сол амалӣ мегардад. Яъне Кооперативии тиҷоратии "Д" метавонад пас аз 3 соли тақвимӣ ҷиҳати гузариш аз низоми умумии андозбандӣ ба низоми андози ягонаи кишоварзӣ то санаи 10-уми январи соли 2025 ба мақомоти андоз ариза пешниҳод намуда, аз 1 январи соли 2025 дар низоми андози ягонаи кишоварзӣ фаъолияти худро идома диҳад. Дар ин ҳолат Кооперативии тиҷоратии "Д" уҳдадор мебошад, то лаҳзаи гузариш аз як низоми андозбандӣ ба низоми дигари андозбандӣ уҳдадориҳои андозии худро аз рӯйи низоми андозбандии амалкунанда (қаблӣ) пурра иҷро намуда, бо мақомоти андоз санади муқоисавиро ба имзо расонад.

8.ТАРТИБИ ПУР НАМУДАНИ ЭЪЛОМИЯИ АНДОЗИ ЯГОНАИ КИШОВАРЗӢ

27. Супорандаи андози ягона ҳуқуқ дорад, ки эъломияи андозро бо интихоби худ ба тариқи зерин ба мақомоти андози маҳалли ҷойгиршавии заминҳои худ пешниҳод намояд:

- дар шакли электронӣ;

- тавассути почта;

- шахсан ё тавассути намоянда.

28. Эъломия аз "Маълумот дар бораи андозсупоранда", "Ҳисоб намудани андоз ба истиснои заминҳои парвариши пахта", "Ҳисоб намудани андоз барои заминҳои парвариши пахта", "Пардохти андоз", "Имтиёзҳо" ва "Тасдиқи дурустӣ ва пуррагии маълумоти дар эъломияи мазкур зикргардида" иборат мебошад.

29. Маълумот дар бораи андозсупоранда чунин пур карда мешавад:

1) ҳангоми пур намудани сатрҳои 1, 2, 3 ва 4 мувофиқан рақами мушаххаси андозсупоранда, рақами ягонаи мушаххас, рамзи сабабҳои баҳисобгирӣ (аз ҷумла ҳангоми мавҷуд будани воҳиди алоҳида), номи пурраи супорандаи андози ягона нишон дода мешавад;

2) дар сатрҳои 5 ва 6 мувофиқан намуди эъломияи пешниҳодшаванда ва давраи андоз қайд карда мешавад.

30. Андоз, ба истиснои заминҳои парвариши пахта чунин ҳисоб карда мешавад:

1) бо дар назар доштани муқаррароти қонунгузории замин номгӯйи заминҳо нишон дода мешавад:

- заминҳои кишти обёрии тибиӣ;

- заминҳои кишти обёрии мошинӣ;

- заминҳои кишти лалмӣ;

- заминҳои кишт ва дарахтзорҳои бисёрсолаи обӣ;

- заминҳои кишт ва дарахтзорҳои бисёрсолаи лалмӣ;

- дарахтзорҳои бисёрсолаи обёрии табиӣ;

- дарахтзорҳои бисёрсолаи обёрии мошинӣ;

- дарахтзорҳои бисёрсолаи лалмӣ;

- чарогоҳҳо;

- алафзорҳо;

- роҳҳо, кӯчаҳо, иморатҳо, майдонҳо, бешаҳо, ҷӯйхо, каналҳо ва заҳбурҳо;

- дигар заминҳои дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ истифоданашаванда;

- маблағи ҳисобшудаи андоз бе заминҳои парвариши пахта.

2) дар сутуни А (сатрҳои 001-012) масоҳати замин (га), сутуни Б (сатрҳои 001-012) меъёри муқарраршудаи андоз ва сутуни В (сатрҳои 001-012) маблағи андози ҳисобшаванда қайд карда мешавад.

3) дар сатри 013 ҷамъи нишондиҳандаҳои сутуни В (сатрҳои 001-012) қайд мегардад.

31. Андоз барои заминҳои парвариши пахта чунин ҳисоб карда мешавад:

1) бо дар назар доштани муқаррароти қонунгузории замин номгӯйи заминҳо нишон дода мешавад:

- заминхои кишти обӣ, ки амалан барои парвариши пахта истифода мешаванд (обёрии табиӣ);

- заминҳои кишти обӣ, ки амалан барои парвариши пахта истифода мешаванд (оберии мошинӣ);

- маблағи ҳисобшудаи андоз барои заминҳои парвариши пахта.

2) дар сутуни А (сатрҳои 014 ва 015) масоҳати замин (га), сутуни Б (сатрҳои 014 ва 015) меъёри муқарраршудаи андоз ва сутуни В (сатрҳои 014-015) маблағи андози ҳисобшаванда, ки аз рӯйи заминҳои парвариши пахта ҳисоб карда шудааст, дарҷ карда мешавад.

3) дар сатри 016 ҷамъи нишондиҳандаҳои сутуни В (сатрҳои 014 - 015) қайд мегардад.

4) дар сатри 017 ҷамъи маблағи ҳисобшудаи андоз (сатри 013+сатри 016) қайд мегардад.

32. Дар сутунҳои А, Б ва В (сатрҳои 023-029) мувофиқан масоҳат (га), меъёр ва маблағи заминҳои аз андозбандӣ озод дарҷ карда мешаванд.

33. Дурустии маълумоти дар эъломияи андоз қайдшударо супорандаи андози ягона бо имзои худ ва гузоштани муҳр тасдиқ менамояд. Дар қисми 6 эъломия санаи пешниҳоди эъломия ва санаи қабули он аз ҷониби мақомоти андоз қайд карда мешавад.

9. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

34. Назорати пардохт намудани андози ягонаи кишоварзӣ аз ҷониби мақомоти андоз дар ҳамкорӣ бо мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот амалӣ карда мешавад.

35. Андозсупорандагон, намояндагони онҳо ва шахсони мансабдор, инчунин кормандони мақомоти андоз барои риоя накардани талаботи қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи Кодекси андоз ва дигар қонунгузории амалкунанда ҷавобгар мебошанд.

 

Ниг. ба Замима