Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз 24 декабри соли 2021, № 83 "Дар бораи парвариш ва нигоҳдории чорвои калони шохдор, чорвои хурд ва паранда дар баъзе минтақаҳои шаҳри Душанбе"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

18 январи соли 2022 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, рақами бақайдгирӣ 1120

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Дар бораи парвариш ва нигоҳдории чорвои калони шохдор, чорвои хурд ва паранда дар баъзе минтақаҳои шаҳри Душанбе

010.020.030

Мутобиқи моддаҳои 8 ва 9 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ", моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе,

 

ҚАРОР МЕКУНАД:

 

1. Парвариш ва нигоҳдории чорвои калони шохдор, чорвои хурд ва паранда дар минтақаҳои зерини шаҳри Душанбе бо дар назар доштани талаботи бехатарии беҳдошти байторӣ муваққатан ба муҳлати 2 сол иҷозат дода шавад:

- маҳаллаҳои Обчакорон, Шайнак, Ҳазора, Дарёобод, Сарикиштии боло, Сарикиштии поён, Гравзавод, Машъал ва қисман дар маҳаллаҳои Ҳосилот-1, Чимтеппа ва Гулбуттаи ноҳияи Фирдавсӣ;

- маҳаллаҳои Конститутсия, Чортут, Нишони Ленин, Маҳмадшои боло-1, Маҳмадшои боло-2, Озодии занон-2 ва қисман дар маҳаллаҳои Чортути поён, Навбаҳор, Озодии Занон-1 ноҳияи Сино;

- маҳаллаҳои Бӯстон ва Машъали ноҳияи Шоҳмансур.

2. Қарори мазкур ҷиҳати бақайдгирии давлатӣ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, пас аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

3. Муовини раиси шаҳри Душанбе - сарпарасти соҳа, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дигар сохторҳои дахлдор иҷрои талаботи қарори мазкурро таъмин карда, бо фаро расидани муҳлат парвариши ҳайвонотро дар ин минтақаҳо пурра манъ намоянд.

4. Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз 24 декабри соли 2009, №195-20 "Оид ба тадбирҳои батанзимдарории нигаҳдошти чорво ва ҳайвонот дар ҳудуди марзиву маъмурии шаҳри Душанбе", ки дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 январи соли 2010, №562 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, аз эътибор соқит дониста шавад.

5. Шуъбаи иттилооти дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии "Телевизиони Душанбе" ва рӯзномаи "Паёми Душанбе" инъикоси васеи қарори мазкурро таъмин намоянд.

6. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба ҳифзи муҳити зист, санитарӣ ва байторӣ гузошта шавад.

 

Раиси

Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе                        Рустами Эмомалӣ

ш. Душанбе,

аз 24 декабри соли 2021, № 83

Зарегистрировано

Министерством юстиции Республики Таджикистан

от 18 января 2022 года, регистрационный номер 1120

ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСА НАРОДНЫХ ДЕПУТАТОВ ГОРОДА ДУШАНБЕ

О разведении и содержании крупного рогатого скота, овец и птицы в некоторых местностях города Душанбе 010.020.030

В соответствии со статьями 8 и 9 конституционного Закона Республики Таджикистан "Об местных органах государственной власти", статьи 7 Закона Республики Таджикистан "О статусе столицы Республики Таджикистан" и статьи 57 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Маджлис народных депутатов города Душанбе

Постановляет:

1. Разрешить разведение и содержание крупного рогатого скота, мелкого рогатого скота и птицы, а также других видов скота и редких животных для привлечения внимания туристов сроком на 2 года с учетом требований ветеренарно-санитарной безопасности в следующих местностях города Душанбе:

- в махаллях Обчакорон, Шайнак, Хазара, Дарёобод, Сарикиштии боло, Сарикиштии поён, Гравзавод, Машъал и частично в махаллях Хосилот-1, Чимтеппа и Гулбутта района Фирдавси;

- в махаллях Конститутсия, Чортут, Нишони Ленин, Махмадшои боло-1, Махмадшои боло-2, Озодии занон-2 и частично в махаллях Чортути поён, Навбахор, Озодии Занон-1 района Сино;

- в махаллях Бустон и Машъал района Шохмансур.

2. Настоящее постановление представить для государственной регистрации в Министерство юстиции Республики Таджикистан и ввести в действие после государственной регистрации и официального опубликования

3. Заместителю председателя города Душанбе - куратора отрасли, председателям районов города Душанбе, руководителям структурных подразделений исполнительного органа государственной власти города Душанбе и другим соответствующим структурам обеспечить выполнение требования настоящего постановления и после наступления срока запретить содержание животных в вышеуказанных местностях.

4. Признать утратившим силу постановление Маджлиса народных депутатов города Душанбе от 24 декабря 2009 года, №195-20 "О мерах по урегулированию содержания скота и животных на административно-территориальной границе города Душанбе", зарегистрированное в Министерство юстиции Республики Таджикистан от 28 января 2010 года, №562.

5. Информационному отделу аппарата председателя города Душанбе, государственным учреждениям "Телевизиони Душанбе" и газета "Паёми Душанбе" обеспечить широкое освешение настоящего постановления.

6. Контроль за исполнением настоящего постановления возложить на постоянную комиссию Маджлиса народных депутатов города Душанбе по охране окружающей среды, санитарии и ветеринарии.

Председатель 

Маджлиса народных депутатов города Душанбе Рустами Эмомали

г. Душанбе,

от 24 декабря 2021 года, №83