Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
27 декабри соли 2021 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 1111
ҚАРОРИ РАЁСАТИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба Дастурамали № 247 дар бораи ташкили низоми идоракунии хавфҳо ва назорати дохилӣ дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ
"070.170.010"
Мутобиқи қисми 5 моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон" ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон
қарор мекунад:
1. Дастурамали № 247 дар бораи ташкили низоми идоракунии хавфҳо ва назорати дохилӣ дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Қарори мазкур бо тартиби муқарраршуда ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бақайдгирии давлатӣ пешниҳод карда шуда, пас аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
3. Қарорҳои Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 25 июли соли 2011, №151 "Дар бораи тасдиқи Дастурамали №181 "Дар бораи талабот ба низоми идоракунии хавфҳо ва назорати дохилӣ дар ташкилоти қарзӣ", ки дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 августи соли 2011, №620 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст ва аз 16 майи соли 2019, №48 "Оид ба тасдиқ намудани Роҳнамо "Дар бораи ташкили низоми идоракунии хавфҳо ва назорати дохилӣ дар ташкилотҳои қарзӣ" аз эътибор соқит дониста шаванд.
4. Департаменти назорати бонкӣ ваколатдор карда шавад, ки ҳангоми бақайдгирии давлатии қарори мазкур дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои зарурӣ ба матни замимаи он тағйиру иловаҳои хусусияти таҳриридоштаро, ки мазмуни онро тағйир намедиҳанд, ворид намояд.
5. Иҷрои банди 2 ҳамин қарор ба зиммаи Котиби Раёсат, департаменти назорати бонкӣ, идораи ҳуқуқ ва шуъбаи матбуот вогузор карда шавад.
6. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Фирдавс Назримад гузошта шавад.
Раиси Раёсат Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло
ш. Душанбе,
аз 19 ноябри соли 2021 № 168
Бо қарори
Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон
аз 19 ноябри соли 2021, №168
тасдиқ шудааст
ДАСТУРАМАЛИ № 247 "ДАР БОРАИ ТАШКИЛИ НИЗОМИ ИДОРАКУНИИ ХАВФҲО ВА НАЗОРАТИ ДОХИЛӢ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ҚАРЗИИ МОЛИЯВӢ"
Дастурамал "Дар бораи ташкили низоми идоракунии хавфҳо ва назорати дохилӣ дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ" (минбаъд - Дастурамал) мутобиқи қисми 5 моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон", бо мақсади баҳодиҳӣ, маҳдудсозӣ ва дуруст муайян кардани хавфҳо бо назардошти шакл ва ҳаҷми истифодаи усулҳои назорати хавфҳо ва амалиёт барои бонкҳо, ташкилотҳои амонатии қарзии хурд, бонкҳои исломӣ ва ташкилотҳои амонатии қарзии хурди исломӣ (минбаъд - ташкилотҳои қарзии молиявӣ (ТҚМ) таҳия гардида, талабот ба ТҚМ-ро доир ба мавҷудияти низоми идоракунии хавфҳо ва назорати дохилӣ, ки онро Бонки миллии Тоҷикистон ҳатмӣ мешуморад, муқаррар менамояд.
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Дар Дастурамали мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- хавф - эҳтимолияти он, ки ҳодисаҳои интизорӣ ё ғайричашмдошт метавонанд ба ТҚМ, сармоя ва даромаднокии он таъсири манфӣ расонанд;
- хавфи амнияти иттилоот - эҳтимолияти ба амал омадани зарар дар натиҷаи халалдор шудани мукаммалӣ, махфият ва дастрасии дороиҳои иттилоотии ТҚМ, ки аз сабаби дахолати барқасди тахрибкоронаи кормандони ташкилоти қарзии молиявӣ ва/ё шахсони сеюм ба амал меояд;
- хавфи технологияҳои иттилоотӣ - эҳтимолияти ба амал омадани зарар дар натиҷаи ғайриқаноатбахш ба роҳ мондани равандҳои амалиётӣ, ки бо коркард ва истифодабарии технологияҳои иттилоотӣ алоқаманд мебошанд;
- дороиҳои беиддао (озод) - дороиҳои ташкилоти қарзии молиявӣ, ки дар ҳолати зарурӣ барои истифодаи онҳо бо мақсади қонеъ гардондани эҳтиёҷоти пардохтпазирии ташкилоти қарзии молиявӣ монеаҳои (маҳдудиятҳои) ҳуқуқӣ, танзимӣ ё техникӣ вуҷуд надоранд;
- хавфи арзиш - эҳтимолияти ба амал омадани зарари молиявӣ дар натиҷаи тағйироти номусоид дар арзиши бозории воситаҳои молиявӣ ва молҳо;
- вазифаҳои назоратӣ - вазифаҳое, ки аз тарафи воҳидҳои сохтории ТҚМ оид ба гузаронидани санҷиши мустақил ва баҳогузории самаранокии низоми идоракунии хавфҳо ва назорати дохилии ТҚМ, амнияти иттилоот, саҳеҳии баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳии ташкилоти қарзӣ ва як қатор вазифаҳои назоратии дигар тибқи санадҳои дохилии ТҚМ иҷро карда мешаванд;
- хавфи нуфузу эътибор - эҳтимолияти ба амал омадани зарар, дастнорас шудани даромадҳои банақшагирифташуда, ки дар натиҷаи коҳиш ёфтани теъдоди муштариён, паст шудани дигар нишондиҳандаҳои инкишоф бинобар дар ҷомеа пайдо шудани тасаввуроти манфӣ дар бораи вазъи молиявии ТҚМ, сифати хизматрасонӣ ё дар маҷмуъ хусусияти фаъолияти ТҚМ ба амал меояд;
- бэк-тестинг - усули санҷиши самаранокии тартиби андозагирии хавфҳо бо истифода аз маълумоти таърихӣ оид ба амалиётҳои бонкии ТҚМ ва муқоисаи натиҷаҳои банақшагирифташуда бо натиҷаҳои воқеии амалиётҳои гузаронидашуда;
- хавфи асъорӣ - эҳтимолияти ба амал омадани зарари молиявӣ дар натиҷаи тағйироти номусоиди қурби асъори хориҷӣ ҳангоми анҷом додани фаъолият аз тарафи ТҚМ;
- таҳлили ГЭП - усуле мебошад, ки бо истифодаи он ТҚМ хавфи фоизӣ ва пардохтпазириро дар асоси муқоисаи ҳаҷми дороиҳо ва уҳдадориҳои ТҚМ, ки ба таъсири тағйироти меъёрҳои фоизӣ осебпазир мебошанд, ё бояд дар муҳлати муайян пардохт шаванд, муайян менамояд;
- хавфи ҳуқуқӣ - эҳтимолияти ба амал омадани зарар дар натиҷаи аз ҷониби ТҚМ риоя нагардидани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон; дар ҳолати аз ҷониби ғайрирезидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон - риоя накардани қонунгузории давлатҳои дигар; аз тарафи ТҚМ риоя нагардидани шартҳои шартномаҳои басташуда; роҳ додан ба хатогиҳои ҳуқуқӣ дар рафти фаъолият (машварати нодурусти ҳуқуқӣ ё таҳияи нодурусти ҳуҷҷатҳо, аз ҷумла масъалаҳои баҳсбарангез дар мақомоти судӣ); номукаммалии низоми ҳуқуқӣ (ихтилофоти қонунгузорӣ, вуҷуд надоштани меъёрҳои ҳуқуқӣ барои ҳалли масъалаҳои алоҳида, ки дар рафти фаъолияти ТҚМ ба амал омадаанд); аз тарафи контрагентҳо вайрон гардидани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин муқаррароти созишномаҳои басташуда;
- хавфи мувофиқа (комплаенс) - эҳтимолияти ба амал омадани зарар дар натиҷаи аз тарафи ТҚМ ва кормандони он риоя нагардидани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақоми ваколатдор, ҳуҷҷатгузории дохилии ТҚМ, ки тартиби хизматрасонии ТҚМ ва гузаронидани амалиётро дар бозори молиявӣ ба тартиб медароранд, инчунин қонунгузории давлатҳои хориҷӣ, ки ба фаъолияти ТҚМ таъсир мерасонад;
- хавфи қарзӣ - эҳтимолияти ба амал омадани зарар дар натиҷаи аз тарафи қарзгиранда ва/ё контрагент иҷро нагардидани уҳдадориҳои худ тибқи шартҳои мувофиқашуда;
- Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон (мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО)) - мақоме мебошад, ки мақсад, вазифа ва ваколатҳояш дар соҳаи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом", инчунин дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муайян карда мешаванд;
- мониторинги молиявӣ - маҷмӯйи чорабиниҳое, ки аз ҷониби ташкилотҳо (ташкилотҳое, ки бо маблағҳои пулӣ амалиёт мегузаронанд), мақоми ваколатдор ва мақомоти дигари давлатӣ дар соҳаи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом андешида мешаванд;
- бархӯрди манфиатҳо - вазъе мебошад, ки дар натиҷаи он мухолифат байни манфиати шахсии шахсони мансабдори ТҚМ ва/ё кормандони он ва ба таври мувофиқ иҷро кардани ваколатҳои хидматии худ, ё манфиатҳои моликиятӣ ва манфиатҳои дигари ТҚМ ва/ё кормандони он ва/ё муштариён ба амал меояд, ки метавонад барои ТҚМ ва/ё муштариёни он пайомадҳои ногувор ба бор орад;
- хавфи бозорӣ - эҳтимолияти ба амал омадани зарари молиявӣ аз рӯйи моддаҳои тавозунӣ ва ғайритавозунӣ, ки ба тағйирёбии номусоиди фоизҳои бозорӣ, қурби асъори хориҷӣ, арзиши воситаҳои молиявӣ, молҳо вобаста мебошад;
- хавфи амалиётӣ - эҳтимолияти ба амал омадани зарар дар натиҷаи номувофиқ ё нокифоя будани равандҳои дохилӣ, захираҳои инсонӣ ва низомҳо ё ҳодисаҳои беруна, аз ҷумла хавфи ҳуқуқӣ (ба истиснои хавфи стратегӣ ва хавфи нуфузу эътибор) ва:
- хавфи бо сохтори номуносиб ва номуайяни ташкилии ТҚМ, аз ҷумла тақсими масъулият, сохтори ҳисоботдиҳӣ ва идоракунӣ алоқаманд;
- хавфе, ки аз сабаби стратегияҳо, сиёсатҳо ва/ё меъёрҳои номувофиқ дар соҳаи технологияи иттилоотӣ, камбудиҳо дар истифодабарии таъминоти барномавӣ, ба амал меояд;
- хавфи ба иттилооти номувофиқ ё истифодаи нодурусти он алоқаманд;
- хавфи ба идоракунии нодурусти ҳайати кормандон ва/ё кормандони бесалоҳияти ТҚМ алоқаманд;
- хавфи ба омодасозии нодурусти раванди фаъолияти тиҷоратӣ ё назорати сусти риояшавии ҳуҷҷатҳо ва қоидаҳои дохилӣ алоқаманд;
- хавфе, ки аз сабаби омилҳои тасодуфӣ ё идоранашавандаи таъсири беруна ба амалиётҳои ТҚМ ба амал меояд;
- хавфи ба талаботи қонунгузорӣ мутобиқат накардани ҳуҷҷатҳои дохилии ТҚМ;
- хавфи бо амалҳои ҳайати кормандони ТҚМ алоқаманд, ки ба фаъолияти ТҚМ таъсири манфӣ мерасонад, қаллобӣ;
- хавфи пардохтпазирӣ - эҳтимолияти ба амал омадани зарар дар натиҷаи аз тарафи ТҚМ дар муҳлати муайяншуда ва бе зарари калон иҷро нагардидани уҳдадориҳои он;
- хавфи фоизӣ - эҳтимолияти ба амал омадани зарарҳои молиявӣ дар натиҷаи тағйироти номусоиди фоизҳои бозории дороиҳо, уҳдадориҳо ва воситаҳои ғайритавозунӣ;
- таҳлили муқоисавӣ - муқоиса кардани натиҷаҳои истифодаи воситаҳои гуногуни баҳогузории хавфҳо, ки барои баҳогузории самаранокии онҳо ва гирифтани тасаввуроти мукаммали осебпазирии ТҚМ ба хавфҳо имкон медиҳад;
- сиёсат - маҷмӯйи санадҳои дохилӣ, ки сиёсат ва/ё санадҳои дохилии дигарро дарбар гирифта, критерияҳои зарурӣ, параметрҳо, усулҳо, принсипҳо, стандартҳо, тартибу механизмҳоро муайян карда, фаъолияти самараноки ТҚМ ва мутобиқати фаъолияти онро ба стратегия ва пазириши хавфҳо таъмин менамояд;
- хавфи стратегӣ - хавфи пайдоиши зарар, нагирифтани даромадҳои банақшагирифташуда дар натиҷаи хатогиҳо (камбудиҳо), ки ҳангоми қабули қарорҳои муайянкунандаи стратегияи фаъолият ва инкишофи ТҚМ (идоракунии стратегӣ) ба онҳо роҳ дода шудааст ва дар ба ҳисоб нагирифтан ё баҳисобгирии ғайрикофии хавфҳои имконпазир ифода ёфтааст, ки ба фаъолияти ТҚМ таҳдид менамоянд, нодуруст ё асоснокии ғайрикофии муайян кардани самтҳои стратегияи фаъолият, ки дар онҳо ТҚМ метавонад дорои афзалият аз болои рақибон гардад, вуҷуд надоштан ё таъмини ғайрикофии захираҳои зарурӣ (молиявӣ, моддӣ - техникӣ, инсонӣ) ва чораҳои ташкилӣ (қарорҳои идоракунӣ), ки бояд ноил гардидан ба мақсадҳои фаъолияти ташкилоти қарзии молиявиро таъмин намоянд;
- стресс-тестинг - усули андоза кардани таъсири эҳтимолии рӯйдодҳои истисноӣ, вале имконпазир ба вазъи молиявии ТҚМ;
- таҳлили сенариявӣ - раванде, ки аз тарафи воҳидҳои сохторӣ дар якҷоягӣ бо воҳидҳои идоракунии хавфҳо гузаронида мешавад ва имкон медиҳад, ки ҳодисаҳои имконпазири хавф муайян карда шуда, дар ҳолати ба амал омадан таъсири имконпазири онҳо ба фаъолияти ТҚМ баҳогузорӣ карда шавад;
- харитаи хавфҳо - тасвири намуд ва сатҳи хавфҳо, ки ба равандҳои гуногуни тиҷорат ва/ё воҳидҳои сохторӣ муайян кардани тарафҳои заиф ва муайян кардани афзалиятнокии амалҳо дар доираи идоракунии хавфҳо хос мебошад;
- худбаҳодиҳии хавфҳо - воситае мебошад, ки тавассути он ТҚМ хавфҳои хоси равандҳои ташкилоти қарзи молиявиро муайян ва баҳогузорӣ мекунад, самаранокии назорати хавфҳои ошкоршуда ва дараҷаи боқимондаи хавфро муайян менамояд;
- сатҳи ҷоизи хавф - дараҷаи максималии хавф, ки ТҚМ бо назардошти кифоятии сармоя, низоми идоракунии хавфҳо ва маҳдудиятҳои танзимӣ қабул менамояд;
- пазириши хавфҳо - сатҳ ва намудҳои ҳавфҳое, ки дар доираи сатҳи ҷоизи хавфҳо қаблан муайян гардида, ТҚМ барои расидан ба мақсадҳои худ бо назардошти миқёс ва хусусият ё доираи фаъолияти стратегӣ ва нақшаи тиҷоратӣ барои қабул намудан омода мебошад;
- индикаторҳои калидии хавф - нишондиҳандаҳои миқдорӣ, ки сатҳи осебпазирии ташкилоти қарзии молиявиро нисбат ба хавфҳо нишон дода, дар асоси онҳо дараҷаи наздикшавии ТҚМ ба сатҳи хатарнок муайян карда мешавад ва тадбирҳо оид ба коҳиши хавф андешида мешаванд;
- профили хавфҳо - маҷмӯйи нишондиҳандаҳои хавф ва дигар маълумот, ки тавсифи дараҷаи осебпазирии ташкилоти қарзии молиявиро ба навъҳои гуногуни хавф муайян мекунанд;
- мақоми ваколатдор - Бонки миллии Тоҷикистон;
- сохтори ташкилӣ - санади дохилӣ ва/ё маҷмӯйи санадҳои дохилӣ, ки шумораи ҳайати кормандон ва низоми мақомоти идоракунӣ, кормандони роҳбарикунанда ва воҳидҳои сохтории ташкилоти қарзии молиявиро муқаррар намуда, нақшаи сохтори тобеият, ҳисоботдиҳӣ ва тартиби ҳамҷоя амалинамоии байни онҳоро дар шакли нақша инъикос мекунад;
- ташкилоти қарзии низомсоз - ташкилоти қарзӣ, ки дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун низомсоз эътироф шудааст;
- ташкилоти қарзии эҳтимолии низомсоз - ташкилоти қарзии шомилшуда ба рӯйхати ташкилотҳои қарзии эҳтимолие, ки метавонанд аз рӯйи натиҷаи баҳогузории навбатӣ дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти низомсоз эътироф гарданд;
- ташкилоти маблағгузории хурди низомсоз - ташкилоти маблағгузории хурд, ки дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти қарзии низомсоз эътироф шудааст;
- Кумита - кумитаи Шӯрои нозирон, ки ташкил ва ба зиммааш вазифаҳои муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти фаъолияти бонкӣ вогузор мегарданд;
- МБҲМ - меъёрҳои байналмилалии ҳисоботҳои молиявӣ;
- низоми идоракунии хавфҳо - ин низоми ташкилот, сиёсатҳо, тартибот ва усулҳо мебошад, ки аз тарафи ТҚМ бо мақсади саривақт ошкор кардан, андозагирӣ, назорат ва мониторинги хавфҳои ТҚМ барои таъмини устувории молиявӣ ва фаъолияти босуботи он ташкил мешавад.
2. Мақсади Дастурамал муайян намудани талабот нисбат ба ташкили низоми идоракунии хавфҳо ва назорати дохилӣ дар ТҚМ мебошад, ки он амалигардонии назорати самаранокии фаъолияти ТҚМ ва вазъи молиявии онро аз тарафи Шӯрои нозирон, Раёсати ТҚМ, аз ҷумла тавассути иҷрои вазифаҳои зерин таъмин менамояд:
- ба таври мувофиқ амалӣ намудани идоракунии корпоративӣ ва сатҳи баланди рафтор ва фарҳанги касбӣ;
- риояи талаботи қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақоми ваколатдор аз тарафи ТҚМ ва кормандони он;
- риояи сиёсат ва санадҳои дохилии дигари ТҚМ аз тарафи ТҚМ ва кормандони он;
- идоракунии самараноки хавфҳои ТҚМ ба воситаи ошкоркунӣ, андозагирӣ, назорат ва мониторинги саривақти онҳо бо мақсади таъмин кардани мувофиқати сармояи ТҚМ ба сатҳи ҷоизи хавфҳо;
- саривақт муайян ва бартараф кардани камбудиҳо дар фаъолияти ТҚМ ва кормандони он;
- таъсиси механизми мусоид барои бартараф намудани ҳолатҳои ногаҳонӣ ва фавқулода дар ТҚМ.
2. ТАШКИЛИ НИЗОМИ ИДОРАКУНИИ ХАВФҲО ВА НАЗОРАТИ ДОХИЛӢ
3. Шӯрои нозирони ТҚМ бо мақсади самаранок иҷро намудани вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда, мониторинг ва назорати масъалаҳои идоракунии хавфҳо, аудит, риояи талаботи қонунгузорӣ ва санадҳои дохилии ТҚМ-ро тавассути Кумитаҳои Шӯрои нозирон мегузаронад.
4. Шӯрои нозирони ТҚМ бо мақсади татбиқи талаботи Дастурамали мазкур ва вобаста ба андоза, хусусият ва мураккабии фаъолият, сохтори ташкилӣ, хусусияти хавфҳо ва шумораи аъзои Шӯрои нозирони ТҚМ дар бораи ташкили Кумитаи аудит ва Кумита оид ба идоракунии хавфҳо дар асоси талаботи Қонуни ҶТ "Дар бораи фаъолияти бонкӣ" ва Қонуни ҶТ "Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд" қарор қабул менамояд. Шӯрои нозирони ТҚМ бо мақсади самаранок иҷро намудани вазифаҳои вогузоршуда ҳуқуқи таъсиси дигар кумитаҳоро доро мебошад.
5. Таъсиси Кумитаи идоракунии хавфҳо дар назди Шӯрои нозирон дар ташкилотҳои қарзии низомсоз ва ташкилотҳои қарзии эҳтимолии низомсоз, инчунин дар ташкилотҳои маблағгузории хурди низомсоз ҳатмӣ мебошад. Ташкилотҳои қарзӣ ва ташкилотҳои маблағгузории хурд, ки низомсоз намебошанд мустақилона қарор оид ба таъсиси Кумитаи идоракунии хавфҳо қабул менамояд. Дар ҳолати набудани Кумитаи идоракунии хавфҳо вазифаҳои дахлдор ба Кумитаи аудити Шӯрои нозирон вогузор мегардад.
6. Дар ҳолате, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати таъсиси Кумитаҳо пешбинӣ нагарданд, вазифаҳои мазкур бевосита аз ҷониби Шӯрои нозирон иҷро карда мешаванд.
7. Дар мавриди таъсиси Кумитаҳо, Шӯрои нозирони ТҚМ бархӯрди манфиатҳоро бартараф менамояд.
8. Низоми назорати дохилӣ - ин низоми ташкилот, сиёсат, тартибот ва усулҳое мебошад, ки аз тарафи ТҚМ барои мақсадҳои зерин қабул карда мешавад:
- таъмини самаранокии фаъолияти ТҚМ, аз ҷумла самаранокии идоракунии хавфҳои бонкӣ, дороиҳо ва уҳдадориҳо ва таъмини нигоҳдории дороиҳои он;
- таъмини мукаммалӣ, эътиборнокӣ ва саривақтии ҳисоботи молиявӣ ва ҳисоботи дигар, ки барои истифодабарандагони дохилӣ ва беруна ва амнияти иттилоот таҳия карда мешаванд;
- таъмини иҷрои талаботи қонунгузорӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ ва санадҳои дохилии ТҚМ аз тарафи ТҚМ;
- роҳ надодани ҷалби ТҚМ ва кормандони он ба гузаронидани амалиёти ғайриқонунӣ, аз ҷумла қаллобӣ, хатоӣ, носаҳеҳӣ, фиребгарӣ, қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом.
9. Аудити дохилӣ фаъолияте мебошад, ки барои такмили фаъолияти ТҚМ кафолат ва машваратҳои мустақилона ва холисона медиҳад. Аудити дохилӣ барои расидан ба ҳадафҳои ба пеш гузоштаи ТҚМ тавассути равиши муназзаму пайгиронаи баҳодиҳӣ ва баланд бардоштани самарабахшии равандҳои идоракунии хавфҳо, назорат ва идорасозии корпоративӣ мусоидат менамояд.
10. Ташкили низоми идоракунии хавфҳо, назорати дохилӣ бо мутобиқати фаъолияти ТҚМ, мақоми иҷроия ва кормандони он ба талаботи ҳадди ақалле, ки дар замимаи №1 Дастурамали мазкур оварда шудаанд, таъмин мегардад.
11. Дар ҳолати вуҷуд доштани намудҳои дигари хавфҳо дар фаъолияти ТҚМ, Шӯрои нозирони ТҚМ сиёсатро оид ба идоракунии ин намуди хавфҳо тасдиқ менамояд ва Раёсати ТҚМ бошад, ҷорӣ намудани он сиёсатро тавассути таҳияи тартиб ва равандҳо нисбат ба онҳо таъмин менамояд. Талаботи ҳадди ақал, ба монанди ошкоркунӣ, андозагирӣ, мониторинг ва назорати хавфҳо ба намудҳои дигари хавф низ татбиқ мегардад.
Ниг. ба Замима