ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Барномаи рушди соҳаи ҷангал барои солҳои 2022-2026
Мутобиқи моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Барномаи рушди соҳаи ҷангал барои солҳои 2022-2026 ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии Барномаи рушди соҳаи ҷангал барои солҳои 2022-2026 тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).
2.Амалисозии Барномаи мазкур ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии он дар доираи маблағҳои буҷети давлатӣ, маблағҳои махсус ва сарчашмаҳои дигаре, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, таъмин карда шавад.
3.Вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ амалисозии самараноки Барномаи мазкур ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии онро таъмин карда, доир ба иҷрои онҳо ҳар сол то 15 январ ба Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.
4.Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ҷараёни иҷрои Барномаи мазкур ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии он ҳар сол то 1 феврал ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 31 марти соли 2022, № 149