Низомномаи намунавии муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 марти соли 2022, № 122

тасдиқ шудааст

Низомномаи намунавии муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Низомномаи намунавии муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Низомнома) тартиби таъсис, барҳамдиҳӣ, вазифаҳо, сохтор, фаъолияти таълимӣ, тарбиявӣ, молиявӣ ва идоракунии муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбиро муайян мекунад.

2. Муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ бо мақсади тайёр намудани кадрҳои ихтисосманди коргарӣ аз рӯи тамоми самтҳои фаъолияти фоиданок тибқи номгӯи касбҳои (ихтисосҳои) тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад.

3. Муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбии давлатӣ, ғайридавлатӣ, муштарак ва байналмилалӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, аз қайди давлатӣ мегузарад.

4. Муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз рӯзи ба қайди давлатӣ гирифта шуданаш, таъсисёфта ҳисобида мешавад.

5. Муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбии ғайридавлатӣ чун қисми таркибии зинаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ҳуқуқу уҳдадориҳои худро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.

6. Муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбии давлатӣ, ғайридавлатӣ, муштарак ва байналмилалӣ ҳуқуқи молу мулкии худро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ихтиёрдорӣ менамояд.

7. Муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф", "Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ", фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи мазкур ва оинномаи муассисаи таълимӣ ба роҳ мемонад.

8. Иҷозатномадиҳӣ, аттестатсия ва аккредитатсияи давлатии муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

9. Муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимиро аз рӯзи гирифтани иҷозатнома пайдо мекунад.

2. СОХТОР ВА ВАЗИФАҲОИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОИИ КАСБӢ

10. Муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ метавонад дар сохтори худ марказҳои ҳунарҳои миллӣ ва муосир, шуъба ва гурӯҳҳои таълимии берун аз муассисаи таълимӣ, курсҳои тайёрӣ, озмоишгоҳҳо, устохонаҳои таълимӣ ва таълимию истеҳсолӣ, хоҷагиҳои таълимию таҷрибавӣ, парки технологӣ, курсҳои таҳсилоти касбии иловагӣ, китобхона, бунгоҳи тиббӣ, хобгоҳ ва дигар сохторҳои идоракунӣ, коргузорӣ, хоҷагидорӣ дошта бошад.

11. Сохтори тасдиқшудаи муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ҳамчун асос барои тартиб додани басти вазифаҳои муассисаи таълимӣ ва таҳияи дастурамалҳои вазифавии ҳайати он хизмат мекунад.

12. Воҳидҳои сохтории муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз тарафи муассис ё шахси ваколатдори он тасдиқ карда мешавад.

13. Роҳбарии муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбиро директор амалӣ менамояд, ки ӯ аз тарафи муассис ё шахси ваколатдори он ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешавад.

14. Вазифаҳои асосии муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ инҳо мебошанд:

- муҳайё намудани шароити зарурӣ ҷиҳати қонеъ гардонидани талаботи шахс дар инкишофи зеҳнӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ бо роҳи гирифтани зинаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ;

- тайёр намудани мутахассисони соҳибихтисоси таҳсилоти ибтидоии касбӣ барои соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти миллӣ;

- бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси шаҳрвандони машғули кор ва бекори Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ташкили курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ ва ҳунаромӯзӣ;

- ба роҳ мондани шаҳодатномакунонии (валидатсияи) малакаҳои касбии шаҳрвандон;

- амалӣ намудани нақша ва барномаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ.

15. Фаъолияти муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба тариқи зерин танзим карда мешавад:

- иштироки ҳатмии ҳамаи воҳидҳои сохтории муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар раванди таълим;

- аз тарафи ҳамаи воҳидҳои сохторӣ иҷро намудани қарорҳои шӯрои муҳандисию омӯзгорӣ ва роҳбарияти муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ.

16. Дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба амалисозии барномаҳои таълимии иловагии таҳсилоти ибтидоии касбӣ, курсҳои такмили ихтисоси омӯзгорони фанҳои тахассусӣ ва устоҳои таълими истеҳсолӣ, баъд аз гирифтани иҷозатнома оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ иҷозат дода мешавад.

17. Дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ корҳои илмию таҳқиқотӣ, ихтироъкорӣ ва фаъолияти инноватсионӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.

18. Дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ вазифаҳои кормандони муҳандисию омӯзгорӣ (омӯзгорон, устоҳои таълими истеҳсолӣ), техникӣ, маъмурию хоҷагӣ, истеҳсолӣ, таълимию ёрирасон ва дигар вазифаҳо пешбинӣ мегардад.

3. ҚАБУЛ БА МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОИИ КАСБӢ

19. Қабул ба муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ тибқи Қоидаҳои қабули хонандагон ба муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм тасдиқ мегарданд, амалӣ карда мешавад.

20. Миқдори ҷой барои қабули хонандагон ба муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ карда мешаванд, аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

21. Муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ метавонад дар доираи нақшаи қабули таҳиянамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, қабули хонандагонро ба гурӯҳҳои буҷетӣ ва шартномавӣ, дар доираи миқдори муайяннамудаи замимаи иҷозатнома амалӣ намояд.

22. Таълими шаҳрвандон дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбии давлатӣ мутобиқи фармоиши давлатӣ ройгон ба роҳ монда мешавад. Шахсоне, ки дар муассисаҳои таълимии мазкур илова ба фармоиши давлатӣ таҳсил мекунанд, дар асоси шартнома пулакӣ таълим мегиранд.

23. Қабули шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ тибқи тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаи фардии шаҳрвандон бо муассисаи таълимӣ амалӣ карда мешавад.

24. Қабул ба муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ баъди пешниҳоди ҳуҷҷат дар бораи сатҳи дахлдори таҳсилот ва қабули фармоиши директори муассисаи таълимӣ амалӣ карда мешавад.

25. Ба шакли таҳсили рӯзонаи муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ шаҳрвандони аз 16-сола то 35-сола қабул карда мешаванд.

26. Ҳангоми қабул ба муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ҳуқуқҳои шарҳвандон ба таҳсил, ки Конститутсия ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, таъмин карда мешавад. Ба шаҳрвандони имконияташон маҳдуд ва ятим тибқи тартиби муқарраршуда афзалият дода мешаванд.

27. Муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ уҳдадор аст, ки довталабонро бо иҷозатнома оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ, шаҳодатнома дар бораи аккредитатсияи давлатӣ, нақшаи қабули тасдиқгардида, ихтисос ва ҷойҳои пешбинишуда то супоридани ҳуҷҷатҳо барои таҳсил шинос намояд.

4. ФАЪОЛИЯТИ ТАЪЛИМИИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОИИ КАСБӢ

28. Дар муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ таълим дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ амалӣ мегардад.

29. Таҳсил дар муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар шакли рӯзона, ғоибона ва шабона ташкил карда мешавад, ки тартиби амалишавии онҳоро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ муайян менамояд.

30. Муҳлати таҳсил дар муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ то 3 сол ва дар заминаи таҳсилоти миёнаи умумӣ 1 сол муқаррар карда мешавад.

31. Раванди таълим дар муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ бо дарназардошти хусусиятҳои синнусолӣ ва фардӣ ба роҳ монда мешавад.

32. Раванди таълим дар муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ бояд ба инкишофи имкониятҳои хонанда, худмуайянкунии касбӣ ва сатҳи тахассуси хатмкунанда равона шуда бошад.

33. Раванди таълим дар муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ таълими назариявӣ ва истеҳсолӣ, таҷрибаомӯзии таълимӣ ва истеҳсолӣ, корҳои тарбиявиро бо хонандагон дар бар мегирад.

34. Раванди таълим ва банақшагирии сарбории омӯзгорон дар муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ба амал бароварда мешавад.

35. Таътили зимистона пас аз ҷамъбасти нимсолаи якуми соли таҳсил ба муҳлати 10 рӯз муқаррар карда мешавад.

36. Машғулиятҳои таълимӣ дар муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ тибқи нақша ва барномаҳои таълимӣ гузаронида мешаванд.

37. Дониш, маҳорат ва малакаҳои касбии хонандагон дар ҳуҷҷатҳо (журналҳои гурӯҳӣ, ведемостҳои имтиҳонотӣ ва санҷишӣ, замимами диплом ва шаҳодатнома) бо баҳоҳои зерин муайян карда мешаванд: "5" (аъло), "4" (хуб), "3" (қаноатбахш), "2" (ғайриқаноатбахш), "аз санҷиш гузашт" (комёб ё ноком).

38. Дар муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба маҳорат ва малакаҳои касбии хонандагон усулҳои дигари баҳогузорӣ дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ иҷозат дода мешавад.

39. Таълими истеҳсолӣ дар устохонаҳои таълимию истеҳсолӣ, озмоишгоҳҳо, қитъаҳои таълимию машқӣ, хоҷагиҳои таълимию таҷрибавии муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ, инчунин дар коргоҳҳои корхонаҳо, марказҳои таълимии онҳо, фермаҳо, объектҳои сохтмонӣ ва дигар объектҳо гузаронида мешавад.

40. Таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ дар асоси шатрномаи дутарафа дар корхонаҳо, ташкилотҳо, иттиҳодияҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ғайра, ки барои онҳо кадрҳои коргарӣ тайёр карда мешаванд, гузаронида мешавад.

41. Ҳангоми гузаронидани таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ вақти кории хонандагон набояд аз давомнокии вақти кории мутахассисони истеҳсолот, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, зиёд бошад.

42. Шартҳои пардохти музди меҳнати хонандагон ҳангоми гузаштани таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ дар шартномаи дутарафа байни муассисаи таълимӣ ва корфармо инъикос карда мешаванд.

43. Низомнома оид ба таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ (таълимӣ)-и хонандагони муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбиро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ тасдиқ менамояд.

44. Гурӯҳҳои таълимии теъдодашон аз 24 нафар зиёд ҳангоми гузаронидани машғулиятҳои лабораторӣ, дарсҳои компютерӣ, забони русӣ дар гурӯҳҳои таълимашон ба забони давлатӣ, забони англисӣ (хориҷӣ) ва забони давлатӣ дар гурӯҳҳои таълимашон ба забони ғайридавлатӣ ба ду зергурӯҳ тақсим карда мешаванд.

45. Ба хатмкунандагони муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ, ки барномаҳои дахлдори таълимиро дар ҳаҷми пурра аз худ намуда, аз аттестатсияи хатм гузаштаанд, дараҷаи тахассусӣ ва дипломи намунаи давлатӣ дода мешавад.

46. Ба хатмкардагони курсҳои кӯтоҳмуддат низ ҳуҷҷати намунаи давлатӣ (ба курсҳои аз 6-моҳа боло "диплом", ба курсҳои аз 3 то 5-моҳа "шаҳодатнома", ба курсҳои 1 ва 2-моҳа "сертификат") дода мешавад.

47. Ба хатмкунандагони муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ, ки имтиҳоноти хатмкунии тахассусиро бо баҳои "5" (аъло) супоридаанд, на камтар аз 75 фоизи фанҳои омӯхташуда баҳои "5" (аъло) ва аз фанҳои боқимондаи нақшаи таълимӣ баҳои "4" (хуб) доранд, дипломи намунаи давлатии "аъло" дода мешавад.

48. Ба шахсоне, ки дар муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ таълим гирифтаанд, пас аз хатм тахассуси касбӣ ва шаҳодатнома дар бораи таҳсилоти миёнаи умумӣ дода мешавад.

49. Ба шахсоне, ки таҳсилро ба охир расонидаанд, аммо аттестатсияи хатмро супорида натавонистаанд, сарфи назар аз шакли таълим, маълумотнома дода мешавад. 50. Аттестатсияи давлатии хатми хонандагони муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ тибқи тартиби аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм тасдиқгардида гузаронида мешавад.

5. ХОНАНДАГОНИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОИИ КАСБӢ

51. Ба хонандагони муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ хонандагон ва шунавандагон дохил мешаванд.

52. Хонандаи муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ шахсе мебошад, ки бо фармоиши директор ба муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз рӯи барномаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, бо муҳлати таҳсили аз як сол боло қабул шудааст.

53. Шунавандаи муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ шахсе мебошад, ки бо фармоиши директори муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба курсҳои кӯтоҳмуддат ё омӯзиш аз рӯи барномаҳои таълимии иловагии таҳсилоти ибтидоии касбӣ қабул карда шудааст.

54. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои хонандаи муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, оинномаи муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ, шартномаи фардии миёни муассисаи таълимӣ ва хонанда баимзорасида ва ҳамин Низомнома муайян карда мешавад.

55. Ба хонандаи муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ билети хонанда дода мешавад. Шакли билетро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ муқаррар менамояд.

56. Хонандаи шуъбаи ғоибона, ки дар истеҳсолот кор мекунад, метавонад аз имтиёзҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода барад.

57. Хориҷ ва барқароркунии хонандагони муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ, интиқоли онҳо аз як муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбии дигар, аз як ихтисос ба ихтисоси дигар ва аз як шакли таҳсил ба шакли дигар тибқи тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм ба амал бароварда мешавад.

58. Барои аз худ накардани нақша ва барномаҳои таълимӣ дар муҳлатҳои муқарраргардида хонанда аз муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ хориҷ карда мешавад.

59. Ба шахсоне, ки аз муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ хориҷ гардидаанд, маълумотнома бо дарҷи номгӯи фанҳои таълимӣ ва миқдори соатҳои дарсии омӯхташуда дода мешавад.

60. Барои иҷро накардани уҳдадориҳои дар оинномаи муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ пешбинигардида, риоя накардани қоидаҳои тартиботи дохилии муассиса нисбат ба хонанда то хориҷ кардан аз муассисаи таълимӣ, ҷазои интизомӣ таъин карда мешавад.

61. Хонандаи муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ҳуқуқ дорад:

- мутобиқи стандарти давлатии таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ барномаи муайяни таҳсилотро интихоб намуда, аз рӯйи он таҳсил намояд ва дониш гирад;

- дар муҳокима ва ҳалли масъалаҳои муайяни раванди таълиму тарбия дар муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ иштирок намояд;

- нисбати фармоишҳои роҳбарияти муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят кунад;

- бо тартиби муқаррарнамудаи оинномаи муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз китобхона, захираҳои иттилоотӣ, хизматрасонии сохторҳои таълимӣ, иҷтимоию маишӣ, муолиҷавӣ ва дигар воҳидҳои сохторӣ истифода намояд;

- аз курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ ва ҳунаромӯзӣ истифода барад;

- аз хизматрасониҳои таълимии иловагӣ (аз ҷумла пулакӣ) истифода намояд;

- иттилооти зарурӣ гирад, нуқтаи назар ва андешаҳои худро озодона баён намояд.

62. Хонандаи муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ уҳдадор аст:

- талаботи оинномаи муассисаи таълимӣ, Низомномаи мазкур ва қоидаҳои тартиботи дохилии муассисаро риоя намояд;

- нишондодҳои нақша ва барномаҳои таълимиро дар вақти муайяншуда аз худ кунад;

- барои баланд бардоштани савияи донишҳои назариявӣ ва амалии худ пайваста кӯшиш намояд;

- дар корҳои ҷамъиятии муассисаи таълимӣ ва дар истеҳсолот фаъолона иштирок кунад.

63. Қабули маҷбурии хонандаи муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба узвияти ташкилотҳои динӣ, ҷамъиятию сиёсӣ, ҳаракату ҳизбҳои сиёсӣ, инчунин ҷалб намудани онҳо ба тарғибу ташвиқ дар ҷараёни маъракаҳои сиёсӣ манъ аст.

64. Таҳсили хонандагони маъюб (гурӯҳҳои 2 ва 3), ятим ва аз парастории падару модар маҳруммонда ройгон амалӣ карда мешавад.

65. Хонандагони шакли таҳсили рӯзона, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ таълим мегиранд, дар рӯзҳои дарсӣ як маротиба бо хӯроки гарм таъмин карда мешаванд.

66. Муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар доираи маблағҳои ғайрибуҷетӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақилона дастгирии иҷтимоии хонандагонро вобаста ба шароити моддӣ ва комёбиҳои онҳо дар таҳсил татбиқ менамояд.

67. Муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз рӯи имконият хонандагони ба манзил ниёздоштаро дар давраи таҳсил бо хобгоҳ таъмин менамояд.

68. Хонандагони муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ, ки тамоми талаботи нақша ва барномаҳои таълимиро иҷро намудаанд, тибқи тартиби муқарраргардида ба аттестатсияи хатм роҳ дода мешаванд.

69. Хатмкунандагони муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ, ки соҳиби диплом гаштаанд, метавонанд тибқи қоидаҳои қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дохил шаванд.

70. Дар сурати қатъ гардидани фаъолияти муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ, муассис ба дигар муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ гузаштани хонандагонро бо розигии падару модари (намояндагони қонунии) онҳо таъмин менамояд.

6. КОРМАНДОНИ МУҲАНДИСИЮ ОМӯЗГОРИИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОИИ КАСБӢ

71. Ба ҳайати кормандони муҳандисию омӯзгории муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ роҳбарият, омӯзгорон, методист, сарусто, устоҳои (инструкторон)-и таълими истеҳсолӣ, мураббиён ва дигар ҳайати шахсии кормандон, ки раванди таълиму тарбияро амалӣ менамоянд, дохил мешаванд.

72. Дар муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ бо фаъолияти муҳандисию омӯзгорӣ шахсоне машғул шуда метавонанд, ки дорои таҳсилоти миёна ё олии касбӣ, малакаи зарурии касбӣ аз рӯйи ихтисос ва тайёрии амалии касбӣ дошта бошанд.

73. Ба мансаб таъин ва аз мансаб озод кардани муовинони директор ва сармуҳосиби муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ бо пешниҳоди директор аз ҷониби муассис ё шахси ваколатдори он амалӣ карда мешавад.

74. Директори муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ кормандони муҳандисию омӯзгорӣ ва дигар кормандонро ба мансаб таъин ё аз мансаб озод менамояд.

75. Корманди муҳандисию омӯзгории муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ҳуқуқ дорад:

- шараф ва эътибори касбияшро ҳимоя намояд;

- бо тартиби муқаррарнамудаи оиннома дар идоракунии муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ иштирок намояд;

- бо тартиби муқарраргардида аъзоёни шӯрои муҳандисию омӯзгориро интихоб кунад ё ҳамчун аъзои шӯрои мазкур интихоб шавад;

- дар муҳокима ва ҳалли масъалаҳои ба фаъолияти муассисаи таълимӣ алоқаманд, аз ҷумла тариқи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ширкат намояд;

- усул ва воситаҳои таълимро, ки сифати баланди раванди таълимро таъмин менамояд, интихоб намояд;

- тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати фармоиш ва супоришҳои роҳбарияти муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ, ки ба фаъолияти кории ӯ таъсири манфӣ мерасонад, шикоят кунад;

- аз китобхона, технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ, хизматрасонии сохторҳои таълимӣ, иҷтимоию маишӣ, муолиҷавӣ ва дигар воҳидҳо истифода намояд.

76. Корманди муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ инчунин дорои ҳуқуқҳои дигари муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартнома ва оинномаи муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ мебошад.

77. Корманди муҳандисию омӯзгории муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ уҳдадор аст:

- самаранокии раванди таълимро таъмин кунад, барои баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи касбии худ пайваста машғул шавад;

- оиннома ва қоидаҳои тартиботи дохилии муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбиро қатъиян риоя намояд;

- аз рӯи меъёрҳои одоби касбӣ рафтор намояд;

- вазифаҳои ба зиммааш гузошташударо, ки дар дастурамали вазифавӣ, шартномаҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муайян карда шудаанд, сари вақт ва бо сифат иҷро намояд;

- ба арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва ахлоқиву маънавӣ эҳтиром гузорад;

- барои такмили ихтисос ва рушди малакаи касбии худ пайваста кӯшиш намояд;

- хонандагонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, мустақилият, ташаббускорӣ тарбия кунад, қобилияти эҷодии онҳоро инкишоф диҳад;

- аз амалу гуфторҳое, ки боиси пайдо гардидани фазои носолим дар байни ҳайати муҳандисию омӯзгории муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ мегардад, худдорӣ намояд.

78. Истифода бурдани усулҳои таълим, ки барои ҳаёту саломатии хонандагон хавфноканд, манъ аст.

79. Такмили ихтисоси кормандони муҳандисию омӯзгории муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ дар 5 (панҷ) сол як маротиба гузаронида мешавад.

80. Тарификатсияи соатҳои дарсии кормандони муҳандисию омӯзгории муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ, тибқи тартиби аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ тасдиқгардида амалӣ карда мешавад.

81. Барои роҳбарони муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ илова ба ӯҳдадориҳои мансабӣ фаъолияти таълимӣ ҳатмӣ буда, сарбории таълимии онҳо тибқи тартиби пардохти музди меҳнати кормандони соҳаи маориф муайян карда мешавад.

82. Ба кормандони муҳандисию омӯзгории муассисаи таълимии махсуси таҳсилоти ибтидоии касбӣ, ки бо таълиму тарбияи хонандагони (шаҳрвандони) аз озодӣ маҳрумгардида машғул мебошанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шартҳои махсуси меҳнатӣ муқаррар карда мешаванд.

83. Ба кормандони муҳандисию омӯзгории муассисаи таълимии махсуси таҳсилоти ибтидоии касбӣ, ки ба таълиму тарбияи хонандагони имконияташон маҳдуд (маъюбон, аз оилаҳои маъюбдошта) машғул мебошанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шартҳои махсуси меҳнатӣ ва имтиёзҳои иловагӣ муқаррар карда мешаванд.

84. Кормандони муҳандисию омӯзгории муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аттестатсия мегузаранд.

7. ИДОРАИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОИИ КАСБӢ

85. Идораи умумии муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбиро шӯрои муҳандисию омӯзгорӣ амалӣ менамояд, ки онро директори муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ роҳбарӣ мекунад.

86. Идораи бевоситаи муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбиро директори муассисаи таълимӣ ба уҳда дорад.

87. Ваколатҳои директори муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва шӯрои муҳандисию омӯзгориро оинномаи муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ муайян менамояд.

88. Ба директори муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар дохил ва берун аз муассисаи таълимӣ (ба истиснои роҳбари илмӣ, илмию методӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ) ишғол намудани мансаби дигари роҳбарикунанда манъ мебошад.

8. ФАЪОЛИЯТИ ИҚТИСОДӢ, БАҲИСОБГИРӢ ВА ҲИСОБОТДИҲИИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОИИ КАСБӢ

89. Муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар назди муассис барои нигоҳ доштан ва самаранок истифода бурдани моликияти ба он вобасташуда масъул аст.

90. Сарчашмаҳои маблағгузории фаъолияти муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ инҳо мебошад:

- маблағҳои буҷетии барои таъмини амалисозии барномаҳои таълимӣ, нигоҳ доштан ва рушди заминаи моддию техникӣ ҷудошаванда;

- маблағҳои ғайрибуҷетӣ, ки аз ҳисоби фаъолияти истеҳсолӣ ва заминҳои таълимию таҷрибавӣ, хизматрасониҳои пулакии таълимӣ, фаъолияти технопаркҳо ва намудҳои дигари фаъолият ба даст оварда шудаанд;

- хайрия ва пардохти мақсадноки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, манбаъҳои дигар, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.

91. Даромадҳои аз манбаъҳои маблағгузориҳои ғайрибуҷетӣ бадастовардаи муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар муассисаи таълимии мазкур барои мустаҳкам кардани заминаҳои моддию техникӣ ва таълимию методӣ, анҷом додани таъмири ҷорӣ ва асосии биною иншоот, харидории китобҳои дарсӣ ва дигар маводи таълимӣ тибқи тартиби муқарраргардида сарф карда мешаванд.

92. Муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оинномаи худ метавонад фаъолияти таълимии пулакиро анҷом диҳад.

93. Арзиши хизматрасонии таълимии пулакиро муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ баъд аз мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва мақомоти зиддиинҳисорӣ тасдиқ менамояд.

94. Заминаи моддию техникии муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбиро биною иншоот, молу мулки умумӣ (таълимӣ, манзилӣ, ёрирасон), қитъаҳои замини таълимию таҷрибавӣ, хоҷагиҳои таълимӣ, молу мулки фарҳангӣ, таҷҳизот, компютерҳо ва дигар молу мулки таълимӣ, ки барои ҳадафҳои функсионалии муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ истифода мешаванд, ташкил медиҳанд.

95. Хусусӣ гардонидани заминаи моддию техникии муассисаи давлатии таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва ғайримақсаднок истифода бурдани он манъ аст.

96. Муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ барои нигоҳдорӣ ва истифодаи самараноки молумулки ба вай вобастакардашуда дар назди муассис масъул мебошад.

97. Муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ шахси ҳуқуқӣ буда, дорои тавозун тибқи тартиби муқарраршуда, суратҳисоб дар бонк бо асъори миллӣ ва хориҷӣ, муҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

98. Муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ баҳисобгирии муҳосибии кори худро ба амал мебарорад, баҳисобгирии оморӣ ва муҳосибиро тибқи намунаи муқарраргардида пеш мебарад, ба муассис оид ба воридот ва сарфи маблағҳои пулӣ ҳисобот медиҳад.

9. ФАЪОЛИЯТИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОИИ КАСБӢ

99. Муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ҳуқуқ дорад дар самти таълим, илм, тарбия ва соҳаҳои дигар ҳамкории байналмилалиро анҷом диҳад.

100. Ҳамкории байналмилалии муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар асоси шартномаҳои байнидавлатӣ, шартномаҳои байни мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва мақомоти дахлдори давлатҳои хориҷӣ дар соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, инчунин шартномаҳои байни муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва муассисаҳои таълимии хориҷӣ, шахсони воқеӣ ва (ё) ҳуқуқии хориҷӣ басташуда, амалӣ гардонида мешавад.