Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2022, № 109 "Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2019, №330"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2019, №330

Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2019, № 330 "Дар бораи масъалаҳои ҷамъияти саҳомии кушодаи "Шабакаҳои интиқоли барқ" ва ҷамъияти саҳомии кушодаи "Шабакаҳои тақсимоти барқ" тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:

1) аз банди 2 замимаи 1 калимаҳои ", фармоишҳои ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик", ки дар доираи ваколатҳои он интишор гардидаанд" хориҷ карда шаванд;

2) дар замимаи 2:

- аз банди 2 калимаҳои ", фармоишҳои ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик", ки дар доираи ваколатҳои он интишор гардидаанд" хориҷ карда шаванд;

- дар сархати шашуми банди 15 аломати нуқта ба аломати нуқтавергул ";" иваз карда шуда, сархати ҳафтум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"- филиали Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Шабакаҳои тақсимоти барқ" дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ".

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                             Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 1 марти соли 2022, № 109