Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 феврали соли 2022, № 61 "Дар бораи Тартиби расонидани кумаки тиббӣ ба шаҳрвандоне, ки таҳти таъсири шуоъҳои ионизатсияшуда қарор доштанд ва Тартиби хунгирӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии хун ва бофтаҳои шаҳрвандоне, ки таҳти таъсири шуоъҳои ионизатсияшуда қарор доштанд"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи Тартиби расонидани кумаки тиббӣ ба шаҳрвандоне, ки таҳти таъсири шуоъҳои ионизатсияшуда қарор доштанд ва Тартиби хунгирӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии хун ва бофтаҳои шаҳрвандоне, ки таҳти таъсири шуоъҳои ионизатсияшуда қарор доштанд

 

Мутобиқи моддаи 145 Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Тартиби расонидани кумаки тиббӣ ба шаҳрвандоне, ки таҳти таъсири шуоъҳои ионизатсияшуда қарор доштанд ва Тартиби хунгирӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии хун ва бофтаҳои шаҳрвандоне, ки таҳти таъсири шуоъҳои ионизатсияшуда қарор доштанд, тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).

2. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ иҷрои қарори мазкурро таъмин намоянд.

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                             Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 26 феврали соли 2022, № 61

 

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О Порядке оказания медицинской помощи гражданам, подвергшимся воздействию ионизирующего излучения и Порядке забора, хранения и использования крови и тканей граждан, подвергшихся воздействию ионизирующего излучения

В соответствии со статьей 145 Кодекса здравоохранения Республики Таджикистан Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить Порядок оказания медицинской помощи гражданам, подвергшимся воздействию ионизирующего излучения и Порядок забора, хранения и использования крови и тканей граждан, подвергшихся воздействию ионизирующего излучения (приложения 1 и 2).

2. Министерству здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан, соответствующим министерствам и ведомствам, местным исполнительным органам государственной власти обеспечить выполнение настоящего постановления.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

от 26 февраля 2022 года, №61