Тартиби расонидани кумаки тиббӣ ба шаҳрвандоне, ки таҳти таъсири шуоъҳои ионизатсияшуда қарор доштанд аз 26 феврали соли 2022, № 61

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 26 феврали соли 2022, №61

Замимаи 1

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 26 феврали соли 2022, №61

Тартиби расонидани кумаки тиббӣ ба шаҳрвандоне, ки таҳти таъсири шуоъҳои ионизатсияшуда қарор доштанд

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Тартиби расонидани кумаки тиббӣ ба шаҳрвандоне, ки таҳти таъсири шуоъҳои ионизатсияшуда қарор доштанд (минбаъд - Тартиби мазкур), тартиби расонидани кумаки тиббӣ ба шаҳрвандонеро, ки таъсири шуоъҳои ионизатсияшуда сабаби бармаҳал маъюбшавиашон гардидааст, гузаронидани ташхис, табобат, тавонбахшӣ ва бемориҳое, ки бо таъсири шуоъҳои ионизатсияшуда алоқамандро муайян менамояд.

2. Ба шаҳрвандоне, ки таҳти таъсири шуоъҳои ионизатсияшуда қарор доштанд, инҳо дохил мешаванд:

- иштирокчиёни бартарафкунии оқибатҳои садама дар неругоҳи барқи атомии Чернобил;

- кормандони утоқҳои рентгенӣ (табиб-рентгенолог ва рентгенлаборантҳо);

- шаҳрвандон-иштирокчиёни озмоишгоҳҳои афканандаҳои атомӣ.

2. ТАРТИБИ РАСОНИДАНИ КУМАКИ ТИББӢ, ГУЗАРОНИДАНИ ТАШХИС, ТАБОБАТ ВА ТАВОНБАХШӢ БА ШАҲРВАНДОНЕ, КИ ТАҲТИ ТАЪСИРИ ШУОЪҲОИ ИОНИЗАТСИЯШУДА ҚАРОР ДОШТАНД

3. Расонидани кумаки тиббӣ ба шаҳрвандони таҳти таъсири шуоъҳои ионизатсияшуда қарордошта бо роҳи гузаронидани ташхис, табобат ва тавонбахшӣ амалӣ мегардад.

4. Ташхиси шаҳрвандони таҳти таъсири шуоъҳои ионизатсияшуда қарордошта дар муассисаҳои махсусгардонидашудаи тиббӣ оид ба бемориҳои касбӣ гузаронида мешавад.

...

Приложение 1

к постановлению Правительства

Республики Таджикистан

от 26 февраля 2022 года, №61

Приложение 1

к постановлению Правительства

Республики Таджикистан

от 26 февраля 2022 года, №61

Порядок оказания медицинской помощи гражданам, подвергшимся воздействию ионизирующего излучения

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Порядок оказания медицинской помощи гражданам, подвергшимся воздействию ионизирующего излучения (далее - настоящий Порядок), определяет порядок оказания медицинской помощи гражданам, воздействие ионизирующего излучения, которых привело к преждевременной инвалидности, проведение диагностики, лечения, реабилитации и выявления заболеваний, связанных с воздействием ионизирующего излучения.

2. Гражданам, подвергшимся воздействию ионизирующего излучения, считаются:

- участники ликвидации последствия аварии на Чернобыльской атомной электростанции;

- работники рентгенологических кабинетов (рентгенологи и рентгенлаборанты);

- граждане-участники испытаний атомных излучателей.

2. ПОРЯДОК ОКАЗАНИЯ МЕДИЦИНСКОЙ ПОМОЩИ, ПРОВЕДЕНИЕ ДИАГНОСТИКИ, ЛЕЧЕНИЯ И РЕАБИЛИТАЦИИ ГРАЖДАНАМ, ПОДВЕРГШИМСЯ ВОЗДЕЙСТВИЮ ИОНИЗИРУЮЩЕГО ИЗЛУЧЕНИЯ

3. Оказание помощи гражданам, подвергшимся воздействию ионизирующего излучения, осуществляется путем проведения диагностики, лечения и восстановления.

4. Диагностика граждан, подвергшихся воздействию ионизирующего излучения проводится в специализированных медицинских учреждениях по профессиональным заболеваниям.

...