Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 6 августи соли 2021, №126 "Дар бораи талаботи махсус ҳангоми кушодани суратҳисобҳои амонати муҳлатнок ё дархостшавандаи бонкӣ барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба онҳо маблағҳои қонунигардонидашаванда ворид карда мешаванд, намунаи шакли шаҳодатнома оид ба қонунигардонии маблағ дар варақаи махсус, шакли ҳисобот ва рӯйхати бонкҳои ваколатдор"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

11 августи соли 2021 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,

рақами бақайдгирӣ 1092

ҚАРОРИ РАЁСАТИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи талаботи махсус ҳангоми кушодани суратҳисобҳои амонати муҳлатнок ё дархостшавандаи бонкӣ барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба онҳо маблағҳои қонунигардонидашаванда ворид карда мешаванд, намунаи шакли шаҳодатнома оид ба қонунигардонии маблағ дар варақаи махсус, шакли ҳисобот ва рӯйхати бонкҳои ваколатдор

070.170.010.

Мутобиқи қисми 6 моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон" Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон

қарор  мекунад:

1. Талаботи махсус ҳангоми кушодани суратҳисобҳои амонати муҳлатнок ё дархостшавандаи бонкӣ барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба онҳо маблағҳои қонунигардонидашаванда ворид карда мешаванд, намунаи шакли шаҳодатнома оид ба қонунигардонии маблағ дар варақаи махсус, шакли ҳисобот ва рӯйхати бонкҳои ваколатдор тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3 ва 4).

2. Қарори мазкур бо тартиби муқарраршуда ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бақайдгирии давлатӣ пешниҳод гардида, пас аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

3. Идораи ҳуқуқ ваколатдор карда шавад, ки ҳангоми бақайдгирии давлатии қарори мазкур дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои зарурӣ ба матни замимаҳои ҳамин қарор тағйиру иловаҳои хусусияти таҳриридоштаро, ки мазмуни онро тағйир намедиҳанд, ворид намояд.

4. Иҷрои банди 2 ҳамин қарор ба зиммаи котиби Раёсат, идораи ҳуқуқ ва шуъбаи матбуот вогузор карда шавад.

5. Назорати иҷрои ҳамин қарор ба зиммаи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Фирдавс Назримад гузошта шавад.

 

Раиси Раёсат                                                Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло

аз 6 августи с.2021 №126

ш. Душанбе

Замимаи 1

ба қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон

аз 6 августи соли 2021, №126

ТАЛАБОТИ МАХСУС ҲАНГОМИ КУШОДАНИ СУРАТҲИСОБҲОИ АМОНАТИ МУҲЛАТНОК Ё ДАРХОСТШАВАНДАИ БОНКӢ БАРОИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, КИ БА ОНҲО МАБЛАҒҲОИ ҚОНУНИГАРДОНИДАШАВАНДА ВОРИД КАРДА МЕШАВАНД

Бонкҳои ваколатдор мутобиқи рӯйхати бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон тасдиқшуда ё филиалҳои онҳо (минбаъд - бонкҳои ваколатдор), ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз 2 июли соли 2021 (минбаъд - Қонун) тибқи аризаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи онҳо суратҳисобҳои амонати муҳлатнок ё дархостшавандаи бонкӣ бо пули миллӣ ва ё асъори хориҷӣ кушода, маблағҳои қонунигардонидашавандаро ба ин суратҳисобҳо қабул менамоянд, бояд қоидаҳои зерини бо талаботи махсус ҳангоми кушодани суратҳисобҳои амонати муҳлатнок ё дархостшавандаи бонкӣ барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба онҳо маблағҳои қонунигардонидашаванда ворид карда мешаванд (минбаъд Талаботи махсус), муайяншударо риоя ва таъмин намоянд.

1. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кушодани суратҳисоби амонати (пасандози) муҳлатнок ё дархостшавандаи бонкӣ бо мақсади қонунигардонии маблағҳои пулӣ тибқи Қонун бонки ваколатдорро (аз ҷумла бонкҳои исломиро) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақилона интихоб менамоянд ва ҳуқуқ доранд дар як ё якчанд бонки ваколатдор тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ва қоидаҳои дар бонкҳо тасдиқшуда суратҳисоби амонати (пасандози) муҳлатнок ё дархостшавандаи бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ кушоянд.

2. Барои кушодани суратҳисоби амонати муҳлатнок ё дархостшавандаи бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ бо мақсади қонунигардонии маблағҳои пулӣ тибқи Қонун, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бонкҳои ваколатдордар баробари ҳуҷҷатҳое, ки қонунгузории амалкунанда барои кушодани суратҳисоб ва гузоштани амонат пешбинӣ намудааст, инчунин аризаро дар шакли ба Талаботи махсус замимашуда пешниҳод менамоянд. Бонкҳои ваколатдор ҳуқуқ надоранд ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон кушодани суратҳисобҳоро рад намоянд, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонунгузорӣ чунин радкуниро муқаррар кардааст.

3. Ҳангоми қабули аризаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кушодани суратҳисоби амонати муҳлатнок ё дархостшавандаи бонкӣ бо мақсади қонунигардонии маблағҳои пулии онҳо бонкҳои ваколатдор уҳдадоранд иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом"-ро таъмин намоянд.

4. Бонкҳои ваколатдор инчунин барои муайян намудани қонунигардонии маблағҳои пулии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кишварҳое, ки тавсияҳои Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии мубориза бар зидди пулшӯӣ (ФАТФ)-ро ба таври лозимӣ татбиқ наменамоянд, чораҳои дастрас андешида, ба он роҳ намедиҳанд.

5. Бонкҳои ваколатдор қонунигардонии маблағҳои пулии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо риояи қатъии тартиб ва муқаррароти Қонун, инчунин талаботҳои махсуси мазкур анҷом медиҳанд.

6. Бонкҳои ваколатдор дар асоси аризаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кушодани суратҳисоби амонати муҳлатнок ё дархостшавандаи бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ, тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон ва қоидаҳои дохилии худ оиди кушодани суратҳисобҳо, шартномаҳои дахлдорро ба расмият медароранд. Дар шартнома бо банди махсус ишора намудани таъиноти суратҳисоб, ки бо мақсади қонунигардонии маблағҳои пулӣ тибқи Қонун мебошад, ҳатмист.

7. Бонкҳои ваколатдор суратҳисоби амонати муҳлатнок, пасандозӣ ё дархостшавандаи бонкиро бо мақсади қонунигардонии маблағҳои пулӣ тибқи Қонун дар ҳисобҳои тавозунии 20216, 20218, 20220, 20222 барои бонкҳои анъанавӣ ва 200026, 200028, 200088, 200200, 200206, 200208, 200214, 200216, 200222, 200224 барои бонкҳои исломӣ мекушоянд. Маблағи воридшаванда маҳдудият надорад.

8. Маблағҳои пулии қонунигардонидашаванда дар шакли нақдӣ тибқи тартиби амалкунанда қабул карда шуда, дар ҳуҷҷати хазинавии даромад ва расид таъиноти пардохт"Қонунигардонии маблағҳои пулӣ" ишора карда мешавад.

9. Ҳангоми интиқоли пул бо шакли ғайринақдӣ, аз ҷумла аз давлатҳои хориҷӣ, дар супоришнома ва беруннавис таъиноти пардохт (асос) - "Қонунигардонии маблағҳои пулӣ" нишон дода мешавад.

10. Барои тасдиқи қонунигардонии маблағҳои пулии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бонкҳои ваколатдор бо риояи қатъии талаботи моддаи 6 Қонун шаҳодатнома дар бораи қонунигадонии маблағҳои пулиро дар варақаи ҳимояшудаи шакли махсус тибқи намунаи бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон тасдиқшуда медиҳанд.

11. Шаҳодатнома дар бораи қонунигардонии маблағҳои пулӣ бо имзои роҳбар ва сармуҳосиби сарбонк дода мешавад.

12. Варақаи шаҳодатнома ҳуҷҷати ҳисоботдиҳии қатъӣ мебошад.

13. Бонки миллии Тоҷикистон варақаҳои шаҳодатномаро тайёр мекунад ва ба бонкҳо бо гирифтани ҷуброни хароҷот аз рӯи арзиши аслӣ месупорад. Хароҷоти бонкҳо вобаста ба арзиши аслии варақаҳои шаҳодатнома аз ҳисоби шаҳрванд, ки барои қонунигардонӣ муроҷиат намудааст, ҷуброн карда мешавад.

14. Бонки миллии Тоҷикистон бақайдгирии рақами ҳисоб ва миқдори варақаҳои шаҳодатномаи ба ҳар як бонк додашударо амалӣ менамояд.

15. Бонкҳои ваколатдор варақаҳои шаҳодатномаи аз Бонки миллии Тоҷикистон гирифтаашонро ба қайд гирифта, дар ҳисобҳои тавозунии дахлдор (вобаста ба арзиш ва миқдор) инъикос менамоянд ва аз рӯи рақам ва маблағ шаҳодатномаҳои ба муштариён додашударо тибқи феҳристи бақайдгирии варақаи шаҳодатномаҳо дар бораи қонунигардонии маблағҳо дар шакли ба Талаботи махсус замимашуда (шакли 1) ба ҳисоб мегиранд. Шакли электронии феҳристи бақайдгирии варақаи шаҳодатномаҳо дар бораи қонунигардонии маблағҳо (шакли 2) дар муҳлатҳои тибқи банди 9 барои пешниҳоди ҳисобот муқарраршуда, аз ҷониби сарбонки бонки ваколатдор ба Бонки миллии Тоҷикистон ба суроғаи почтаи электронӣ ob@nbt.tj ирсол карда мешаванд.

16. Баъди анҷоми давраи қонунигардонӣ дар давоми 30 рӯзи корӣ варақаҳои истифоданашудаи шаҳодатнома аз тарафи бонкҳо барои баъдан нобуд кардани онҳо ба Бонки миллии Тоҷикистон баргардонида мешаванд, ки дар ин хусус санади дахлдор тартиб дода мешавад. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши варақаҳои истифоданашудаи шаҳодатномаҳоро, ки аз тарафи бонкҳо баргардонида мешаванд, бозпас мегардонад.

17. Бонкҳои ваколатдор, ки қонунигардонии маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро анҷом додаанд, дар давраи қонунигардонӣ ҳар моҳ на дертар аз санаи 7 моҳи минбаъда ба Бонки миллии Тоҷикистон ҳисобот тибқи шакли бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон тасдиқшуда дар шакли электронӣ ба суроғаи почтаи электронӣ ob@nbt.tj пешниҳод менамоянд.

18. Дар ҳисоботи бонкҳои ваколатдор оид ба гардишҳои хазинавӣ маблағҳои пулии қонунигардонидашавандаи воридшаванда аз ҷониби бонкҳо ҳамчун "Маблағҳои пулии қонунигардонидашаванда" алоҳида инъикос карда мешаванд.

19. Ҳамаи хароҷоти бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда, ки барои барасмиятдарории қонунигардонии маблағҳои шаҳрвандон пардохт карда мешавад, аз ҳисоби худи шаҳрвандон сурат мегирад.

Замима

Зарегистрировано

Министерством юстиции Республики Таджикистан

от 11 августа 2021 года, регистрационный номер 1092

ПОСТАНОВЛЕНИЕ ПРАВЛЕНИЯ НАЦИОНАЛЬНОГО БАНКА ТАДЖИКИСТАНА

О специальных требованиях при открытии банковских срочных депозитных счетов или счетов до востребования для граждан Республики Таджикистан, на которые зачисляются легализируемые денежные средства, типовая форма свидетельства о легализации денежных средств в специальном бланке, форма отчета и список уполномоченных банков 070.170.010.

Согласно статье 6 Закона Республики Таджикистан "Об амнистии в связи с легализацией активов и денежных средств граждан Республики Таджикистан" Правление Национального банка Таджикистана п о с т а н о в л я е т:

1. Утвердить специальные требования при открытии банковских срочных депозитных счетов или счетов до востребования для граждан Республики Таджикистан, на которые зачисляются легализируемые денежные средства, типовую форму свидетельства о легализации денежных средств в специальном бланке, форму отчета и список уполномоченных банков (приложении 1,2,3 и 4).

2. Настоящее постановление в установленном порядке представить в Министерство юстиции Республики Таджикистан для государственной регистрации и ввести в действие после государственной регистрации и официального опубликования.

3. Уполномочить юридическое управление при государственной регистрации настоящего постановления в Министерстве юстиции Республики Таджикистан, при необходимости вносить в его текст приложения изменения и дополнения редакционного характера, не изменяющие его содержания.

4. Исполнение пункта 2 настоящего постановления возложить на секретаря Правления, юридическое управление и отдел прессы.

5. Надзор за исполнением настоящего постановления возложить на заместителя председателя Национального банка Таджкистана Толибзода Фирдавс Назримада.

Председатель правления Холикзода Хоким Хикматулло

г. Душанбе, от 6 августа 2021 г., №126

*Специальные требования