Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
11 майи соли 2021 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 728 "б"
МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ
ҚАРОР
Дар бораи муқаррар намудани меъёрҳои андоз ва пардохтҳои маҳаллӣ дар ҳудуди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ
070.030.030
Дар асоси моддаҳои 8, 9 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ", моддаҳои 6, 262 ва 309 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 26 ва 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ", моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи реклама" ва моддаҳои 79-82 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет" ва бо дар назар доштани таклифи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ оид ба масъалаҳои буҷет, савдо, нарх, хизматрасонӣ ва меҳнат, Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ,
Қ А Р О Р М Е К У Н А Д:
1. Меъёрҳои андоз аз соҳибони воситаҳои нақлиёт мутобиқи боби 40 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда шавад.
2. Меъёрҳои андозҳо аз молу мулки ғайриманқул, аз ҷумла андози замин ва андоз аз объектҳои ғайриманқул, мутобиқи боби 41 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда шавад.
3. Дар ҳудуди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ меъёри андоз аз бизнеси бозӣ барои ҳар як воҳиди объекти андозбандии бақайдгирифташуда дар як моҳ муайян карда шавад (замима мегардад).
4. Меъёри пардохтҳои ҳатмӣ барои ҷойгиркунии рекламаҳои берунии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар гардишгоҳҳои роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум ва маҳалҳои аҳолинишини ҳудуди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар як моҳ ба андозаҳои зайл муқаррар карда шавад:
- ҷойгиркунии объектҳои рекламавии одӣ (бе истифодаи технологияи муосир) барои 1 м(2) ба андозаи 50 сомонӣ;
- ҷойгиркунии объектҳои рекламавии одӣ бо истифодаи технологияи муосир барои 1 м(2) ба андозаи 80 сомонӣ.
5. Вобаста ба мавқеи ҷойгиркунии рекламаҳо коэффитсиентҳои зерини танзимкунанда муайян карда шавад:
- дар ҳудуди кччаҳои марказии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ коэффитсиенти 1,2;
- дар дигар мавзеъҳои ноҳия коэффитсиенти 1,0.
6. Барои шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бешаҳрванд ва шахсони ҳуқуқии хориҷӣ ҳангоми истифодабарии объектҳои рекламавӣ меъёри пардохтҳои ҳатмӣ барои ҷойгиркунии рекламаҳо мисли шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанӣ муайян карда шуда, коэффитсиентҳои танзимкунандаи зерин татбиқ карда шавад:
- дар ҳудуди кччаҳои маркази ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ коэффитсиенти 3,0;
- дар дигар мавзеъҳои ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ коэффитсиенти 2,0.
7. Ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва нозироти андоз дар ноҳия супориш дода шавад, ки:
- ҷойгиркунии рекламаҳои беруниро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монанд;
- ситонидани пардохтҳои муқарраргардидаро нисбат ба ҷойгиркунии рекламаҳои берунӣ вобаста ба коэффитсентҳои танзимкунанда ба роҳ монанд;
- фаъолияти субъектҳои ба паҳнкунии реклама машғулбударо мавриди таҳлил қарор дода, ҳуҷҷатҳои иҷозатномадиҳӣ оид ба паҳнкунии реклама дар ҳудуди ноҳия ва мавзеъи берун аз ноҳияро санҷида, раванди иҷозатдиҳиро тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намоянд.
8. Қарори мазкур барои бақайдгирии давлатӣ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
9. Қарори мазкур пас аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
10. Қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аз 25 июни соли 2018, №307 "Дар бораи муқаррар намудани меъёрҳои андоз ва пардохтҳои ҳатмии маҳаллӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ", ки дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 октябри соли 2018, №728 "а" ба қайди давлатӣ гирифта шудааст" аз эътибор соқит дониста шавад.
11. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ оид ба масъалаҳои буҷет, савдо, нарх, хизматрасонӣ ва меҳнат ва нозироти андоз дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вогузор карда шавад.
Раиси
Маҷлиси вакилони халқи
ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Убайдуллои Файзулло
аз 30 марти соли 2021 №116
шаҳраки Балх
Замима
Бо қарори Маҷлиси вакилони халқи
ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ
аз 30 марти соли 2021, №116
тасдиқ шудааст
ҶАДВАЛИ меъёри андоз аз бизнеси бозӣ барои ҳар як воҳиди объекти андозбандӣ (ҳар барориши лотереяҳо ба фурӯш) дар ҳудуди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ
* Замима
Зарегистрировано
Министерством юстиции Республики Таджикистан
от 11 мая 2021 года регистрационный номер 728 "б"
МАДЖЛИС НАРОДНЫХ ДЕПУТАТОВ РАЙОНА ДЖАЛОЛИДДИНА БАЛХИ
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
Об установлении нормы местных налогов и платежей на территории района Джалолиддина Балхи 070.030.030
На основании статей 8, 9 Конституционного закона Республики Таджикистан "О местных органах государственной власти", статей 6, 262, 309 Налогового кодекса Республики Таджикистан", статей 26 и 57 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актов", статьи 14 Закона Республики Таджикистан "О рекламе", 79-82 статьи Закона Республики Таджикистан "О других обязательных оплат бюджету", и учитывая предложения постоянной комиссии Маджлиса народных депутатов района Джалолиддина Балхи по вопросам бюджета, торговли, цен, обслуживания и труда, Маджлис народных депутатов района Джалолиддина Балхи,
П О С Т А Н О В Л Я Е Т:
1. Установить налог с владельцев транспортных средств в соответствии с главой 40 Налогового кодекса Республики Таджикистан.
2. Нормативы налога на недвижимое имущество, в том числе земельный налог и налог на объекты недвижимого имущества установить на основании главы 41 Налогового кодекса Республики Таджикистан.
3. На территории района Джалолиддина Балхи размер налога с игорного бизнеса на каждый налогооблагаемый зарегистрированный вид объекта установить на месяц (прилагается).
4. Нормы обязательных платежей на месяц для размещения наружной рекламы для физических и юридических лиц на перекрёстках автомобильных дорог общего пользования и населённых пунктах территории района Джалолиддина Балхи установить в следующих размерах:
- за установление простых рекламных объектов (без использования современных технологий) на 1 м2 в размере 50 сомони;
- за установление рекламных объектов с использования современных технологий на 1 м2 в размере 80 сомони.
5. В связи с месторасположением рекламы установить следующие регулирующие коэффициенты:
- по центральным улицам района Джалолиддина Балхи - коэффициент 1,2;
- за пределами района - коэффициент 1,0.
6. Для иностранных граждан, лиц без гражданства и юридических иностранных лиц при использовании рекламных объектов установить размер обязательных платежей для расположения рекламы такой же, как предприятиям и учреждениям, физическим лицам - предпринимателям и другим субъектам отечественных хозяйств определить регулирующие коэффициенты :
- по центральным улицам района Джалолиддина Балхи - коэффициент 3,0;
- за пределами центра района Джалолиддина Балхи - коэффициент 2,0.
7. Поручить исполнительному органу государственной власти района Джалолиддина Балхи и налоговой инспекции района:
- установить размещения наружной рекламы в соответствии с законодательством Республики Таджикистан;
- организовать сбор установленных платежей по расположению наружной рекламы в зависимости от упорядоченных коэффициентов;
- анализировать деятельность субъектов, занимающихся распространением рекламы, изучить разрешающие документов по распространению рекламы на территории района и за пределами района, обеспечить процесс разрешения согласно нормативных правовых актов Республики Таджикистан.
8. Предоставить настоящее постановление для регистрации в Министерство юстиции Республики Таджикистан.
9. Настоящее постановление ввести в действие после государственной регистрации и официального опубликования.
10. Постановление Маджлиса народных депутатов района Джалолиддина Балхи от 25 июня 2018 года, №307 "Об установлении норм местных налогов и обязательных в районе Джалолиддина Балхи", которое проходило государственную регистрацию в Министерстве юстиции Республики Таджикистан от 26 октября 2018 года, №728 "а", признать утратившим силу.
11. Контроль за выполнением настоящего постановления возлагается на постоянную комиссию Маджлиса народных депутатов района Джалолиддина Балхи по вопросам бюджета, торговли, цен, обслуживания и труда и налоговую инспекцию района Джалолиддина Балхи.
Председатель
Маджлиса народных депутатов района
Джалолиддина Балхи Убайдулло Файзулло
от 30 марта 2021 года, №116
городок Балх
*Приложение