Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
29 апрели соли 2021 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 924(1)
Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
29 апрели соли 2021 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 924(1)
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВИЛОЯТИ ХАТЛОН МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ (даъвати шашум)
Қ А Р О Р
Дар бораи муқаррар намудани меъёрҳои андоз ва пардохтҳои маҳаллӣ дар ҳудуди ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ
070.030.030
Мутобиқи моддаҳои 8, 9 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ", моддаҳои 26 ва 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ", моддаҳои 6, 262, 309 ва фасли 15 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи реклама", моддаҳои 79-82 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет" ва бо дар назар доштани таклифи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия оид ба масъалаҳои буҷет, савдо, нарх, хизматрасонӣ ва меҳнат Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ,
Қ А Р О Р М Е К У Н А Д :
1. Меъёрҳои андоз аз соҳибони воситаҳои нақлиёт мутобиқи боби 40 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда шавад.
2. Меъёрҳои андозҳо аз молу мулки ғайриманқул, аз ҷумла андози замин ва андоз аз объектҳои ғайриманқул, мутобиқи боби 41 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда шавад.
...