Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи соли 2022, №17 "Дар бораи Муассисаи давлатии "Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Муассисаи давлатии "Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон"

Мутобиқи моддаҳои 53 ва 55 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" ва моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Ба Муассисаи давлатии таълимии "Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат" мақоми муассисаи таълимии байналмилалӣ дода шуда, Муассисаи давлатии "Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон" номгузорӣ карда шавад.

2. Вазоратҳои маориф ва илм, молия, рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида масъалаҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва молиявии Муассисаи давлатии "Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон"-ро ҳал намоянд.

3. Сархати нуҳуми Номгӯйи муассисаҳои таълимии давлатӣ ва ғайридавлатие, ки фаъолияташонро дар соҳаи маориф дар асоси созишномаҳои дуҷониба бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳанд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №145 "Дар бораи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, дар таҳрири зерии ифода карда шавад:

"- Муассисаи давлатии "Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон";".

4. Сархати сию якуми Номгӯйи корхона ва муассисаҳои системаи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бе қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №147 "Дар бораи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Муассисаи давлатии "Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон".

5. Дар ном ва матни қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июли соли 2021, №301 "Дар бораи таъсис додани филиалҳои муассисаи давлатии таълимии "Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат" дар вилоятҳои Хатлон ва Суғд калимаҳои "муассисаи давлатии таълимии "Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат" ба калимаҳои "Муассисаи давлатии "Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон" иваз карда шаванд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                  Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 27 январи соли 2022, №17